Февраль 2015

27 Февраль 2015

Ҷавонон - нерӯи тавонои ҷомеа

Дар саҳни бинои таълимии тозабунёди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аксияи якҷояи  донишҷўён ва Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинии сиёсӣ роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони Ҳизби халқи-демократии Тоҷикистон, ҳайати устодону профессорон  ва донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ширкат варзиданд.

            Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи асосии ҲХДТ-ро дар интихоботи қарибулвуқуъ ваҳдати сиёсӣ, сулҳу оромӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум арзёбӣ намуд.

            Сипас муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода иштирокчиёни аксияро аз номи роҳбарияти ҳизб шодбош гуфта, ин иқдоми пешгирифтаи донишгоҳро оиди интихоботи  вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро як қадами устувор ба рушду нумуъ ва тараққиёти босуботи кишвар дар панҷсоли минбаъда арзёбӣ кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҷавонон яке аз неруҳои пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта, дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзанда доранд. Аз ин ҷост, ки 40-фисади аъзоёни Ҳизби халқӣ-демократиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва барои дар интихоботи навбатӣ бевосита номзадии хешро дар ҳамаи минтақаҳои кишвар пешниҳод намуданд.

Читать далее

25 Февраль 2015

Таҷлили рӯзи байналмиллалии забон дар донишгоҳ

Тибқи қарори ЮНЕСКО ҳамасола 21 феврал Рӯзи ҷаҳонии Забони модарӣ номгузорӣ гардида, баҳри арҷгузорӣ, ҳимоят ва тавсиаи забонҳо ва ба расмият шинохтани аҳамияти забони модарӣ барои ташвиқи чандзабонӣ ва ривоҷи гуногунӣ забонҳо дар ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

Дар ин замина  дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили суханварон таҳти унвони “Сеҳри сухан аз нигоҳи адиб ва табиб” баргузор гардид. Дар маҳфил шоири Халқии Тоҷикистон - Фарзона, нависандаи халқии Тоҷикистон – Муҳиддин Хоҷазод, табиби некдон, академики академияи тибби Шарқ - Саидғанӣ Қодиров ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат доштанд.

Аслам Каримов маҳфилро ифтитоҳ намуда, зикр сохт, ки ин тадбир бо пешниҳод ва дастгирии раёсати Донишгоҳ амалӣ шуда истодааст ва ин иқдом шоистаи дастгирист.

Читать далее

20 Февраль 2015

Таассурот аз Вохўриҳои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо сокинони шаҳрҳои Хуҷанду ноҳияи Мастчоҳ

Яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ин бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон мебошад. Давлат барои 8 ҳизбҳои сиёсии қонунан амалкунандаи кишвар шароити мусоид фароҳам оварда, аз масъулон талаб дорад, ки интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шаффофу демократӣ сурат гирад.

Дар воқеъ вохўриҳои намояндагони Ҳизби Халқии демократӣ, Ҳизби демократӣ, Ҳизби коммунистӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби наҳзати ислом, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон бо мардуми шаҳру ноҳияҳои вилоят махсусан, дар шаҳрҳои Хуҷанду ноҳияи Мастчоҳ бо таври демократӣ ва сўхбати озоду кушод сурат гирифт.

Зеро баргузории чорабинӣ бо шаҳрвандон нишон дод, ки  ҳамаи намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар муддати муайян суханронӣ намуда, аз Барномаҳои пешазинтихоботӣ сокинони шаҳрро бархўрдор сохтанд.

Читать далее

Гузориш аз натиҷаи вохурӣ дар партави интихобот бо шаҳрвандони ноҳияи Мастчоҳ

Тоҷикистон имрўз дар қатори дигар мамлакатҳои пешқадам роҳи бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст. Бинобар ин, барои гузаронидани интихоботҳои демократӣ заминаҳои хуби объективӣ гузошта истодааст. Яке аз мисолҳои равшани ин, қабули қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» шуда метавонад, ки аз ҷониби давлат пазироӣ ва қабул гардидааст.

Бисёрҳизбӣ ин падидаи объективӣ аст. Дар Тоҷикистони имрўза ба вуҷуд омадани ҳизбҳои сиёсӣ ба сиёсати нав – демократисозии ҷамъият, имконияти ошкорбаёниву гуногунақидагии гурўҳҳои мухталифи аҳолӣ алоқаманд аст.

