Апрель 2014

30 Апрель 2014

Таблиғгарони ҳуҷҷати муҳим

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 23 апрел тариқи садо ва симои кишвар пахш гардид, барномае маҳсуб мегардад, ки рушди тамоми соҳаҳои мамлакатро фаро мегирад. Дар Паём барномаи рушди соҳаҳои хоҷагии халқ барои 7 соли оянда муқаррар гардид.

Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барои аҳли ҷомеа, чун роҳнамои зиндагӣ ва асоси ташаккул хизмат менамояд. Дар таблиғи нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳим ҳайати устодону профессорон ва кормандони донишгоҳ ҳамаҷиҳата саҳм мегиранд. Баробари он, ки дар сўҳбату мулоқотҳо бо донишҷўён мўҳтавои ин ҳуҷҷати муҳимро ба муҳассилин ҳамаҷиҳата фаҳмонда медиҳанд, устодон тариқи телевизион ва радио оиди моҳияти созандагии Паём баромадҳои ҷолиб  меороянд.

Читать далее

Бо натиҷаҳои назаррас

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 730 аз 16.04.2014 ва мактуби расмии Вазорати маориф ва илм №05/1-1244 аз 21.04.2014 рўзҳои 25-26 апрел дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври хотимавии олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (равияи фанҳои гуманитарӣ) баргузор гардид.

Олимпиада дар асоси «Низомномаи олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30 марти соли 2010, №5/32) аз рўи фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик (равияҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ), забон ва адабиёти рус (тахассусӣ ва ғайритахассусӣ), забони англисӣ (тахассусӣ ва ғайритахассусӣ), таърих (тахассусӣ ва ғайритахассусӣ), фалсафа ва сиёсатшиносӣ (равияи ғайритахассусӣ) ҷараён гирифта дар он наздик 200 нафар донишҷўёни беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 28 донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат фаъолона ширкат варзиданд.

Читать далее

24 Апрель 2014

Бо таваҷҷўҳи зиёд

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар таърихи 23 апрели соли 2014 дар Иҷлосияи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ҳайати устодону профессорон, кормандону муҳассилини Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гарму ҷўшон истиқбол намуданд.

Тамошои сарҷамъонаи Паём бо иштироки фаъолонаи кулли устодону муҳассилин, кормандон дар маҷлисгоҳи асосӣ, маҷлисгоҳи Шўрои олимон ва дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ роҳандозӣ гардид.

Дар сўҳбатҳое, ки баъди тамошои Паёми Президенти кишвар аз ҷониби намояндагони раёсат, ҳайати устодону профессорон бо кормандону муҳассилин баргузор гардиданд, олимон ин ҳуҷҷати муҳимро роҳнамои фаъолияти минбаъда  дар кори тарбияи шоистаи насли ояндасоз арзёбӣ намуда, нуктаҳои муҳими онро ба ҳозирин фаҳмонида доданд.

Читать далее

Олими пешбарандаи иқтисодиёт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши илмҳои дақиқ, аз ҷумла ба саҳми фанни математикаи олӣ дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ баҳои баланд дода, онро яке аз омилҳои муҳими пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа арзёбӣ кардаанд.

Ҷиҳати татбиқи  ин ҳидояти созандаи Сарвари давлатамон дар кафедраи математикаи олӣ ва моделсозӣ тадбирҳои зиёде амалӣ мегарданд. Дарси кушоди амалии дотсенти кафедра Ё. Мўҳсинов, ки дар таърихи 23.04.2014 бо муҳассилини соли аввали ихтисоси 1-40.01.02.02–и гурўҳи тоҷикии факултети инноватсия ва телекоммуникатсия дар мавзўи «Интеграли муайян ва хосиятҳои он» баргузор гардид, аз зумраи ҳамин чорабиниҳои муфид маҳсуб мегардад.

Читать далее

23 Апрель 2014

Бо сарфарозию шукргузорӣ


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияро ҷузъи фарҳанги миллӣ дониста, барои рушду инкишофи соҳа пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар партави сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат таъсис ёфта, 16 апрели соли 2014 бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, меҳмонон аз
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ,  роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, хатмкунандагони донишгоҳ аҳли ҷомеа ҷашни 20-солагии таъсисёбиашро таҷлил намуд.

Қабл аз баргузории тантанаҳо меҳмонону иштирокчиёни ҷашн аз Осорхонаи таърихии таҷдидгаштаи донишгоҳ дидан намуданд, дар маросими ифтитоҳи Маркази компютерӣ ширкат варзиданд.

Читать далее

22 Апрель 2014

Ҷом ба муҳассилин

Бо ибтикори раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе даври дуюми Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.  Дар озмуни мазкур аз ҳаждаҳ мактаби олии касбии мамлакат бештар аз 200 нафар донишандўзони пешсаф дар риштаҳои ихтисоси интихобнамудаи хеш қувва озмуданд. Боиси сарфарозист, ки дар ин озмун шаш нафар муҳассили донишгоҳи мо фаъолона ширкат карданд. Шахсан худи ман дар риштаи таърих назди ҳакамони озмун – олимони шинохтаву варзидаи мамлакат аз санҷишҳо сарбаландона гузашта бо холҳои баландтарин ба дарёфти ҷойи якум ва Ҷоми таъсиснамудаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидам.

