24 Февраль 2014

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Сардори шўъба, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Ҳакимова Башорат Наимовна

Шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа, ки қаблан чун Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ зикр мегашт, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз санаи 29 январи соли 2016, таҳти №40 бо унвони имрўза бадали ном кард. Оғози фаъолияти шўъба аз моҳи сентябри соли 2012 аст. Дар асоси Низомномае, ки бо қарори ҷаласаи Шўрои олимони ДДҲБСТ аз 20.09.2012, №1 тасдиқ шудааст, шўъба фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи иттилоот, таҳсилоти олӣ ба татбиқи сиёсати давлату ҳукумат дар соҳаи маориф, тарғиби арзишҳои маънавию фарҳангӣ, дар руҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, вусъати фазои иттилоотӣ, таҳкими робита бо воситаҳои ахбори умум, ҷалб намудани онҳо барои инъикоси ҳамаҷиҳатаи дастоварду пешравиҳои донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам, густариши ҳамкории донишгоҳ ва оила, ташкилоту корхонаҳо равона намудааст.

Шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи донишҷўён, таҳлили сатҳи фаъолияти сохторҳои донишгоҳ, омўзиш ва таҳлили афкори ҷомеа, мустаҳкам намудани робитаи донишгоҳ бо ҷомеа ва ВАО таъсис дода шуда, риоя ва сатҳи иҷроиши саривақтӣ ва самараноки санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо, консепсияҳо, иҷроиши саривақтии фармонҳо, қарорҳо ва масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия ва илму таҳсилотро мавриди назорат, таҳлил ва натиҷагирӣ қарор медиҳад.

Туфайли таъсиси шўъба доираҳои ҳамкории байни донишгоҳу воситаҳои ахбори умум ҳамаҷониба густариш ёфт. Ҳамин аст, ки оиди фаъолияти аҳли донишгоҳ, дастовардҳои навини он тавассути телевизионҳои давлатию хусусӣ пайваста барномаву гузоришҳо таҳия ва пахш мегарданд. Дар саҳифаҳои нашрияҳои даврии маҳаллию ҷумҳуриявӣ хабару мақолаҳо перомуни самтҳои фаъолияти донишгоҳ ба нашр мерасанд. Сомонаи донишгоҳ бо маводе, ки фарогири рўйдодҳои навини ҳаёти илмию таълимӣ ва тарбиявию фарҳангии донишгоҳ мебошанд, мунтазам таъмин карда мешаванд.

Робитаи байни донишгоҳ ва воситаҳои ахбори умум дар пояи баланд роҳандозӣ шуда, туфайли ин ҳамкорӣ шўъба бо як қатор рўзномаҳо ба таҳияю нашри саҳифаҳои махсус аз ҳаёт ва фаъолияти ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ мушарраф гардид.

Дар шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа сабти навору гузоришҳои ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ, омўзгорони пешқадам, таҷрибаҳои шоиста ҳифзу нигаҳдорӣ шуда, пайваста ба воситаи телевизиони дохилидонишгоҳӣ ва шабакаҳои дигар ба намоиш гузошта мешаванд. Шўъба ҳамкориашро бо шўъбаи технологияи инноватсионӣ пайваста вусъати тоза бахшида, аз имкониятҳои шабакавии донишгоҳ самаранок истифода мебарад. Туфайли ҳамкорӣ бо шўъбаи технологияи инноватсионӣ фаъолияти телевизиони дохилидонишгоҳӣ рушд намуда, доираи пахши иттилоот густариш дода шуд. Дар назди шўъба барномаи иттилоотии ҳармоҳаи «Набзи донишгоҳ» таъсис ёфт. Бинандагони барнома дар давоми 30-45 дақиқаи пахши иттилоот бо навигариҳои ҷолиби ҳаёти донишгоҳ ҳамаҷиҳата ошно мешаванд.