Аз дуруст ташкил намудан, гузаронидан ва интихоби намояндагони халқ ба мақомоти маҳаллӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва қонунбарорӣ вобастагии калон дорад. Маҳз ба воситаи интихобот шаҳрвандон ҳуқуқи конститутсионии худро пурра истифода бурда метавонанд.

Читать далее

Вохурии сокинони шаҳри Истаравшан бо намояндаи ҳизби сиёсӣ

Мутобиқ ба моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона маҳсуб мегардад.

Таъсису ба фаъолият шурўъ намудани парлумони дупалатагии касбӣ, баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагону маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқӣ ва демократӣ ба шумор рафта, аз ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ба тақдири 5 солаи минбаъдаи давлату миллати худ бетарафӣ зоҳир накунад. Зеро овози ҳар як шаҳрванд дар интихобот рушди босуботи минбаъдаи кишвари тозаистиқлоламонро муайян менамояд. 

Рўзи 16 феврал дар доираи чорабиниҳои пешазинтихоботӣ Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо шаҳрвандони шаҳри Истаравшан вохўрӣ анҷом дод. Вохўриро раиси ҳавза кушода гуфта эълон намуд ва суханро ба намояндаи ҳизби мазкур вогузор намуд.

Читать далее

Ҷавонон тарафдори сулҳу ваҳдат ва амнияти кишваранд

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар остонаи интихоботи парлумонӣ қарор дорад ва мавриди зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш таъкид намуд, ки дар кишвар барои баргузории интихоботи озоду демократӣ шароитҳои зарурӣ омода гардидаанд. Мо боварӣ дорем, ки интихобот пеш аз ҳама ифодагари ваҳдату ягонагӣ ва якдилии ҳамаи сокинони Тоҷикистон мегардад. «Интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад. Ман бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем»-таъкид менамояд Сарвари кишвар дар Паём.

Читать далее

17 Февраль 2015

ҲУЗУРИ КОНСУЛИ ГЕНЕРАЛИИ РОСИЯ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД БА ДДҲБСТ

Ҳамасола донишгоҳҳои Росия довталабони тоҷикро аз рӯи ихтисосҳои гуногун қабул менамояд. Дар ин замина соли равон  дар қатори дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ қабули ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони вилояти Суғд низ оғоз шуд. Солҳои қаблӣ имтиҳони довталабони вилоят дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор мегардид. Соли равон бошад аз рӯи интихоби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон макони баргузории қабули довталабон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  муайян шудааст, ки аз ҳама шаҳру навоҳии вилоят ҳамагӣ 467-довталабон аз рӯи равияҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, технологӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Аз инҳо 463 нафарашон ба имтҳони қабул роҳ ёфта, 4 нафар аз сабаби надонистани забони русӣ ҳуҷҷатҳояш боз пас дода шуд.

Субҳи 13-уми феврали соли равон Бондаренко Валерий Алексеевич консули генералии Росия дар шаҳри Хуҷанд ба ДДҲБСТ ташриф овард.

Читать далее

13 Февраль 2015

Вокуниш ба баромади Кабири М

Баромади М. Кабири дар арафаи чорабинии сиёси – Интихиботи вакилони Мачлиси намояндагон ва вакилони мачлисҳои маҳалли моро водор намуд, ки ин мактубро таҳия намоем. Дар баромади худ М. Кабири оид ба рақобати носолим дар ин чорабинии сиёси, нисбати Ҳизби наҳзати исломи Точикистон қайд намуданд, ки ин хулоса нодуруст мебошад. Ҳамагон дида истодаанд, ки чи тавр чараёни демократишавии чамъият дар Чумҳурии Точикистон васеъ шуда истодааст. Бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, Чаноби Оли Эмомали Раҳмон барои ташвиқоту тарғиботи ҳизбҳои сиёсии мамлакат шароитҳои якхела фароҳам оварда шудаанд. Худи баромади М. Кабири дар шабакаи якуми Точикистон шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад. Агар ягон фарқгузори дар ин радиф мушоҳида карда мешуд, ба раиси ҲНИТ чунин имконият барои пешбари намудани барномаи пешазинтихоботи фароҳам оварда намешуд. Тамоми аъзоёни чамъияти Точикистон шаҳодати он ҳастанд, ки сулҳу суботе, ки дар кишвари азизи мо барпо гардида буд, маҳз бо кушиши талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти халқи, Эмомали Раҳмон имконпазир шуд.

