20 Февраль 2014

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ

Профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ

Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович

Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович, профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ), соли таваллуд - 1974, зодаи шаҳри Хуҷанд. Ў соли 1991 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.

Бобоҷонов Даврон соли 1996 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бомувафаққият ба итмом расонда, фаъолияти меҳнатиашро худи ҳамон сол ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти меҳнатии худро оғоз менамояд.

Солҳои 1998-2002 аспиранти Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Тайи солҳои 2003-2012 дар вазифаи мудири кафедраи иқтисодӣ ҷаҳон ифои вазифа менамояд. Дар ин муддат дар такмили сифату самаранокии фаъолияти кафедра, пешрафти кори таълиму тарбия, зиёд намудани сафи аълохонон ва беҳбудии интизоми донишҷўён кўшиш ба харҷ медиҳад. Дар сатҳи баланди илмию назариявӣ ташкил намудани машғулиятҳои таълимӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмии омўзгорон ва кормандони кафедра, мусоидат дар такмили ихтисоси омўзгорон меҳвари асосии фаъолияти ўро ташкил медод.

Соли 2004 дар Шўрои диссертатсионии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар мавзўи «Муаммоҳои инкишофи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар вилояти Суғд дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ» рисолаи номзадиашро дифоъ мекунад ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ мегардад.

Бобоҷонов Д.Д. ҳамчун олими ҷавон пайваста аз пайи такмили илму донишаш шуда, соли 2011 дар Шўрои диссертатсионии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзўи «Асосҳои ташкилию иқтисодии ташаккул ва инкишофи сектори органикии Тоҷикистон» рисолаи докториашро ҳимоя менамояд ва соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ мегардад.

Соли 2012 бо фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин гардида,  то моҳи декабри соли 2017 дар ин вазифа фаъолият менамояд.  Дар ин муддат раванди таълимро мунтазам мақсаднок ба роҳ монда, дар такмил ва дар амал татбиқ намудани усулҳои нави таълим, дарёфти усулҳои муосири таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, такмили низоми кредитии таҳсилот, вусъат бахшидани самтҳои фаъолияти таълимию методии донишгоҳ саҳм гузоштааст.

Бобоҷонов Д.Д. муовини раиси Шўрои диссертатсионии 6D.КОА-23-и назди ДДҲБСТ мебошад. Мавсуф муаллифи зиёда аз 4 монография ва 50 мақолаҳои илмӣ буда, якчанд таълифоташ дар маҷаллаҳои илмии Федератсияи Русия ба нашр расидааст. Таҳти роҳбарии Бобоҷонов Д.Д. беш аз панҷ нафар шогирдон рисолаҳои илмӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гаштанд. Рисолаҳои номзадии якчанд аспирантону унвонҷуёнро роҳбарӣ менамояд.

Барои меҳнати содиқона ва пурмаҳсулаш соли 2007 бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст. Бо фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз 31.12.13, №1036/нк-1, соҳиби унвони илмии профессор мебошад. Соли 2014 унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор гардидааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2017, №904 бо медали Хизмати шоиста мукофотонида шудааст.

Аз моҳи январи соли 2018 то моҳи апрели 2018 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ ва баъдан то моҳи августи соли 2018 иҷрокунандаи вазифаи декани факултети молияи ДДҲБСТ фаъолият дошт.

Бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2018 ў ба вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин гардид.

Телефон: (+992) (92 773 46 46); (+992 3422) (2 44 66).

Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Читать далее

Парки технологӣ

Директори парки технологӣ

Раҳимов  Абдумаҷид  Холбоевич

 Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” фармони ректори донишгоҳ №4 аз 18.10.2011 оид ба таъсиси Парки технологӣ дар ДДҲБСТ ба имзо расид.

Ҷиҳати мукаммалгардонии Парки технологии донишгоҳ, густариши раванди татбиқи нерӯи зеҳнии устодону донишҷӯён барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, корҳои омодагӣ гузаронида шуда, дар назди ДДҲБСТ утоқҳои корӣ аз бинои китобхона вобаста карда шудааст.