Читать далее

Ғолибият

Дирўз дар маркази вилоят даври аввали мусобиқоти дастаҳои ҳозирҷавобони шўхтабъ (КВН) – и омўзишгоҳҳо ва макотиби олии касбии вилоят баргузор гардид. Дар он намояндагони ҳашт муассисаи таълимӣ байни ҳам қувва озмуда, донишу маҳорати худро намоиш доданд.   Дастаи ҳозирҷавобони шўхтабъи маъвои маърифати мо дар ҳайати А.Дадобоев, Шаҳриёри Қурбон, И. Сафаров, П. Одилова, Ф.Камолова, Д.Бобоҷонов, П. Машарифова, Н.Умарова, М.Мирзошарифов, А.Ўрунов бомаҳорат ҳунарнамоӣ карда, сазовори холи баландтарини аъзоёни ҳакамон ва роҳхат ба даври навбатӣ гардид.

Читать далее

Китобҳои нав – армуғони ҷашнӣ

Ба ифтихори ҷашни 20 – солагии таъсисёбии донишгоҳи маҳбубамон китобхонаи маъвои маърифат аз номи устодону кормандон ба миқдори зиёд  китобҳои тозанашрро ҳадя гирифт. Китобҳои мазкур ба соҳаҳои таълим, тарбия, илм, ҳамчунин ихтисосҳои дар донишгоҳ омўхташаванда пайвандӣ дорад. Адабиёти навине, ки чанд рўз қабл таҳти унвони «Ганҷинаи хирад аз китобҷў»- муаллифон С. Кенҷаев, Ҳ. Ғаюров; «Накҳати шохаи райҳон»-муаллифон Ғ. Ҷўраев, А. Ғафуров; «Меҳри касб»- муаллифон С. Кенҷаев, Ё. Мўҳсинов; «Учебное пособое по русскому языку для студентов юридического факультета»- муаллифон М. Хоҷаева, М. Неъматова; «Гумрук-дарвозаи давлат»- муаллиф У. Абдуғаниев; «Русский язык для экономических специальностей»- гурўҳи муаллифон; «Русский язык для студентов гуманитарных специальностей: учебно-методический комплекс»-

Читать далее

19 Апрель 2014

Шўъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ, татбиқи буҷа ва маблағҳои махсус

Шӯъбаи иқтисодӣ

Мудири шӯъба – Маҳмудов Маъруфҷон Қаюмҷонович

Мудири шӯъба мувофиқат кардани муомилоти хоҷагиро бо қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ва назоратро аз болои ҳаракати молу амвол ва иҷрои ӯхдадориҳо таъмин менамоянд.

Мудири шӯъба фаъолияти зеринро амалӣ менамояд;

·            коркард ва тартиб додани нақшаҳои солонаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва рушди иҷтимоии донишгоҳ,

·            тартиби тақсимоти захираҳои молиявӣ;

·             назорати даромади маблағи таълимпулӣ;

·             назорати ҳаракати воридоту содироти амвол аз рӯи қонуну қарорҳои пешниҳодшуда;

·             таҳлили иҷроиши нақшаҳо, ҳисоботҳои фаврӣ ва  муҳосибии фаъолияти молиявӣ;

·             тартиби ҳуҷҷатгузории ҳуҷҷатҳои ҳисобу нақшавӣ;

·             тартиби муайян намудани арзиши аслии маҳсулоту хизматрасонӣ, коркарди дастурҳои муайян    намудани арзиши меҳнат ва муайян намудани нархҳои яклухт ва чакана;

·             усулҳои таҳлили иқтисодии нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагидории муассиса ва зерсохторҳои он;

·             иқтисод, ташкили хоҷагидорӣ, меҳнат ва идоракунӣ;

·             тартиб додани таҳлилҳо ва сметаҳои донишгоҳ дар муҳлати муайяншуда;

·             назорати истифодабарии сарфакоронаи маблағҳо;

·             назорати беҳтар намудани истифодаи хароҷоти воситаҳои гардишӣ;

Читать далее

Дар сўҳбати соҳибдилон

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузории мулоқоти устодону муҳассилин бо намояндагони илму адаб, шахсиятҳои барўманд ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Ба ифтихори ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ин дафъа аҳли донишгоҳ бо намояндагони илму адаби кишвар  сўҳбати  гарму  самимӣ оростанд.

Маҳфилро бо суханони муқаддимавӣ ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўрабоев ифтитоҳ бахшида, меҳмонони гиромиқадрро ба ҳозирин муаррифӣ намуд ва онҳоро ба маъвои маърифат самимона хайрамақдам гуфт.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/