21 Февраль 2014

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ

Мудири кафедра – Бойматов Зоидҷон Шерқўзиевич

Аз таърихи қафедра. Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ бо қарори Шурои олимони ДДҲБСТ таҳти № 2 аз 30.10.2000 таъсис ёфтааст.

Кафедра дар варзишгоҳ ҷойгир шудааст. Ҳамчун мудирони кафедра: солҳои 2000 – 2004 сармуаллим А. Охунов, солҳои 2004 - 2005 сармуаллима Ш.А. Ахмедова, солҳои 2005 – 2008 сармуаллим Қ.Н.Сафаров, солҳои 2008 – 2015 сармуаллим С.Т. Мукаррамов фаъолият бурданд. Аз соли 2015 инҷониб вазифаи мудири кафедраро сармуаллим З.Ш. Бойматов ба ўҳда дорад.

Вазифаи асосии кафедра тайёр намудани мутахассисони ҳаматарафа ташаккулёфта мебошад. Ҳадафи асосии тарбияи ҷисмонии донишҷуёни ДДҲБСТ ташаккули маданияти ҷисмонии онҳо ва қобилияти истифодаи мақсадноки васоити гуногуни тарбияи бадан ба ҳисоб меравад.

Дастовардҳои варзишӣ: Дар Спартакиадаи мактабҳои олии вилояти Суғд варзишгарони донишгоҳамон аз ёздаҳ намуди варзиш, ки санаи 04.04.2016 то 30.04.2016 сол баргузор гардида буд, ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм гаштанд.

Нерўи кадрии қафедра. Дар қафедра панҷ нафар сармуаллимон ва яқ нафар қоргузор фаъолият меқунанд:

1. Бойматов Зоидҷон Шерқузиевиҷ-мудири қафедра сармуаллим, устоди варзиш оид ба боқс, довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ.

2. Маҳмудов Игор Аруллоевич-сармуаллим, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Аҳмедова Шаҳло Абдусатторовна-сармуаллима, номзад ва устоди варзиш оид ба варзиши сабук, Аълочии маорифи халқ, довари дараҷаи ҷумҳурияви.

4.Маҷидов Қобилҷон Қориевиҷ-сармуаллим, номзад ба устоди варзиш оид ба намуди варзиши вазнин.

5. Абдуалиев Бойназар Суюновиҷ-сармуаллим. 6. Ақрамова Ўғулой Саидмунавваровна-коргузори қафедра.

Тел: 93-488-15-52

Читать далее

Кафедраи таърихи халқи тоҷик

 

Кафедраи таърихи халқи тоҷик

 Мудири кафедра д.и.т., профессор

Ҳомидзода Фурқат Муқим

Кафедраи таърихи халқи тоҷик аз 10 июли соли 1994 таъсис ёфта, то моҳи сентябри соли 1995 кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои ҷамъиятӣ ном дошт. Моҳи ноябри соли 1998 кафедра ба ду қисм тақсим шуд. Аз моҳи сентябри соли 2011 бо номи кафедраи таърихи халқи тоҷик фаъолият мебарад.

Кафедраи таърихи халқи тоҷик ба тайёр кардани кадрҳои илмиву педагогӣ эътибори махсус зоҳир менамояд.

Айни ҳол дар кафедра 22 нафар омўзгорон, аз ҷумла,  профессорон Ҳ.Фурқат,  Б.Исмоилова, дотсентон Ҳ.Тоатов, Д.Дўстов, Ю. Нурмаҳмадов,  сармуаллим Т. Ҳакимов,  ассистентон  А. Шерматов, М. Халифаев ва 4 нафар муштараквазифаи берунӣ ва 5 нафар муштараквазифаи дохилӣ кору фаъолият менамоянд.

Фанҳои таълимии кафедра: таърихи халқи тоҷик, фарҳангшиносӣ, таърихи тоҷикони ҷаҳон, сарчашмашиносии таърихи халқи тоҷик, фанҳои ёрирасони таърихӣ, воситаҳои баҳодиҳии натиҷаи таълим, этнографияи халқи тоҷик, таърихи дунёи қадим, бойгонишиносӣ, осорхонашиносӣ, бостонишиносӣ, таърихи асрҳои миёна, таърихи нави хориҷӣ, таърихи умумиҷаҳонӣ, этнология, методикаи таълими таърих.

