Муовини ректор оид ба корҳои таълим

Доктори илмҳои иқтисод, профессор

Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович

Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович 20-уми сентябри соли 1974 дар шаҳри Ленинобод (ҳозираи Хуҷанд) таваллуд шудааст. Соли 1991 ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил мешавад. Соли 1996 донишгоҳро бомуваффақият ба итмом мерасонад ва худи ҳамон сол ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти меҳнатии худро оғоз менамояд.

Соли 1998 ба аспирантураи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ғоибона дохил шуда, онро соли 2002 хатм намуд. Ў соли 2003 мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон таъин мешавад. Дар мадди аввал барои такмил додани сифату самаранокии фаъолияти кафедра мекўшад. Ў барои пешрафти кори таълиму тарбия, зиёд гардидани сафи аълохонон ва беҳбудии интизоми донишҷўён кўшиш кардааст. Машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ (амалӣ), лабораторӣ ва дигар намуди машғулиятҳои таълимиро тибқи нақшаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар сатҳи баланди илмию назариявӣ ташкил менамуд. Дарсҳои кушод ва бадарсиҳамдароии устодони кафедраро баррасӣ ва муҳокима мекард. Бо матни лексияҳои устодони кафедра шинос гардида, онро тасдиқ менамуд.

Дастовардҳои илмии омўзгорон ва кормандони кафедраро ташвиқу тарғиб намуда, чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси устодон ва кормандонро ташкил мекард. Гузаронидани дарсҳои кураториро назорат намуда, дар ҷаласаҳои кафедра баррасӣ менамуд. Дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои марбути муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ширкат меварзид. Соли 2004 дар Шўрои диссертатсионии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар мавзўи «Муаммоҳои инкишофи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар вилояти Суғд дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ» рисолаи номзадиашро дифоъ мекунад ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ мегардад. Дар соҳаи илми иқтисодӣ ба монанди Р.С. Шокиров,Р.А. Каримов якчанд шогирд тайёр намуд. Онҳо низ таҳти роҳбариаш рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмӣ гаштанд. Ба кори пурмасъулияти кафедра нигоҳ накарда, ў пайи ҳам мақола ва монографияҳо таълиф менамояд. Зиёда аз 50 мақолаҳояш на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки берун аз он эътироф шудааст. Якчанд маќолааш дар Федератсияи Русия ба нашр расидааст. Д.Д. Бобоҷонов барои ривоҷ додани донишаш пайваста сайъу кўшиш дорад. Соли 2011 дар Шўрои диссертатсионии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзўи «Асосҳои ташкилию иқтисодии ташаккул ва инкишофи сектори органикии Тоҷикистон» рисолаи докториашро ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ гардид. Қобилияти кордониашро ба назар гирифта, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 ўро ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин намуд.

Бо фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия таҳти рақами 1036/нк, аз 31 декабри соли 2013 ба Д.Д. Бобоҷонов унвони илмии профессорӣ дода шудааст. Д.Д. Бобоҷонов аъзои Шўрои диссертатсионии доктории ДДҲБСТ мебошад. Д.Д. Бобоҷонов амали сохтани тадбирҳо доир ба истифода ва татбиқи технологияҳои пешқадами маълумот дар ҷараёни таълим, таълифи китобҳои дарсӣ, илмӣ-методӣ ва ғайраро ба нақша гирифтааст. Масъалаҳои интиқолу барқарор, хориҷ, пешниҳод барои гирифтани стипендияро дар якҷоягӣ бо деканҳои факултет баррасӣ мекунад. Ба ҷараёни таълимӣ ворид намудани фанҳои наве, ки бобати тайёр намудани кадрҳое, ки иқтисоди бозоргонӣ ба онҳо ниёз дорад ва бо ин роҳ барои суръат бахшидан ба ҷараёни гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ саъю талош дорад. Якчанд нафар аспирантону унвонҷўён таҳти роҳбариаш корҳои илмиашонро пеш мебаранд.

Рўйхати таълифоти илмӣ

http://www.zoofirma.ru/