20 Май 2014

Парчами пурҷилои мо

Моҳҳои охир чун гузорам ба маркази шаҳри Хуҷанди бостон, ба соҳили Сайҳунруд меафтад, ба Парчами пурҷилои баланд қадафрохтаи Тоҷикистон назар карда, беихтиёр вуҷудамро нишот фаро мегирад.Аз он ифтихорам фузун мешавад, ки мо соҳибватанем, имрўз кишварҳои дигари дунё моро чун сарзамини соҳибистиқлол, зебо ва тамаддунофар мешиносанд. Мо - насли имрўзи ниёгони бохирад қадам ба қадам, зина ба зина пеш меравем. Фарзандони бонангу номуси меҳан – идомабахши анъанаҳои наҷиби ориёиҳо ва сомониён гаштаанд. Ифтихорам боз аз он ҷиҳат дуболо мешавад, ки ман шоҳиди лаҳзаи таърихӣ – парафшонии ин рамзи муқаддаси Ватан дар минтақаи Суғди номвар ҳастам. Зиҳӣ, Тоҷикистони дилоро ва Парчами хушранги азизи мо!

Читать далее

Лаҳзаҳои хотирмон

Дар факултети баҳисобгирӣ ва андоз  роҳбарони гурўҳҳои академӣ ҷиҳати рангину шавқовар ҷараён гирифтани машғулиятҳои тарбиявӣ пайваста тадбирҳои амалӣ меандешанд. Далели ин гуфтаҳо дирўз дар Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии маркази вилоят баргузор гардидани машғулияти навбатии тарбиявии мост. Донишандўзони соли аввали факултет таҳти сарварии номзади илмҳои филологӣ А.Каримов ва кормандони осорхона дар мавзўи «Ватан ва фарзандон» оид ба таърихи миллати куҳанбунёди мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол, бузургон ва фарзандони шоистаи миллат сўҳбати самимӣ оростанд. Тамошои экспонатҳои ҷолиби таърихӣ, лавҳаю васиқаҳо, гўшаҳои таҳиягардида аз ҳаёти дирўзу имрўзи мардуми тоҷик дар хотири мо таассуроти наҷиб боқӣ гузоштанд.

Читать далее

Бузургдошти Ҳаким Фирдавсӣ

Дирўз дар факултети молия ҷиҳати бузургдошти Ҳаким Абулқосим  Фирдавсӣ маҳфили илмӣ баргузор шуд. Маҳфилро сармуаллими кафедраи забони тоҷикӣ Абдухолиқ Мирниёзов ифтитоҳ бахшида оид ба «Вижагиҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ» маърўза намуд. Сипас намояндаи вобастагии ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд Масъуди Аҳмадванд дар мавзўи «Хиради сиёсӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» суханронӣ кард. Донишҷўён - Ш. Ўрунхоҷаева, З. Ҷўраева, С. Ҷамшедов, Ф. Қўзибоев, К. Шодиев, С. Нағзибекова аз «Шоҳнома»-и Абулқосим  Фирдавсӣ  порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Дар интиҳо аз ҷониби намояндаи вобастагии ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд Масъуди Аҳмадванд  иштирокчиёни фаъоли маҳфилро бо тўҳфаҳо сарфароз  намуд.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/