Қоидаҳои қабул ба аспирантураи ДДҲБСТ

    Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қабули аспирантонро барои соли хониши 2017-2018 (ба тарзи таҳсили рўзона ва ғоибона) аз рўи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

 120001 – назария ва таърихи давлат ва  ҳуқуқ, таърихи ақидаҳои сиёсӣ  

120003 –ҳуқуқи гражданӣ, мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи хусусии байналхалқӣ

120009 – мурофиаи ҷиноятӣ, криминалистика

080005–иқтисодиёт,банақшагирӣ, ташкили идоракунии хоҷагии халқ ва соҳаҳои он

080001 – назарияи иқтисодӣ

230001 – назария ва таърихи фанҳои сиёсӣ

070002 – таърихи Ватан

                                                       Шартҳои қабул ба аспирантура

         Ба тарзи таҳсили рўзонаи аспирантура шахсони то синни 35- сола, ба тарзи таҳсили ғоибона то  синни 45- солаи маълумоти олидор аз ҳисоби мутахассисони  маълумоти олидор, ки таҷрибаи кории на кам аз 2- сола доранд, қабул карда мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷи наздик  ва дур ба аспирантураи  муассисаҳои илмӣ дар асоси «Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон дар асоси шартнома, ки бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Xумҳурии  Тоxикистон  аз 6 октябри соли  2008, №105 тасдиқ шудааст, қабул карда мешаванд.

Барои дохил шудан ба аспирантура ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: ариза ба номи ректори донишгоҳ бо нишондоди ихтисоси интихобнамуда ва тарзи  таҳсил (рўзона ва ғоибона), варақаи шахсии бақайдгирии кадрҳо бо расми 4х6, шарҳи ҳол, нусхаи шиноснома, нусхаи диплом аз хусуси хатми мактаби олӣ бо замима,  шахсоне, ки  бевосита пас аз хатми мактаби олӣ аз ҷониби Шӯроҳои илмии мактабҳои олӣ (факултет) ба аспирантура тавсия гардидаанд, нусха аз суратҷаласаи шӯрои илмиро пешниҳод менамоянд, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, хислатнома аз ҷои кор, рӯйхати мақолаҳои  нашршуда (шахсоне, ки корҳои чопшуда  надоранд, аз рӯи ихтисосҳои интихобкардаашон реферат (бо тақриз) дар ҳаҷми 30 саҳифаи чопӣ пешниҳод менамоянд, тасдиқномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ ,4 адад расми андозаи  3х4, розигии хаттии роҳбари илмӣ.

 Ҳуҷҷатҳо аз санаи 1 октябр қабул карда мешаванд. Дохилшавандагон аз ихтисос,  фалсафа ва забони хориҷӣ (англисӣ) имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

 ҚАБУЛИ ДОКТОРАНТОНРО БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ 2017-2018 АЗ РӮИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

 07.00.02 –  Таърихи ватан

 О8.00.01 – Назарияи иқтисодӣ

 08.00.05  -  Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақа)

 Шартҳои қабул ба докторантура

          Барои дохил шудан ба докторантура ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд: ариза ба номи ректори донишгоҳ бо нишон додани ихтисосҳои интихобнамуда, як нусха варақаи шахсии кадрҳо бо расми 4х6, нусхаи  дипломи дараxаи номзади илмӣ, нақшаи васеи рисолаи докторӣ, рӯйхати корҳои чопии илмӣ, навоварӣ ва ҳисобот оид ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ  

 

Суроғаи мо: ш. Хуҷанд, мкр-н. 17, хонаи 1, бинои асосии ДДҲБСТ, ошёнаи 3- юм, шўъбаи аспирантура ва докторантура, телефон: 2-31-63, 92-720-61-96

 

1. Ба аспирантураи ДДҲБСТ дар асоси озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олии пурра (мутахассис) ё магистратураро бо баҳои хубу аъло хатм намудаанд, қабул карда мешаванд.

2. Ба шуъбаи рӯзонаи Аспирантура шахсони синнашон то 35-сола, ба шуъбаи ғоибона шахсони синнашон то 45-сола қабул карда мешаванд.

3. Мутахассисоне, ки баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳхат ба кор фиристода шудаанд, дар сурати доштани собиқаи кории на кам аз 2-сола метавонанд баъд аз супоридани имтиҳонҳои қабул ба аспирантура қабул шаванд.

4. Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудаанд, баробари хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо пешниҳоди Шӯрои олимони донишгоҳ метавонанд дар имтиҳонҳои қабули аспирантура иштирок намоянд.

5. Барои қабул ба аспирантура ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи ректор;

- нусхаи шиноснома;

- варақаи шахсии аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқгардида;

- нусхаи дипломи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо замимаи он (шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар дигар давлатҳо хатм намудаанд, баъд аз нострификатсияи ҳуҷҷати таҳсилот, ҳуҷҷати ба дипломи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарро пешниҳод менамоянд);

- 4 дона сурати андозаи 3х4;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатиидар ҷои кори асосӣ тасдиқкардашуда (барои шахсоне, ки собиқаи корӣ доранд);

- рӯйхати корҳои нашршудаи илмӣ ва ҳисобот оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ;

- қарори Шӯрои олимон (барои шахсоне, ки баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба аспирантура дохил мешаванд).

6. Дохилшаванда ба аспирантура пеш аз имтиҳонҳо ба кафедраи дахлдор реферат пешниҳод намуда, аз суҳбати роҳбари ояндаи худ мегузарад. Роҳбари илмӣ фикру ақидаи худро дар бораи дохилшаванда хаттӣ ба комиссияи қабул пешниҳод менамояд. Қарори комиссия дар асоси пешниҳоди роҳбари илмӣ дар бораи иштирок кардан ё накардани он ба имтиҳонҳо дар давоми на дертар як ҳафта ба дохилшаванда дастрас карда мешавад.

7. Дохилшавандагон ба аспирантура аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:

- фанни тахассусӣ (мувофиқи ҳаҷми амалкунандаи барномаи давлатии барои мутахассисон ё магистрон таҳияшуда);

- фанни забони хориҷие (англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ ва ғайра), ки Донишгоҳ вобаста ба ихтисос муайян кардаст;

- фанни фалсафа.

http://www.zoofirma.ru/