Муҳтарам М. Кабири, агар Шумо хоҳед, ки ба малакати худ, ба халқи Точикистони азиз хизмат кунед, ба маслиҳатҳои “чанобҳои хоричии” худ гуш надода, мувофики сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Ҳукумати Точикистон амал намоед.

Ба М. Кабири як суоле дорем: Оё Шумо ва ҳизби роҳбари мекардаи Шумо барои пешравии Чумҳурии Точикистон, барои паси сар намудани мушкилотҳои дар назди чамъият ба миён омада чи кушиш ба харч додед?. Оиди чунин кушишҳо дар баромади худ, ягон далеле оварда натавонистед. Чунки ба ҳамагон маълум аст, ки ба ғайр аз ғайбату таъна аъзоёни ин ҳизби ба ном Исломи ба дигар кор қобил нестанд.

Читать далее

Қавлу амал бояд ягона бошад

Рўзи 3 феврали соли равон Раиси Ҳизби Наҳзати Ислом Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ тавассути шабакаи якуми ТВ Тоҷикистон бо интихобкунандагон сўҳбат дошт. Ў таъкид кард, ки шахсан худ ва аъзоёни ҲНИТ ҷонибдори ваҳдату сулҳу субботи ҷомеа мебошанд. Ба ақидаи ҷаноби М. Кабирӣ бояд ҳар як шаҳрванд дар интихоби пешистода бошуурона ва  бо масъулияти баланд ширкат варзанд.

            Баробари ин якчанд нуқтаҳои баромади Раиси ҲНИТ ба гуфтаҳои худи ў зид буд. М. Кабирӣ иқрор аст, ки дар 10 соли охир Тоҷикистон аз нуқтаи назари рушд хеле боло рафтааст. Хуб мешуд, мавсуф мегуфт, ки дар ин пешравиҳо намояндагони ҲНИТ чӣ саҳмгузорӣ намуданд.

            Масалаи дину дунявият ҷаноби М. Кабирӣ мегуянд, ки ин масъалаи сохта ва сунъӣ аст, ҳоло ин ки сулҳу салоҳ дар заминаи муколомаи динияту дунявият суръат гирифтааст. Пас мо бояд муовозинати динияту дунявиятро тибқи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намоем.

Ҳини баромади худ мавсуф таъкид намуд, ки интихобкунандагон новобаста аз ҳизбияти худ муносибати худро ба ояндаи Тоҷикистон муайян созанд, ҳол он ки дар шароити фаъолияти низоми бисёрҳизбӣ бидуни ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳизбӣ он ѓайриимкон аст. 

Читать далее

Кабириро шараф бояд!

Ба гуфти шоир: 

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,

Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ насаби болохонадор дошта бошад ҳам, шараф надорад  ва ин нукта зимни баромади телевизиониаш бори дигар аён гардид.

Тавре ҳамагон медонем, яке аз дастовардҳои асосии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон кушода шудани роҳи васеъ ба озодии виҷдону эътиқоди динӣ ва баёни фикру андеша аст.  Дар моддаи 26-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид шудааст, ки «ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Соҳиби Истиқлолияти давлатӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ватанамон ба бисёрҳизбӣ ҳам роҳи васеъ кушод. Айни замон дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 8 ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият мебаранд. Ҳарчанд роҳбарияти имрўзаи ҳизби наҳзати ислом даъвои 40- солагию 50- солагӣ мекунанд, аслан ин ҳизб низ зодаи замони соҳибистиқлолӣ аст.

Вақте ки солҳои 90-уми асри гузашта ин ҳизб по ба арсаи сиёсат ниҳод, мардуми аҷдодан мусулмони мо гумон карданд, ки дар симояш қувваи пешбаранда ва роҳнамои аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагиро меёбанд.

Мутаассифона, ин хушгумониҳо андешаи хом баромаданд. ҲНИТ дар як муддати кўтоҳ симои аслии худро нишон дод ва дар радифи дигар қувваҳои бадхоҳу бегона Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела дод.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/