Саҳифаи довталаб

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки даврони Истиқлолияти кишвар маҳсуб гардида, дар тўли 23 соли мавҷудияташ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи соҳаи маорифи кишвар табдил ёфт ва имрўз бо умеди тоза ҷониби ояндаи дурахшон қадамҳои боэътимод мегузорад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ислоҳоти қонунгузорӣ «маркази  зеҳнӣ» гардида, дар соҳаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ мутахассис тайёр мекунад».

           Донишгоҳ бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон №364 аз 5 августи соли 1993, қарори Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) №98 аз 31 марти соли 1994 таъсис ёфта, ба ҳайси маскани тайёр кардани кадрҳо дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодиёт, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборотӣ, инноватсия, телекоммуникатсия ва амсоли ин самтҳои умдаи хоҷагии халқи мамлакатамон кадрҳои соҳибтахассус ва ҷавобгўи талаботи бозори меҳнат омода менамояд.

Донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сифати таҳсил ва ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷавобгӯ будан ба стандартҳои ҷаҳонӣ бо татбиқи технологияҳои пешрафтаи инноватсионӣ фаъолияташро ба роҳ монда, беҳдошти сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони баландпоя ҳадафҳои муҳим ва умдаи фаъолияти моро ташкил медиҳад.

Имрўз дар сохтори донишгоҳ 6 факултет, аз қабили сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, инноватсия ва телекоммуникатсия, ҳуқуқшиносӣ, молия, баҳисобгирӣ ва андоз, бизнес ва идоракунӣ фаъолият намуда, аз рўи 22 ихтисос донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз зумраи ихтисосҳои мавҷуда, аз рўи 2 ихтисос дараҷаи мутахассис ва 20  ихтисос дараҷаи бакалавр омода карда мешаванд. Таҳсил дар 22 ихтисос дар шўъбаи рўзона ва 8 ихтисос дар шўъбаи ғоибона ба роҳ монда шудааст. Тайи солҳои охир ба иловаи ихтисосҳои мавҷуда  ихтисосҳои наву замонавии аудит ва ревизия, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ), технологияҳои иттилоотию идоракуни телекоммуникатсионӣ, таърих-сиёсатшиносӣ, бизнес – маъмуриятчӣ,  Web-дизайн ва графикаи компютерӣ ва технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ ташкил шудаанд.

Донишгоҳ барои пешбурди фаъолият аз рўи ҳамаи ихтисосҳо иҷозатномаи (литсензияи) хадамоти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро (шаҳодатномаи силсилаи 0001866 аз 13.07.2015) соҳиб буда, бо дарназардошти иқтидори мусоиди моддию техникӣ ва таъминоти кадрӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштааст.

Донишгоҳ имрўз дар низоми ташаккули инфрасохтори инноватсионии таълиму таҳсилот ва корҳои илмӣ ҳамқадами замон буда, бо ин мақсад дар самти рушди пойгоҳи моддию техникии таҳсил ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат ва ҷавобгўи талаботи замони муосир тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд. Бо мақсади дар сатҳи муосир ба роҳ мондани ҷараёни таълим ва автоматикунонии раванди назорату санҷиши дониш ва донишазхудкунӣ дар донишгоҳ низоми мукаммали шабакавӣ (ҳам шабакаи дохилӣ ва ҳам шабакаи глобалӣ) роҳандозӣ гардида, дастрасӣ ба шабакаи интернетӣ ройгон ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба ин дар донишгоҳ системаи нави иттилоотии СКАРТ ба фаъолият шурўъ кард. Лоиҳаи барномарезии яке аз модулҳои барномаи СКАРТ омода гардида, дар айни замон қабул  ва гузаронидани ҷараёни имтиҳони ниҳоӣ тариқи тестӣ – он - лайн  ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳ дорои Интернет-сайти худ буда, тамоми мавод ва маълумоти вобаста ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ дар сомонаи шабакаи глобалии www.tsulbp.tj инъикос ёфтаанд. Ҳамаи компютерҳои донишгоҳ  ба шабакаи Интернет бе маҳдудияти истифодаи шабонарўзӣ пайваст мебошанд.

Муҳимтарин дастоварди донишгоҳ дар таҳкими базаи моддию техникӣ ин бо иштироки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтани корҳои сохтмонӣ (9 сентябри 2008, ба муносибати 15-солагии донишгоҳ) ва дар муддати се сол (5 августи соли 2011) пурра ва дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супорида шудани бинои нави таълимии донишгоҳ маҳсуб мешавад.