Самти умдаи илмию тадқиқотии кафедра: Таърихи сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар давраҳои мухталиф, сохтори таърихии шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва шаҳракҳои Фарғонаи ғарбӣ дар асрҳои XVIII-ибтидои ХХ, кишваршиносии таърихии Тоҷикистон, таърихи робитаҳои байналхалқии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, муаммоҳои фарҳанги деҳоти тоҷик дар давраи Шўравӣ, таҳия, таҳқиқ ва нашри силсилаи осори арзишманди хаттии таърихӣ.

Дастовардҳои илмию методии кафедра. Бо қалами олимони кафедра 16 адад китобҳои дарсиву дастурҳои таълимию методӣ, 15 адад монография ва зиёда аз сесад мақолаҳои илмӣ ба чоп расидаанд

Мудири кафедра д.и.т., профессор Ф. Ҳомидзода

Тел: 92-810-79-29

 

Читать далее

Литсейи Донишгоҳ

Литсейи

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон – кафолати таълим ва тарбияи босифат

(Литсейи ДДҲБСТ – зодаи даврони Истиқлолият)

Литсей бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат, додани дониши хуби замонавӣ ба толибилмон ва омода намудани хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пеш аз ҳама ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бо қарори Шӯрои олимони   донишгоҳ  №3, аз 10.11.2010 таъсис дода шудааст. Литсей дорои иҷозатнома ва шаҳодатнома оиди фаъолияти пешбурди фаъолияти таълим мебошад.  Муассиси литсей Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  мебошад.

Литсей фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маориф ба роҳ мандааст.

Литсей дорои 10 синфхона, 4- кабинети фаннӣ, 2 лаборатория, 1 кабинети технологияи иттилоотӣ, 1 маҷлисгоҳ ва китобхона мебошад.

Дар таълимгоҳ 28 нафар омӯзгорони дорои таҳсилоти олӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд, ки аз онҳо як нафар номзади илмҳои математика, дотсент, 7 нафар бо унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон, 18 нафар дорои тахассуси олӣ ва якум ба таълим ва тарбияи хонандагон ҷалб карда шуданд.

Нақшаи таълимии литсей дар асоси нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  литсей ва гимназияҳо, ки  бо  қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.08.2015, №19/1 тасдиқ карда шудааст, тартиб дода шуда,  он  бо қарори Шӯрои педагогии №1, аз 30.08.2016 қабул ва аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ карда шудааст.

Дар литсей дар соли таҳсили 2017-2018 бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон нисбат ба омӯзиши фанҳои таълимӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати дониши онон 7 маҳфил, аз қабили “Компютерро меомӯзем”, “Математикони ҷавон”, “Изучаем русский язык”, “Дастони моҳир”, “Шашкабозон”, “Забондонӣ” ва маҳфили “Табиатшиносони ҷавон” амал менамоянд, ки роҳбарони ин маҳфилҳо дар асоси нақшаи тақвимии мураттабгашта  фаъолият мебаранд. 

Дар литсей 6 иттиҳодияи методӣ дар асоси нақшаҳои кории тасдиқгардида фаъолият мебарад.  Дар ҷамъомадҳои иттиҳодияҳои методӣ масъалаҳои  марбут ба методика ва усули таълим баромадҳои маърӯзавӣ, таҳлили дарсҳои намунавӣ ва ҳисоботи эҷодӣ, вазъи дафтардории хонандагон  муҳокима гардида, мутобиқан тавсияҳо пешниҳод карда мешаванд.   

Дар соли таҳсили 2017-2018  ба литсей 250  нафар толибилмон барои таҳсил ҷалб карда шудаанд, ки аз онҳо  75 нафарашон духтар мебошанд. Дар литсей 15 синф амал мекунад, ки аз онҳо 4 синф (10а, 10б, 11а, 11б) бо равияҳои табиӣ - риёзӣ таълим дода мешаванд.

Аз соли аввали фаъолият литсейро 177 нафар хонандагон синфи 11 хатм намуданд, ки 136 нафари онҳо ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус, ба ДДҲБСТ ва 22 нафар ба мактабҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар дохил шуданд.

