Донишгоҳ: дирўз ва имрўз

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки даврони Истиқлолият буда, имрўзҳо дар арафаи воқеаи сурурбахш, таҷлили 25-солагии таъсиси махзани илму маонӣ қарор дорад.

Донишгоҳ имрўз дар партави таваҷҷўҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  ҳанўз  дар мусоҳиба дар маҷаллаи «Деловой мир» 24.01.1995 зикр карданд: “Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ислоҳоти қонунгузорӣ «маркази зеҳнӣ» гардида, дар соҳаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ мутахассис тайёр мекунад” бо ташаккули ҳамаҷиҳатаи самтҳои фаъолияти худ дар равнақу шукуфоии низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат ҳамчун боргоҳи маърифат ва маскани тарбияи наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон мавқеи устувор ва шоистаи худро касб кардааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди амалӣ гардидани ислоҳоти соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, беҳдошти раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд. Ҷиҳати амалинамоии  ин нақшаҳо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни 15- солагии таъсисёбии донишгоҳ, 09.09.2008 бори нахуст ба донишгоҳ ташриф оварда, санги асоси ин боргоҳро гузоштанд. Зимни суханронӣ дар назди устодон ва шогирдон зикр карданд: “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳарчанд ҷавон аст ва акнун фосилаи 15 соли фаъолиятро паси сар менамояд, мо метавонем, мавҷудияти ин боргоҳи маърифатро ҳам ҳосилу самараи неки соҳибистиқлолии кишвар маънидод намоем. Зеро, ин махзани маърифат баробар бо марҳалаи нави таърихи мамлакат – Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолият оғоз намуда, ҳастии он бо дарназардошти ниёзҳои ҷомеаи навин ва талаботи кунунии таҳсилоти олӣ пайрезӣ шудааст”.

Сарвари давлат бори дуввум ба муносибати ба истифода супоридани бинои нави таълимии донишгоҳ 05.08.2011 ба остонаи ин даргоҳи муқаддас ташриф оварда, ба дастовардҳои ҳайати устодон ва муҳассили донишгоҳамон баҳои баланд дода, таъкид карданд:  “Итиминон дорам, ки раёсат ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар самти тақвияти корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбияи кадрҳои сазовор дучанд саъю талош намуда, дар мустаҳкам гардидани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми худро мегузоранд”.

Солҳои 1992 –1993 барои кишвари ба тозагӣ соҳиби истиқлолгаштаи Тоҷикистон давраи мураккабе буд. Новобаста ба идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, бўҳрони сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ, касодии маънавӣ дар ҷомеа мардуми шарифи тоҷик, хосатан, қисмати маънавиятпарвари он чароғи илму маърифатро фурўзон кард. Дар ин давра дар минтақаҳои мухталифи кишвар муассисаҳои нави таълимиву илмӣ созмон ёфтанд, ки аз фитрати маънависози мардуми тоҷик далолат мекарданд.

Аз ҷумла бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, №364 аз 5 августи соли 1993, қарори Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) №98 аз 31 марти соли 1994 таъсис ёфтани донишгоҳ ба ҳайси маскани тайёр кардани кадрҳо дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ ва амсоли ин самтҳои умдаи хоҷагии халқи мамлакатамон аз падидаҳои ҷолиби таърихи навини маорифи кишвар маҳсуб мешаванд.

Дар амалигардии ин ҳама иқдомҳои неку наҷиб нақш ва мавқеи олими варзидаи соҳаи кооператсияи тоҷик, Иқтисодчии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори шодравон Арслонбек Ғозибеков хеле назаррас аст. Таҳти роҳбарии ин инсони накўном, ки аз соли 1994 то 1999 дар вазифаи ректори донишгоҳ кор кард, ҷомеаи меҳнатӣ мақом ва манзалати худро дар давраи душвори гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ пайдо намуд.