Бо назардошти имкониятҳои моддию техникии донишгоҳ ва самтҳои асосии фаъолияти илмӣ дар донишгоҳ алҳол таъсису ташкили фаъолияти бонизоми якчанд сохторҳои дигари муҳими Парки технологӣ тарҳрезӣ ва амалӣ гардида истодаанд, ба монанди:

1. Агробизнес – консалтинг

2. Аудит – консалтинг

3. Машварати ҳуқуқӣ

4. Соҳибкор ва менеҷмент

5. Омўзиши афкори иҷтимоӣ – сиёсӣ.

6. Таҳриру тарҷума.

Парки технологии ДДҲБСТ аз рўи хусусияти фаъолият шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратии доимоамалкунанда буда, аз рўи намуд ба Парки илмӣ-истеҳсолӣ мувофиқ аст. Дар самтҳои фаъолияти Парки технологӣ алҳол устодон ва донишҷўёни ихтисосҳои факултетҳои донишгоҳ ҳамкорӣ доранд.

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, маҳаллаи 17 бинои китобҳонаи илмии ДДҲБСТ

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Читать далее

Маҷмааи варзишии ДДҲБСТ

Дар ДДҲБСТ дар соли хониши 2015 – 2016 бахшида ба санаҳои муҳим дар самти варзиш чунин мусобиқаҳо баргузор гардиданд:

1. Бахшида ба Соли оила ва Наврўзи аҷам аз санаи 17.03.2015сол то санаи 20.03.2015сол дар толори литсеи касбӣ- хизматии маркази вилоят мусобиқаи волейбол байни факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуд. Дар ҷамбасти мусобиқа дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ ба ҳисоби 3:2 ғолиб омада сазовори ҷойи якум гаштанд.

2.Санаи 16.03.2015сол дар варзишгоҳи донишгоҳ мусобиқаи дастхобонӣ бахшида ба Соли оила ва иди Наврўзи аҷам гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа 40-нафар донишҷўён аз шаш факултети ДДҲБСТ иштирок намуданд.

3. Аз санаи 01.04.2015сол то санаи 03.04.2015сол дар варзишгоҳи донишгоҳ мусобиқа оид ба намуди тенниси рўи миз бахшида ба Соли оила байни донишҷўёни факултетҳои ДДҲБСТ баргузор гардид.

4. Аз санаи 17.03.2015сол то санаи 20.03.2015сол дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ мусобиқаи тенниси рўи миз байни устодон ва кормандони ДДҲБСТ бахшида ба Соли оила ва Наврўзи аҷам гузаронида шуд. Дар мусобиқа 15 нафар устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок доштанд. Ҷамбасти мусобиқа чунин натиҷа дод: ҷойи якум насиби коменданти факултети баҳисобгирӣ ва андоз Т.М Сангинов гардид. Ҷойи дуюмро ҷонишини декани факултети сиёсатшиносӣ ва МБ оид ба корҳои тарбиявӣ Ҳ.Ҳ. Эгамназаров, ҷойи сеюмро мудири шўъбаи бақайдгирии низоми кредитӣ А.А.Ҷабборов ишғол намуданд.

5. Санаи 07.04.2015сол дар толори варзиши Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд мусобиқаи волейбол бахшида ба Соли оила байни устодони ДДҲБСТ шуда гузашт.

6. Санаи 25.04.2015 то санаи 2.05.2015 сол дар варзишгоҳи донишгоҳи ДДҲБСТ Футболи хурд байни гурўҳҳои факултетҳои ҳукуқшиносӣ баргузор гардид.

7. Санаи 04.05.2015сол то 11.05.2015сол дар варзишгоҳи донишгоҳи ДДҲБСТ Футболи хурд байни гурўҳҳои факултетҳои инноватсия ва телекомуникатсия баргузор гардид.

8. Дар таърихи 19.10.2015 сол то 20.10.2015сол мусобиқаи варзишии варзиши сабук бахшида ба рўзи Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷўёни факултетҳои донишгоҳи ДДҲБСТ гузаронида шуд.

9. Мусобиқаи футбол аз санаи 26.10.2015сол то санаи 05.11.2015 сол бахшида ба рўзи Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷўёни факултетҳои донишгоҳи ДДҲБСТ гузаронида шуд.

