САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ПАС АЗ ХАТМ

Донишгоҳ дорои 6 факултет мебошад ва пас аз хатм вобаста ба факултетҳо самтҳои фаъолияти хатмкардагон дар мақомоту ташкилот ва муассисаҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

ҲУҚУҚШИНОСӢ: фаъолияти хатмкунандагони факултет дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳайси судя, прокурор, адвокат, муфаттиш, нотариус, маслиҳатчӣ -ҳуқуқшинос ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

БИЗНЕС ВА ИДОРАКУНӢ. Хатмкунандагони факултет метавонанд дар ҷамоатҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассиса ва корхонаҳои давлатӣ, вазоратҳо фаъолият баранд.

МОЛИЯ. Факултет мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои молия ва қарз, кори  бонкӣ тайёр менамояд, ки дар сохторҳои гуногуни молиявӣ, корхонаҳо, ширкатҳо, мақомоти идоракунии давлатӣ, ташкилотҳои бонкию қарзӣ, ташкилотҳои фаъолияташон бурунмарзӣ ва муассисаҳои илмӣ фаъолият бурда метавонанд.

ИННОВАТСИЯ ВА ТЕЛЕКОММУНИКАТСИЯ. Хатмкунандагони факултет дар самтҳои иқтисодиёт, муҳандис - барномасоз дар фаъолияти бонкӣ, барномасоз дар соҳаи низоми иттилоотӣ, дар корхонаҳо, пажўҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ метавонанд фаъолият намоянд.

СИЁСАТШИНОСӢ ВА МУНОСИБАТХОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ. Хатмкардагони факултет ба ҳайси референт, тарҷумон, тарҷумони забонҳои арабӣ ва ҳамзамон дар хадамоти гумрук, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, вазорату идораҳо вобаста ба самти ихтисоси хатмкардаашон метавонанд фаъолият намоянд.

ФАКУЛТЕТИ БАҲИСОБГИРӢ ВА АНДОЗ. Хатмкунандагони факултет пас аз хатм дар вазифаҳои мухталифи идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарии корхонаю ташкилотҳои давлатию хусусӣ, ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти назоратию ревизионӣ, ширкатҳои аудиторӣ ва мақомоти андоз  метавонанд кору фаъолият баранд.

http://www.zoofirma.ru/