Ин  марҳилаҳои басо тақдирсози донишгоҳи мо буда, таъсисёбии қисми (шўъбаи) таълими донишгоҳ (моҳи июли соли 1994), ифтитоҳи кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои ҷамъиятӣ, таъсиси факултети ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, ташкили кафедраҳои фанҳои иқтисодӣ, математикаи олӣ ва фанҳои умумитаълимӣ тадбирҳои муҳими поягузории маъвои маърифат ба ҳисоб мерафтанд.

Дастовардҳои минбаъда низ бо таъсиси кафедраҳои назарияи давлат ва ҳуқуқи конститутсионӣ (20 августи соли 1996), ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналхалқӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, ифтитоҳи факултети муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (соли хониши 1996-1997) алоқаманд буда, мақоми донишгоҳро дар байни дигар муассисаҳои олии касбии кишвар боло бардоштанд. Соли 1997 дар заминаи кафедраи забонҳо ду кафедраи мустақил - забонҳои хориҷӣ  ва  забонҳои тоҷикӣ-арабӣ созмон ёфтанд. Дар ин сол ба дифоъ расидани аввалин рисолаи докторӣ дар риштаи иқтисодиёт (аз ҷониби А. Абдусамадов), хатми донишҷўёни аввалин аз рўи чор ихтисос воқеаҳои муҳим дар ҳаёти илмию таълимии донишгоҳ буданд.

Аз моҳи декабри соли 1999 доктори илмҳои фалсафа, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ризоқулович Пўлодов ба вазифаи ректори донишгоҳ таъин гардид. Дар ҳамин давра маҳз бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №7-Р аз 3-юми феврали соли 2000 бинои шашошёнаи иттиҳодияи «Ирсовхозстрой»-и Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба ихтиёри донишгоҳ вогузор карда шуд. Дар ин марҳилаи ташаккули донишгоҳ дар самти илм дар Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудани маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ» (28 январи соли 2000),  аз рўи 12 ихтисос таъсис дода шудани аспирантура (2 феврали соли 2000), ба фаъолият оғоз намудани матбааи хурд, созмон ёфтани Шўрои табъу нашр, оғози фаъолияти Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ ва баргузории нахустин конференсияи илмии байналхалқии «Тоҷикистон дар сохтори муносибатҳои иқтисодӣ-байналхалқӣ» (21 декабри соли 2001), ифтитоҳи китобхонаи марказии донишгоҳ (31 январи соли 2003) аз зумраи муҳимтарин рўйдодҳо маҳсуб мегардиданд. Дар баробари ин таъсис дода шудани  синфхонаҳои компютерӣ, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ (30 октябри соли 2000), кафедраи ҳарбӣ (29 декабри ҳамин сол), забони русӣ (13-уми сентябри 2002) мақоми донишгоҳро беш аз пеш баландтар гардонд.Таъсис ёфтани шўъбаи тарбияи донишгоҳ ва дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шудани бинои нави китобхонаи илмӣ (2006) чун воқеаи муҳими ҳаёти ин муассисаи тозабунёд дар китоби таърихи он сабт шудааст.

Бо таъин гардидани ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Каримов О.Қ. ба вазифаи ректори донишгоҳ аз 18 декабри соли 2006 марҳилаи сифатан нави рушду такомули ин боргоҳи илму маърифат шурўъ гардид. Муҳимтарин дастоварди ин марҳилаи рушди донишгоҳ бо иштироки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтани корҳои сохтмонӣ (9 сентябри 2008, ба муносибати 15-солагии донишгоҳ) ва дар муддати се сол (5 августи соли 2011) пурра ва дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супорида шудани бинои нави таълимии донишгоҳ маҳсуб мешавад, ки ин воқеаҳо  бо ҳарфҳои зарин дар китоби таърихи донишгоҳ сабт шудаанд.

