Кафедраи маркетинг-агробизнес

 

Мудири кафедра - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Мирсаидов С.А.

Кафедраи маркетинг-агробизнес дар асоси қарори Шўрои олимони донишгоҳ (сур.9 аз 9.07.2001), бо фармони ректори донишгоҳ таҳти №157/1, аз 20.08.2001 таъсис ёфтааст.

Бо мақсади такмил додан ва баланд бардоштани сифати таълим бо фармони №164, аз санаи 13 сентябри соли 2002 кафедраи мазкур ба ҳайати факултети молия ва менеҷмент гузаронида шуд

Бо қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз моҳи январи соли 2013 кафедраи мазкур аз нав ба сохтори факултети бизнес ва идоракунӣ шомил гардида, то имрўз амал карда истодааст.

Фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра ба масоили муайян намудани заминаҳои судманди рушди экологию иқтисодии истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ, инкишоф, такомул ва муаммои он, самаранок истифодабарии неъматҳои табиат ва таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа, омўзиши ҳолати истифодабарии заминҳои обӣ ва лалмӣ, инчунин муайян намудани нишондиҳандаҳои фаъолияти экологию иқтисодии корхонаҳои кишоварзӣ пайвандӣ дошта, дар асоси ин тадқиқот пешниҳод намудани роҳҳои бехтарини таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифати кишоварзии аз нигоҳи экологӣ тоза равона карда шудааст.

Марбут ба мавзўи самти илмии кафедра аз ҷониби С.А.Мирсаидов таҳти мавзўи «Рыночная трансформация аграрного землепользования и проблемы воспроизводство её плодородие». – Душанбе, «Ирфон», 2011. – 144с. аз тарафи устодони кафедра бошад зиёда аз 60 адад мақолаҳои илмӣ ба чоп расиданд.

Дар кафедра аз рўи фанҳои тахассусии зерин раванди таълим сурат мегирад: тадқиқоти маркетингӣ, бозори кишоварзӣ, маркетинг, хокшиносӣ бо асосҳои агрохимия, иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ.

Бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҷараёни таълим аз ҷониби устодони кафедра марбут ба фанҳои тахассусӣ китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии зерин таҳия ва чоп карда шуданд:

1. Ашўров С., Азимов А., Мирсаидов С. «Дастури таълимию методӣ аз фанни ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои кишоварзӣ». – Хуҷанд, 2011.

2. Мадаминов А.А., Усмонов Р., Қурбонова Ш.С. «Методические рекомендации по изучению основ маркетинга для студентов, аспирантов, преподавателей и предпринимателей». Худжанд, 2011.

3. Қодирова Н.А., Аминов М.Х. «Дастури таълимию методӣ аз фанни географияи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон». – Хуҷан, «Ношир», 2012. – 45 с.

4. Муҳиддинов М.М., Хўҷаназарова М.И., Сангинова М.Ю. «Дастури таълимӣ аз фанни экология». – Хуҷанд, 2014. – 130 с.

Рўйхати таълифоти илмӣ

 Тел: (92) 780-29-94

Суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/