Факултети бизнес ва идоракунӣ

Факултети бизнес ва  идоракунӣ

 

Факултет

ихтисос

шифр

Шарҳи мухтасар ва мушаххаси ихтисосҳо, самтҳои фаъолияти донишҷӯ пас аз хатм, дурнамои фаъолият хатмкунанда дар соҳаҳои хоҷагии халқ

Бизнес ва  идоракунӣ

Иқтисоди ҷаҳонӣ

1-25 01 03

Вазифаҳои фаъолияти касбии мутахассиси соҳаи 1-25.01.03 – Иқтисодиёти ҷаҳон инҳоанд:шўъбаҳои иқтисодии ширкатҳо, шўъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии ширкатҳо ва бонкҳо, вазорату идораҳои робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, палатаи савдою саноат, минтақаи озоди иқтисодӣ ва умуман субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошанд.

Бизнес ва  идоракунӣ

Маркетинг дар комплекси агросаноатӣ

1-26.02.03.09

Кафедраи маркетинг – агробизнес яке аз кафедраҳои тахассусии Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, баҳри баланд бардоштани иқтисодиёти ҶТ ва некуаҳволии мардуми он мутахассис тайёр менамояд. Пас аз хатми пурраи таҳсил ба донишҷў дипломи дараҷаи бакалавр маркетолог-иқтисодчӣ дода мешавад.

Доираи фаъолияти касбии мутахассис 1-26.02.03.09 -маркетинг дар комплекси агросаноатӣ:

Вазорати кишоварзӣ, корхонаҳои комплекси агросаноатӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ,  шўъбаҳои кишоварзии мақомотҳои вилоятӣ, шаҳрҳо, нохияҳо институтҳои илмию тадқиқотӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқ мебошад.

Бизнес ва  идоракунӣ

Менеҷменти молиявӣ

 

1-26.02.02.01

Менеҷменти молиявӣ. Ихтисоси менеҷменти молиявӣ  барои идоракунӣ фаъолияти молиявии бонк, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, шӯъбаи молия ва тамоми фаъолияти молиявии ташкилотҳои мухталифро дар бар мегирад.

Мутахассисони дорои чунин ихтисос дар оянда хамчун менеҷер – молиявӣ ҳаракати молиявии ташкилот, банақшагирии молиявӣ, муайян кардани стратегия ва тактикаи сармоягузорӣ, идоракунии зиддибуҳронӣ ва идоракунии буҷети ташкилотро ба ӯҳда доранд.

Бизнес ва  идоракунӣ

Идораи давлатӣ

1-26.01.01

Ихтисоси идораи давлатӣ барои идоракунӣ ва банқшагирии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ (Ҳукумати шаҳру ноҳия, вилоят ва Ҷумҳурӣ), ташкилотҳои консулгароӣ, инчунин зинаҳои гуногуни идоракунии иқтисодиёти ташкилоту корхонаҳо нигаронида шудааст. Муттахассисони соҳаи мазкур ҳамчун иқтисодчӣ – идоракунанда омода мегарданд.

Бизнес ва  идоракунӣ

Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо

1-25.01.07

Хатмкунандагони тахассуси «Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо» барои фаъолият намудан дар корхонаҳои гуногуншакл, корхонаҳои давлатӣ, инчунин дар ширкатҳо ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, сохторҳои молиявӣ, шўъбаҳои иқтисодӣ ва банақшагирии мақомотҳои давлатӣ, вазоратҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар сохторҳои иқтисодии ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ, созмонҳои байналхалқӣ, пажўишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр карда мешавад. Фаъолияти иқтисодчӣ ба таҳлил ва идоракунии функсионалии корхонаҳои хусусӣ, давлатӣ ва маҳаллӣ бо мақсади рушди босуботи иқтисодиёт, тараққиёти истеҳсолот ва иҷтимоиёт равона карда шудааст.

Бизнес ва  идоракунӣ

Бизнес – маъмуриятчигӣ

1-26.02.01

Соҳаи фаъолияти касбии бизнес-маъмуриятчӣ - иқтисодчӣ ба ташкили меҳнат ва идоракунии ходимон дар корхона, ва ба амал овардани сиёсати фурўш, ташкил, банақшагирӣ ва идоракунии ҳаракати мол, коркарди шаклҳо ва усулҳои таъсиррасонӣ ба бозор, ташаккулёбии талабот ва ҳавасмандгардонии фурўш, идоракунии маркетинг, тадқиқотҳои маркетингӣ, равона карда шудааст.                               Хатмкунандагони тахассуси «Бизнес-маъмуриятчигӣ» соҳибони ояндаи бизнес, идоракунандагони мутахассис дар соҳаи маркетинг, молия ва ҳисобкунӣ, роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ва компанияҳои хусусӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва роҳбарони компанияҳои калони холдингӣ. Соҳаи фаъолияти касбии мутахассис бизнес-маъмуриятчӣ соҳаи бизнеси хурду миёна мебошад.

 

http://www.zoofirma.ru/