Таъсис ёфтани шўъбаҳои илм, тайёрӣ, тадқиқоти назорати сифати таълим (дар ибтидои соли 2007), рўзномаи донишгоҳии «Маъвои хирад» (соли 2007), аз нав ба фаъолият шурўъ намудани шўъбаи робитаҳои байналхалқӣ (соли 2007), таъсиси дастаи созию овозии “Ошёни меҳр” (2008), ташкили чор маркази илмӣ, вусъат ёфтани сохтори факултаҳо ва бо истифода аз захираву имкониятҳои дохилии илмиву таълимӣ ба иловаи чор факултаи мавҷуда ташкил додани ду факултети нав – Технологияҳои компютерӣ ва ҳисобгирӣ (дар соли таҳсили 2007-2008), Инноватсия ва технологияи тиҷорат (дар соли таҳсили 2008-2009) ва дар ин факултаҳои нав ба роҳ мондани таълим аз рўи ихтисосҳои наву замонавӣ, ба монанди системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, методҳои риёзӣ дар иқтисодиёт, системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди маълумот ва идора дар фаъолияти молиявӣ-бонкӣ ва ғайраҳо имкониятҳои рушди минбаъдаи донишгоҳро афзуданд.

Дар донишгоҳ осорхонаи таърихӣ созмон ёфта (2011), ба фаъолият оғоз намудани Шўрои дифои рисолаҳои номзадӣ (2011) ва ба Рўйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Федерасияи Русия шомил шудани маҷаллаи илмию назариявии «Ахбори ДДҲБСТ» (2011), ба фаъолият оғоз намудани литсейи назди донишгоҳ (2011) дар ташаккули мавқеи донишгоҳ дар низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат заминаи устувор гардиданд.

11 майи соли 2012 ба вазифаи ректори ДДДҲБСТ Ҷўрабоев Ҷ.Ҳ. таъин гардид. Дар ин марҳалаҳои созанда Парки технологӣ, Маркази таълимию тадқиқотии ДСҲШ ва рушди устувори донишгоҳ (2012), Шўрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рўйи ду ихтисос: 08.00.01- назарияи иқтисодӣ, 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (2013), шуъбаи магистратура (2014), Маркази тестии электронӣ (2015), докторантура (PhD) аз рўи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ, Шўрои олимони ҷавон бо номи «Илм ва ҷомеаи муосир», Дар доираи лоиҳаи INOCAST озмоишгоҳи инноватсионӣ, дар назди маҳфили эҷодии «Ошёни меҳр»-и донишгоҳ театр – студияи «Парвози истеъдод» ва гурўҳи рақсии «Хушхиром»  (2016) таъсис ёфтанд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 15 март, таҳти №129 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир аз моҳи марти соли 2017 ректори ДДҲБСТ таъин гардид. 

Имрўзҳо фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханрониашон ба муносибати Рўзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ роҳандозӣ шудааст, ҷараёни бомаром пайдо менамояд.

Айни ҳол теъдоди умумии донишҷўён дар донишгоҳ 6411 нафарро ташкил медиҳад. Донишҷўён аз рўи 22 ихтисосҳои хубу забонавӣ  таҳсил менамоянд.

Донишгоҳ дорои 3 бинои таълимӣ, 1 китобхонаи марказии таълимию  илмӣ, 1 хобгоҳ, 4 нуқтаи хўроки омма, 1 кабинети махсусгардонидашуда, 3 толори маҷлис, 4 синфхона- маркази компютерӣ мебошад.

Дар  донишгоҳ 349  нафар омўзгорони штатӣ, аз ҷумла 17 нафар докторони илм ва 122 нафар  номзадҳои илм фаъолият мебаранд.

Дар соли таҳсили 2016-2017 теъдоди умумии хатмкардагон 1274 нафарро ташкил медиҳад, ки 41 нафар бо дипломи аъло таҳсилро ҷамъбаст намуданд.

Имсол тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ 1320 довталаб қабул гардиданд ва иҷроиши нақшаи қабули донишгоҳ 96 фоизро ташкил дод. Ҳамзамон 120 нафар барои гирифтани таҳсилоти дуюм ва 196 нафар барои таҳсил дар магистратура қабул карда шуданд.

Шурўъ аз сентябри соли равон 1 гурўҳи курси 1-уми факултети инноватсия ва телекоммуникатсия, 3 гурўҳи курси якуми факултети ҳуқуқшиносӣ ба таҳсилоти фосилавӣ фаро гирифта шуданд.

