08 Май 2014

Озмуни ҳунар

Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 тасдиқ шудааст, баланд бардоштани сатҳ ва сифати тарбияи зебоипарастии муҳассилинро тақозо мекунад.

Баргузории фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ба татбиқи амалии ин ҳуҷҷати муҳими соҳаи тарбия мусоидат мекунад.

Тибқи Низомнома фестивал – озмун дар ду давр  сурат мегирад. Дар иртибот ба ин Қарори Раиси вилояти Суғд аз 07.04.2014 таҳти №148 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» » ба тасвиб расид. Даври аввали озмуни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, аз ҷумла байни дастаҳои ҳунарии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, ДДҲБСТ, Донишкадаи иқтисод ва савдои  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгории шаҳри Хуҷанд  аз 21.04. то 15.05 дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Читать далее

Ҳадаф - дастгирии ниёзмандон

Санаи 8 май дар саросари олам ҳамчун Рўзи ҳаракати умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар васеъ таҷлил мегардад.

Маъракаи ҷавонон – донишҷўёне, ки дар таърихи 7 май дар маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ баргузор гардид, ба таҷлили ин санаи таърихӣ бахшида шуд. Дар он фаъолону собиқадорони ҳаракат, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва устодону муҳассилин ширкат доштанд. Аввал филми мустанади «Дирўз ва имрўзи Ҳилоли Аҳмар» пешкаши иштирокчиёни ҷамъомад гардид. Он аз фаъолияти доманадори кормандон, фаъолони ҳаракат нақл намуда, ҳозиринро ба меҳру шавқат, хайру саховат ҳидоят кард.

Доир ба самтҳои фаъолияти ҳаракати Ҳилоли Аҳмар байни муҳассилин викторина баргузор гардида, Манучеҳри Камол, Фаррух Маҳмадалиев, Наимҷон Ғаффоров барин донишҷўёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар он ғолибият ва тўҳфаҳои хотиравиро соҳиб шуданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба як гурўҳ аъзоёни нави ҷамъият – муҳассилини фаъол билетҳои узвият тақдим гардиданд.

Читать далее

Тоҷикистон рушди тоза меёбад

Паёми навбатии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-апрели соли равон барномаи мушаххаси амали мардуми кишвар барои имрўзу ояндаи зиндагии мост. Суханронии пурмўҳтавои Сарвари давлатро тариқи ҷаҳаннамо дар ҳалқаи устодону ҳамсабақон бо мароқи афзун тамошо карда, аз он болида гардидам, ки ҳамасола ба соҳаи илму маориф эътибори бештар равона магардад. Аз ҷумла, дар суханронӣ чунин зикр гашт: «Маҳз ба ҳамин хотир, ки маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, мо ба нақша гирифтаем, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли навраси халқамон ва умуман ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо намоем.»

Читать далее

Суханвари масъулиятшинос

- Киро метавон шахси суханвар, дарккунандаи маъниҳои хоси калом, дорои ҳисси баланди масъулияшиносӣ дар зебоиҳои нутқ ном бурд? Ба ин суоли дўстдорони адабиёт озмуни вилоятии «Ровии беҳтарин», ки арафаи Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирӣ ҷарён гирифт, ҷавобгўи боэътимод аст. Озмуни мазкур ба ифтихори 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 66 нафар довталабони ҷойҳои фахрӣ аз макотиби таҳсилоти олию миёна ва ҳамагонӣ, ташкилоту муассисаҳои мухталиф ташкилу баргузор гардид. Иштирокдорони озмун дар назди ҳайати бонуфузи ҳакамон, ки ба он кормандони Раёсати фарҳанг, радиову телевизион, устодони варзидаи донишгоҳҳои олии касбии вилоят, беҳтарин китобдорон шомил буданд, бо қироати намунаҳои ноби осори манзуму мансур, таронаю суруд адои ҳунар карданд.

Читать далее

Тоҷикистон – Бритониёи Кабир – Афғонистон: дўстӣ мустаҳкам мешавад

Соли 2014 ташкилоти умумиҷаҳонии ҷамъиятии «Хадамоти волонтёрон дар хориҷа» (VSO) ва Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) бори дуюм дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Хизмати шаҳрванди байналмилалӣ»-ро, ки аз тарафи Созмони BFID маблағгузорӣ ва шахсан аз ҷониби сарвазири Бритонияи Кабир пуштибонӣ шудааст, амалӣ менамояд. Лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷавонон дар самти рушди ҷомеа ширкат варзида, ҳамкорию дўстиро байни кишварҳои Бритониёи Кабир, Афғонистон, Соири мамлакатҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон тақвият бахшад.

            Лоиҳаи мазкур дар меҳвар 20 нафар ҷавононро аз Бритониёи Кабир, 4 нафар ҷавононро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 16 нафар ҷавонони дигарро аз Чумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ гардонидааст.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/