Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ

Дотсент, номзади илмҳои фалсафӣ

Ҷӯраев Абдураҳим Ҳоҷиевич

Ҷӯраев Абдураҳим Ҳоҷиевич дотсент, номзади илмҳои фалсафӣ, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ), соли таваллуд - 1955, зодаи шаҳри Хуҷанд. Ӯ соли 1972 мактаби миёнаи рақами 11- и шаҳри Хуҷандро хатм намудааст.

Ҷӯраев Абдураҳим соли 1979 факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ДМТ) бо дипломи аъло хатм карда, фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси лаборанти факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (ДДХ) оғоз менамояд. Дертар омӯзгори кафедраи фалсафаи ДДХ , аспиранти кафедраи фалсафаи ДМТ (1985- 89), мудири кафедраи фалсафаи маданият (1991-1999), роҳбари Маркази «Инсоншиносӣ». Аз соли 2010 вазифаи мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва аз июни соли 2012 дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои байналмилалии ДДҲБСТифои вазифа менамояд.

Соли 1990 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Методологические аспекты исследования культуры» ҳимоя намудааст.

Соли 1991 бо ташаббуси ў дар ДДХ кафедраи фалсафаи маданият ташкил карда мешавад ва ў то соли 1999 вазифаи мудирии ин кафедраро ба ўњда мегирад.

Аз соли 1997 то соли 1999 ба кори Барномаи байналхалқии Оғо Хон «Инсоншиносӣ» чун яке аз нависандагони ин барномаи таълимии навоварона, дар шаҳ ри Душанбе ҷалб гардида, дар тайёр намудани 8 китобҳои дарсӣ аз фанни нави «Инсоншиносӣ» иштироки фаъол мекунад.

Соли 1999 ӯ бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ яке аз марказҳои ин Барномаро дар ДДХ ташкил мекунад ва директори ҳамин Марказ таъин карда мешавад.

Аз моҳи августи 2002 то июли 2003 чун барандаи идрори Барномаи илмӣ - тадқиқотии ҳукумати ИМА Фулбрайт дар Донишгоҳи давлатии Орегони ИМА тадқиқот бурд.

Дар конфронсҳо ва семинарҳои байналхалқӣ иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст: Арканзас, Орегон(Корвалис, Аршланд, Ючин), Чикаго, Мичеган, Лос Анжелес, (ШМА), Ковентри(Британияи Кабир), Борос ( Шветсия), Барселона( Испания), Кашмир, Дехли, Калкута (Ҳиндустон), Тошканд (Ӯзбекистон), Алмаато, Астана, Талдигургон (Қазокистон), Ош, Бишкек, Нарин, (Қиргизистон) ва ғайраҳо.

Соли 2006 ғолиби Барномаи такмили ихтисоси омӯзгорон (JFDP)- и Ҳ укумати ИМА мегардад ва ӯ аз моҳи декабри 2006 то моҳи майи соли 2007 дар штати Небраскаи ИМА - Донишгоҳи Небраска-Линколн сафари илмӣ - тадқиқотӣ ва педагогӣ дошт.

Муаллифи бештар аз 100 асарҳои илмӣ, таълимӣ, илмӣ-оммавӣ ва публисистӣ аст, ки ба масоили назарияи маданият, масъалаҳои методологии тадқиқи падидаи (феномени) маданияти тоҷик, тафаккури танқидӣ ва роҳҳои ташаккули он, ислоҳоти раванди таълими фанҳои гуманитарӣ бахшида шудаанд.

Соли 2010 Ҷӯраев А. мудири шӯъбаи робитаҳои байналхалқии ДДҲБСТ ва дертар муовини ректор оид ба корҳои байналмилалии ҳамин донишгоҳ таъин карда шуд.

Дар муддати кӯтоҳи фаъолият ӯ ба ҳайси муовини ректор оид ба корҳои байналмилалии донишгоҳ робитаҳои муфиди илмӣ ва таълимиро бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии Русия, ШМА, Хитой, Хиндустон, Финляндия, Шветсия, Британияи Кабир, Испания, Италия, Чехия аз ҷумла, бо Маркази Конфутсий, Донишгоҳи хамкориҳои Шанхай, Барномаҳои маорифии Иттиходи Аврупо: Эразмус Мундус, Темпус (Canem-2, Flepp, Inocast) Эразмус Мундус+( Омӯзиши Аврупоӣ) созмон дод.

Барои меҳнати софдилона ва пурмаҳсулаш вай сазовори номи Аълочии маорифи Тоҷикистон гаштааст.

Рўйхати таълифоти илмӣ

http://www.zoofirma.ru/