12 Май 2014

Суннатҳои ҷашни соли нави Хуҷандиён

Хислати интернатсионалии тоҷикон, саъйи онон ба ваҳдат, бародарӣ ва баробарии байналмилалӣ пайваста ба тарзи зиндагиашон дар навбати аввал ба шарофати пешаҳои аҷдодӣ - деҳқонӣ ва шаҳрдорӣ ташаккул ёфтааст. Охир халқе ки эҷодкори тамаддуни шаҳрӣ, саноатгар, фарҳангӣ, барзгар, боғбони асил буд, бо меҳнат ва муҳаббат аз замин ризқу рўзии мардумро мерўёнид, созандагиву бунёдкорӣ мекард, ҳеҷ гоҳ ҷангхоҳ, ғосиб, таҷовузкор, кинаҷў шуда наметавонист. Ба туфайли шуғли азалии деҳқонӣ ва шаҳрсозӣ тоҷикон ва ниёгони онон зироаткориро офарандаи зиндагӣ, зиннатгари ҳаёт медонистанд ва шаҳрҳоро ба сифати конуни иқтисодиёт ва фаранги мутараққӣ дарк менамуданд.

Читать далее

Ҳамсабақон

Дар ин рӯзҳои баҳор иди касбии иқтисоддонҳо дар мамлакати азизу ҷоноҷономон бо як ҳиссиёти баланди ватандӯсти ва миллатшиноси қайд мегардад.

Солҳои донишҷӯиам ба хотирам омад. Ман бо 90 нафар ҷавонону духтарон соли 1961 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шудем. Мо фахр менамудем, ки дар аввалин факултаи иқтисодӣ мамлакат таҳсил намуда соҳиби ихтисоси замона талаб гардидем. Илми иқтисодро аз асарҳои классикон ва олимони шинохтаи Иттиҳоди шӯравви омӯхта роҳҳои самаранок гардонии ҳаёти иқтисодиро кашф намудем. Дар он давра кулли донишҷӯён дар китобхонаи маркази ба номи А. Фирдавси, ки дар он ҷой маъракаҳои илмӣ- фарҳангӣ ташкил мешуд, иштирок мекарданд. Онҳо бо аксари олимону адибон вохӯрӣ ва робитаҳо доштанд.

Читать далее

Машъали роҳи зиё

Бароям мояи ифтихор ва саодати беинтиҳост, ки ба ҳайси яке аз мӯътақидону мухлисони пири хирад оид ба ҳаёту фаъолияти бобаракату пурҷабҳаи академики Академияи мардумии Осиёи Марказӣ, профессор, шоир, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷҷанд Ҳоҷимурод Муродӣ  хотироти хешро баён дорам. 

Шамъи хотирҳо кунун бо ранги нав, оҳанги нав,

Рӯшанӣ меоварад бар ёдҳо, устоди мо,

Кору пайкори накӯят мешавад вирди забон,

Эй равонат шод бодо, машъали роҳи зиё. 

Читать далее

Омили рушди раванди таълим

Чӣ тавре, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи бинои Маркази миллии тестӣ (20.12.2013) қайд намуданд: «Таҷрибаи кишварҳое, ки чунин тартиби қабули имтиҳонотҳоро ҷорӣ кардаанд, нишон медиҳад, ки низоми мазкур барои интихоби шогирдони дар ҳақиқат сазовори номи донишҷўӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи азхудкунии дониш, хулоса дар ҷодаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ нақши муҳим мебозад».

Читать далее

Донишгоҳи зодаи истиқлол

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки Истиқлолият буда, имрўзҳо дар арафаи воқеаи сурурбахш - таҷлили 20-солагии таъсиси махзани илму маонӣ қарор дорад. Донишгоҳ алҳол бо ташаккули ҳамаҷиҳатаи самтҳои фаъолияти худ дар равнақу шукуфоии низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат ҳамчун боргоҳи маърифат ва маскани тарбияи наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон мавқеи устувор ва шоистаи худро касб кардааст. Ин нуктаро Сарвари давлатамон зимни сафарҳо ва мулоқоташон бо устодону донишҷўёни донишгоҳ низ иброз доштаанд.

Читать далее

Муаммоҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ

      Дар мулоқоту вохўриҳояшон бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ асосан се самти тараққиёти иқтисодии ташкилоту корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқониро муайян намуданд – ин ба пуррагӣ ба фаъолият шурўъ намудании корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси ашёи хоми дохила, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бунёди роҳҳо ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ. Ин самтҳо ба ҳам хело алоқаманд буда барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дар ин васила болоравии иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.

Читать далее

Кишвари биҳиштосоро ҳифз намоем

         Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонсолҳои 2011 - 2020 – ҳамчун солҳои ҳифзи табиат ва нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ эълон шудааст. Барои амалӣ намудани ин фармон қонун дар бораи ҳифзи муҳити зист қабул карда шудааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.

Читать далее

Дар масири эҷод

Имрўзҳо фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз  Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.04.2014) бармеояд, роҳандозӣ шудааст. Дар Паём Ҷаноби Олӣ  аз ҷумла таъкид мекунанд: «Вазифаи муҳими олимони кишвар бо дарназардошти шароити давлати соҳибистиқлол таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошад.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/