10.Санаи 26.10.05.112015сол бахшида ба рўзи Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон футболи хурд байни устодон ва кормандони донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шуда гузашт.

11.Бахшида ба рўзи Соли навӣ мелодӣ мусобиқа оид ба намуди дастхобони байни факултетҳои донишгоҳ бо дархости писарон ва духтарон санаи 17.12.2015 сол то санаи 18.12.2015сол гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур 315 нафар донишҷўён аз ҳамаи факултетҳои донишгоҳ ширкат варзиданд.

12. Бахшида ба Соли оила байни бонувон оид ба намуди мусобиқаи шашка ва шоҳмот аз санаи 15.04.2015 сол то санаи 17.04.2015 сол дар китобхонаи донишгоҳи ДДҲБСТ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур ҳамаи факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст ҷоизадорон ва ғолибони мусобиқа, соҳиби ифтихорнома шуданд.

13. Тибқи Низомномаи Спартакиадаи мактабҳои олии вилояти Суғд устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ба ин Спартакиада, ки аз санаи 04.04.2016 то 30.04.2016 сол баргузор гардид, дастаҳои мунтахаби донишгоҳро аз намудҳои варзиш омода намуданд.

14. Спартакиада аз мусобиқаи волейбол байни чавонписарон оғоз шуд. Мусобика аз 04.04 то 09.04 соли 2016 дар толори варзиши «Коллеҷи тиббӣ» баргузор гардид. Дастаи волейболбозони донишгоҳамон соҳиби чойи дуюм гаштанд.

15. Аз санаи 08.04.2016 то 10.04.2016 сол мусобиқа оид ба намуди муштзани (бокс) дар толори варзиши Наврўзгоҳи шахри Хучанд баргузор гардид. Дар ин Спартакиада дастахои мунтахаби ДДХБСТ, ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров, Донишгохи политехникии Тоҷикистон, Донишгохи иқтисод ва савдои ДДТ, Донишгохи кўҳӣ- металлургии Тоҷикистон ва Академияи 4-уми ВКДЧТ ширкат варзиданд. Дастаи мунтахаби донишгоҳамон бо хамаи рақибонаш кувваозмоӣ намуда, дар натиҷа соҳиби мақоми дуюм гашт.

16. Аз санаи 11.04. то 19.04. 2016 сол мусобиқаи футболи хурд баргузор гардид. Дар ин Спартакиада дастаҳои мунтахаби ДДХБСТ, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи политехникии Точикистон, Донишгоҳи иқтисод ва савдои ДДТ, Донишгохи куҳӣ- металлургии Тоҷикистон ва Академия 4-уми ВКДЧТ ширкат варзиданд. Дастаи мунтахаби донишгоҳамон бо ҳамаи рақибонаш қувваозмоӣ намуда, дар натиҷа соҳиби мақоми сеюм гаштанд.

17. Санаи 11.04.2016 то 16.04.2016 сол мусобиқа оид ба намуди волейбол байни духтарон дар толори варзишии Коллеҷи тиббии шахри Хучанд баргузор гардид. Дар ин Спартакиада дастаҳои мунтахаби ДДХБСТ, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи политехникии Точикистон, Донишгохи иктисод ва савдои ДДТ, Донишгоҳи куҳӣ- металлургии Тоҷикистон ва Академия 4-уми ВКДЧТ ширкат варзиданд. Дастаи мунтахаби донишгоҳамон бо ҳамаи рақибонаш кувваозмоӣ намуда, дар натиҷа соҳиби мақоми дуюм гаштанд.

18. Аз санаи 17.04.2016 сол то 18.04.2016 сол мусобиқа оид ба варзиши сабук байни донишҷўписарон ва донишҷўдухтарон дар варзишгоҳи Хистеварз дар н.Б.Гафуров баргузор гардид. Дар ин Спартакиада дастахои мунтахаби ДДХБСТ, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Гафуров, Донишгохи Политехники Точикистон, Донишгохи Иктисод ва Савдои ДДТ, Донишгоҳи кухи металлургии Тоҷикистон ва Академия 4-уми ВКДЧТ ширкат варзиданд. Дастаи мунтахаби донишгоҳамон бо ҳамаи рақибонаш кувваозмои намуда, дар натиҷа соҳиби мақоми дуюм гаштанд.

