Шуъбаи тайёрии ДДҲБСТ

Мудири шуъбаи тайёрӣ номзади илмҳои итисодӣ, дотсент

Каримов Мирзобаҳодур Қодирович

 Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба сифати таҳсилот як қатор иқдомҳои муҳими саривақтӣ амалӣ мегарданд. Таъсиси Муассисаи давлатии  «Маркази миллии тестӣ», ки дар назди он вазифаи ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар асоси фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Шуъбаи тайёрӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тайёрии таҳсилоти умумии ҷавонон ва тайёр намудани онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар асоси худмаблағгузорӣ ташкил карда шуда, нақшаи қабул ба шуъба дар асоси қарори Шўрои олимони донишгоҳ муайян мегардад. Раванди  таҳсил дар гурўҳҳои тоҷикӣ ва русӣ тариқи  рўзона, ба  мўҳлати 6 моҳ ба роҳ монда шудааст.

Ҳадафи фаъолияти шуъбаи тайёрии донишгоҳ барои мукаммал омода намудани  хатмкунандагон ба  супоридани имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ аз рўи 5 кластер: кластери 1- табииӣ ва техникӣ, кластери 2-иқтисодӣ ва география, кластери 3- филология, педагогика ва санъат, кластери 4 - ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ, кластери 5-табиӣ, биологӣ ва варзиш равона шудааст.

Айни замон, зиёда аз 20  нафар устодон ва олимони соҳибтахассуси донишгоҳ барои шунавандагон аз рўи  намунаи барномаҳои фаннӣ ва намунаи тестҳои фанҳои таълимӣ, ки дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ ҷойгир шудааст, машғулият мегузаронанд.

Ба шуъбаи тайёрӣ шахсони дорои  таҳсилоти умумӣ ва инчунин хонандагони синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул карда шуда,  шунавандагон аз рўи натиҷаи суҳбат бо фармони ректори донишгоҳ ба шўъбаи тайёрӣ қабул карда мешаванд. Танҳо дар се соли охир аз ҳисоби  шунавандагони  шуъбаи тайёрии донишгоҳ  зиёда аз 450 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он дохил гардиданд.

Донишгоҳ бо назардошти имкониятҳои мавҷуда шунавандагони  ноҳияҳои дурдаст, ки  ба шуъбаи тайёрӣ дохил шудаанд, бо хобгоҳ таъмин менамоянд.

http://www.zoofirma.ru/