Тавассути шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа тариқи телевизионҳои марказию маҳаллӣ ва дохилидонишгоҳӣ пешкаши бинандагон гардонида шудани силсилабарномаҳои фарҳангӣ, мизҳои мудаввар, «Интеллект-Шоу», барномаҳои маърифатӣ-ҳуқуқии «Кошонаи маърифат» ва «Набзи донишгоҳ» аз падидаҳои ҷолиби ҳаёти илмию маърифатии ДДҲБСТ маҳсуб меёбанд.

Таҳияи нақша-чорабиниҳо вобаста ба қарорҳои Шўрои олимон, ҷаласаҳои раёсати донишгоҳ, мулоқоту вохўриҳои ректори донишгоҳ бо муҳассилину устодони факултетҳо, чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва таҳлилу натиҷагирӣ аз вазъи иҷрои онҳо аз самтҳои муҳими фаъолияти шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар нақшаи кории шўъба таҳлили вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷой дода шуда, рафти иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони шўъба таҳлил ва дар Шўрои олимони донишгоҳ, ҷаласаҳои раёсати донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Таҳлили вазъи иҷрои ҳуҷҷатҳои воридотии назоратӣ аз самтҳои дигари фаъолияти шўъбаи таҳлил ва робита бор ҷомеаи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои воридшаванда таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад.

Аз рўзҳои нахустини таъсисёбии шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа сарварии онро Аълочии маорифи Тоҷикистон, номзади илмҳои физика - математика, дотсент Р.А. Ахмедов бар ўҳда дошта, ҳамчун роҳбар барои рушду такомули ин сохтор, афзун гардидани нуфузу эътибори донишгоҳ саҳми босазо гузошт. Дар шўъба инчунин узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ғ. Ҷўраев номзади илмҳои филологӣ, дотсент Б.Н. Ҳакимова., С.Х. Амаков, Р. Ҳикматуллоев, Н. Валиева фаъолият намудаанд.

 

Ҳайати кормандони шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа моҳи августи соли 2015 қисман тағйир ёфта, дар он мутахассисон А.Ҷ. Султонова Охунҷонова Н.Р., наворбардор Ҳикматуллоев Р.Н., муҳаррири сомонаи берунии донишгоҳ Амаков С.Х., аксбардор С.Юсуфӣ ва коргузор Ахмедова С.Н. фаъолият бурданд. Роҳбарии шўъбаро аз моҳи августи соли 2015 то сентябри соли 2016 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рустамов Ш.Р. ба зимма дошт. Аз оғози соли хониши 2016-2017 сохтор ва ҳайати кормандони шўъба қисман тағйир ёфт: идораи нашрияи донишгоҳии «Маъвои хирад» ба шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа гузаронида шуд. Моҳи октябри соли 2016 роҳбарии шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаро номзади илмҳои филологӣ, дотсент И. Раҳимов ба зимма дошт. Айни замон, аз санаи 1 ноябри соли 2016 роҳбарии шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳакимова Башорат Наимовна ба зимма дорад. Шўъба дар ҳайати зерин фаъолияти худро пеш мебарад: сардори шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа, Аълочии маорифи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Б.Н Ҳакимова, сармуҳаррири нашрияи донишгоҳии «Маъвои хирад», узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон С.Дадобоев, мутахассисон Н.Р. Охунҷонова, С.Э. Шарифова, наворбардор М.Юсупов, аксбардор М.Ҷ. Қосимов. 

Рўйхати таълифоти илмӣ

Тел.барои тамос: 8(3422) 2-17-15

Еmail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Читать далее

Иттифоқи касаба

Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДДҲБСТ

Амонов Аминҷон Ҷамолович

 

Фаъолияти Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба дар асоси Низомнома ва тибқи шартномаи коллективӣ байни раёсати донишгоҳ ва КМИК барои се сол ба амал бароварда мешавад. Дар шартнома асосан масъалаҳои ташкили меҳнат, дар бораи шакл, низоми пардохти музди меҳнат, мукофотпулиҳо, кўмакпулиҳо, ҷубронпулиҳо, пардохти иловагӣ ва амсоли ин инъикос ёфтааст. Рафти иҷрои бандҳои шартнома пайваста зери назорати кормандони кумита ва раёсати донишгоҳ қарор мегирад.

Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ масъалаҳои гузошташударо дар ҷаласаҳои худ тибқи маҷмўаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳаллу фасл мекунад. Кумита раванди фаъолияти худро барои таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои устодону донишҷўён ва кормандон, таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо равона кардааст.

Соле як маротиба маҷлиси ҳисоботии кумита бо ҳузури намояндагони раёсати донишгоҳ ва мақомоти болоии кумитаи иттифоқи касаба гузаронида мешавад, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти амалӣ, молиявӣ ва амсоли ин баррасӣ мегарданд.

Дар давоми фаъолияти кумита роҳбарии онро У. Орифхўҷаев Ф.М. Сатторова, Ф. Исоқов, О.О. Бобоева, М.Р. Дониёров, К.М. Баҳодуров ба ўҳда доштанд.

Дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботии КМИК-и донишгоҳ, ки 9 декабри соли 2012 баргузор гардид, Амонов Аминҷон Ҷалолович раис ва Абдуваҳобова Толибахон Кенҷаевна муовини раис интихоб гардиданд. КМИК- и донишгоҳ имрўзҳо барои тақвият бахшидани корҳои оммавӣ-ташкилӣ, беҳдошти шароити кору зиндагии аъзоён тадбирҳои муфид меандешад. Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДДҲБСТ дар соли сипаридашуда фаъолияти худро тибқи Сарқонуни Ҷумҳури Тоҷикистон, Қонуни конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба ва кафолатҳои фаъолияти онҳо»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷаъмияти» таҳти рақами №644 аз 23.05. 1998с; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳти рақами №1004 аз 22.07.2013с; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №48 аз 08.12.2003с. ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани шароити манзили коммуналию майишии кормандони маориф», таҳти рақами №671, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №417 аз 15.05.1997 с. ба амал баровард.

Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ тули мавҷудияти худ,ба ҳайси як ташкилоти озоду мустақили ҷамъиятӣ ҳамеша ҳуқуқи манфиатҳои омӯзгорон ро њимоя намуда, дар доираи имкониятҳои худ ба он мусоидат намудааст, ки беҳтарин шароити кору зиндагӣ барои онҳо ба вуҷуд оварда шаванд, то омӯзгорон тавонанд, тамоми қувваю дониш ва таҷрибаи кори худро баҳри гул-гулшукуфони Ватани азизамон равона созанд.

Читать далее

Шўрои олимон

Раиси шўрои олимон – ректори  донишгоҳ Шарифзода М.М.

Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Низомномаи Шўрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2006, № 18/3 тасдиқ шудааст, ба роҳ мондааст.

Шўрои олимон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ, иқтисодию молиявии донишгоҳ дар назди ректор таъсис дода шуда, сохтори идоракунандаи донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Вазифаи асосии Шўрои олимони донишгоҳ дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии Шўрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. вазифаи раисии Шўрои олимони донишгоҳро бар дўш дорад.

Шўрои олимони донишгоҳ дар ҳайати ректор, муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, директори китобхонаи илмӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои донишгоҳ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолият дорад.

Фаъолияти Шўрои олимони донишгоҳ мутобиқи нақшае, ки барои ҳар як нимсола таҳия мегардад, сурат мегирад. Нақшаи кори Шўрои олимонро ректори донишгоҳ, пас аз барасии он дар ҷаласаи Шўрои олимон, тасдиқ менамояд.

Масъалаҳои дар ҷаласаҳои шўрои олимон баррасишаванда ба такмили фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва иноноватсионӣ, тарбиявӣ, мустаҳкам намудани пояи илмию методии донишгоҳ равона гардида, ба рушди минбаъдаи донишгоҳ дар њамаи самтњои фаъолият мусоидат менамоянд.

Котиби шўрои олимони ДДҲБСТ Ҳикматуллоев И.Н. Тел:2-08-43, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/