15 Май 2014

Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ

Мудири кафедра д.и.ҳ., профессор

Раҳматулоев Абдуҷаббор Эргашевич

Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ тибқи фармони ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва қарори Шўрои олимони факултети ҳуқушиносӣ аз 30 августи соли 2013, таҳти №1 таъсис ёфтааст. Вазифаи мудири кафедраро д.и.ҳ. (тибқи меъёрҳои байналхалқӣ - International Standard Classification of Education (ISCED) (ЮНЕСКО), профессор А.Э. Рахматуллоев ба зимма дорад.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти кафедра дар ду самт муайян карда мешаванд:

-тадқиқоти илмӣ вобаста ба масоили баамалбарории адолати судӣ ва назорати прокурорӣ, асосҳои фаъолияти оперативию ҷустуҷўӣ дар Тоҷикистон;

-тарбияи донишҷўён, омода кардани мутахассисони соҳаи тафтишоти судӣ ва назорати прокурорӣ дар руҳияи ахлоқи касбию масъулиятшиносӣ;

Кафедра фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва касбии худро дар асоси дурнамои корҳои илмию тадқиқотии кафедра барои солҳои 2015-2020 дар мавзўи: «Масъалаҳои такмил додани баамалбарори адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст. Вобаста ба самти тадқиқотии кафедра давоми 3 соли охир 2 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд, ки дастоварди назаррас аст. Ҳамзамон, аз ҷониби ҳайати кадрии кафедра 12 адад монография, 15 адад китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, зиёда аз 180 адад мақолаҳои илмӣ ба нашр расидаанд.

    Дар кафедра таълими фанҳои зерин ба роҳ монда шудааст: назорати прокурорӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, психологияи касбӣ (психологияи ҳуқуқӣ), ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, масъалаҳои муосири назорати прокурорӣ (магистратура), фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, принсипҳои адолати судӣ (магистратура).

      Ба ҳайати устодон ва олимони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ д.и.ҳ., профессор, мудири кафедра А.Э. Раҳматулоев, н.и.ҳ., дотсент А.А. Муҳиддинов, сармуаллимон Ҷавҳаров У.О., Ҷ.Ҷиянов, Р.Р. Раҳматуллоева, З.Б. Авезова, М.Т. Абдуллоева, М.Қаландарова, ассистентон Б.А. Қурбоназаров, Д. Мансурӣ, Б. Ҳамидуллоев, А. Иноятова, Г.Кабирзода, лаборанти кафедра Осимӣ З.О.шомил ҳастанд ва ба фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмӣ машғул мебошанд. 

Читать далее

Иқдоми шоиста

Маннон Қамарович Ҳусайнов аз зумраи олимони шинохтаи соҳаи иқтисоди тоҷик аст, ки имрўз фаъолияти илмӣ-таълимии хешро дар Донишгоҳи давлатии таҷҳизотсозӣ ва информатикаи шаҳри Москва ба ҳайси профессори кафедраи баҳисобгирии бахгалтерӣ, молия ва аудит бомуваффақият пеш мебарад. Ба қалами олими тавоно беш аз 35 асарҳои илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла 5 китоб доир ба масъалаҳои мухталифи соҳахои иқтисод, савдо  мансубанд. Асарҳои олим бозгўи масоили умдаи соҳаи иқтисод, аз ҷумла асосҳои тараққиёти соҳаи хизматрасонӣ ва савдои чакана, соҳаи хизматрасонӣ дар сатҳи муосири рушд, иқтисодиёт ва танзими давлатии он мебошанд. Асарҳои М. Ҳусайнов инчунин масоили муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсати иқтисодӣ, нақши давлат дар ҳаёти иқтисодӣ, тамоилҳои нав дар иқтисодиёти бозорӣ дар давраи гузаришро фаро гирифтаанд.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/