28 Февраль 2014

28 Февраль 2014

Мақсад: пешгирии ҳодисаҳои номатлуб

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва  бо устодону муҳассилини факултетҳо оғоз ёфт. Нахустин чунин мулоқот санаи 17  феврали соли 2014 дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ ба вуқўъ пайваст.

            Мулоқотро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия, дотсент М.Р.Набиҷонова ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ў зикр намуд, ки бо вуҷуди таваҷҷўҳу эътибори ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бархе аз ҷавонону ноболиғон даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мезананд. Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб – ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳамчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ аз вазифаҳои муҳими рўз маҳсуб меёбанд.

Читать далее

Ба шарафи ҷашн

Ба ифтихори Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон силсилаи мулоқоту вохўриҳо баргузор гардиданд. Аз ҷумла, санаи 21 феврал донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ бо иштироки нозири шўъбаи №2 оид ба қайдгирии донишҷўёни муассисаҳои миёнаи махсус ва олии Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд, полковник А.И.Қурбонов,  старшинаи  баталёни махсуси зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев, собиқ кормандони мақомоти прокуратураи кишвар Ҷ.Ҷиянов, У.Ҷавҳаров, ҳамчунин сармуаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика К.И.Пўлодов маҳфили бошукўҳ оростанд.  Меҳмонон  назди донишҷўён сухан карда, оид ба таърихи таъсисёбии   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хидмат ба Ватан-модар, тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии мамлакат дар пайванд ба ин масъалаҳо самимона изҳори андеша карданд.

Читать далее

Дарси кушоди тарбиявӣ

Бо иштироки меҳмонон, афсарони мустафъӣ  А.Қурбонов, У.Абдуғаниев, И.Раҳимӣ, Б.Исмоилова бахшида ба таъсисёбии Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон   дар   факултети  инноватсия ва телекоммуникатсия  низ чорабиниҳо  ҷараён гирифтанд.

Аз ҷумла, роҳбари  гурўҳи академии соли дуюми факултети  инноватсия ва телекоммуникатсия Ҳ.И. Атоева машғулияти кушоди тарбиявии худро доир намуд, ки унвони он «Артиши миллӣ – сипари  боэътимоди миллат» буд. Ба ин машғулияти кушоди тарбиявӣ аз Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд, шўъбаи бақайдгирии даъватшавандагони  донишгоҳ, ҷанговарони байналмилал  аз шаҳри Хуҷанд даъват шуда буданд.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/