Аввалин хатмкунандагони литсей соли 2016 донишгоҳҳои олиро хатм намуда, барои фаъолият ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҷалб карда шудаанд.

Хонандагони литсей дар озмунҳои мухталифи шаҳрӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои фахрӣ гардидаанд, аз ҷумла, соли тахсили ҷорӣ дар даври шаҳрии озмуни “Тирамоҳи заррин”, дар озмуни “Тарзи ҳаёти солимро интихоб намо” сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд ва дар озмунхои “Техникони наврас”, “Китобхони бехтарин”,  “Шоҳномахони” ва “Иншои бехтарин” сазовори чойхои ифтихори гаштаанд.

Натиҷаи фаъолияти босамари омӯзгорон ва таҳти назорати доимии маъмурият қарор доштани сатҳи таълиму тарбия буд, ки солхои охир нисбатан болоравии нишондиҳандаҳо оид ба дастовардҳо ба назар расид.

Аз ҷумла, дастовардҳо дар Олимпиадаи фаннии хонандагон дар соли таҳсили 2017- 2018:  дар миқёси шаҳр 4 нафар хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёт, математика, забони русӣ  ва технологияи иттилоотӣ география ва забони англиси ҷойҳои 1, 2 ва 3- ро ишғол намуда, барои иштирок дар даври вилоятии Олимпиадаи фаннӣ роҳхат гирифтанд. Се  нафар дар Олимпиадаи вилоятӣ аз фанни забони русӣ, забон ва адабиёти точик ва математика иштирок намуда сазовори ҷои сеюм гардиданд, як нафар хонандаи синфи 11 – и литсей  Усмонова Адиба аз фанни забони русӣ дар Олимпиадаи ҷумҳурӣ иштирок намуд.

  Дар соли тахсили чори дар сессияи шаҳрии Академияи хурди илмҳо хонандагони литсей бо кори илмии худ дар мавзӯъҳои актуалӣ баромад намуда,  дар назди ҳакамон онро ҳимоя намуданд.  Дар натиҷа  7  нафар хонандагони литсей аз фанҳои экология, забони русӣ, забон ва адабиёти тоҷик,  химия ва биология дар миқёси шаҳр ҷойҳои 1, 2, ва 3-юмро ишғол намуданд.

Китобхонаи литсей дорои китобҳои таълимию методӣ буда, фонди умумии онро 3223 дона китоб ташкил медиҳад, ки аз он 2305 дона китобҳои таълимӣ бо 86 номгӯй мебошад. Соли таҳсили ҷорӣ фонди китобҳои бадеии литсей ба миқдори 400 адад бой гардонида шуд. Инчунин барои пурра таъмин намудани хонандагон бо котоби дарсӣ тибқи дархост аз тарафи шуъбаи маориф якчанд номгў китобҳо  барои синфҳои ибтидоӣ ва синфҳои боло харидорӣ карда шудааст.

Читать далее

Шӯрои диссертатсионӣ (PHD)

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-023

www.ds.tsulbp.tj

дар назди ДДҲБСТ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PHD),  доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D050600 – иқтисодиёт ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рўи ихтисоси 08.00.05-иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ:иқтисодиёт, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (иқтисодиёти минтақавӣ)

Тибқи фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 октябри соли 2017,  №46  дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шўрои диссертатсионии 6D.КОА-023 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D050600 – иқтисодиёт  таъсис дода шуд.

Мутобиқи банди 1-и фармоиши мазкур  дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шўрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D050600 – иқтисодиёт дар ҳайати зерин тасдиқ карда шуд:

 

Ному насаб

Вазифа, унвони илмӣ бо нишон додани рамз ва номи ихтисос

1

Шарифзода Мумин Машокир

раиси Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 - иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ

2

Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович

муовини раиси Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 - иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ

3

Самадова Заррина Акрамҷоновна

котиби илмии Шӯро, номзади илмҳои иқтисодӣ аз рўйи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ

