Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

 

Факултет

ихтисос

шифр

Шарҳи мухтасар ва мушаххаси ихтисосҳо, самтҳои фаъолияти донишҷӯ пас аз хатм, дурнамои фаъолият хатмкунанда дар соҳаҳои хоҷагии халқ

Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

Таърих (сиёсатшиносӣ)

1-21.03.01.05

Ба хатмкунандагон дипломи тахассуси таърихшинос, сиёсатшинос, омӯзгор дода мешавад.

Фаъолияти касбии хатмкунандаи ихтисос дар самтҳои зерин ҷараён мегирад:

Соҳаи таҳсилот, кор дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус, олӣ, литсею гимназияҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ғайраҳо.

 

Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

Хадамоти гумрук

1-96.01.01

Пас аз хатм мутахассис ба иҷрои намудҳои зерини фаъолият қодир аст:

Масъалаҳо оид ба ҳифзи бехатарии иқтисодии давлат, ғани гардонидани буҷаи давлат, амали намудани сиёсати амалии гумрукӣ, системаҳои мақомоти гумрук, Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои минтақавии он фаъолият мебаранд.

Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

Муносибатҳои байналхалқӣ

1-23.01.01

Ихтисоси мазкур мутахассисонро оид ба соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, тарҷумон референти забонҳои англисӣ ва арабӣ омода менамояд. Пас аз хатм мутахассисон метавонанд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сафоратхонаҳо ва дигар мақомотҳои давлатӣ кору фаъолият намоянд.

Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

Сиёсатшинос

1-23.01.06.03

Хатмкунадагон ихтисоси сиёсатшиносӣ дар давоми таҳсил аз нозукиҳои касбӣ сиёсатмадорӣ ва паҳлӯҳои мухталифи мубрами ҳаёти сиёсии ҷомеи муосир бархурдор мегарданд. Пас аз хатм мутахассисони соҳаи мазкур дар мақомоти иҷроия, вазорату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ, идораҳои давлатӣ ва дигар корхонаву муассиса ва вазоратҳо кору фаъолият намоянд.

Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

Таъмини забонии робитаҳои байнифарҳангӣ

1-23.01.02.04

Баъди хатми ихтисос тарҷумон роҳбаланд метавонанд дар марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мақомотҳои иҷроияи давлатӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, донишгоҳ, мутахассис забоншинос, шарқшинос, омӯзгори забонҳои англисӣ ва арабӣ фаъолият намоянд.

 

http://www.zoofirma.ru/