28 Май 2014

Барандагони идрорпулии Раиси вилоят

Санаи 21 май дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият” дар тантана ба ифтихори Рўзи ҷавонон маросими супоридани идрорпулии Раиси вилоят мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои муҳассилину аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят баргузор гардид. Дар қатори бисёр писарону духтарони хушбахти вилоят сазовори барандаи идрорпулии Раиси вилояти Суғд гардидани 16 нафар муҳассилини донишгоҳ  нишони қадрдонии хониши аъло, ширкати фаъолонаашон дар конфронсҳои илмию олимпиадаҳо ва корҳои ҷамъиятӣ маҳсуб мегардад. Усмонова Марҳабо, Муборакшоева Моҳрухсор, Каримова Шаҳло, Абдусаломова Моҳира, Наҷмиддинов Мирзоғафур, Қурбонов Ҳаёт, Қурбонов Самандар, Юсупов Ғайрат  аз зумраи он донишҷўёни фаъоли донишгоҳ ба ҳисоб мераванд, ки ба дарёфти идрорпулии Раиси вилояти Суғд  дар соли хониши 2013 – 2014 мушарраф гардиданд. 

Читать далее

Пирўзӣ


Аъзои дастаи ҳозирҷавобони шўхтабъи (КВН)-и донишгоҳ дар таърихи 25.05.2014 дар мусобиқаи ниҳоии байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дастболо шуда, унвони чемпионии лигаи хуҷандии КВН-ро мушарраф гардид. Дар мусобиқа дастаи КВН-и донишгоҳ бо аъзоёни дастаҳои шўхтабъи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, шўъбаи IV-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РосНОУ қуввасанҷӣ намуда, бо бартарии зиёд соҳиби ҷои аввал гардид. Аъзоёни дастаи зарифони донишгоҳамон аз рўи 6 барномае, ки ба ҳаёту фаъолияти донишҷўён ва ҷавонон вобастагӣ дошт, дониш, маҳорат, чолокӣ, зарифию хуштаъбии хешро намоиш дода, ба кафкўбиҳои тамошобинони сершумор аз макотиби олии вилоят сазовор гардиданд. Дар дастоварди назаррраси даста саҳми Фаррух Сангинов, Мирзобаҳром Валиев, Парвинахон Одилова, Фарангис Камолова, Шаҳриёри Қурбон, Икром Сафаров, Нигина Умарова барин донишҷўёни соҳибистеъдод хеле калон аст.

Читать далее

Медали биринҷӣ гирифтанд.

Бо ташаббуси Федератсияи футболи вилоят ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чанде пеш мусобиқаи футбол байни бонувон баргузор гардид. Қувваозмоӣ дар варзишгоҳи «Спартак» ва мактаби варзишии бачагонаю наврасони №1-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт ва дар он 18 даста аз шаҳру навоҳӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят иштирок доштанд. Дастаи бонувони футболбози донишгоҳ аз 4 дидор дар сетоаш ғалаба ба даст оварда, як бозиро бохта, ба мусобиқаи нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар бозии нимниҳоӣ футболбоздухтарони донигоҳамон бо дастаи Коллеҷи омўзгории шаҳри Исфара ғолиб омада, зинаи сеюмро соҳиб шуданд. Ҷойҳои якум ва дуюм насиби варзишгарони дастаҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи омўзгории шаҳри Конибодом гардиданд. 

Читать далее

Бахшида ба соли оммавияти футбол

    Мусобиқаи байни дастаҳои сохторҳои донишгоҳ оид ба футбол, ки бо ибтикороти раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ба ифтихори эълон шудани соли 2014 – соли оммавияти футбол  ва 20-солагии таъсисёбии ДДҲБСТ давом дошт, дирўз ҷамъбаст шуд.    Футболбозони дастаҳои факултетҳои ва инноватсия ва телекоммуникатсия туфайли маҳорати баланд ва бозии хуб бар ҳарифони худ дастболо шуда, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар дидори ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи донишгоҳ баргузор гардид, футболбозони дастаи факултети баҳисобгирӣ ва андоз  бо бозии зебоии худ табъи ҳаводорони футболро шод гардонида бо ҳисоби 2:0 ғолибият ба даст оварданд. Ҷойҳои дуюму сеюм насиби дастаҳои факултетҳои инноватсия ва телекоммуникатсия ва раёсати донишгоҳ гардид. 

Читать далее

Сазовори ҷои аввал

Дар варзишгоҳи донишгоҳ аз санаи 19.05.2014 то 26.05.2014 мусобиқаи дастаҳои футболи донишҷўён баргузор гардид. Мусобиқа ба  эълон шудани соли 2014 – соли оммавияти футбол  ва 20-солагии таъсисёбии ДДҲБСТ бахшида шуд. Дар мусобиқа 7 даста барои ҷои аввал мубориза бурданд. Футболбозони дастаи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ туфайли маҳорати баланди варзишӣ бар аксари ҳарифон ғолиб омада, дар мусобиқа ҷои аввалро ишғол намуданд. Варзишгарони дастаҳои факултети молия ва хобгоҳи донишгоҳ бошанд, ба дарёфти ҷойҳои дуюму сеюм мушарраф гардиданд. 

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/