30 Май 2014

Сухан аз муаммо, ҳолат ва дурнамои инкишоф

Дар таърихи 29.05.2014 дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи умумии конференсияи илмӣ-назариявии олимону устодон ва донишҷўёни донишгоҳ таҳти унвони «Рушди илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар замони муосир: муаммо, ҳолат ва дурнамои инкишоф» баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ олимону муҳаққиқон аз  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони васоити ахбори омма, инчунин олимону устодон ва донишҷўёни донишгоҳ  иштирок доштанд. Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўрабоев бо суханони муқаддимавӣ ба кори конференсия  ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла таъкид дошт: - Конференсияи илмию назариявии мо имрўз дар айёме баргузор мегардад, ки ҳар яки мо дар қайди таассуротҳои наҷиби аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосилшуда кору зиндагӣ менамоем.

Читать далее

Чорабиниҳои шавқовар

Ба ифтихори 20-солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз 26 то 31 май Ҳафтаи кафедраи  математикаи олӣ ва моделсозӣ баргузор гардид. Барномаи Ҳафта аз чорабиниҳои шавқовари илмию таълимӣ – аз ҷумла аз ташкилу баргузории маҳфили «Математика - шоҳи фанҳо», сўҳбати атрофи мизи мудаввар дар мавзўи «Математика дар иқтисодиёт», дарсҳои кушоди омўзгорон Э. Ризоев, Р. Шодиева, дарси кушоди тарбиявии Ҳ. Атоева иборат гардида, доираи васеи устодону муҳассилинро фаро гирифт. Дар ташкилу баргузории чорабиниҳои Ҳафтаи фаннӣ мудири кафедра, дотсент Ё. Мўҳсинов, омўзгорон Н. Азимова, У. Ҷалилова, М. Раҳимова, М. Шойимқулов, С. Юсуфов,  Р.Шодиева, Ҳ. Атоева фаъолона саҳм гирифта, ба он мусоидат карданд, ки  чорабиниҳои Ҳафта хотирмону ҷолиб гузаранд.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/