Июнь 2014

25 Июнь 2014

Ёдбуди инсони наҷиб ва олими шинохта

Ба муносибати 80 - солагии  доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон  Тўхта Ҷалилов санаи 23 июн дар донишгоҳ конференсияи илмӣ баргузор гардид. Барои гиромидошти хотираи  олими шинохта, намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, макотибии олии вилоят, хешон, пайвандон, наздикон ва шогирдони Тўхтабой Ҷалилов дар маҳфили ёдбуди ў гирд омаданд. Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷўрабоев  дар сухани  ифтитоҳиаш ба нақш ва мақоми олими варзидаи соҳаи иқтисод, ходими давлатию ҷамъиятӣ Тухтабой Ҷалилов  мухтасар равшанӣ бахшид. Сипас  намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармутахассиси шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилоят Ният Ҳаёт  номаи шодбошии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба аҳли нишаст расонд.

Читать далее

Ҳар ки хандонад ятими хастаро…

Санаи 21 июни соли 2014 намояндагони ДДҲБСТ бо сарварии ректори донишгоҳ  Ҷамшед Ҷўрабоев кўдакони бепарастору маъюб, тарбиятгирандагони  мактаб – парваришгоҳи ҷумҳуриявии низомаш махсуси ноҳияи Ҳисорро, ки дар Беморхонаи физеотерапевтии ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд  ба муолиҷа ва истироҳат фаро гирифта шудаанд,  аёдат карданд. Ин амали нек ба истиқболи Рўзи Ваҳдати миллӣ сурат гирифт. Дар ин чамъомад  ректори донишгоҳ  Ҷамшед Ҷўрабоев сухан карда, таъкид дошт, ки дар партави сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат  Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ятимону бепарасторон таҳти ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Бо истироҳату  табобат фаро гирифта  шудани як гурўҳ тарбиятгирандагони  мактаб – парваришгоҳи ҷумҳуриявии низомаш махсуси ноҳияи Ҳисор дар ин муолиҷагоҳи мўътабар самараи ҳамин сиёсати хирадмандона маҳсуб мегардад. Муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии  Беморхонаи физеотерапевтии ҷумҳуриявӣ Садриддин Муҳиддинов ин иқдоми аҳли донишгоҳро нек арзёбӣ кард.

Читать далее

11 Июнь 2014

Бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ

Дар арафаи таҷлили ҷашни 17-умин солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода конференсияи илмӣ баргузор гардид. Намояндагони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, шахсони барўманди кишвар, собиқадорони давлатию ҷамъиятӣ низ иштирокдорони конференсия буданд. Конференсияро бо суханони ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўрабоев оғоз бахшида, тазаккур дод, ки ба имзо расидани ҳуҷҷати сарнавиштсози сулҳу салоҳ бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, кишварро осуда гардонд ва дар дили халқи азияткашида шўълаи умедро аз нав барафрохт. 

Дар суханронии худ раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки имрўз вобаста ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон дар кишвар раванди худогоҳиву худшиносӣ такон ва густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва ватанпарастӣ то ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. 

Читать далее

10 Июнь 2014

Зарурияти истифодаи самараноки об

Об - неъмати бебаҳо буда, ҳаёт аз он оғоз мегардад ва тамоми мавҷудоти рўи замин аз он вобастагӣ дорад. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар мулоқотҳо ва вохўриҳо аз минбари баланд қайд мекунанд: «Табиати Тоҷикистон неъмати худододу биҳишти замин мебошад, ки мо бояд шукри ҳар порае замину ҳар қатра оби софаш кунем ва месозад, ки доимо нигаҳбонаш бошем». Худо ба мо табиати зебо, ҳайвоноти нодир, обҳои равону марғзорҳои дилпазир ва маъданҳои афзуну сангҳои чун лаъли Бадахшон камназирро ройгон ҳадя кардааст, кўҳистони мо хазинаест бебаҳо. Маҳз ниёгонамонро ҳамин ҳавои хуш, табиати хуш ва оби хуш чун оҳанрабо бо як ҷаззобияте ба ин сў кашидааст. Мардуми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо вуҷуди камбизоати ҷиҳати солимиву тандурустӣ, хушгиливу хушдилӣ, хушрўиву хушхўӣ, ростманишиву покизагӣ дар олам ҳамто надоранд. Доротарини дороёнанд эшон. Табиати зебо, оби тоза ононро ба саодат расонидааст. Ношукрӣ, носипосӣ нисбат ба табиати афсонавӣ, исрофи нодурусти оби ошомиданӣ амрест номақбул. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори дигар ташаббусу корномаҳояш дар арсаи ҷаҳон бо ибтикороташ вобаста ба арҷгузорию сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи об ҳамчун сарвати бебаҳои табиӣ барои инсоният маъруфияту эътироф пайдо кардааст. 

