ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ БЕРУН АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Дар такя ба ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз раванди таълим дар донишгоҳ корҳои судбахши тарбиявӣ роҳандозӣ мегарданд. Мақсад аз андешидани ин тадбир пурсамар гузаронидани вақти холии донишҷўён, баланд бардоштани донишу маърифат, дар руҳияи ватандўстӣ, меҳнатӣ, зебоӣ тарбия намудани насли ҷавон мебошад. Дар ин замина, дар донишгоҳ шурўъ аз соли 2007 дастаҳои созию овозии “Ошёни меҳр” ва ҳозирҷавобони шўхтабъ - КВН таъсису амал менамоянд. Ҷиҳати вусъати ин самти фаъолият аз ибтидои соли 2013 дар донишгоҳ театр - студияи “Парвози истеъдод”ва гурўҳи рақсии “Хушхиром” фаъолият мебаранд. Ҳадафи ниҳоии ин раванди фаъолият ҷалби муҳассилини соҳибистеъдод ба даставу гурўҳҳои мазкур, такмил додани маҳорату истеъдоди онҳо, манзури ҷомеа гардонидани дастовардҳои ҳунарию эҷодии онҳост.

Фаъолияти муназзаму мақсадноки чунин даставу гурўҳҳо аст, ки донишҷўёни соҳибистеъдоди донишгоҳ дар озмунҳои бонуфузи маърифатию фарҳангии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба дастовардҳои тоза ба тоза муваффақ мегарданд. Тариқи телевизионҳои маҳаллию марказӣ намоиш додани ҳунару истеъдоди донишҷўён – аъзоёни ин маҳфилҳо далели андешаҳои болоӣ маҳсуб меёбанд. Дар заминаи ин чораҷўиҳои тарбиявӣ донишҷўён ҳунари сарояндагӣ, навозандагӣ, нақшофарӣ, рақсро аз мутахассисони соҳибкасб меомўзанд.

Ҷиҳати ташаккули ҳунаромўзии донишҷўён дар донишгоҳ, маҳфилҳои дўзандагӣ ва атласу адрасбофӣ фаъолият мебаранд. Дар маҳфилҳои зикргардида муҳассилин фориѓ аз машѓулиятҳо ширкат варзида, баробари донишандўзӣ соҳиби касбу ҳунар низ мегарданд.

Бобати баланд бардоштани завқи зебоипарастии донишҷўён тез – тез тамошои оммавии намоишномаҳои нави Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, филмҳои ҳунарии тарбиявӣ доир мегарданд. Баробари ин, ҷиҳати тарбияи меҳнатии донишандўзони ҷавон ширкати онҳо дар шанбегиҳои шаҳриву вилоятӣ, аксияи тозагии “Соҳил” таъмин карда мешаванд. Тамошои Осорхонаҳои таърихии вилоятӣ, китобхонаҳои оммавӣ, мавзеъҳои таърихии шаҳру вилоят аз самтҳои корҳои тарбиявии берун аз раванди таълим маҳсуб меёбанд.

http://www.zoofirma.ru/