Шуъбаи магистратура

Тибқи фармоиши Вазири маорифи ҶТ аз санаи 24.04.2013 таҳти №958 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимии магистратура аз рўи ихтисосҳои сиёсатшиносӣ, молия ва қарз, менеҷмент, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, технология ва низоми иттилоот (дар иқтисодиёт) иҷозат дода шуд.

Соли аввали фаъолияти шуъба ( 2013-2014) бо фармони ректори донишгоҳ 43 нафар магистрантон қабул карда шуданд.

Шӯъбаи магистратура фаъолияти худро аз оғози фаъолияташ ба тайёр намудани магистрантони сатҳи баланди тахассусмандӣ равона менамояд.

Мақсади асосии фаъолияти шӯъбаи магистратура ин таъмин ва назорати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори интелектуалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад. Вазифаҳои асосии шӯъба:

- иштирок дар ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои қабул ба магистратура;

- танзим ва назорати ҷараёни таълим ва фаъолияти илмии магистрантон;

- ҷамъоварии ахборот ва омода намудани маводи методӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;

- тайёр намудан ва ба танзимдарории доимии ҳуҷҷатгузорӣ дар шӯъба;

- ташкили анбори маълумот оид ба контингенти магистрантон;

- назорати иҷрои нақшаи индивидуалии магистрантон ва танзими ҳисоботдиҳии онҳо;

- таъмини иҷрои саривақти супоришҳои раёсати донишгоҳ оид ба магистратура.

Шуъбаи магистратура дар таъмини рақобатпазирӣ ва мавҷудияти маълумоти олии дузинагӣ (бакалавр-магистр) нақши асосӣ дорад. Ҳамчунин, шуъба ҷиҳати дохилшавии донишгоҳ ба фазои глобалии тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мусоидат менамояд.

Кормандони шӯъба: мудири шӯъбаи магистратура- н.и.и., дотсент Шокиров Равшан Сиддиқович

Мутахассиси пешбари шӯъбаи магистратура - Каримова Умедахон Абдухалиловна

Суроға: ш.Хуҷанд, 17 мкрн., хонаи №1, тел. 2 –75-32,

E-mail - Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/