19. Санаи 20. 04.-23.04.2016 сол мусобиқа оид ба намуди теквандо ВТФ дар мактаби варзиши бачагонаи наврасони рақами 3 баргузор гардид. Дастаи мунтахаби донишгоҳамон бо ҳамаи рақибонаш қувваозмои намуданд, дар натиҷа дар вазнҳои алоҳида чойҳои намоёнро ишғол намуданд.

20. Мусобиқаи шоҳмот санаи 15.04.2016 то 18.04.2016 сол дар толори Клуби шоҳмоти шаҳри Бўстон баргузор гардид. Дар ин Спартакиада дастаи мунтахаби донишгоҳ мақоми дуюмро ишғол намуд.

21. Аз санаи 22.04.то24.04.2016 сол мусобиқа оид ба намуди гўштини миллӣ дар толори Қасри варзиш баргузор гардид. Дастаи мунтахаби донишгоҳамон бо ҳамаи рақибонаш кувваозмоӣ намуда, дар натиҷа соҳиби мақоми сеюм гашт.

22. Санаи 25.04-26.04.2016 сол мусобиқа оид ба намуди дз-юдо дар толори Касри варзиш баргузор гардид. Дастаи мунтахаби донишгоҳамон бо хамаи рақибонаш кувваозмоӣ намуда, дар натиҷа соҳиби мақоми якум гаштанд.

23. Аз санаи 26.28.04.2016 сол марҳилаи дуюми Спартакиадаи донишҷўёни мактабҳои олии вилояти Суғд оид ба намуди гўштини тарзи озод дар толори Қасри варзиш баргузор гардид. Дар ин Спартакиада дастаҳои мунтахаби ДДҲБСТ, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон, Донишгоҳи иқтисод ва савдои ДДТ, Донишгоҳи кўҳӣ- металлургии Тоҷикистон ва Академия 4-уми ВКДҶТ ширкат варзиданд. Дастаи мунтахаби донишгоҳамон ба ҳамаи рақибонашон қувваозмоӣ карда, дар натиҷа дар вазнҳои алоҳида ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Дар ҷамбасти Спартакиадаи мактабҳои олии вилояти Суғд аз сенздаҳ намуди варзиш дастаҳои мунтахаби донишгоҳамон ба гирифтани 14 – медали тилло, 48 медали нуқра, 43 медали биринҷӣ мушарраф гардидаанд.

Дастаи мунтахаби ДДҲБСТ аз ёздаҳ намуди варзиш мақоми дуюмро ишғол намуд.

Варзишгарони беҳтарини донишгоҳ:

Каримов Суруш – донишҷўи бахши 4, факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, гўштингир, чемпиони Осиё байни ҷавонон дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон, чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб соли 2015. Моҳи майи соли 2015 чемпиони Осиё дар шаҳри Атирав, чемпиони дукаратаи Спартакиадаи вилояти Суғд ва иштирокчии Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ, чемпиони мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои Ҷомӣ Ланглиф оид ба самбои ҳарбӣ апрел-2015сол.

Сафаров Акбарҷон – донишҷўи бахши 3 факултети ҳуқуқшиносӣ муштзан чемпиони вилояти Суғд ва чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 чемпиони дукаратаи Спартакиадаи вилояти Суғд ва иштирокчии Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ мебошад.

Ғиёсов Абдурауф – донишҷўи бахши 5 факултети ҳуқуқшиносӣ муштзан чемпиони дукаратаи вилояти Суғд, чемпиони ҶТ дар солҳои 2013-2014, ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаи байналхалқи бахшида ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ Исмоил Ҳамзалӣ, чемпиони дукаратаи Спартакиадаи вилояти Суғд ва иштирокчии Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ мебошад.

