27 Февраль 2014

Дастоварди нави Далер

Аз 21-ум то 31-уми январи соли 2014 дар шаҳри Банкоки кишвари Тайланд чемпионати Осиё байни ҷавонон оид ба бокс баргузор гардид. Дар ин мусобиқа вилояти Суғдро донишҷўи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳамон Далер Сулаймонов намояндагӣ карда, ғолибият ба даст овард.

Далер дар ин чемпионати бонуфуз дар вазни +91 кг ҷои сеюмро ишғол ва соҳиби медали биринҷӣ, сертификат гардид. Вай дараҷаи устоди байналхалқиро соҳиб шуд. 

Бояд зикр кард, ки дар чемпионати мазкур варзишгарони 25 давлати Осиё ширкат доштанд. Имрўз Далер ба чемпионати ҷаҳон омодагӣ мегирад. Зеро ғолибияти ў дар ин чемпионат, ки моҳи апрели дар шаҳри Сафияи Болгария баргузор мегардад, барои Далер ҳалкунанда аст.

Читать далее

Дар меҳмонии ҳунармандон

Намоишномаи «Таксисти ошиқ» аз беҳтарин осори саҳнавии Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят таи солиёни охир ба шумор меравад. Намоишнома ба қалами драмнависи англис Алфред Рей мансуб буда, онро шоир ва драмнависи шинохта Саидамин Ҷило ва ҳунарпешаи бомаҳорат Саодат Саломова басо шевои дилчасп ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Саркоргардони театр, ҳунарманди ҷавону хушсалиқа Қурбонҷон Бобоҷонов барои ҷолибу диданӣ таҳия шудани намоишнома заҳмати фаровон ба харҷ додааст.

Читать далее

Сухан доир ба масъалаҳои забон

Моҳи ноябри соли 1999, бо қарори Юнеско 21-феврал Рўзи байналхалқии забони модарӣ муқаррар гардид. Аз соли 2000-ум инҷониб ин сана ҳамчун рўзи гиромидошти забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар таърихи 21-феврали соли 2014 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и донишгоҳ ба муносибати Рўзи байналмилалии забон ҷамъомади илмӣ-назариявии байнидонишгоҳӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, устодону донишҷўён иштирок доштанд.

Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўрабоев маҳфили илмиро бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшида, меҳмонони иззатмандро хайрамақдам гуфт ва доир ба мавзўи баргузории ҷамъомад мухтасаран сухан ронд.

Читать далее

Бахшида ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳ

Дар таърихи 21-феврали соли 2014 дар толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ бахшида ба 21-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ибтикори раёсати факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ хеле шавқовар ҷараён гирифт. Декани факултет, доктори илмҳои таърих, профессор Фурқат Ҳомидов, намояндаи Комиссариати ҳарбии вилоят ба сухан баромада, аҳли нишастро бо ҷашн самимона табрик гуфтанд ва зикр карданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бо нангу номус ва шуҷою далери худро мебинанд.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/