 Соли ҷорӣ ихтисоси 1-40.01.02 тариқи тестӣ имтиҳоноти хатмро дар маркази тестии донишгоҳ супорид.

Дар соли хониши 2016-2017  ду нафар устоди донишгоҳамон - декани факултети инноватсия ва телекоммуникатсия Ғаюров Ҳаким ва директори Маркази таълимии «Маърифат» Ахмедов Раҳматхўча  бо унвони профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Русия мушарраф гардиданд. Санаҳои 6-10 сентябри соли 2017 дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи  Федератсияи Русия (ВДНХ) дар шаҳри Москав намоиши 30-юми байналмилалии китобҳо баргузор шуд. Дар ин намоиш китоби дарсии дотсент  Ҳаким Ғаюров бо номи “Информатика (курси базавӣ)”  китоби дарсии  мутобиқ ба стандарт ҳисобида шуда, муаллиф бо диплом ва медали тилло сарфароз гардонда шуд.

Аз оғози  соли 2017  зиёда аз 250 чорабинии мухталифи тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ доир карда, дар бобати омўзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ташаккули худшиносии миллӣ, зарари гаравидан ба гурўҳҳои экстремистӣ, қонуншиканӣ ва оқибатҳои он, тарбияи фарҳангию экологӣ ва ғайра корҳои мушаххас ба сомон расонида, 26  маротиба бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои дахлдор вохўрӣ ва мулоқотҳои бонуфуз доир карда шуданд.

Дар хобгоҳи донишгоҳ 299 нафар донишҷўёну толибилмон аз шаҳру навоҳии ВМКБ, вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд.Хобгоҳ дорои китобхона, майдончаи варзишӣ, утоқи компютерии пайваст ба интернет, хонаи тафреҳ, ҳуҷраи дўзандагӣ, маҳфили фарҳангӣ, маҳфили дўзандагии “Дастони моҳир”, “Атлас ва адрасбофӣ” мебошад.

Донишгоҳ дар чорабинии Наврўзии шаҳри Хуҷанд  ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид.

Имрўз донишгоҳ бо 54 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷӣ:  Русия, ИМА, Ҳиндустон, Ҷопон, Финляндия, Украина, Белорусия, Хитой, Қазоқистон ва Қирғизистон дар асоси шартнома ҳамкорӣ дорад.

Бо кўмаки Маркази Конфутсий то имрўз 7 нафар донишҷў ва 5 нафар омўзгор барои омўхтани забони хитоӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар шуданд. Дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай   бурсияҳо  ҷудо гардиданд,  ки имрўзҳо 7 донишҷў ва 1 унвонҷў барои таҳсил дар магистратураи Донишгоҳҳои Русия фиристонида шуданд.  5 нафар донишҷӯ барои таҳсил ба Донишгоҳи “Нархоз” сафарбар  карда шуданд.

Умуман, дар донишгоҳ табодули донишҷўён бо донишгоҳҳои ҳамкор хуб ба роҳ монда шуда, айни замон 15 донишҷў ва омўзгор дар заминаи барномаҳои табодул дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил доранд.

06.06.2017 вебинар бо ташаббуси Донишгоҳи кооператсияи истеъмолии Сибир дар доираи Форуми донишҷӯёни давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он намояндагони 4 донишгоҳ (2 донишгоҳи Русия ва 2 донишгоҳи Тоҷикистон) ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии вебинар баррасии таҷрибаи ба амалбарории барномаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои шабакавӣ ва муайян намудани самтҳои стратегии ҳамкорӣ мебошад.

5-6.07.2017 дар донишгоҳ мулоқоти навбатии намояндагони донишгоҳҳои ҳамкор дар доираи лоиҳаи барномаи Эразмус+ TACES баргузор гардид.

Аз моҳи сентябри соли 2017 се шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи федералии Урал дар доираи Донишгоҳи СҲШ баста шуд.

Ба  комплекси кўдакистон – мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд 6 маротиба кўмаки моддию молиявӣ расонида шуд.

