22 Февраль 2014

Раёсати маъмурию хоҷагидорӣ

Раёсати маъмурию хоҷагӣ

Сардори раёсат Мавлонов Хушбахт Олимҷонович

Ба ҳайати раёсати маъмурию хоҷагидории донишгоҳ   сохторҳои - шўъбаи таъминот ва сохтмони асосӣ, шўъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ, татбиқи буҷа ва маблағҳои махсус, раёсати маъмурию хоҷагидорӣ, бахши хўроки умумӣ, маҷмааи варзишӣ- фарҳангӣ, минтақаи таҷрибаомўзӣ ва истеҳсолӣ ва бунгоҳи тиббӣ шомил мебошанд Фароҳам овардани шароити мусоиди кор ва фароғати аҳли донишгоҳ, татбиқи роҳҳои нави хоҷагидорӣ, танзими кори хадамоти хоҷагии донишгоҳ, нуқтаҳои хўроки умумӣ дар ҳудуди донишгоҳ, таъминот бо маводҳои зарурӣ, пешбурди корҳои таъмиру сохтмон дар биноҳои донишгоҳ аз самтҳои асосии фаъолияти бахши корҳои иқтисодӣ ва молиявӣ маҳсуб мегарданд.

То имрўз дар самти корҳои таъмиру сохтмон як зумра тадбирҳо андешида шуда, иҷро гардиданд: сохтмон ва ба истифода додани қисми даромадгоҳи факултети баҳисобгирӣ ва андоз,  гузаронидани таъмири капиталии бинои таълимии №3, сохтмону азнавбарқароркунии буғхона ва хати гармидиҳии бинои таълимии №1. Дар ибтидои соли 2014 бошад буғхона ва хати гармидиҳии бинои таълимии №3 сохта мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Пеш аз оғози соли хониши 2015-2016 бинои таълимии №1 бо пуррагӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Сохтмони бинои технопарк ва буғхона барои хобгоҳи донишҷўён ба нақша дароварда шудааст. Ҳамаи биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо, озмоишгоҳо бо 1824 адад миз ва 3699 адад курсӣ таъмин карда шуданд. Бинои таълимии№1 иловатан соли ҷорӣ бо 330 курсӣ, 15 адад тахтаи синфӣ ва 165 миз таъмин гардид.

Ҷиҳати пайдо намудани имконият барои пешбурди корҳои сохтмонаш нотамоми комплекси варзишгоҳ, маҷлисгоҳ ва ощхонаи донишҷўён, ҳамчунин оид ба ҷалби сармоягузорон тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Дигар аз самтҳои муҳими фаъолияти раёсати маъмурию хоҷагидориро ободонию сабзкории саҳни биноҳои таълимӣ ташкил медиҳад. Имрўз ба ихтиёри боғбонҳои қисми хоҷагӣ барои ободонӣ ва сабзкорӣ бештар аз 30 гектар замин вобаста шудааст. Дар мавзеҳои заминҳои назди биноҳои таълимии донишгоҳ зиёда аз 1000 бех гулҳои ороишии садбарг, 2000 бех канна ва наздик ба 5 ҳазор кўчати гулҳои тагес, марҷонгул, питунӣ, астра, ҳафтранг ва 300 бех дарахтони сояафкан шинонида нашъунамо ёфта истодаанд. Инчунин боғбонон дар минтақаи заминҳои таҷрибавӣ – истеҳсолии, ки дар 4,1 гектар соҳили баҳри тоҷик ҷойгир шудааст корҳои ободониро вусъат мебахшанд. Дар як қисми заминҳои минтақа маҳсулоти гуногуни полезӣ ба монанди лаблабуи қанд, бодаринг, помидор, карам, мош, каду кишт карда шуда, ҳосили бадастомадаи он ба кормандону омўзгорон, оилаҳои ниёзманд ва муҳасилини мактаби махсус барои кўдакони қувваи босириашон суст ва нобинои ш. Хуҷанд ба таври ройгон тақсим карда дода мешавад.

Таъминот бо маводу лавозимоти хониш, ҷиҳозонидани раванди таълим бо технологияи муосири замонавӣ яке аз самтҳои асосии  фаъолияти  раёсат ба ҳисоб меравад. Теъдоди умумии компютерҳо ба 506 адад принтерҳо ба 177 адад, упс- 148 адад,проектор- 22 адад,сканер- 10 адад, доскаи электронӣ ба 5 адад расонида шуд. Таъмину харидории воситаҳои навини техникӣ марҳила ба марҳила ба нақша гирифта шуда идома дорад.

Раёсати хоҷагию маъмурии донишгоҳ ҷиҳати дар оянда барои боз ҳам вусъат бахшидан баҳри таҳкимбахшии пояи моддӣ- техникӣ ва корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои иловагиро ба нақша гирифта, амалӣ месозад. Имрўз дар қисми хоҷагӣ 86 нафар кормандон фаъолият мебаранд.

