Май 2015

28 Май 2015

Терроризм-падидаи номатлуби даврони муосир

Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми нави худ хусусан устодони кафедраҳои ҷомеашиносиро вазифадор намуданд, ки ба масъалаи тарбия намудани донишҷўён дар рўҳияи хештаншиносӣ, ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намоянд.

Аз таърих мо медонем, ки бисёри мамлакатҳо дини исломро ҳамчун парчам истифода бурда, мақсадҳои ғаразноки худро иҷро намудаанд. Ин раванд дар охири асри ХХ аввали ХХI ба авҷи худ расид. Ҳодисаҳои ваҳшиёнае, ки гурўҳҳои терористии бо ном давлати исломӣ дар хокикишвари Сурияву Ироқ, Тунис (18-уми март) Яман (20-уми март) Нигерия ташкил намуданд,

дар баробари талафот ёфтани 500 нафар шаҳрвандони ин давлатҳо, инчунин осорхонаҳои муҳими таърихӣ вайрону валангор гардиданд.

Ташкил намудани чунинам алҳои хунину нанговарро бисёри саркардаҳои ин гурўҳҳо истиқбол намуда, ҷангиёни ҳалокшудаашонро ба унвони «шаҳид» ва муборизи роҳи ислом меноманд ва бо ин амал дини мубини исломро дар чашми мардумони олам ҳамчун дини реаксионӣ ҷилва медиҳанд.

Читать далее

ВОҚЕАҲОИ ФЕВРАЛИИ СОЛИ 1990 – САРАХБОРИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН…

Ин чӣ шўрест, ки дар даври қамар мебинам, 

Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам. 

Ба касофати сиёсати бозсозӣ, шикастани сутунмўҳраи СССР ва тезутунд шудани муносибатҳои миллӣ бар асари нобаробариҳои раванди иҷтимоӣ Тоҷикистони ибтидои солҳои 90-ум ба яке аз мавзеҳои даргири мамлакат табдил ёфта буд. Баъди хунрезиҳои шаҳри Тифлис моҳи апрели соли 1989, қазияҳои нохуши Боку ва Степанокерт моҳи январи соли 1990 навбати Тоҷикистон расид.

Читать далее

Маърифати сиёсии ҷомеа ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Ҷомеаи имрўза пур аз рангорангӣ, ихтилофот ва тазодҳои мухталиф буда, дар назди ҳар як инсони комил вазифагузорӣ менамояд ва масъулияти баландро тақозо дорад. Дар давраи истиқлолият бунёдкориҳои бузург ҷомеаро фарогир буда, пеш аз ҳама аз сулҳу осоиштагӣ дар кишвар иртибот дорад.

Ҳаёти сиёсии муосир аз ҷавонон ҳушёрии сиёсӣ, зиракии сиёсӣ, ақлу хиради баланди сиёсиро талаб менамояд. Ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд аз рўи донишу малака, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги сиёсии хеш дар раванди сиёсӣ бошуурона ширкат варзида, дар ҳалли масъалаҳои баҳсноки сиёсӣ, қабули ин ё он қарори сиёсӣ бояд масъулияти хосаро ҳис намояд.

Читать далее

Хиёнати мунофиқин дар таърихи давлатдории тоҷикон (дар аҳди Сомониён)

Дар ҳама давру замон, сароғоз аз ҷомеаи ғуломдорӣ то ба акнун мақомоти давлату давлатдорӣ бе тарафи муқобил вуҷуд дошта наметавонад. Оре, тибқи қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо ҳеҷ инкишофе бе муқовимати тарафи дигар ба рушди худ расиданаш амри маҳол аст. Албатта муқовимат дар замоне амалӣ мешавад, ки қудрату ҷасорати худашро дар муқобил эҳсос карда бошад ва агар қудрати мутақобилиашро заиф бидонад хиёнатро ба роҳи мунофиқӣ равон мекунад. Ба тасдиқи ин гуфта метавонем қиссаеро аз аъмоли қаноти муттазоди сулолаи Сомониён ба ёд орем. 

Ҳоло дар даҳаи якуми қарни Х, айёми туфулияти Насри-II солҳои 907-914 бо роҳбарии бародари Исмоили Сомонӣ Исҳоқ дар Самарқанд ва писарони ӯ Мансур ва Илёс дар Нишопуру Фарғона солҳои 918 ва

Читать далее

Омилҳои таҳкими оила

Мақоми зан дар ҷаҳони муосир мусаллам аст, ки бо вазифаю ўҳдадориҳои хонаводагӣ, нигоҳубини фарзанду тарбияи ў ва хизмат ба ҳамсар маҳдуд намегардад. Ин анъана кўҳнашуда маҳсуб меёбад ва занони гирифтори чунин суннат чун тарафдорони ақидаҳои консервативӣ ба шумор рафта, хешро бо хоҳиши худ ба ғуломӣ мебахшанд.