Бахшида ба Рўзи омўзгор бо ташаббуси  Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ 30 нафар омўзгорон бо Ифтихорномаи ректори донишгоҳ ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Соли 2017 корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулзоркунӣ ҷараён гирифта, дар маҷмуъ, дар самти ободониву кабудизоркунии мавзеъҳои гуногуни донишгоҳ 1000 дона гули лола, 100 дона гули салвия, 1100 дона гули катарантус, зиёда аз 4000 бех гулҳои ороишии петуня, 100 бех ниҳолҳои ороишии сояафкан  шинонида, парвариш меёбанд.

Бо мақсади таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва пажўҳишоти илмӣ то имрўз  643 адад компютери замонавӣ, 46 адад ноутбук, 183 адад принтер, 146 адад УПС, 106 адад проектор, 5 адад тахтаи электронӣ, 19 адад телевизор, 36 адад экран барои проектор, 114 адад камера харидорӣ карда шуда,  насби 57 адад камераҳои назоратӣ дар факултетҳои донишгоҳ ба назорати раванди таълим, мунтазам ҷараён гирифтани машғулиятҳо мусоидат менамоянд.

Соли 2017 барои насли ҷавони кишвар соли масъулият, музаффарият ва хештаншиносӣ маҳсуб меёбад. Зеро, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” дар кишвар воқеаи таърихӣ ва пеш аз ҳама, нишони таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ва бахусус худи Пешвои муаззами кишвар, нисбат ба ҷавонон мебошад.

Бо эълон шудани соли 2017 «Соли ҷавонон» Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  нақша- чорабинии махсусеро таҳия ва рўи кор овард. Тибқи нақша дар донишгоҳ то ба имрўз дар мавзўъҳои “Тарбияи ҷавонон дар ҷомеаи муосир: пешравиҳо, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Ҷавонон ва масъалаҳои муосири ҷомеа», «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат – раҳнамои ҷавонон барои имрўзу ояндаи дурахшон» конференсияҳои илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи меҳмонону устодон ва муҳассилини донишгоҳ доир гардиданд.

Ҳамзамон, баргузории озмуни «Беҳтарин омўзгори ҷавон» дар доираи чорабиниҳои «Соли ҷавонон» аз санаи 3.05.2017 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти ҶТ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба «Соли 2017 – Соли ҷавонон» роҳандозӣ гардид.  Ғолибон аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои ҷойи 1-ум – 1000 сомонӣ, ҷойи 2-юм – 700 сомонӣ, ҷойи 3-юм – 500 сомонӣ, ҷойи 4 ва 5-ум – 300 сомонӣ, тўҳфаҳо ва диплом сарфарозонида шуданд.

Соли ҷорӣ донишҷўи курси 4-уми ихтисоси ҳуқуқшиносӣ Исматҷон Ҷумъаев китоби худро бо унвони “1001 саволу ҷавоб доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ”, донишҷўи курси 4-уми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ Завқиддин Эргашев китоби худро бо номи “Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ” ва донишҷўи курси 4-уми ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, аъзои вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиб Эрбоев чорумин китоби худро таҳти унвони «Шарҳи мухтасари асосҳои давлат ва ҳуқуқ» манзури хонандагон  карданд.

Соли ҷорӣ дар Олимпиадаи ҷамъбастии донишҷўёни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» донишҷўён Каримова Маҳфуза, Алимов Руслан, Рофиев Манучеҳр ҷойҳои намоёнро ишғол карданд

Дар «Фестивали чумҳуриявии донишҷўёни навовар ва ихтироъкор» донишҷў Кушнарюк Артём бо барномаи «Сохтани барномаи мобилии хатсайри микроавтобусҳо дар шаҳри Хуҷанд»  иштирок намуда, соҳиби дипломи дараҷаи 3-юм гардид.