Ба раванди таълиму тарбия устодони варзидаи соҳаҳои мухталиф ҷалб гардида, аз маҷмўи  343 нафар ҳайати омўзгорони донишгоҳро 142 нафар кормандони дорои унвон ва дараҷаҳои илмидошта ташкил медиҳанд, ки 19 нафар докторони илм ва 123 нафар номзадҳои илм мебошанд.

Соли 2016 тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ 1371 довталаб қабул гардиданд, ки иҷроиши нақшаи қабули донишгоҳ 96 фоизро ташкил дод. Ҳамзамон, 120 нафар барои гирифтани таҳсилоти дуюм ва 196 нафар барои таҳсил дар магистратура қабул карда шуданд.

Теъдоди умумии донишҷўён дар донишгоҳ 6466 нафарро ташкил медиҳад.  Ҳамчунин донишҷўён аз давлатҳои хориҷаи дуру наздик, аз қабили Туркманистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар донишгоҳ таҳсил менамоянд.  Айни замон ҳамаи донишҷўёни шўъбаи рўзона ва курсҳои 1-ум ва   2-юми шўъбаи ғоибонаи донишгоҳ пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаштаанд.

Дар соли таҳсили 2015-2016 теъдоди умумии хатмкардагон 1016 нафарро ташкил медиҳад, ки 20 нафар бо дипломи аъло таҳсилро ҷамъбаст намуданд. Аз ин теъдод дар шўъбаи рўзона 9 нафар, аз шўъбаи ғоибона 8 нафар ва аз шўъбаи магистратура 3 нафар бо дипломи  аъло донишгоҳро хатм намуданд.

Донишгоҳ танҳо дар шаш моҳи охир бо 39 корхонаю ташкилотҳо шартномаҳои ҳамкорӣ бобати пешбурди фаъолият дар самти таҷрибаомўзии донишҷўён ба роҳ гузошт. Айни ҳол бо раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, намояндагии Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вилояти Суғд, муассисаи давлатии  минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва  оҷонсии рекламавии «Ободкор» 5 шартномаи ҳамкорӣ дар мавриди корбарӣ қарор дорад.

Дар донишгоҳ   Ассотсиатсияи хатмкардагон  таъсис ёфт, ки ҳадаф ба роҳ мондани робита бо ташкилоту корхонаҳое, ки дар он хатмкардагон фаъолият мебаранд, ташаккули алоқаҳои кории донишгоҳ бо муассисаҳои илмиву таълимии ватанӣ ва хориҷӣ тавассути хатмкардагон равона карда шудааст. Ҷиҳати муваффақ гаштан ба ҳадафҳои гузошташуда Маркази рушди касбият вохўриву машварати сайёр, дарсҳои амалиро бо намояндагони як идда ташкилоту муассисаҳо баргузор менамояд.

Имрўз дастпаварони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он ба монанди мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ,  соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсат, идоракунӣ, низоми иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ва ғайраҳо пурсамар фаъолият доранд.

Дар донишгоҳ ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳа ва дорои унвон ва дараҷаҳои илмӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, донишҷўёни қобилиятнок барои таҳсил ба магистратура, аспирантура ва докторантураи донишгоҳ тавсия мешаванд. Имрўз дар  магистратураи донишгоҳ магистрантон аз рўи 10 ихтисос, аспирантон аз рўи 7 ихтисос ва докторантон  (PhD) аз рўи 2 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин сохторҳо ва ҳамчунин Шўрои дифои доктории назди донишгоҳ ҳамзамон дар омода намудани кадрҳои соҳибунвони илмӣ барои донишгоҳ хизмат менамояд. 

Донишҷўёни донишгоҳ иштирокчии фаъоли олимпиадаҳо ва озмунҳои илмӣ буда, соли равон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ  барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни 300 нафар донишҷўи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз 25 донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ се нафар донишҷў, дар озмуни  «Донишҷў ва пешрафти илмию техникӣ-2016» 2 нафар донишҷў ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд.

  Раёсати донишгоҳ дар масъалаи қадршиносии магистранту аспирантон ва  донишҷўёни фаъол ва ташаббускор пайваста тадбир андешида, дар соли 2016 - 140 нафар донишҷўёни аълохону ташаббускор ва 8 нафар волидайни донишҷўён  бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадршиносӣ намуд. Соли равон 18 нафар донишҷўёну аспирантон ба гирифтани идрорпулии Раиси вилояти Суғд, 4 нафар ба гирифтани идрорпулии раиси шаҳри Хуҷанд мушарраф гардиданд.

