Муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявӣ

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Тоҷзод Далер Ҳамропур

Тоҷзод Далер Ҳамропур, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 апрели соли 1971 дар ҷамоати Хистеварз, ноҳияи Б. Ғафуров вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст.

Соли 1977 ба мактаби миёнаи №5 – и зодгоҳаш ба синфи 1 – ум рафта соли 1987 онро хатм намуда ҳамон сол ба Филиали душанбегии Донишкадаи савдои советии кооперативии Новосибирск дохил гашта, онро соли 1991 аз рўи ихтисоси ҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагӣ ба итмом расонидааст.

Солҳои 1991-1992-лаборанти калони кафедраи ҳисобгирии бухгалтерӣ ва ТФҲ филиали душанбегии Донишкадаи савдои советии кооперативии ш. Новосибирск. Солҳои 1992-1993-ассистенти кафедраи ҳисобгирӣ ва молияи Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон (филиали душанбегии Донишкадаи савдои советии кооперативии ш. Новосибирск ба Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон табдил ёфт). Солҳои 1993-1994-котиби шўъбаи таълим, методист-диспетчери шўъбаи таълими Филиали Хуҷандии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон. Солҳои 1994-1996-нозири шўъбаи таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Солҳои 1995-1996- ассистенти кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ. Солҳои 1996-2000-сардори шўъбаи таълими ДДҲБСТ. Солҳои 2000-2001-сармуаллими кафедраи ҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, ҷонишини декан оид ба таълими факултети бизнес ва ҳисобгирии ДДҲБСТ. Солҳои 2001-2004-сардори шўъбаи таълими ДДҲБСТ. Солҳои 2004-2005-сардори шўъбаи ғоибонаи ДДҲБСТ. Солҳои 2005-2006-мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДДҲБСТ. Соли 2006  ноиби ректор оид ба корҳои илми ДДҲБСТ. Солҳои 2006-2007- сардори шўъбаи ғоибонаи ДДҲБСТ. Солҳои 2007-2012-сардори шўъбаи таълими ДДҲБСТ. Солҳои 2012 –2016 декани факултети молияи ДДҲБСТ. Аз 07.10.2016 сол то ҳол бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявӣ таъин карда шуд.

Аз соли 2007 аъзои ҳизби халқи демократии Тоҷикистон буда, солҳои 2014 ва 2016 раисии участка ва ҳавзаи интихоботии №35 – и ш.Хуҷандро иҷро намудааст

Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ 2004 . Мавзўи диссертатсияи номзадӣ: Проблемаҳои шуғлнокӣ ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ дар шароити барпошавии иқтисодиёти бозорӣ (Дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Рўйхати таълифоти илмӣ

 Рақами телефони корӣ : 2-38-95.  

Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..

http://www.zoofirma.ru/