Факултети бизнес ва идоракунӣ

 

Декани факултет 

номзади илмҳои иктисодӣ, дотсент

Асророва Мавлуда Абдушукуровна

      Факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сараввал бо номи факултети бизнес ва иқтисоди ҷаҳонӣ соли 1993 дар заминаи филиали Хуҷандии Донишкадаи давлатии тиҷорати Тољикистон таъсис дода шудааст ва яке аз нахустин факултетҳои ДДҲБСТ ба шумор меравад.

  Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти факултет ин тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои мухталиф аз сатҳи мутахассис то роҳбари мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ дар миқёси давлат ва робита  бо кишварҳои ҷаҳон.

Кафедраҳо

Дар факултет  5  кафедра фаъолият мебаранд:

1. Маркетинг-агробизнес.

2. Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ.

3. Менеҷмент

4. Иқтисодиёти ҷаҳонӣ.

5. Тарбияи ҷисмонӣ

Ихтисосҳо

 Айни замон дар факултет тибќи ихтисосҳоидар зер овардашуда иқтисодчӣ-бакалавр тайёркардамешавад ва мўҳлати таҳсил 4 сол:

1-25. 01. 07  - иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо;

1-26. 01. 01– идораи давлатӣ;

1-26.02.02-01 – менеҷменти молиявӣ;

1-26. 02. 03. 09 - маркетинг дар КАС;

1-26.02.01 – бизнес-маъмуриятчигӣ;

1-25.01.03 - кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ.

Дастовардҳо

Идомаи солҳои 2000-2016 љомеаи мењнатии факултет дар ҳама ҷодаи фаъолият ба пешравї ва муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.

Магистратура

         Шурўъ аз соли 2013 бобати пешбурди фаъолияти таълимӣ, шўъбаи магистратура аз рўи ихтисосҳои 1-25. 01. 07  - иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо; 1-26.02.02-01 – менеҷмент, 1-26.02.03 - маркетинг, 1-25.01.03 -иқтисодиёти ҷаҳонӣ магистрантони факултетро тайёр менамояд.

                                       Ҳайати устодону олимони факултет

          Айни замон дар факултет 2 доктори илм, 19 нафар номзадҳои илм фаъолият мебаранд. Аз онҳо 17 нафар дотсентон мебошанд. Теъдоди докторантон 4 нафар, аспирантон 21 нафар, унвонҷўён 16 нафар буда, шумораи унвондорон 40,4%-ро ташкил медиҳад.

   Роҳбарияти факултет

номзади илмҳои иктисодӣ, дотсент Асророва Мавлуда Абдушукуровна, E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. +992 92 7752379

Рўйхати таълифоти илмӣ

 Декани факултет -

Муовини декан оид ба корҳои  илм номзади илмхои кишоварзи, дотсент Хўҷаназарова Мақсуда Имомназаровна.

Муовини декан оид ба тарбия - сармуаллим Исоқов Муродҷон Толибҷонович.

 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/fakultet/biznesvaidorakuni.html#sigProGalleria60052837cb
joomlamodniyportal.ru  

http://www.zoofirma.ru/