Раҷабиён Абдулҳай – донишҷўи бахши 3, факултети баҳисобгирӣ ва андоз, гўштингир, чемпиони дукаратаи Спартакиадаи вилояти Суғд ва иштирокчии Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ. Чемпиони мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои Ҷомӣ Ланглиф оид ба самбои ҳарбӣ апрел-2015сол

Хидирова Ойдиной - донишҷўи бахши 3, факултети бизнес ва идоракунӣ, чемпиони дукаратаи Спартакиадаи мактабҳои олии вилояти Суғд ва Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиши сабук (ҷаҳидан ба баландӣ)

Олимов Олимхоҷа – донишҷўи бахши 5, факултети ҳуқуқшиносӣ, гўштингир, чемпиони Спартакиадаи мактабҳои олии вилояти Суғд дар соли 2015, моҳи майи соли 2016 ба гирифтани унвони чемпиони чемпионати кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди самбо сазовор гашт.

Донишҷўи бахши 1-уми факултети инноватсия ва телеккомуникатсия Мухидинова Холида варзишгар оид ба намуди шашка дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки иттифоқи касабаи Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудааст, ширкат варзида, сазовори ҷойи якум гашт.

Донишҷўи бахши 2-юми факултети молия Очилов Фаридун варзишгар оид ба намуди шашка дар мусобиқа, ки иттифоқи касабаи Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудааст, ширкат варзида, сазовори ҷойи якум гашт.

Донишҷўи бахши 2-юми факултети баҳисогирӣ ва андоз Тошбоев Дамир сазовори ҷойи аввал дар чемпионати шаҳри Хуҷанд мебошад.

Донишҷўи бахши 1-уми факултети бизнес ва идоракунӣ Дониёров Парвиз сазовори ҷойи сеюм дар чемпионати вилояти Суғд мебошад.

Читать далее

Дастаи ENACTUS

Enactus (Enterpreneurship in action – Cоҳибкорӣ дар амал) - ин барномаи васеи байналхалқии донишҷўён мебошад, ки то соли 2012 бо номи SIFE маъмул буд. Барномаи мазкур ба иштирокчиён имконияти мустақилона амали сохтани лоиҳаҳои эҷодӣ ва инноватсиониро дар омўзиши иқтисодиёт, соҳибкории озод, рушди соҳибкории маҳал, ноҳия, шаҳр ва вилоят фароҳам месозад.Еnactus - ин ҳамкорӣ байни соҳибкорӣ ва маълумотӣ олӣ мебошад, ки наслҳои ояндаро ба соҳибкорӣ омода сохта, бизнес-лидерҳоро тайёр мекунад.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли 1998 ба ҳаракати байналхалқии донишҷўен SIFE (њозира Enactus) шомил гардидааст. Дастаи SIFE – и донишгоҳ 5 маротиба чемпиони мусобиқаҳои миллии SIFE ва чемпиони мусобиқаҳои махсуси «SIFE Фарғона –2004» гаштааст. Даста дар мусобиқаҳои байналхалқии SIFE WORLD CUP 2002 дар Амстердам (Голландия) ва SIFE WORLD CUP 2004 дар Барселона (Испания) иштирок намуда, шарафи Тоҷикистони азизро ҳимоя намудааст. Аъзои даста барои лоиҳаҳои «Дунёи занон», «Интихоби халқӣ» ва «Автобуси студентӣ» солҳои 2003 – 2004 соҳиби ҷоизаи «Бизнес – лоиҳаи беҳтарин» гаштааст.

Дастаи «SIFE»-и донишгоҳ соли 2008 дар мусобиқаи ҷумҳуриявии донишҷӯён оид ба соҳаи соҳибкории озод, байни дастаи донишгоҳҳои дигари мамлакат ғолиб омада, дар мусобиқаи байналхалқӣ дар кишвари Сингапур ширкат варзидааст.

Дастаи SIFE-и донишгоҳ соли 2010 низ дар мусобиқаи умумиҷумҳурӣ иштирок намуда, дар байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои аввалро гирифт ва дар марҳилаи умумиҷаҳонии мусобиқа дар шаҳри Лос Анҷелоси ИМА иштирок намуд.

Инчунин соли 2012 дастаи SIFE-и донишгоҳ дар мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои аввалро гирифт ва барои иштирок кардан ба марҳилаи умумиҷаҳонии мусобиқа ба шаҳри Ню-Йорки ИМА роҳҳат гирифт.

