Шўрои олимон

Раиси шўрои олимон – ректори  донишгоҳ Ҷўразода Ҷ.Ҳ.

Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Низомномаи Шўрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2006, № 18/3 тасдиқ шудааст, ба роҳ мондааст.

Шўрои олимон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ, иқтисодию молиявии донишгоҳ дар назди ректор таъсис дода шуда, сохтори идоракунандаи донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Вазифаи асосии Шўрои олимони донишгоҳ дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии Шўрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ Ҷўразода Ҷ.Ҳ. вазифаи раисии Шўрои олимони донишгоҳро бар дўш дорад.

Шўрои олимони донишгоҳ дар ҳайати ректор, муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, директори китобхонаи илмӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои донишгоҳ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолият дорад.

Фаъолияти Шўрои олимони донишгоҳ мутобиқи нақшае, ки барои ҳар як нимсола таҳия мегардад, сурат мегирад. Нақшаи кори Шўрои олимонро ректори донишгоҳ, пас аз барасии он дар ҷаласаи Шўрои олимон, тасдиқ менамояд.

Масъалаҳои дар ҷаласаҳои шўрои олимон баррасишаванда ба такмили фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва иноноватсионӣ, тарбиявӣ, мустаҳкам намудани пояи илмию методии донишгоҳ равона гардида, ба рушди минбаъдаи донишгоҳ дар њамаи самтњои фаъолият мусоидат менамоянд.

Котиби шўрои олимони ДДҲБСТ Ҳикматуллоев И.Н. Тел:2-08-43, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/