4

Бойматов Алиҷон Азизович

узви Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ

5

Ғозибеков Садриддин Арслонбекович

узви Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ

6

Исмоилов Мамараҳим Мирзораҳимович

узви Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ

7

Исмаилова Малоҳат Маҳмудовна

узви Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ

8

Мадаминов Абдураҳим Асрорович

узви Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ

9

Назирӣ Гулбаҳор Назир

узви Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ

10

Орипов Абдуллоҷон Орипович

узви Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ

11

Орипов Абдуқаҳор Абдуҳамидович

узви Шӯро, номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ

12

Пӯлотова Инобат Рауфовна

узви Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ

13

Раҳимов Абдулатиф Маҷидович

узви Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ

14

Ризоқулов Тӯрақул Рабимқулович

узви Шӯро, доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ

15

Хоҷаева Дилрабо Абдусамадовна

узви Шӯро, номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ

Мутобиқи бандҳои 163, 164 боби 10 «Низомномаи намунавӣ оид ба Шўрои диссертатсионӣ» ба Шўрои диссертатсионии мазкур қабули ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рўйи ихтисоси 08.00.05 - иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил  ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (иқтисодиёти минтақавӣ) иҷозат дода шуд.

 Шиносномаи ихтисос: Иқтисодиёти минтақа

  Таркиби тадқиқоти соҳа: қонуниятҳо ва хусусиятҳои фаъолияти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми ба ҳамдигар амалкунандаи минтақаҳо (вилоятҳо, ноҳияҳои маъмурӣ, шаҳрҳо, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, кластерҳои иқтисодӣ, агломератсияҳои шаҳрӣ ва дигар маконҳои иқтисодӣ); тақсимоти оқилонаи захираҳои иқтисодӣ байни минтақаҳо; фарқгузории иқтисодӣ ва ҳамгироӣ дар муҳити миллӣ; коркарди самтҳои дурнамои тараққиёти иқтисодиёти минтақаҳои алоҳида ҳамчун унсурҳои сохтории иқтисодиёти миллӣ; сиёсати иқтисодии минтақавӣ ва механизмҳои амалигардонии онҳо.

Объекти тадқиқот: низоми иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати макон ё муҳит, механизмҳои танзими тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии иқтисодиёти минтақа ва макон, усулҳои тадқиқоти низомҳои иқтисодии макон ва бо ҳамдигар амалкунии онҳо; инфрасохтори истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва институтсионалии байниминтақавӣ ва минтақавӣ; захираҳои табиию иқтисодӣ ва истифодаи самараноки онҳо.

1. Инкишофи назарияҳои иқтисодиёти маконӣ ва минтақавӣ; усулҳо ва фишангҳои тадқиқотҳои иқтисодии маконӣ; эконометрикаи қаламравӣ; ташхиси низомии мушкилотҳо ва ҳолатҳои минтақавӣ.

2. Тақсимоти қаламравии захираҳои иқтисодӣ; ҷиҳатҳои назариявӣ, методӣ ва амалии ҷойгиркунии корхонаҳо, фирмаҳои бизнеси хурд ва миёна, кластерҳои иқтисодӣ, корхонаҳои бахши ҷамъиятӣ, хоҷагиҳои хонавода.

3. Ташкили маконии иқтисодиёти миллӣ; таъсисёбӣ, фаъолият ва таҷдиди кластерҳои иқтисодӣ ва дигар низомҳои маконии маҳдудшуда.

4. Муаммои ноҳиябандии иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат аз рӯи нишондодҳои моддӣ ва ғайримоддӣ; ноҳиябандии минтақаҳо ва таъсисёии мунитсипалӣ аз рӯи минтақаҳои хизматрасонӣ; мутобиқати тақсимоти маъмурӣ-минтақавии мамлакат ба шароитҳои нави иқтисодӣ.

5. Дигаргуниҳои қаламравї-минтақавӣ; муаммоҳои таъсисёбии муҳити яонаи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; фарқгузории минтақавии иҷтимоӣ-иқтисодӣ; ҳамгироии маконӣ ва дезинтегратсияи мамлакат.

6. Иқтисодиёти қаламравӣ. Хусусиятҳои маконии таъсисёбии низоми инноватсионии миллӣ. Муаммоҳои таъсисёбии зерсохторҳои инноватсионии минтақавӣ. Лоиҳаҳои инвеститсионии минтақавӣ: мақсад, объектҳо, захираҳо ва самаранокӣ.

7. Бозорҳои локалӣ, таъсисёбии онҳо, фаъолият ва баҳамалоқамандӣ; савдои байниминтақавӣ. Назарияи нави географияи иқтисодӣ.