Аз солҳои аввали таъсиси дастаи Enactus (SIFE) ректорони донишгоҳ Пўлодов Ҳ.Р., Каримов О.Қ. дастгириҳои назаррас кардаанд. Имрўзҳо ректори донишгоњ Ҷўразода Ҷ.Ҳ. барои рушди дастаи Enactus (SIFE) саҳми беандоза мегузорад.

Омўзгорон ва донишҷўён низ ба муваффақиятҳои дастаи Enactus (SIFE) саҳми арзанда гузоштаанд: устодон - Юсупов А. К.,Пулатова Н.Ю, Ахмедов Р.А., Назирова М., Набиҷонова М., Ҷўраев А.Ҳ. ва даҳҳо донишҷўёни фаъол, ки донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, дар ташкилотҳои гуногун кор ва фаъолият бурда истодаанд.

Аз соли 2013 эдвайзери дастаи Enactus дотсент Мирзоҷонова М.Қ. таъин гардид. Ин дастаи навтаъсис дар муддати хеле кўтоҳ ба комёбиҳо муваффақ шуд. Соли 2015 дар озмуни Ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷои сеюм ва соли 2016 соҳиби ҷои дуюм гардидааст.

                                                                                 

Читать далее

Хатмкунандагони мо

Хатмкардагони мо

Мониторинги бо ҷойи кори таъмин шудани хатмкардагони ДДҲБСТ дар солҳои  2008 то 2015:

Читать далее

Идораи маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ»

   Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ» тибқи қарори ҷаласаи Шўрои олимони донишгоҳ соли 2000 таъсис ёфта, 28 январи ҳамин сол таҳти №517 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Аз моҳи июни соли 2011 маҷалла ба рўйхати нашрияҳои илмии Комиссияи Олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия, ки муҳимтарин дастовардҳои илмиро барои дарёфти унвонҳои илмии номзад ва доктори илм интишор менамояд, ба қайд гирифта шуд.

То соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо таҳти рубрикаҳои «ҳуқуқшиносӣ», «иқтисодиёт», «сиёсатшиносӣ ва сотсиология», «улуми ҷомеашиносӣ ва фалсафа», «филология», «усули таълим», «тақриз ва китобиёт» нашр мегардиданд. Тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми ФР №793 аз 25 июли соли 2014 маҷалла ба ду силсила – силсилаи улуми ҷомеашиносӣ ва силсилаи улуми гуманитарӣ тақсим шуд.

Маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ» тибқи қарори Комиссияи Олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми ФР 3.06.2016 такроран ба рўйхати маҷаллаҳо ва нашрияҳои илмии пешбар, ки чопи муҳимтарин дастовардҳои илмии рисолаҳо барои дарёфти унвонҳои номзад ва докторони илм дар онҳо ҳатмӣ мебошад, дохил шуд. Дар рўйхати мазкур маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» таҳти рақами №1929 ва маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» таҳти рақами №1930 сабт шудааст. Ҳамчунин маҷалла ба Индекси иқтибоси илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Идораи маҷалла бо китобхонаи электронии ФР барои ҷой додани нусхаи электронии «Ахбори ДДҲБСТ» шартнома бастааст. Маҷаллаи «Ахбори ДДХБСТ» бо китобхонаи илмӣ-электронии «Киберленинка» ҳамкорӣ дорад.

Сармуҳаррири маҷаллаи силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ доктори илмҳои иқтисодиёт, профессор М.М.Шарифзода ва сармуҳаррири маҷаллаи силсилаи илмҳои гуманитарӣ номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷ.Б.Исомаддинов мебошанд.

Ҳайати кормандонро мутахассисони варзида, А. Самеев (котиби масъули маҷаллаи силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ), номзади илмҳои филологӣ Б.Н. Ҳакимова (котиби масъули маҷаллаи силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ), С.П. Балтина (муҳаррир-тарҷумони забони англисӣ), О. Б. Шомуродова (муҳаррири адабии забони русӣ), М.К. Ҳакимхўҷаева (муҳаррири техникӣ) ташкил медиҳанд.

