Хобгоҳ

Сармураббия

Рўзиева Саминисо Рустамқуловна

Хобгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли 2008 ташкил карда шуда, дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20–ум, кўчаи Репина №60 воқеъ аст.

Айни замон дар хобгоҳ 299 нафар донишҷўёну толибилмон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд. Аз ин теъдод 144 нафар писарон ва 155 нафар духтарон мебошанд.

Аз маҷмўи 111 ҳуҷраи бинои хобгоҳ 54 ададашро ҳуҷраи 2 нафара ва 57 ададашро ҳуҷраи 3 нафара ташкил дода, барои таъмини осоишу фароғати бошандагон китобхона, майдончаи варзишӣ, утоқи компютерии пайваст ба интернет, хонаи тафреҳ, ҳуҷраи дўзандагӣ, маҳфили фарҳангӣ, маҳфили дўзандагии «Дастони моҳир», «Атлас ва адрасбофӣ» амал мекунанд. Дар маҳфилҳои дўзандагию бофандагӣ донишҷўдухтарони хобгоҳ фориғ аз машғулиятҳои таълимӣ ба омўхтани ҳунари ниёгони хеш машғул мешаванд.

Маъмурияти хобгоҳ баробари фароҳам овардани шароитҳои мусоиди зист ба тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, маърифатӣ, варзишии бошандагони хобгоҳ эътибор зоҳир менамоянд. Ба ифтихори санаҳои таърихӣ, ҷашнвораҳо дар хобгоҳ мунтазам чорабиниҳои рангин доир мегарданд. Аз ҷумла, бахшида ба Соли фарди солим бо ибтикори маъмурияти хобгоҳ силсилаи чорабиниҳои шавқовар доир гаштанд. Баргузории сўҳбату мулоқотҳо таҳти унвони «Ҷомеаи солим аз фарди солим ташаккул меёбад», “Варзиш - бақои ҷавонӣ”, “Дониш андар дил чароғи равшан аст”, озмуну мусобиқаҳои “Канӣ духтарҳо!”, “Канӣ писарҳо!” ва дигарҳо ҷиҳати даъват ба тарзи ҳаёти солим байни донишандўзон мусоидати афзун доранд. Хобгоҳи ДДҲБСТ дар ҳайати зерин фаъолияти хешро айни замон пеш мебарад:

Сармураббия – Рўзиева С.Р.

Маъмур - комендант – Ҳайдаров А.С.

Дарбонон – Абдураҳмонова М., Тўрабекова М., Абдуллоева М., Ҳусейнова Р.

Посбонон – Очилов И., Мамадаминов И., Ашрапов Қ., Норов А.

Китобдор – Мирпоччоева З.

Фаррошон – Ғанибоева А., Ҳасанова Д., Хилватова М..

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/dovtalab/xobgox.html#sigProGalleriaa9f330a3a0
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/