Март 2014

28 Март 2014

Шодмонии хурдсолон

Дар  иртибот  ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № АП – 159 ва мактуби Вазорати маориф ва илми мамлакат ибтидо аз соли равон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сарпарастии Комплекси кўдакистон – мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷандро ба зима гирифтааст.

  Дар арафаи ҷашнвораҳои Наврўзи оламафрўз ва 20 – солагии таъсисёбии ДДҲБСТ намояндагони маъвои маърифат меҳмони кўдакистон – мактаби мазкур гардида, хурдтаракону хонандагонро бо иди саиди миллати куҳанбунёдамон таҳният гуфтанд. Чун тўҳфаи идона намояндагони донишгоҳ ба толибилмони ин муассисаи таълимӣ  50 килограмм орд, 50 килограмм шакар, 50 килограмм сабзӣ, 15 килограмм равған, 10 килограмм намак, 24 килограмм макарон, 80 дона маҳсулоти қаннодӣ ба маблағи умумии 1500 сомонӣ маводи  хўрока тақдим намуданд.

Читать далее

20 Март 2014

Дар сўҳбати адибон

Дар арафаи ҷашни Наврўзи дилафрўз  - санаи 14 марти соли 2014 устодону муҳассилини факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ бо аҳли адаб – раиси шўъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шоири ширинкалом Аҳмадҷони Раҳматзод ва Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Муҳиддини Хоҷазод  сўҳбати  гарму  самимӣ  оростанд. Мулоқотро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия, дотсент М. Набиҷонова бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшида, меҳмонони иззатмандро самимона хайра мақдам гуфт. Сипас нависандаи маъруф, устод Муҳиддини Хоҷазод, шоири маҳбуб Аҳмадҷони Раҳматзод бо навбат ба сухан баромада, доир ба нақши адабиёт дар камолоти маънавии ҷавонон бо ҳарорат ҳарф заданд.

Читать далее

Мақсад – ташаккулу камолоти муҳассилин

Ҷиҳати ташаккулу камолоти муҳассилин, ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намудани онҳо, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҳуқуқвайронкунию  ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон тибқи нақшаи якҷояи РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар китобхонаи илмии донишгоҳ  мулоқоти намояндагони мақомоти мазкур бо устодону муҳассилини факултетҳои донишгоҳ  доир гардиданд. Мулоқоте, ки санаи 11.03.14 бо иштироки муовини сардори Хадамоти пешгирии ҷинояткории ВКД дар вилояти Суғд, полковники милитсия Пўлодҷон Саидов, нозири калони шўъбаи назорати бехатарӣ аз сўхтори Раёсати хадамоти  давлатии оташнишонии вилояти Суғд, капитани милитсия Ҷамшед Зоиров, нозири калони Хадамоти пешгирии ҷинояткории ВКД дар вилояти Суғд лейтенанти калони милитсия К. Нарзуллоев ва устодону муҳассилини факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ баргузор гардид, бо пурсишу посухҳои иштирокдорон басо хотирмон буд.

Читать далее

17 Март 2014

Маркази тестӣ

 

Маркази тестии донишгоҳ моҳи феврали соли 2014 бо мақсади дар сатҳи муосир ва шаффоф ба роҳ мондани ҷараёни санҷиши дониши муҳассилин бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шудааст.

Солҳои аввали ташкилшавӣ аз феврали соли 2014 то марти соли 2015 маркази тестӣ таҳти роҳбарии номзади илмҳои физикаю математика Ф.Ш. Шокиров қарор дошт. Аз моҳи марти соли 2015 то августи соли 2016 иҷрокунандаи вазифаи сардори маркази тестӣ М.А. Зокиров буд. Аз моҳи августи соли 2016 то ҳол А.А. Шамсиев ба вазифаи сардори маркази тестии ДДҲБСТ фаъолият мебарад.

Мақсад ва вазифаҳои асосии марказ фаъолияти марказ:

• Ба таври автоматӣ гузаронидани санҷиши сатҳи маълумотнокии донишҷӯён;

• Таъмин намудани ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим бо иттилоот оид ба сатҳи азхудкунии фанҳои нақшаи таълимии ихтисосҳои донишгоҳ;

• Таъмини воқеият ҳангоми баҳодиҳии сатҳи дониш;

• Санҷиши дараҷаи азхудкунии барномаи таълимӣ аз тарафи донишҷӯён.