Читать далее

Ба ифтихори ҷашн

Соли равон дар Тоҷикистон 20-солагии қабули Сарқонун ҷашн гирифта мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-солагии қабули Сарқонун дар мавзўи «Конститутсия қутбнамои ҳаёти ҷавонон» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Пеш аз оғози ҷамъомад меҳмонон аз осорхонаи донишгоҳ дидан карданд. Конференсияи илмӣ-назариявиро раиси Шўрои донишҷўёни донишгоҳ Дилшод Бобоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро аз номи раёсати донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов баромад намуда, дар бораи нақши ҷавонон дар пешрафти кишвар сухан кард. Сониян сардори раёсати  илмӣ-татқиқотии донишгоҳ, номзади илмҳои филология, дотсент Шавкатҷон Рустамов ба сухан баромад.  

Читать далее

Доир ба захираҳои обию энергетикӣ

Бо ташаббуси факултети бизнес ва идоракунӣ ва иштироки доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исайнов Ҳисайн Раҳимович семинарии илмию назариявӣ баргузор гашт. Семинар ба мавзўи «Захираҳои обию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонт - муаммоҳо ва дурнамои пешрафт» бахшида шуда буд. Семинари илмӣ-назариявиро ноиби ректор оид ба корҳои таълим, доктори илмҳои иқтисодӣ Даврон Бобоҷонов ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Дар семинар устодони донишгоҳ, аспирантон, иқтисоддонҳо ва меҳмонони дигар ширкат доштанд. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исайнов Ҳисайн Раҳимович доир ба захираҳои обию энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон-муаммоҳо ва дурнамои пешрафт баромади муфассал намуд. Мавсуф дар баромадаш дар бораи бунёд ва фаъолияти нерўгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон, истеъмоли қувваи барқ, захираҳои обӣ, аз лиҳози захираҳои обӣ дар Осиёи Миёна ҷои аввалро ишғол намудани Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои мавзўи мазкур сухан ронд. 

Читать далее

Тифлаконро таҳният гуфтанд

Ба ифтихори Рўзи байналхалққии муҳофизати ҳуқуқи тифлакон – 1 июн дар радифи мақомоти иҷроияи давлатӣ раёсат ва сохторҳои донишгоҳ як зумра амалҳои хайру савобро роҳандозӣ намуданд. Дар чорабинии ба ин муносибат дар комплекси кўдакистон-мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд баргузоргардида, 30 май намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва донишгоҳамон ширкат доштанд. Тарбиятгирандагони мактабро мудири шўъба оид ба корҳои дин ва танзими анъана, расму оинҳои Дастгоҳи  Раиси вилоят Абдуҳаким Шарифов ва ректори донишгоҳамон Ҷамшед Ҷўрабоев ба муносибати ҷашни фархунда таҳният гуфтанд. Ба тифлакон ҳадяҳои Раиси вилоят ва аҳли донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардиданд. 

Читать далее

05 Июнь 2014

Саҳна тарабобод буд

Дар таърихи 2 июни соли 2014 саҳнаи Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят дар ихтиёри иштирокчиёни фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» буд. Ҳаваскорони санъат аз ташкилоту муассиса, корхонаҳои шаҳри Хуҷанд дар ҳузури Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳнаи ин озмуни бонуфуз ҳунару маҳорати хешро намоиш доданд. Аз ҷониби ҳаваскорон 12 номгўи барномаҳои ҷолиб, ки  тараннумгари ишқи пок, дўстию бародарӣ, васфи диёри азиз, халқи ҳунарманди кишвар буданд, ба ҳайати ҳакамон пешкаш ва сазовори 121 хол гардид. Тибқи Низомнома аз рўи шартҳои табрикоти дастаи ҳунарӣ, суруди ҳамсароёни бисёровоза, намоиши сару либоси миллии тоҷикии мардона ва занона, навозиши умумӣ бо рақси якка, суруди якка дар мавзўи Модар - Ватан, сулҳу дустӣ, байтбарак аз рубоиёти халқӣ ва ғайра намоиш дод шуданд. 

Читать далее

Корҳои ободонӣ ва сабзгардонӣ вусъат мегиранд

Ба муносибати эълон шудани соли 2014 - Соли гулҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои ободонӣ, сабзгардонӣ ва парваришу  шинонидани гулҳо вусъати тоза мегиранд. Тавре сарбоғбони донишгоҳ К. Баҳодуров иброз дошт, имрўз замини минтақаҳои назди биноҳои таълимии рақамҳои 1,2,3 – и донишгоҳро 1000 бех гули садбарг, 2000 бех гули кана, наздик 300 бех ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан ҳусни тоза мебахшанд. Бо саъю талоши боғбонҳо дар замини назди биноҳои донишгоҳ кўчати зиёда аз 4000 бех гулҳои рангоранг, аз қабили петуния, марҷонгул, гули мино (астра) шинонида шуда, хуб нашъунамо меёбанд.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/