ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РЎИ ИХТИСОС ДАР ДДҲБСТ

Қоидаҳои қабул ба докторантура аз рўи ихтисос дар донишгоҳ тибқи «Низомномаи докторантура аз рўи ихтисос», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №127 тасдиқ шудааст, муайян гардидааст:

1.Шахсони миллаташон тоҷик, ки шаҳрванди давлатҳои хориҷианд, барои гирифтани таҳсилоти баъдидипломӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаият, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос таҳсил намоянд.

3. Дар давраи гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва қабул ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос аз 1 июл то 31 август дар донишгоҳ комиссияҳои имтиҳонӣ аз рўи ихтисос (фаннӣ) ва комиссияҳои апелятсионӣ таъсис дода мешавад.

4. Ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дар шакли таҳсили рўзона қабул карда мешаванд:

- шахсоне, ки дараҷаи академии «магистр» доранд;

- шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии «мутахассис» доранд баъди таҳсил дар магистратура ва хатми бомуваффақияти он;

5. Имтиҳони дохилшавӣ аз рўи яке аз забонҳои хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.

6. Имтиҳон аз рўи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ гузаронида мешавад.

19. Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои дохилшавӣ ба докторантура аз рўи ихтисос пешниҳод мешаванд:

-ариза ба номи ректор;

-нусхаи шиноснома;

-анкетаи дохилшаванда ба докторантура;

-нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

-сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);

-мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

-рўйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан, пешниҳод намудани реферат аз рўи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

-асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ

-тасдиқномаи тиббӣ шакли 086-У;

-6 расми андозаи 3х4.

http://www.zoofirma.ru/