• Мукаммал намудан ва ба меъёр овардани воситаҳои тадқиқи оммавии сатҳи дониш;

• Таъминоти методии технологияи таҳияи саволномаҳои тестӣ;

• Кор карда баромадани таъминоти методӣ ва техникии ҷараёни имтиҳоноти марказонидашуда;

• Ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидашуда;

• Таҳияи ҷадвали гузаронидани назорати марказонидашуда, бо ишораи фанни таълимӣ, оғоз ва интиҳои имтиҳонот ва рўйхати имтиҳонсупорандагон.

• Гузаронидани таҳлили натиҷаҳои назорати марказонидашуда;

• Кор карда баромадани намунаҳои шакли компютерии саволномаҳои тестӣ (бо забони русӣ ва тоҷикӣ) ва ҳуҷҷатҳои зарурии ҷараёни назорати тестӣ;

Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 18.02 2014 с., № 05/2-681) қабули имтиҳонҳои ҷорӣ барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ ба намуди тестӣ дар маркази тестии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Имтиҳони тестӣ тариқи барномаи “СКАРТ” ташкил ва баргузор мегардад.

Маркази тестӣ вобаста ба зарурати корӣ бо ҳамаи сохторҳои донишгоҳ ҳамкорӣ менамояд.

Фаъолияти марказ дар асоси ҳамкорӣ бо сохторҳои донишгоҳ дар самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

• Кор бо кафедраҳо – оид ба таҳия ва пешниҳоди маводҳои тестӣ.

• Бо шӯъбаи таълим – оид ба масъалаҳои таҳияи (графикӣ) ҷадвали имтиҳоноти марказонидашуда.

• Бо деканатҳо – оид ба ташкилу ҷараёни гузаронидани имтиҳоноти марказонидашуда дар факултетҳо.

• Бо шӯъбаи технологияи инноватсионӣ – оид ба ҷиҳатҳои шабакавӣ-техникии гузаронидани имтиҳоноти марказонидашуда.

• Бо шӯъбаи ҳуқуқ – оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва риояи санадҳои ҳуқуқӣ.

• Бо раёсати рушди инноватсионии донишгоҳ – оид ба барномаи СКАРТ ва модулҳои тест.

Мутахассисони маркази тестӣ Зокиров Махкамҷон Аҳмадович ва Ахмедов Набиҷон Ғаниҷонович, барномасоз Аминҷонов Шӯҳрат Юсуфҷонович, оператори маркази тестӣ Қаюмов Абдуқайюм Абдурозиқович

Сардори маркази тестӣ: А.А.Шамсиев

Тамос: Тел: (+99292) 802-55-57, (83422) 2-03-16

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Читать далее

Сўҳбатҳои ошкорою муфид

Имрўзҳо силсиламулоқоти ректори донишгоҳ Ҷ. Ҷўрабоев бо муҳассилини факултетҳо бомуваффақият ҷараён дорад. Ин тадбири муфиду саривақтӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ дар моҳи марти соли равон бо кулли муҳассилини факултетҳо баргузор мегарданд.

Раёсати донишгоҳ баргузории силсиламулоқотро бо муҳассилин дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии маъвои маърифат бо ректори донишгоҳ бо он мақсад  ташкилу роҳандозӣ карда истодааст, ки  дар  сӯҳбатҳои  рӯ ба рӯ бо муддао ва мушкилиҳои ҳаёти донишҷўён аз наздик ошно гардад, барои ҳаллу фаслаш мусоидат намояд. Ин тадбир аз он ҷиҳат муфиду саривақтӣ аст, ки имкони сӯҳбати ошкорои ҳамаи муҳассилину устодони факултетҳо бо роҳбарияти донишгоҳ фароҳам меояд, ҳар як иштирокчии мулоқот метавонад бе ҳеҷ монеа оиди ҳаллу фасли  ин ё он масъала ба раёсат муроҷиат намояд.

Читать далее

Тадбирҳои судманд


Аз ҷониби раёсати маъмурию хоҷагӣ дар самти корҳои ободониву кабудизоркунӣ якчанд тадбирҳо амалӣ гардиданд. Аз ҷумла дар саҳни бинои асосии донишгоҳ, варзишгоҳ ва бинои таълимии №2 зиёда аз 300 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуданд. Дар масоҳати 1,5 гектар замини назди донишгоҳ киштукори баҳорӣ ҷараён гирифт. Шинонидани зиёда аз 5 ҳазор бех гулҳои садбарг ва зиёда аз 300 бех ниҳолҳои мевадиҳанда дар мавзеи шафати варзишгоҳ, бинои таълимии №2 ба нақша гирифта шудаанд. Таъмиру ба эътидол овардани кори пойгоҳҳои обкашии донишгоҳ рўзҳои наздик ба сомон расонида шуда, дастгоҳҳо ба мавсими навбатии обёрӣ омода мегарданд. 
Имрўз шудгори заминҳои минтақаи таҷрибавӣ- истеҳсолии Қайроққум ва сафед намудани танаҳои дарахтон ҷараён дорад.

