Осорхонаи

5 августи соли 2011 бо дастгириву иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва Осорхонаи донишгоҳ ифтитоҳ ёфт. Соли таҳсили 2013-2014 Осорхонаи мазкур таҷдид гардид ва ҳоло Осорхонаи ДДҲБСТ унвон гирифт.

Мақсади таъсиси Осорхона дар донишгоҳ тарбия ва густариш намудани ҳисси ватанпарастӣ, худогоҳӣ, ҳифзи анъанаҳои неки донишгоҳ, ифтихор аз дастовард ва барои пешрафти пайваста роҳнамоӣ кардан аст.

Дар Осорхона зиёда аз ҳазор экпонату ҳуҷҷатҳо маҳфузанд, ки аксари онҳо дар бораи таърихи донишгоҳ, дастовардҳои илмиву таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ далолати шайъӣ медиҳанд.

Бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо таърихи донишгоҳ зич пайвастагӣ дорад лавҳаҳои махсуси суратҳо бахшида шудаанд. Дар онҳо ташрифи расмии Сарвари давлат ба донишгоҳ, ки ду маротиба сурат гирифта буд, ба маърази дидан пешниҳод шудааст.

Директори нахустини Осорхонаи ДДҲБСТ доктори илмҳои таърих Ф. М. Ҳомидов буданд. Аз 1 сентябри соли 2013 то декабри 2015 марҳум Абдулхолиқи Холиқӣ ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи январи соли 2016 директори Осорхонаро номзади илмҳои таърих, дотсент Ҳомидов Ҷумъа ба ӯҳда доранд.

Суроға: 735700, шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 17, ДДҲБСТ, бинои таълимии №2, ошёнаи якум.

http://www.zoofirma.ru/