Кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ

Мудири кафедра, дотсент

Қаюмов Фурқат Ғайбуллоевич

 Кафедраи иқтисодиёти корхона дар асоси қарори Шўрои олимони донишгоҳ (фармони №13 аз 06.02.1996) ташкил шудааст. Дар пешрафти фаъолияти кафедра саҳми мудирони кафедра – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ғ. С. Абдусамадов (аз рўзҳои аввали ташкили донишгоҳ то соли 2000), номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентон А.Я. Набиева (аз 2000 то  соли 2004), М.Р. Дониёров (тўли солҳои 2004-2005, 2007-2010), Д. Ҳ. Тоҷзод (аз соли 2005 то 2006), Ш.М. Зокирова (аз соли 2006 то 2007), номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Д.А. Хоҷаева (аз соли 2010 то 2015) ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ф.Ғ. Қаюмов (аз соли 2015 то ҳол) назаррас мебошад.

Соли 1998 кафедра иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкориро номгузорӣ шуд.

Вазифа ва мақсади асосии кафедра – тайёр намудани мутахассисони баландихтисос аз рӯи ихтисосҳоииқтисодиёт ва идора дар корхона ва бизнес – маъмуриятчигӣ мебошад.

Вобаста ба мавзўи самти тадқиқотии кафедра «Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт: стратегияи рушди устувори минтақаҳои кишвар» 2 монография ва 56 адад мақолаҳои илмӣ нашр гардиданд.

Дар кафедра аз рўи 43 фанни таълимӣ машғулиятҳои  лексионӣ ва амалӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи устодону омӯзгорони кафедра ба табъ расидани зиёда аз 26 номгӯи китобу дастурҳои методӣ ва комплекси таълимию методӣ дастоварди муҳим дар самти фаъолияти таълимию илмӣ арзёбӣ мегарданд. 

Дар кафедра 10 нафар омўзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 5 нафар номзадони илмҳои иқтисодӣ, дотсентон (М.Р. Дониёров, Ш.М.Зокирова, Н.А. Ҳайитбоева, Ф.М. Ҷўраев, Ф. Ғ. Қаюмов), 4 нафар сармуаллимон (С.И.Умарова, З.С. Шарифова, Р.А. Абдулазизов, М.Т. Исоқов), 1 нафар ассистент (Ш.М. Раупова) мебошанд.

Рўйхати таълифоти илмӣ

 Рақами телефони корӣ ва мобилии мудири кафедра  (92) 754-59-34 ва почтаи электронӣ E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. аст. 

http://www.zoofirma.ru/