Читать далее

14 Март 2014

Дар олами китоб

Дар китобхонаи илмии донишгоҳ ташкили чорабиниҳои илмию фарҳангӣ бо мақсади равшанӣ бахшидан ба мазмуну мундариҷаи махзани китобҳои илмӣ, таълимӣ, бадеӣ ва дигар нашрияҳо ва барои дар руҳияи ватандўстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия намудани муҳассилин аз омилҳои муҳиб ба ҳисоб мераванд. Бо ин мақсад дар толори китобхона дар моҳи феврал баргузории намоишҳои гуногуни мавзўӣ аз қабили «Тоҷикистон: дирўз ва имрўз» («Таджикистан: день за днем») бо сарлавҳаҳои: «Соли 2014 – соли ҷашни 20-солагии Рўзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумхурии Тоҷикистон», «Соли 2014 - соли вусъати ободонию созандагӣ», «21 феврал – Рўзи байналхалқии забони модарӣ» ташкил шудаанд. Дар давоми соли таҳсили равон дар ҳамдастӣ бо кафедраҳои тахассусӣ баргузории конференсияҳои илмӣ – назариявӣ бахшида ба Рўзи Рўдакӣ, Рўзи забони давлатӣ ва мизи мудаввар бахшида ба 105 – солагии академик Б. Ғафуров ташкил гардиданд.

Читать далее

Дар мавзўи муҳим

Дар таърихи 5 марти соли 2014 дар китобхонаи илмии донишгоҳ ба ифтихори 20-солагии ДДҲБСТ таҳти унвони «Масоили мубрами педагогӣ, психологӣ ва методикаи таълими замони муосир» конференсияи таълимӣ-методӣ баргузор гардид. Дар чорабинии муфид олимону мутахассисони соҳаи педагогика аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ширкат варзида, доир ба масъалаҳои мухталифи таҳсилот, психология ташкил ва гузаронидани дарс, такмили ихтисос андешаҳои ҷолиб баён доштанд. Махсусан маърўзаҳои сармуаллими кафедраи педагогика ва психологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Ғ. Холиқов, мудири кафедраи назарияи иқтисоди донишгоҳ, дотсент Х. Назаров, мутахассиси Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои ДДҲБСТ, дотсент С. Кенҷаев хеле шавқовар ва пурмазмун буд. Мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот, дотсент Х.

Читать далее

«Модар – нерўбахши зиндагӣ»

Таҳти ҳамин унвон дар таърихи 7 – март ба ифтихори Рўзи Модар дар факултети инноватсия ва телекоммуникатсия чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ, ки хеле шавқовару диққатҷалбкунанда ҷараён гирифт, муҳассилин Г. Мадаминова, М. Шукурова, М. Мансурова, Ф. Мадаминова, М. Бегматова, М. Холмамадова аз ашъори шоирони тоҷик намунаҳоро дар васфи зан, модар, гуфторҳои бузургони суханро доир ба ин мавҷудоти муқаддас бо самимияти зиёд қироат карданд. Суруду тарона, рақсҳои дилошўби гулдухтарони факултет, намоишҳои саҳнача дар мавзўи «Қадри модар бидон!» шукўҳи чорабиниро афзуд. Дар сухани ҷамъбастиаш декани факултет, дотсент Ҳ. Ғаюров бонувонро бо иди зебои баҳорӣ табрик гуфта, барояшон дар кору таҳсил равнақу барор таманно кард.

Читать далее

Олимони соҳаи иқтисод машварат оростанд

Дар таърихи 7 марти соли 2014 дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2 бо иштироки олимони соҳаи иқтисоди вилояти Суғд, мудирони кафедраҳо ва устодони соҳаи иқтисоди донишгоҳ семинарии илмӣ-назариявӣ ва методологӣ баргузор гардид. Аввал раиси Шўрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Алиҷон Бойматов ҳозиринро бо тағйиротҳо дар тартиби ҳимояи рисолаҳо ва низоми нави Комиссияи Олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия батафсил шинос намуд. Сипас доир ба мавзўъҳои «Методологияи тадқиқот ва роҳҳои баланд бардоштани сифати рисолаҳо», «Унвонҷў – зинаҳои баланд бардоштани сатҳи тайёрӣ ба ҳимояи рисола» муовинони раиси Шўрои дифои ДДҲБСТ, докторони илмҳои иқтисод, профессорон Азизулло Авезов ва Аброр Мирсаидов гузориш доданд.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/