ТАҲСИЛОТИ ДУЮМИ ОЛИИ КАСБӢ

Тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, силсилаи  АУ 0001866,  ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳамасола Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  довталабонро  барои соҳиб шудан ба   таҳсилоти дуюми олии касбӣ қабул менамояд.

 Довталабон тибқи Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ, ки  қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 04. 2017, №5/21 тасдиқ шудааст, қабул карда мешаванд.

 Довталабон барои  гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ тариқи сўҳбат ба шўъбаҳои ғоибона қабул карда мешаванд.

 Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул ва комиссияи аттестатсионӣ аз 20 июн  то 10 август ва мўҳлати гузаронидани суҳбат  аз 11 то 25 август муқаррар шудааст.

 Довталабон тибқи муқаррароти Қоидаҳои кабул ба комиссияи қабули донишгоҳ дар муҳлати муайяншуда  ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

-ариза ба номи ректор;

 -дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);

 -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихоб карда;

- 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;

 - маълумотномаи тиббии шакли 086-у;

 - шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

 Комиссияи қабул пас аз шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои довталабон бо назардошти мавҷудияти миқдори фарқиятҳо шаклҳои зерини  қабулро ба роҳ мемонад:  бо мавҷудияти  на зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ (таҳсили  сесола); бо мавҷудияти зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ (таҳсили чорсола).

Довталабоне, ки дар рўзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашташуда ҳисобида мешаванд.

Номгўи ихтисосҳои таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар ДДҲБСТ: ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз, кори бонкӣ, идораи давлатӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва хадамоти гумрук.

http://www.zoofirma.ru/