Читать далее

Шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ № 1, аз 30.08.2007 ташкил карда шудааст. Ҳадафи шӯъба густариши алоқаҳои байналхалқии донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангии мамолики хориҷӣ ва мусоидат кардан ба он, ки донишгоҳ бо системаи маорифи ҷаҳонӣ алоқаи қавӣ пайдо намояд, сифати таълим ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ ва ниҳоят дипломи донишгоҳ эътирофи байналхалқӣ дошта бошад.

Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ:

- ташкили робитаҳои самараноку нафъовари донишгоҳ бо муассисаҳои илмӣ, истеҳсолӣ, фарҳангии ватаниву хориҷӣ;

- ташкили иштироки фаъоли донишҷӯён, омӯзгорон ва донишмандони донишгоҳ дар лоиҳаҳо ва барномаҳои байналхалқии таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ;

- ташкили қабули донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар донишгоҳ;

- фароҳам овардани шароити мусоид дар татбиқи маҳсули интеллектуалӣ ва истифодаи мутахассисони варзида дар бозори зеҳнии миллӣ ва ҷаҳонӣ.

Фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мувофиқи мақсадҳои асосии рушди донишгоҳ барои модернизатсияи низоми миллии таҳсилоти касбӣ, инчунин вусъат бахшидани сифати тайёр намудани нерӯи инсонӣ, қонеъ гардонидани талаботи шахс ва ҷомеа равона гардидааст.

Имрӯз дар донишгоҳ 5 лоиҳаи байналмилалии Барномаҳои Иттиҳоди Аврупо амал мекунанд. Донишгоҳ бо 48 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориљи дуру наздик ҳамкориро ба роҳ монда, байни намояндагони тарафҳо созишномаҳои мухталиф баста шуданд. Шартномаҳои ҳамкорӣ бо 27 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Русия, бо 8 муассисаи ватанӣ, бо 4 муассисаи Ҷумҳурии Қирғизистон, бо 1 муассисањои Қазоқистон, Ҷопон, ИМА, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Финляндия, Украина, Белорусия, Чин, Ҳиндустон баста шуданд.

Шӯъба фаъолияти худро баҳри созмони шаклҳои нави ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии пешрафтаи ҷаҳон, табодули донишҷӯён ва устодон, гирифтани грантҳои Иттиҳоди Аврупо Эразмус Мундус, Темпус, USAID, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон пурзӯр мекунад.

Читать далее

Ректорат

Раисикунандаи маҷлиси ректорат: ректори донишгоҳ  Ҷўразода Ҷ.Ҳ.

  Маҷлиси ректорати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва моливӣ-хоҷагидорӣ, ташкили кор, таъминоти кадрӣ ва назорати интизоми меҳнат дар назди ректори донишгоҳ таъсис дода шудааст. Маҷлиси ректорат тибқи Низомномаи ректорати донишгоҳ, ки бо қарори Шўрои олимон аз 9.06.2010, суратҷаласаи рақами 9 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад. Бо фармони ректори донишгоҳ № 53 аз 18.09.2012 ҳайати маҷлиси ректорат тасдиқ гардидааст, ки он аз 23 нафар иборат аст. Ба ҳайати асосии маҷлиси ректорат ёвари ректор, муовинони ректор, декани факултаҳо, мудирони шуъбаю сардорони раёсати донишгоҳ шомиланд.

Чаласаҳои ректорат ҳар моҳ як маротиба мувофиқи нақшаҳои кории барои ҳар як нимсола таҳияву тасдиқ гардида сурат гирифта, вобаста ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, корҳои илмию тадқиқотӣ, фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ, таъминоти кадрӣ қарор қабул менамояд. 
Вазифаҳои асосии ректорат:
- ба роҳ мондани мунтазамнокии раванди таълиму тарбия;
- ташкили кор ва назорати он;
- ҷобаҷогузории кадрҳо;
- дар амл татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фармону дастур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ  ва мақомоти болоӣ, низомномаи мазкур, асноди меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- дар ҷаласаҳои ректорат оид ба нитиҷаҳои фаъолияти масъулин, нобони ректор, декани факултаҳо, мудирони шуъбаҳо муҳокима ва хулосабарорӣ карда мешавад.
- ҷаласаҳои ректорат дар суратҷаласаҳо қайд карда шуда, ба он ректори донишгоҳ ва котиби ректор имзо мегузоранд.
- ташкили кори ректорат, ба тавсибрасонии суратҷаласаҳо, назорати иҷроиши қарорҳои қабулшуда, тамоми ҳуҷҷатнигорӣ вобаста ба фаъолияти ректорат ба зиммаи котиби Шўрои олимони донишгоҳ гузошта мешавад.

Дар ҳолати зурурӣ қарорҳои ректорат барои тасдиқ ба ҷаласаи Шўрои олимони донишгоҳ пешниҳод карда мешавад.

 

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/