22 Май 2014

Сухан аз ҷамъбасти фаъолият

Дар таърихи 19 май дар маҷлисгоҳи бинои таълимии рақами  2 Конференсияи  III  ҳисоботӣ – интихоботии иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Суғд Юсуфҷон Ҷумъабоев ва вакилони ташкилоти иттифоқи касабаи ҳамаи сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Вакилон баъди интихоботи ҳайати комиссияҳои дахлдор ҳисоботҳоро дар бораи фаъолияти кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ аз моҳи марти соли 2007 то моҳи майи соли 2014 ва комиссияи назоратию тафтишотии  КМИК  шуниданд. Дар ин хусус ҳисоботи раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Аминҷон Амонов ва раиси комиссияи назоратию тафтишотии КМИК, дотсент Далерҷон Дадоматов ба маърази муҳокима гузошта шуданд.

Сарбоғбон Кароматулло Баҳодуров, мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналхалқӣ, дотсент Самад Болтуев, мудири кафедраи менеҷмент, дотсент Шаҳодат Зокирова, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, дотсент Мамадраҷаб Акрамов, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилоят Юсуфҷон Ҷумъабоев ба музокира баромада, доир ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар давраи ҳисобот андешаҳои ҷолиб баён доштанд. Музокирачиён фаъолияти кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳро дар давраи ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/