Қоидаҳои қабул дар зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

   Қоидаҳои қабул дар зинаи магистратураи ДДҲБСТ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Низомномаҳои бакалавриат, магистратура ва мутахассис ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

1. Қабул дар зинаи магистратура танҳо дар шуъбаи рўзона ба роҳ монда мешавад.

2. Довталабоне, ки дипломи онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат мекунад, аз рўи тахассуси интихобнамудаашон реферат пешниҳод намуда, ба тариқи суҳбат аз озмун мегузаранд.

3. Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи наздики интихобнамудаашон мувофиқат намекунанд, аз тарафи донишгоҳ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои ҳатмӣ муқаррар карда мешавад.

4. Агар дохилшавии довталаб ба зинаи магистратура ба вақти муассисаи таҳсилоти олии касбиро хатм кардани ў рост ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рўи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз баҳои “хуб”паст набошад).

5. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул ва комиссияи аттестатсионӣ аз 20 июн то 10 август ва муҳлати гузаронидани суҳбат-озмун ва имтиҳон аз 11 то 25 август таъин карда мешавад.

6. Довталабон барои дохил шудан ба зинаи магистратура мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва тартиби мазкур ба комиссияи қабули донишгоҳ дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

-ариза ба номи ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

-дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда (агар бошад);

- 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;

- маълумотномаи тиббии шакли 086-у;

- шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

7. Ҳамаи довталабон сарфи назар аз аслу насаб, ҷинс, забон, мансубияти нажодию миллӣ, вазъи иҷтимоию хусусиятҳои касбу кор, эътиқод, мазҳаб ва муносибат ба дин ва мансубияти ҳизбӣ дар гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқи баробар доранд. Қабули довталабон дар зинаи магистратура то синни 35-сола ба амал бароварда мешавад.

http://www.zoofirma.ru/