Суроғаи идора: 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 17, ҳавлии №1, ДДҲБСТ. Телефон: 8(3422) 2-05-63. e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..

Нусхаи пурраи матни маҷаллаҳо ва маълумоти муфассал дар бораи онҳо дар сайти www.tsulbp.tj ҷойгир карда шудааст.

Читать далее

Кафедраи забонҳои хориҷӣ

Мудири кафедра - номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Негматова Дилошӯб Садуллоҷоновна

Кафедраи забонҳои хориҷӣ тибқи фармони ректори донишгоҳ аз 31 августи соли 2012  бо мақсади таъмини самаранокии таълиму тарбия, корҳои таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ дар назди факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсис шудааст.

Кафедра мутахассисони баландпояро мувофиқи ихтисоси 1-23.01.02.04 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ) бо савияи амиқи забондонӣ - тарҷумон референти забонҳои арабӣ ва англисиро омода менамояд. Саҳми дотсентон Ғиёсов Н.И. ва Пӯлодова Н.Ю. дар ташкили ихтисос ва тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ назаррас аст.

Аз 1 сентябри соли 2015 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Негматова Д.С. ба зимма дорад. 

Омӯзгорони кафедра аз фанҳои зерин бо таълиму тадрис машғуланд: забони англисӣ, забони арабӣ, муқаддимаи забоншиносӣ, фонетикаи амалии забонҳои омўзиш, инкишофи нутқи хаттӣ ва даҳонии забонҳои омӯзиш, грамматикаи амалии забони омўзиш, назарияи тарҷума, шевашиносӣ, морфологияи забонҳои омӯзиш, забоншиносӣ, ҷуғрофияи кишварҳои омӯзиш,  таърихи забонҳои омӯзиш, балоғат, услубшиносии забонҳои омӯзиш, лексикология, тарҷумаи матнҳои васоити ахбори омма ва ғр.

Самти фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра дар мавзўи «Таҳлили муқоисавӣ ва типологии масъалаҳои мубрами забоншиносии точикӣ, романо-германӣ ва арабӣ (самтҳои лингвистӣ, гуногунфарҳангӣ ва бисьёрзабонӣ)» мутобиқи нақшаи панҷсолаи  илмию-тадқиқотӣ (2015-2020) роҳандозӣ шудааст.

Аз ҷониби устодони кафедра 10 адад дастурҳои таълимию методӣ, якчанд КТМ ва зиёда аз сад мақолаҳои илмӣ ба чоп расидаанд.

Айни ҳол дар кафедра 14 нафар устодону омўзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 5 нафар номзади илмҳои филологӣ, дотсент (Н.Ю. Пӯлодова, Д.С. Негматова, Ҳ. Ҳ. Эгамназаров, Д.Г.Ишанкулова, Додобоев Қ.Б.), 3 нафар сармуаллим (З. Тӯраев, Ҷ. Шокиров, Ш.М. Раупова), 4 нафар ассистент  (Р. Сайфиддинова, Г. Сулаймонова, М. Обидова, Аъзамӣ М.) мудири кабинети лингафонӣ (Р.Ибрагимов) ва котиби кафедра (М. Кодирова) мебошанд.

Тамос: тел: (+992) 927733266

Суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Читать далее

Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ

 

Мудири кафедра номзади илмҳои таърих, дотсент .

Алимов Ботур Ҳамидович

Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (№ 2 аз 10.12.2002) ва фармони ректори донишгоҳ дар назди факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсис дода шудааст.

Вазифаи аввалиндараҷаи кафедра таълими донишҷўёни ихтисоси 1-23.01.01 – муносибатҳои байналхалқӣ бо донишҳои асоснок, таќвияти малакаи касби интихобкарда, омўзиши таҷрибаи корӣ, пеш бурдани муносибатҳои дипломатӣ, тарбияи завқ, одоб ва эстетикаи муносибати дипломатӣ ва таълими фанҳои назарияи дипломатӣ, минтақашиносӣ ва сиёсатшиносӣ мебошад.

Кафедра робитаи худро бо кафедраҳои донишгоҳҳои вилоят, ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия ба роҳ мондааст.