  Бо мақсади ба роҳ мондани тарбияи эстетикии донишҷўён дар донишгоҳ маҳфилҳои ҳунарии дастаи созию овозии “Ошёни меҳр”,  театр-студияи “Парвози истеъдод” ва гурўҳи рақсии “Хушхиром”, Дастаи ENACTUS  (ҳамкорӣ байни соҳибкорӣ ва маълумотӣ олӣ барои тайёр кардани бизнес-лидерҳо)дастаи ҳозирҷавобони шўхтабъ (КВН), маҳфили ҳунаромўзии “Ганҷинаи ҳунар” , амал менамояд. Дар маҳфили “Ганҷинаи ҳунар донишҷўдухтарони маъвои маърифат ҳунари аҷдодии атласу адрасбофиро омўхта истодаанд.

Айни замон дар хобгоҳи донишгоҳ 299 нафар донишҷўёну толибилмон аз шаҳру ноҳияҳои  ВМКБ, вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд. Дар хобгоҳи донишгоҳ баробари фароҳам овардани шароитҳои мусоиди зист ба тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, маърифатӣ, варзишии бошандагони хобгоҳ эътибор зоҳир намуда, барои таъмини осоишу фароғати бошандагон китобхона, майдончаи варзишӣ, утоқи компютерии пайваст ба интернет, хонаи тафреҳ, ҳуҷраи дўзандагӣ, маҳфили фарҳангӣ, маҳфили дўзандагии «Дастони моҳир», «Атлас ва адрасбофӣ» амал мекунанд.

Осорхонаи ДДҲБСТ бо мақсади тарбия ва густариш намудани ҳисси ватанпарастӣ, худогоҳӣ, ҳифзи анъанаҳои неки донишгоҳ, ифтихор аз дастовард ва барои пешрафти пайваста таъсис дода шудааст.

Дар Осорхона зиёда аз ҳазор экпонату ҳуҷҷатҳо маҳфузанд, ки аксари онҳо дар бораи таърихи донишгоҳ, дастовардҳои илмиву таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ далолати шайъӣ медиҳанд.

Дар донишгоҳ ба вусъати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби ҳаёти солим эътибори пайваста зоҳир мегардад. Натиҷа ин аст, ки дар Спартакиадаи донишҷўёни мактабҳои олии касбии вилояти Суғд 149 нафар донишҷу ба гирифтани 102 медал: 13 медали тилло, 45 медали нуқра, 44 медали биринҷӣ  мушарраф гардиданд. Муҳассили соли якуми факултети инноватсия ва телекоммуникатсия Ҷонибек Қодиров дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кисловодски кишвари Русия бо намояндагони 20 кишвари олам вобаста ба намуди варзиши каратэ – муҳорибаи кулли ҷанги дастии касбӣ дар вазнҳои мухталиф байни ҳам қувва санҷида, соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.

 Раёсати донишгоҳ дар масъалаи инъикоси дастовардҳои таълиму тарбия ва илм дар васоити ахбори омма пайваста тадбир андешид.  Дар   ин самт саҳми нашрияи донишгоҳии  “Маъвои хирад”, барномаҳои телевизионии донишгоҳ, барномаи маърифатию илмии донишгоҳ «Кошонаи маърифат», барномаи ҳармоҳаинаи иттилоотии «Набзи донишгоҳ» саҳми назаррас дорад. Тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявию маҳаллӣ зиёда аз 100 адад сюҷетҳо роҷеъ ба фаъолият, ҳамоишҳои илмию таълимӣ, маърифатию фарҳангии донишгоҳ оид ба масоили мухталифи таълиму тарбия, илм, санаҳои таърихӣ, бузургдоштҳо, равандҳои иҷтимоӣ-сиёсии давр бо иштироки олимон ва устодон ва донишҷўён пахш гардиданд.

Имрўз донишгоҳ бо 48 муассисаи илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст.

Соли 2016 дар донишгоҳ 5 лоиҳаи байналмилалии Барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Эразмус Мундус, Темпус ва Эразмус+  амал  кард.

