Январь 2018

31 Январь 2018

ИЗҲОРОТИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ НИСБАТИ АМАЛҲОИ ЗИШТИ ҲНИТ

Мо итминони комил дорем, ки дар шароити имрӯза дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ягон гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро ба Ватани азизи мо - Тоҷикистон  таъсири худро расонида наметавонад. Зеро Ҳукумати мамлакат барои амнияти халқ, барои тинҷиву осоиштагии халқ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Дар баробари ин халқ аллакай медонад, ки роҳи рост кадом асту роҳи каҷ кадом!

Читать далее

НЕКОТОРЫЕ ВОПРОСЫ СОЦИАЛЬНОЙ ПОЛИТИКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Конституция Республики Таджикистан устанавливает, что Таджикистан - социальное государство, политика которого направлена на создание условий, которые обеспечивают достойную жизнь и свободное развитие каждого человека и гражданина. При этом соответствующее социальное благосостояние определяется в качестве цели государственного развития и законодательного регулирования социальной сферы государства. Социальные проблемы, существующие в таджикском обществе, со всей очевидностью вынуждают рассматривать проводимую социальную политику в аспекте совершенствования социального законодательства, в соответствии с положениями Конституции Республики Таджикистан.

Читать далее

ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

 Давру замоне ки мо дар он умр ба сар мебарем, хеле пуртазод ва хатарзо аст. Ҳар як инсон дар ин марҳила бояд бо андешаи солим ва хиради воло мусаллаҳ бошад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҲНИТ аз оғози фаъолияти худ то давраи манъи он дар қаламрави кишвар бо мақсади амалӣ намудани манфиатҳои ғаразнок ва расидан ба қудрат бо дастури хоҷагони бурунмарзӣ ба ҷиноятҳои  вазнин даст задааст. Дар фаъолияти ҳизб ҷой доштани терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ, халалдор сохтани ҳаёти осоиштаи мардум ва фазои сулҳу субот ба назар мерасад.  

Читать далее

ҲНИТ – ТАҲДИД БА ШУУРИ СОЛИМИ ҶАМЪИЯТӢ

«На шуури ҷамъиятӣ – ҳастии  ҷамъиятиро,   балки ҳастии ҷамъиятӣ – шуури ҷамъиятиро  муайян мекунад».

К. Маркс

Марксизм ташаккулёбии шуури ҷамъиятиро ба ҳастии ҷамъиятӣ, ба давлат нисбат медиҳад, ки танҳо дар асоси давлат, сохтор ва ыонуниятҳои амалкунандаи он, шуури инфиродӣ ва дар заминаи он шуури ҷамъитӣ ташаккул меёбад. Бинобар ин маҳз давлат, ҳамчун базис самти асосии инкишофи шуури ҷамъитиро муайян мекунад. Надстройкаи давлат, ки дар асоси он иделогия ва сиёсати давлат бавуҷуд меояд роли асосӣ дар ташаккулёбии шуури фардиву ҷамъиятӣ мебозад. Чи тавре, ки Г.В.Ф. Гегел дар «Фалсафаи таърих» таъкид мекунад: «Ҳама арзишҳои инсонӣ, ҳама ҳастии маънавиёти ӯ, танҳо ба шарофати давлат вуҷуд дошта метавонад».

Читать далее

Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва муаммоҳои ташаккули он

Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ – низоми мутадили нигоҳи ҷамъият, шахсият, гурўҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои гуногун ба ҳуқуқ ҳамчун асос ва омили асосии инкишоф ва пешбарандаи  ҷамъият, таҷрибаи ҳуқуқиро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи андешаи миллӣ, шарти устувори инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои фаъолият ба ҳисоб меравад.

Читать далее

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Масъалаи инсон ва худшиносии ӯ ҳамеша дар маркази баҳсу талошҳои фалсафа қарор дошт. Ҳоло дар замони атиқа файласуфи юнонӣ Суқрот ибораи “Худро бишнос” – ро шиори ҷаҳонбинии фалсафаи худ қарор дода буд. Ривояти дигаре ҳаст, ки файласуфи дигари Юнонӣ Диоген дар кӯчаҳои офтобрӯяи Афина бо лампачароғ мегаштааст. Вақте  ки аз ӯ мепурсанд, ки чиро меҷӯяд, ҷавоб мегуфтааст: “Инсонро меҷӯям!”. Ин ривоятҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз умқи таърих то кунун барои инсон шавқовартарин мавзӯи маърифат, шинохти худии худ будааст.

Читать далее

Нишасти матбуотӣ

Дар  асоси нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  мутобиқи  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729  санаи 30 январи соли 2018  нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2017 доир гардид.

Читать далее

26 Январь 2018

Ҷаласаи ғайринавбатии шўрои кураторон дар донишгоҳ

Санаи 25 январ ҷаласаи ғайринавбатии Шўрои кураторони донишгоҳ бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода, муовинони ректор, деканони факултетҳо, муовинони декан оид ба корҳои тарбия, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамаи сарпарастони гурўҳҳои академӣ баргузор гардид.

Читать далее

ПАЁМАДҲОИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ДАР ҶОМЕА

  Зуҳуроти ташвишоваре, ки имрӯз як идда ҷавонони зудбовару гумроҳро фаро гирифтаву сӯи зулмот ва бераҳмиву ҷаҳолат мебарад, ин бо ҳар роҳу усул шомилшавӣ ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурӯҳҳои ҷангҷӯю тундрав мебошанд, ки имрӯз мусибати гаронеро ба сари мардум оварда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд. Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандони мо ба доми фиреби инсонҳое, ки бо қориазёд кардани 2-3 оятҳои Қуръони карим намозгузорӣ карда, худро мусалмони мутлақ меҳисобанд, тарки хонаву дар ва ватан мекунанд ва ба доми фиреби ифротгароён шуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ шомил мешаванд. Имрӯз пайомади ҳизбу созмонҳои «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ваҳҳобия», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ»  ва амсоли инҳо дар ҷаҳони муосир ҳушдорамон медиҳад, ки бо ақлу заковати худ амал намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Читать далее

МАНФИАТ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Дар замони ҳозира масъалаи амнияти иттилоотӣ, ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо аз паҳлуҳои муҳими амнияти миллии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷаҳони муосир дар бархӯрди манфиатҳо ва муборизаи геополитикии давлатҳои абарқудрат қарор дорад. Ҳамчунин, ҷаҳони муосир ба муаммоҳои терроризм, экстремизм, гардиши маводи мухаддир ва муаммоҳои экологӣ дучор гардидааст. Боиси тазаккур аст, ки барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи замони муосир қудрати як давлат намерасад ва аз ин ҷо муттаҳидии давлатҳои ҳамҷавор ва минтақаҳои бузург зарур аст.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/