8. Нақши омилҳои институтсионалӣ дар тараққиёти низомҳои иқтисодии минтақавӣ. Хусусиятҳои минтақавии дигаргуншавии муносибатҳои моликиятӣ, таъсири онҳо ба сохтор ва самаранокии фаъолият ва инкишофи низомҳои иқтисодии минтақавӣ.

9. Баҳодиҳии нақши минтақаҳо дар иқтисодиёти миллӣ (нишондодҳо, усулҳо, методологияи таҳлил); махсусгардонии истеҳсолии минтақаҳо; сохтори иқтисодӣ аз ҷиҳати макон, қонуниятҳои дигаргуншавии он; сиёсати сохторӣ ва азнавсозии сохторӣ.

10. Хусусиятҳои минтақавии тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ; намудҳои минтақаҳо (инкшофёфта ва бӯҳронӣ, донорҳо ва ретсипиентҳо, мономаҳсулотӣ ва диверсификатсияшуда, бо агломератсияҳои калони шаҳрӣ ва бе чунин таъсисёбиҳо ва ғайра); муаммоҳои методии таснифот ва тадқиқоти амалии хусусиятҳои тараққиёти намудҳои гуногуни минтақаҳо.

11. Фишангҳои мӯътадилгардонии басташавии маконӣ (трансфертҳои давлатӣ, фондҳои инвеститсионӣ, фондҳои дастгирии минтақавӣ, низоми андоз ва ғайраҳо), самаранокии истифодаи онҳо. Муаммоҳои тараққиёти мувозинати минтақаҳо; мониторинги тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳо.

12. Фишангҳои коркарди дурнамои тараққиёти низомҳои иҷтимоӣ-иқтисодии маконӣ. Пешгӯикунӣ, форсайт, банақшагирии индикативӣ, барномаҳо, банақшагирии буҷетӣ, ки ба натиҷа нигаронида шудаанд, барномаҳои мақсаднок, нақшаҳои стратегӣ.

13. Сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии минтақавӣ; таҳлили хусусиятҳо ва баҳодиҳии самаранокии сиёсати иқтисодии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақаҳо ва мунитсипалитетҳо.

14. Идоракунии иқтисодиёти минтақавӣ. Шаклҳо ва механизмҳои ҳамкории ҳокимияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, сохторҳои бизнес ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. Вазифаҳо ва механизмҳои идоракунӣ. Асосноккунии методӣ, коркарди схемаҳои ташкилӣ ва механизмҳои идоракунии минтақаҳо, баҳодиҳии самаранокии онҳо.

15. Мақсадҳо ва механизмҳои сиёсати давлатии тараққиёти минтақаҳо. Шаклҳо ва механизмҳои баҳамтаъсиррасонии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои асосии тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ. Муаммоҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии идоракунии маҳаллӣ.

16. Коркарди методологии таҳлил ва методикаи баҳодиҳии фаъолияти сохторҳои корпоративӣ, бизнеси хурду миёна, корхонаҳои бахши ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар минтақаҳо ва ноҳияҳои маъмурӣ. Муаммоҳои истифодабарии оқилонаи дороиҳои моддӣ ва ғайримоддии минтақаҳо – захираҳои табиӣ, базаи моддӣ-техникӣ, сармояи инсонӣ ва ғайраҳо.

17. Муҳити махсуси иқтисодӣ-ҳуқуқии тараққиёти маҳаллӣ ва минтақавӣ. Минтақаҳои иқтисодӣ, марказҳои саноатӣ ва дигар “нуқтаҳои” минтақавии тараққиёти саноатӣ ва инноватсионӣ.

18. Ташкил ва баҳодиҳии самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти идоракунӣ дар вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ноҳияҳои маъмурӣ; истифодаи чунин баҳодиҳӣ дар низоми идоракунӣ ва назорати давлатӣ.

19. Истифодаи самараноки омилҳои истеҳсолот дар тараққиёти иқтисодиёти минтақаҳо. Қонуниятҳо ва хусусиятҳои ташкил ва идоракунии сохторҳои иқтисодӣ дар минтақаҳо. Афзалиятҳои мутлақ ва нисбии кластерҳои иқтисодии минтақавӣ.

20. Инфрасохтори истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва бозорӣ дар минтақаҳо. Принсипҳо, хусусиятҳо ва механизми ташкилӣ-иқтисодии тараққиёти соҳаҳои ёрирасон дар минтақаҳо.

