26 Май 2014

Эҳёи ҳунарҳои миллӣ


Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва   ҳунармандонаш шўҳрат дошт. Деворнигораву ёдгориҳои санъати амалии Варахша, Панҷакенти қадим, Шаҳристон, Тупроққалъа ва ғ. аз дараҷаи баланди санъати амалии ниёгонамон маълумот медиҳанд. Аз қадим шаҳрҳои Тоҷикистони шимолӣ ҳамчун маркази ҳунарҳои мухталиф эътироф гардида буданд.

Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доштанд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд.    

Дастони моҳиру чобуки ҳунармандон дар давоми карнҳои зиёд матоъҳо, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолинҳо, сўзаниҳо, маснуоти заргарӣ ва дигар намуд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекарданд. Ҳунархои қадимаи ниёгонамон хушбахтона тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта то замони мо расидааст. Аммо бархе аз ҳунарҳо бебозгашт аз байн рафтаанд.

Читать далее

Конференсияи илмӣ-назариявӣ

Дар таърихи 20 майи соли 2014 бо ибтикороти бахши илми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва кафедраи умумидонишгоҳии фанҳои ҷамъиятӣ бахшида ба 1150-солагии мутафаккир, файласуф, олими энсиклопедист Абўбакри Муҳаммад ибни Закариё  ибни  Яҳёи Розӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Маҳфили илмиро бо суханони муқаддимавӣ мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, дотсент Б. Турсунов ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба хизматҳои ин олим ва мутафаккири бузург баҳри рушду нумўи илму фарҳанг сухан ронд. Сипас дотсент Р. Маллаев дар мавзўи «Абўбакри Розӣ: фалсафаи саодати зиндагӣ», номзади илмҳои фалсафа, дотсент М. Поччоева роҷеъ ба мавзўи «Назари файласуфонаи Абўбакри Розӣ» андешаҳои ҷолиб баён доштанд. Тазаккур гардид, ки хизматҳои ин мутафаккири бузург дар назди инсоният шоиста буда, он ҷиҳати рушду нумўи  илму  фарҳанг  то имрўз қадр карда мешавад.

Читать далее

Забон ва истилоҳу иқтибос дар он

Инсоният баробари соҳибзабон гаштанаш кўшиш бар он доштааст, ки бо роҳу воситаҳои гуногун онро рушд бахшад. Яке аз роҳҳои асосии рушди забон дар тамоми давру замон ба истифода гирифтани вожаю унсурҳои забони дигари хешу ғайри хеш будаасту ҳаст. Аз забони дигар маъмулан калимаҳое қабул мегарданд, ки дар забони худ ё набудааст ё  ҷавбгўи талаботи давру замон ва рушди ҷомеа нест. Аз вожаҳои иқтибосӣ дар ҳар забон истилоҳот мақоми хоса пайдо мекунад. Истилоҳот чун воҳиди махсуси луғавӣ дорои вижагиҳои зиёдест, ки принсип ва шартҳои иқтибоси он яке аз асоситарин талабот маҳсуб меёбад.   Муҳимтарин принсипи истилоҳот ин якмаъногии онҳо буд. Вале бояд таъкид кард, ки ин принсипи класикии истилоҳот аз ибтидои садаи ХХI рў ба коҳиш овард.  Аз нимаи дуюми солҳои 2000-ум истилоҳот оҳиста-оҳиста вижагии якмаъноии хешро гум карда истодааст. Дар майдони луғавии забон истилоҳоти сермаъно торафт бештар роиҷ мегарданд. Ба фикри мо ин падида аз серсоҳагии истилоҳот, рушди фавқулодда босуръати илму техника ва пешрафти гўшношуниди ҷомеа  бармеояд ва сабабу асосашро дар он ҷо бояд ҷуст. 

Читать далее

Дар саҳнаи "Андалеб"

Барои тақвияти неруҳои зеҳниву эҷодии муассисаҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо дар раванди тарбияи маънавии шаҳрвандон, алалхусус насли ҷавону наврас дар руҳияи хештанши- носию ватандустӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси пурғановати фарҳанги миллӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои "Барномаи ҳифзи меро­си фарҳангии ғайримоддии халқи точик барои солҳои 2013-2020" дар қаламрави ҷумҳурӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2014" баргузор гардид.

Дар даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2014" донишҷўёни мактабҳои олӣ ва махсус  иштирок намуданд.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/