6 нафар муҳассилини донишгоҳ дар озмуни донишҷўён миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат ҷиҳати дарёфти соҳибистеъдодҳои ҷавону эҷодкор бахшида ба «Соли ҷавонон», ки  бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сазовори ҷойи якум шуда, бо Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, диплом ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Бахшида ба «Соли ҷавонон» дар озмуни ҷумҳуриявии «Маҳфили зарифон» дастаи «Закиён»-и донишгоҳ бо дастаи «Пайки шифо»-и Донишгоҳи тиббии Хатлон дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев аз рӯи  5 шарт – саломнома, суруди ҳаҷвӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, саволнома ва тақлид сабқат намуда, ғолибият ба даст овард ва ба давраи ниҳоӣ  роҳхат гирифт.

Муҳассили донишгоҳ Садам Каримов аз 12 то 16 октябр дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон оид ба самбо дар шаҳри Нови Сади Сербия дар вазни 74 кг байни довталабони 38 давлати дунё ҷои 3-юмро сазовор гардид.

Аз 13-ум то 27-уми сентябр донишҷӯёни донишгоҳ Абдунабиев Эркинбек, Хоҷаев Оятулло, Қурбонов Фаридун дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон дар Бозиҳои Осиё ширкат карда, дар сабқати  гӯштини камарбандӣ ғалаба ба даст оварда, ҳар кадом дар категорияи вазнҳои худ ба гирифтани медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 рўйдоди муҳими таърихӣ мебошад. Соли ҷавонон тақозо менамояд, ки ҷавонон дар ҳама вазъият дар бобати амнияти давлат, рушди мамлакат андеша намоянд, Ватанро ба маънои томаш қадр кунанд ва арзишҳои милливу маънавиамонро дуруст шиносанд, дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо дифоъ намоянд. Ҷавонон дар партави ғамхории Ҳукумати кишвар собит созанд, ки ворисони арзандаи аҷдодони бузурги худ ҳастанд ва чун Пешвои миллатамон Ватанро бо тамоми ҳастӣ дўст медоранду парастиш мекунанд.

Дар робита ба ин дар доираи лоиҳаи  “Дар меҳмонии ректор” бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли ҷавонон”, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таҳия гардид, санаҳои 24-25 октябри соли 2017 бори нахуст дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазъияти ботантана чорабиниҳо баргузор шуданд.

Тибқи барномаи чорабинии “Дар меҳмонии ректор” таҳти унвони “Ваҳдати ҷавонон-саодати миллат” барномаҳои мухталиф аз қабили конфронси илмӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз таҳти унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат”, ташкили вохӯрии меҳмонон бо иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ ва барномаи фарҳангии дастаи созию овозии “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ дар Боғи фароғатии Камоли Хуҷандӣ ва сайру гашти иштирокчиён дар Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Истиқлол, осорхонаи вилоятӣ, осорхонаи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев ва Қасри таърихии Арбоб доир гардид.

Ҳадафи баргузории чорабиниҳо байни ҷавонон, аз ҷумла донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳкими дўстиву рафоқат, таҷрибаомўзӣ, шиносоӣ, фароғат, густариши робитаҳои таълимӣ, илмӣ, эҷодии донишҷўён, заминагузорӣ ба муҳити солим, ибрози андешаҳои созанда ва бунёдкор мебошад.

Дастовардҳое, ки зикрашон дар боло рафт, ин натиҷаи на танҳо заҳмати олимону устодони донишгоҳ, балки бевосита самараи дастгирӣ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати кишвар, масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Ҳукумати вилояти Суғд ба  ҳисоб меравад.

Суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба ояндаи дурахшон бовар мекунонанд: «Дар панҷ соли оянда  фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани  сифати рушди нерўи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф… диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад». Бояд гуфт, ки иҷрои ин нақша  аз ҳар як корманди соҳаи маориф ва илм низ масъулияти бузургеро тақозо менамояд. Итминони комил дорем, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳи мо ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои муҳиму муҳташаме, ки Ҳукумати кишварамон пешбинӣ менамояд, саҳми назаррас гирифта, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизамон кўшишу ғайрат менамоянд. 

ДОНИШГОҲ: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

http://www.zoofirma.ru/