I. Лоиҳаи Барномаи Эразмус Мундус “Шабакаи иқтисод ва менеҷменти Осиёи Марказӣ” - CANEM II.

II. Лоиҳаи Барномаи Темпус – “Омӯзиши забони хориҷӣ барои ҳадафҳои касбӣ” – FLEPP.

III. Лоиҳаи Барномаи Темпус – “Озмоишгоҳҳои навоварона чун ангезандаи навгонии устувор дар секунҷаи маърифат” – INOCAST.

IV. Барномаи Эразмус+ – “Омӯзиши байнисоҳавии Аврупоӣ дар Тоҷикистон”.

V. Барномаи Эразмус+ – “Системаҳои иттилоотии идоракунӣ барои маълумоти олии Тоҷикистон”.

Ҳадафи ин лоиҳаҳо пурқувват кардани имкониятҳои илмӣ, таълимӣ, маъмурии донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ тавассути табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, баргузор намудани конференсияҳо, тренингҳо барои такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисӣ, такмил ва таъмини маводҳои нави таълимӣ, ташкили маркази забонҳо,  эҷоди платформаи табодули таҷрибаҳо, ахбор, ташкили гуфтугӯи омӯзишӣ байни донишгоҳҳо ва сектори соҳибкорӣ оид ба ҳамкорӣ, сохтани лоиҳаҳои муштарак тавассути фаъолияти лабораторияҳои навоварона, дастгирии ислоҳоти соҳаи илмҳои гуманитарӣ, пурқувват кардани имкониятҳои илмӣ, таълимӣ, маъмурии донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ тавассути табодули магистрантон ва ғайра.

Дар доираи лоиҳаҳои мазкур намояндагони донишгоҳ ба муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ- Донишгоҳи Генуяи Италия, Донишгоҳи Лас Палмас де Гран Канариа ва Донишгоҳи Ҷазираҳои Балеар (Испания), Донишкадаи бонкии Чехия, Британия, Эстония, Шветсия ва Қирғизистон барои таҳсил ва ба курсҳои такмили ихтисос ва забономўзӣ фиристонида шуданд; ташкилу баргузории ҳамоишҳои мухталифи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ба ҳукми анъанаи нек даромада, ҳамасола дар ҳамоишҳои илмӣ олимони варзидаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ бевосита ё тариқи тамоси мустақиму ОНЛАЙН ширкат ва суханронӣ менамоянд;  озмоишгоҳи навоварона таъсис дода шуд, ки ба сифати катализатор ва ё такондихандаи  инноватсия  хизмат мекунад ва майдони фаъолиятро барои эҷодкориҳои муштарак, озмоишҳо  фароҳам овард; барои хатмкунандагони мо 5 бурсия (квота) барои таҳсил дар магистратура барои соли  хониши 2016-2017 ҷудо карда шуд.

Дар донишгоҳ омўзиши забонҳои русӣ, хитоӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Базаи моддию техникӣ ва таълимиву истеҳсолии донишгоҳ пайваста такмил дода шуда,  имрўз 1 бинои асосӣ, 3 бинои таълимӣ,  китобхонаи марказии таълимию илмӣ,  хобгоҳ, 4 нуқтаҳои хўроки омма, 125 аудиторияҳо, 11 лабораторияҳои  таълимӣ, 1кабинети махсусгардонидашуда, 6 кабинетҳои таълимӣ, се толори маҷлис ба хизмати донишҷўён вогузор шудаанд. Бар иловаи сохторҳои муназзами идоракунӣ ва таълимӣ, инчунин дар сохтори донишгоҳ имрўз маркази омўзиши забонҳои хориҷӣ, синфхонаҳои компютерӣ, минтақаи таҷрибавию истеҳсолӣ, Парки технологӣ,  маҷмааи варзишӣ амал мекунанд.

Бо мақсади таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва пажўҳишоти илмӣ дар   соли 2016 - 135 адад компютери замонавӣ харидорӣ карда шуд. 

Дар назди донишгоҳ минтақаи заминҳои таҷрибавӣ - истеҳсолӣ дар мавзеи Қайроққум дар майдони 4,1 гектар ҷойгир шуда, заминҳои корами он 2,7 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо дарахтони меваҳои гуногун ва гулҳои ороишӣ шинонида шуда, инчунин маҳсулоти полезӣ киштукор карда мешаванд. Мавзеи мазкур алҳол ба яке аз беҳтарин нуқтаҳои таҷрибаомўзии донишҷўёни донишгоҳ табдил ёфтааст.

Имрўзҳо фаъолияти кулли самтҳои илмию таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди илму маориф, таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгўи бозори меҳнат ҷараёни бомаром касб намуда, дар ин ҷода Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад. 

Шиори мо тахассуси баланд, шароити мусоид фароҳам овардан барои таҳсил ва илми донишҷӯён буда, дониш ҳамчун мазҳари саодат дар нишон ва суруди донишгоҳи мо инъикоси барҷаста ёфтааст.

Скачать

http://www.zoofirma.ru/