Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Орипов Абдуқаҳор Абдуҳамидович

21-уми январи соли 1966 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Аълочии маорифи Чумҳурии Тоҷикистон. Маълумоташ олӣ. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Аз соли 1987 пас аз хатми Интитути хоҷагии халқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур) ба ҳайси муаллими категорияи 1-уми техникуми политехникии ба номи Ю. Гагарини шаҳри Душанбе (1987-1992), муҳандис, сармуҳандиси фабрикаи паррандапарварии ба номи «Темурмалик»-и шаҳри Қайроққум (ҳозира шаҳри Гулистон) (соли 1992), нозири Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коркунони соҳаҳои КАС-и вилояти Ленинобод (имрӯза вилояти Суғд) (1992-1995), сармутахассиси шӯъбаи маркетинг ва робитаҳои иқтисоди хориҷии ширкати ФХИТ «Умрон»-и шаҳри Хуҷанд (1995-1996), сармуаллим, аспиранти шӯъбаи ғоибона, дотсенти кафедра, муовини декан оид ба корҳои таълим дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (1996-2007) фаъолият бурдааст.

Аз соли 2007 фаъолияташро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси дотсенти кафедра, муовини декан оид ба корҳои таълим (солҳои 2008-2010), муовини ректор оид ба корҳои таълим (солҳои 2010-2012), муовини ректор оид ба корҳои илм (солҳои 2012-2014) ва аз соли 2015 – муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия идома медињад.

Соли 2004 рисолаи илмии номзадиро дар мавзӯи «Масъалаҳои ташаккули низоми сервиси техникӣ дар комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли ҳоҷагиҳои комплекси агросаноатии вилояти Суғд» дифоъ намуда, соҳиби унвони илмии номзади илмҳои иқтисод гардидааст. Аз соли 2014 – дотсент аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот (илмҳои иқтисодӣ) мебошад.

Солҳои 2012-2016 котиби илмии Шӯрои дифои рисолаи номзади илм ва доктори илм Д 737.009.01 дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Ҳамчун муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия фаъолияти асосӣ ба мустаҳкам кардани мавқеъи донишгоҳ ба сифати маркази илмии пешқадами кишвар, инкишоф додани тадқиқотҳои илмӣ дар кафедраҳо, баланд бардоштани сатҳи илмии омӯзиш ва омода кардани мутахассисони соҳа, ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои илмӣ вобаста ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани корҳои ташкилӣ оид ба омода кардани кадрҳои кваллификатсияи олӣ тавассути аспирантураю докторантураи донишгоҳ ва мустаҳкам кардани обрӯю эътибори илмии донишгоҳ равона шудааст. Инчунин, вобаста ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ ҷорӣ намудани технологияиҳои инноватсионӣ.

Дар фаъолияти таълимию илмӣ ба миқдори 50 адад мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ аз чоп бароварда шудааст. Самти асосии пажӯҳиши илмӣ масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ таввасути инкишофи соҳаи сервиси агротехникиро дар бар мегирад.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Телефон :

Корӣ- 2-35-94,

Мобилӣ – 928844021

http://www.zoofirma.ru/