Мо ба дараҷаи нави муносибатҳо расидаем ва занон, ки пештар(то оғози асри хх) на ҳуқуқи овозу на ҳуқуқи орзўю хоҳишҳо доштанд, акнун дар ин ҷабҳаҳо бо мардон ҳампаҳлў гардиданд.

Читать далее

23 Май 2015

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Мудирони кафедраҳо: мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ; мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналхалқӣ; мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ; мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ; мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ; мудири кафедраи кори бонкӣ; мудири кафедраи забони русӣ; мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ; мудири кафедраи сиёсатшиносӣ; мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит; мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ; мудири кафедраи системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарорӣ.

Профессорон: профессори кафедраи менеҷмент – 1 ҷой; профессори кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ – 1 ҷой; профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ – 2 ҷой; профессори кафедраи забони тоҷикӣ – 1 ҷой; профессори кафедраи сиёсатшиносӣ – 2 ҷой, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик – 1 ҷой.        

Читать далее

15 Май 2015

Эмомалӣ Раҳмон –пешвои миллат

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ накши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон  соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ амалӣ гардид.

«Таърих гувох аст,-менависад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - ки тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борхо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри XVI аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчу шакли давлатдории мутаммаддину  пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.

Читать далее

Ҷонфидо

Ба Президенти мамлакат,

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Аё, эй ҷонфидои миллати тоҷик,

Аё, эй раҳнамои миллати тоҷик.

Аё, эй ахтари тобони ин миллат,

Ту будию ту ҳастӣ пешвои миллати тоҷик.

Замоне бар сари ин халқу миллат сад бало омад,

Балое бадтар аз садҳо вабо омад,

Зи ақли норасо омад.

Чу дарди бедаво омад.

Само гашта ғуборолуд,

Замин месўхт аз оташ

Ва он ҳам оташи пурдуд.

Ба сар борони тири ҷонситон мерехт,

Бародар бо бародар хоки ҳам мебехт.

Читать далее

Ҷанги иттилоотӣ

Воситаҳои  Ахбори Омма (ВАО) яке аз воситаҳои муҳими ҳаёти ҳар як халқу давлат ба ҳисоб меравад. Беҳуда онро ҳокимияти чорум намегўянд. Ба воситаҳои ахбори умум радио, телевизион, газетаю маҷаллаҳо дохил мешаванд. Айни ҳол Интернет шакли аз ҳама маъмул ва паҳншудаю пуртаъсири ВАО гардидааст. Ҳадафи асосии ВАО ба мардум расонидани иттилооти гуногун ва таъсир расонидан ба ҷаҳонбинию қобилияти дарки ў ба шумор меравад. Имрўзҳо бузургтарин расонаҳои хабарии дунё ба мисли ИТАР-ТАСС, АЛ-ҶАЗИРА, РЕЙТЕР,ФРАНС-ПРЕСС, ОЗОДӢ, БИ-БИ-СӢ дар миқёси олам бо ҳам рақобат карда, ҳодисаю воқеаҳоро ба таври хеш ба самъи мардум мерасонанд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ нақши ВАО хеле чашмрас гардид. Дар як муддати кўтоҳ рўзномаю маҷаллаҳои чӣ давлатӣ ва чӣ озод арзи вуҷуд намуданд. Рўзномаҳои Ҷумҳурият, Садои мардум, Минбари халқ, Ҷавонони

Тоҷикистон; маҷаллаҳои Фирўза, Бонувони Тоҷикистон, Ноҳид, ки таъсисгарашон идораҳои мухталифи ҳукуматианд, орзую омоли мардумро аз нигоҳи сиёсати имрўзаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд. Ба вуҷуд омадани рўзномаю маҷаллаҳои озод ва характери оппозитсионидошта фазои иттилоотии Тоҷикистонро боз ҳам пурратар кард. Газетаҳои Фараҷ, СССР, Озодагон, Наҷот, Чарощи рўз ба афкори табақаҳои гуногуни мардум нигаронида шудаанд.

Читать далее

Худшиносиву худогоҳӣ пешаи мо ва Сарвари мост

Таърихи начандон дур гувоҳ аст, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ бўҳрони шадидеву вартаи мушкиле  Тоҷикистони соҳибистиқлолро шуруъ аз ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ фаро гирифта буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, тарки хонаву манзил, бародаркушӣ ва  хатари маҳв шудани миллати тамаддунофар доғе буд, ки қалбҳои ҳазорон шахсони бономусу ори тоҷикро месўзонд. Он лаҳзаҳое, ки  фиғони зори модарон ба гўши ҳафт осмон мерасид, оилаи тоҷик дар парокандагӣ ва сарсонӣ қарор дошт.  На ҳамсояе  ба ин оила кўмаке мекарду на дўст ва маслиҳатгаре дошт.  Баръакс алангаи низоъи бародаркушӣ маҳз бо мадади нотавонбинони ин оила авҷ мегирифт.                       

       Дар чунин лаҳзаҳои бесарусомонӣ ҳатто мушкил буд, ки  касе барои ояндаи миллати тоҷик умеди нек бандад. Дигаргун сохтани  сарнавишти таърихи фоҷиабори ватану миллатро  сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буд.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/