21. Хусусиятҳои минтақавии амалигардонии сиёсати буҷетӣ-андозӣ. Инкишофи муносибатҳои пулию қарзӣ ва буҷетӣ-андозӣ дар минтақаҳо (категория, методология, усулҳо, механизмҳо ва фишангҳо).

22. Инкишофи бозори минтақавии меҳнат. Иқтидори меҳнатӣ дар минтақаҳо ва хусусиятҳои идоракунии он. Муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар минтақаҳо. Хусусиятҳои ҷойгиркунии минтақавии иқтидори меҳнатӣ.

23. Механизми маконии инкишофи бизнеси хурд ва соҳибкории хусусӣ дар сатҳи мезоиқтисодӣ. Муаммоҳои баланд намудани самаранокии соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳо. Стратегияи тараққиёт ва таъсисёбии низоми соҳибкорӣ дар бахшҳо ва соҳаҳои иқтисодиёти минтақавӣ.

24. Тараққиёти комплекси агросаноатӣ дар минтақаҳо, хусусиятҳои минтақавӣ ва маконии инкишофи хоҷагии қишлоқ.

25. Таъминоти инвеститсионии минтақаҳо. Танзими инвеститсияҳо дар минтақаҳо. Лоиҳаҳои инвеститсионии қаламравӣ. Муҳити инвеститсионӣ бо дарназардошти воҳидҳои минтақавӣ-маконӣ. Баланд намудани диққатҷалбкунии инвеститсионӣ ва истифодаи самараноки лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар минтақаҳо.

Читать далее

Ректори ДДҲБСТ

 

ШАРИФЗОДА МУМИН МАШОКИР

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Шарифзода Мумин Машокир 16 апрели соли 1965 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1982 пас аз хатми мактаби миёна то ба давраи даъват шуданаш ба сафи хизмати ҳарбӣ дар совхози Съезди XXV КПСС ноҳияи Ашт фаъолияти меҳнатиро идома медиҳад. Солҳои 1983 – 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шўравӣ хизмат карда, соли 1987 пас аз бо дипломи аъло хатм намудани Техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи савдои советии кооперативии шаҳри Новосибирск тавсия дода мешавад. Соли 1991 Донишкадаи мазкурро бо ихтисоси молшиносӣ ва ташкили савдои молҳои хўрокворӣ хатм намуда, фаъолияти худро ба ҳайси омўзгор-коромўзи кафедраи идоракунӣ ва маркетинги филиали Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Новосибирск дар шаҳри Душанбе фаъолият мебарад.

Соли 1994 шуъбаи рўзонаи аспирантураи Академияи тиҷорати Сибири шаҳри Новосибирскро бомуваффақият хатм менамояд. Дар ин давра рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Коммерческая деятельность потребительской кооперации на рынке продовольственных товаров» ҳимоя намуда, дар асоси қарори КОА ФР соли 1994 соҳиби дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, соли 2002 соҳиби аттестати унвони илмии дотсенти кафедраи маркетинг ва тиҷорат мегардад. 

Рисолаи докториашро дар Шўрои Донишгоҳи савдои  кооперативии шаҳри Новосибирск ҳимоя намуда, соли  2012 дар асоси қарори КОА ФР ва фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ба гирифтани дипломи дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ ноил мешавад. 

 Солҳои 1997 – 1998     дар вазифаи дотсенти кафедраи маркетинги Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, солҳои 1998 – 2005   мудири кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, солҳои 2005 – 2008 ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба Комплекси ягонаи таълимии дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №566 аз18 ноябри соли 2008 ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъин гардида, то моҳи марти соли 2017 адои вазифа намуд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017,  таҳти №129  Шарифзода Мумин Машокир  ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсатии Тоҷикистон таъин гардид.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор мебошад. Узви Раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси Шўрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории Д999.031.03 аз рўи ихтисоси 08.00.05 иқтисодиёт ва идоракунӣ (иқтисодиёти хадамот, иқтисодиёти меҳнат), академики Академияи байналмилалии кооператсия, узви вобастаи Академияи байналмилалии улуми ташкилии Федератсияи Русия, узви вобастаи академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Русия маҳсуб мешавад.

