31 Май 2014

31 Май 2014

Савти дўстӣ

Дар таърихи 30 майи соли 2014 дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ ба ифтихори дахумин солгарди созмонёбии Маркази омўзиши Конфутсий ва қавитар намудани робитаи дўстии байни кишварҳои Чину Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар консерт савту навои хитоӣ дар иҷрои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт, ки туфайли дастгирии Маркази омўзиши Конфутсийи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон забони хитоиро омўхтаанд, садо доданд. Иштирокчиёни консерт- устодону мухассилини Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз савту навои дилчаспи чинӣ як ҷаҳон ҳаловат бурданд. Бояд гуфт, ки барои гузаронидани чунин чораҷўии шавқовар интихоб гардидани донишгоҳамон ифодагари таваҷҷўҳи роҳбарияти Маркази омўзиши Конфутсий ба маъвои маърифатамон  аст. Дар хотимаи консерт ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўрабоев ба роҳбарияти Маркази омўзиши Конфутсийи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таҳия ва пешкаши чунин барномаи ҷолиби консертӣ изҳори сипос намуда, тазаккур дод, ки ин тадбири муфид дар кори боз ҳам васеътар шудани доираи ҷаҳонбинии устодону донишҷўён мусоидат мекунад.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/