Факултети баҳисобгирӣ ва андоз

Факултети баҳисобгирӣ ва андоз

 

Факултет

ихтисос

шифр

Шарҳи мухтасар ва мушаххаси ихтисосҳо, самтҳои фаъолияти донишҷӯ пас аз хатм, дурнамои фаъолият хатмкунанда дар соҳаҳои хоҷагии халқ

Баҳисобгирӣ ва андоз

баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

1-25.01.08

Ба донишҷўён пас аз хатми донишгоҳ тахассуси «Иқтисодчӣ» аз рўи ихтисоси «баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит» дода мешавад.

Мутахассиси соҳаи мазкур бо чунин намудҳои фаъолияти касбӣ машғул шуда метавонад: баҳисобгирии активҳои гардон ва ғайри гардишӣ, ўҳдадориҳо, сармоя, даромадҳо, хароҷотҳо ва натиҷаҳои молиявӣ аз фаъолияти асосии хоҷагидорӣ, амалиётҳои инвеститсионӣ ва амалиётҳои молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ.

Соҳаи фаъолияти касбӣ: ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, корхонаю ташкилотҳои тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, ташкилотҳои қарзӣ, нозироти андоз, ташкилотҳои аудиторӣ ва ғ.

Баҳисобгирӣ ва андоз

андоз ва андозбандӣ

1-25.01.04-03

Ба донишҷўён пас аз хатми донишгоҳ тахассуси «Иқтисодчӣ» аз рўи ихтисоси «андоз ва андозбандӣ» дода мешавад.

Мутахассиси соҳаи мазкур бо чунин намудҳои фаъолияти касбӣ машғул шуда метавонад: андозбандии шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, бурдани назорати андоз, тартиб додан ва супоридани ҳисоботҳои андоз, ҳисоббаробарсозӣ, ҷамъоварии андозҳо, ба нақша гирифтан ва ташкили фаъолияти молиявии корхона ва ширкатҳо, ташкили фаъолияти суғуртакунӣ, ба роҳ мондани таъминот ва мебошанд

Соҳаи фаъолияти касбӣ: мақомоти андозу молиявии умумидавлатӣ, нозироти андозҳои маҳаллӣ ва марказӣ, шўъбаҳои андоз ва мақомоти молиявии корхонаҳо

Баҳисобгирӣ ва андоз

аудит ва ревизия

1-25.01.11

Ба донишҷўён пас аз хатми донишгоҳ тахассуси «Иқтисодчӣ» аз рўи ихтисоси «аудит ва ревизия» дода мешавад. Мутахассиси соҳаи мазкур бо чунин намудҳои фаъолияти касбӣ машғул шуда метавонад: корҳои ҳисобгирию аналитикӣ; назоратию тафтишотӣ; аудиторӣ; тавсиявию машваратӣ; ташкилию идоракунӣ; меъёрию методӣ идоракунии хоҷагидорӣ; молиявӣ ва қарзӣ; ташхисию машваратӣ; андозбандӣ, баҳогузории амволҳо; баҳисобгирии амалиётҳои иқтисодии бурунмарзӣ ва ҳуқуқӣ.

 

 

http://www.zoofirma.ru/