 Шарифзода Мумин Машокир дар татбиқи низоми кредитии таҳсилот ва ҷараёни ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ саҳми назаррас дошта, ба ҳайси аъзои лоиҳаи аврупоии ТЕМПУС «Идораи стратегии донишгоҳҳо» иштирокчии машварати гурўҳи корӣ ва ҳамзамон, иштирокчӣ дар маросими ба тасвиб расонидани шартномаҳои бисёрҷонибаи рушди робитаҳои байналмилалии донишгоҳҳо ва таъсиси шабакаи байнидонишгоҳӣ дар  давлатҳои хориҷи кишвар маҳсуб мешавад.

Шарифзода М.М.ба ҳайси сарвар дар донишгоҳҳои олии кишвар тамоми давраи фаъолияти хеш таъмини иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан таблиғи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои марбут ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро дастури фаъолияти хеш қарор дода, давра ба давра бо сохторҳои таркибӣ, кормандон ва донишҷўён дар робита бо ин масъалаҳо вохўрӣ, баромаду сўҳбатҳо ба роҳ мемонад. Дар ин раванд тақвияти иқтидори моддию техникӣ ва кадрӣ тавассути истифодаи таҷҳизоту технологияи муосири таълимию илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои нави илмию таълимӣ, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба фаъолияти илмию омўзгорӣ ва такмили ихтисоси устодон дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимию методӣ аз ҳамаи фанҳои талимӣ бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ, таъмини густариши пайдарпайи ихтисосҳо ва факултетҳо, густариши фаъолияти байналмилалӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои  байналмилалии таҳсилот, таъсиси Маркази таҳсилоти фосилавӣ, таъминоти иттилоотӣ ва илмию методӣ корҳои назаррасе буданд, ки ба анҷом расонида, имрўзҳо низ идома медиҳад.

    Профессор Шарифзода Мумин Машокир муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ буда, дар  рушди соҳаи маорифи кишвар, самаранок намудани раванди таълим ва тайёр кардани кадрҳои дар бозори ватанӣ ва ҷаҳонӣ рақобатпазир саҳми босазо дорад. Барои фаъолияти пурсамар дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, таълифи асарҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ,  ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас бо унвони медали Хизмати Шоиста, Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон  сарфарозонида шудааст. 

  

Читать далее

Муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявӣ

Муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявӣ

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Кенҷаев Шўҳратҷон Юсуфович

1 августи соли 1975 дар ноҳияи Б.Гафуров (Хуҷанд), вилояти Суғд дар оилаи зиёи ба дунё омадаст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Соли 1992 ба шуъбаи рўзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1997  бомуваффақият аз рўи ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Пас аз хатми ДМТ фаъолияти меҳнатиашро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба ҳайси ассисенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва граждании (1998-2001) оғоз менамояд. Сипас, дар вазифаҳои и.в. мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва гражданӣ (2001 (10-11), сармуаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва гражданӣ (2001-2002), мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва гражданӣ (2002-2005) дар донишгоҳи номбурда  кору фаъолият мебарад.

Аз соли 2005 фаъолияташро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси и.в.мудир, сармуаллими кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ ва ҳуқуқи конститутсионӣ  (2005-2007), мудир, дотсенти кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ ва ҳуқуқи конститутсионӣ (2007-2011), мудир, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ (2011-2012), солҳои 2012-2018 ба вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияташро идома медиҳад.

Кенҷаев Шўҳратҷон Юсуфович тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2018, таҳти № 171-к ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявии ДДҲБСТ таъин гардид.

Соли 2003 рисолаи илмии номзадиашроро дар мавзӯи «Ақидаҳои давлатӣ-ҳуқуқии Ҷомӣ» дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардидааст.

Кенҷаев Ш. олими сермаҳсул буда, 5 монография, 3 дастури таълими методӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ба нашр расонидааст. Барои меҳнати пурмаҳсул ва  хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли созанда  соли 2015 унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор гардидааст.  Соли 2016 барои нашри китоби «Таълимоти Абдураҳмони Ҷомӣ роҷеъ ба давлат ва ҳуқук» бо Ҷоизаи ба номи Б.Ғафуров мукофонида шуд.

 Телефон :

Корӣ: 2-38-95

Мобилӣ: 92-774-15-15  

 

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/