Дастовардҳои кафедра: соли 2016 ташкилу гузаронидани конференсияи байналхалқии илмию амалӣ таҳти унвони “Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар шароити нави сиёсати ҷаҳонӣ аст”. Устодони кафедра А. Алиxонова ва Ғ.Бобоxонов дар семинар оид ба такмили ихтисос дар барномаи “English Teaching Mentor Programm”-и Сафоратхонаи ИМА ширкат варзиданд. Иштироки мудири кафедра Б. Ҳ. Алимов дар якчанд конференсияи илмии байналхалқӣ таҳти унвони “Опыт межконфессионального взаимодействия в пространстве исторической памяти” (соли 2015), “Межцивилизационное взаимодействие на Евразийском пространстве; история, современные тенденции и преспективы ” (соли 2015), “Социально-политические и культурные проблемы современности: Крым и Евразийское пространство” (соли 2016).

Иқтидори зеҳнӣ ва тахассусии кафедраро 10 нафар устодони ботаҷриба ва омўзгорони ҷавон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, ректори донишгоҳ доктори илмҳои таърих, профессор Ҷ. Ҷўразода, доктори илмҳои таърих, профессор Б.М. Ризоев, доктори илмҳои таърих, профессор Ф.М., Ҳомидов, доктори илмҳои таърих, профессор Н. Турсунов, доктори илмҳои таърих, профессор М. Давлатов, номзади илмҳои таърих, дотсент Б.Ҳ. Алимов, номзади илмҳои филология, дотсент М.Ю. Юсуфов, номзади илмҳои филология, дотсент М.А. Сайфуллоева, сармуаллим А. Алиxонова, омўзгорон П. Мустафаева, У.Давлатов, И. Мухторов, А. Абдуллоева барои дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ гузоштаанд.

Рўйхати таълифоти илмӣ

E-mail:Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

тел : 92-779-69-66.

Читать далее

Кафедраи хадамоти гумрук

Мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ

Каримов Равшан Абдукаримович

 Кафедраи хадамоти гумрук дар асоси фармони ректори донишгоҳ аз 26 июни соли 2005 таҳти№ 81 бо мақсади таъмини самаранокии раванди таълиму тарбия, корҳои таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ дар назди факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсис дода шуд, ки он фаъолияти хешро асосан аз 1 сентябри 2005 оғоз намуд. Дар ташкил ва пешрафти кафедра саҳми д.и.и., профессор А.О. Орифов назаррас аст. Аз моҳи августи соли 2013 кафедраи хадамоти гумрукро н.и.и., дотсент Р.А. Каримов сарварӣ менамояд.

Мақсади фаъолияти кафедра ин омода кардани мутахассисони баландихтисос мувофиқи талаботи стандарти давлатии маълумоти олии касбӣ аз рӯи самти ихтисоси 1-96 01 01 – хадамоти гумрукӣ мебошад.

Вазифаҳои асосии кафедра ќонеъ гардонидани талаботи шахсият дар рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқӣ, гирифтани маълумоти олии касбӣ; омодакунии кадрҳо ва мутахассисони баландихтисоси фаъолияти гумрукӣ, ташкил ва гузаронидани корҳои илмию татқиқотӣ, бозомӯзии касбӣ ва баланд бардоштани тахассуснокии ҳайати кормандон ва ғ. Равона карда шудааст.

Корҳои илмию тадқиқотии кафедра дар мавзўи “Дурнамои таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ ва бехатарии он дар шароити ҷаҳонишавӣ” ба роҳ монда шудааст ва барои иҷроиши он ҳамаи олимон, унвонҷўён ва аспирантони кафедра вобаста карда шудаанд.

Дар кафедра аз рўи 18 (ҳаждаҳ) фанни таълимӣ машғулиятҳо ба роҳ монда шудааст.

Бо қалами олимони кафедра 9 адад дастурҳои таълимию методӣ, 3 адад монография ва зиёда аз дусад мақолаҳои илмӣ ба чоп расидаанд.

Дар кафедра 6 нафар устодон ба фаъолияти касбӣ машғул мебошанд.: Орифов Абдуллоҷон Орифович -доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Хоҷаев Ҳасан Ашурович-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Абдуғаниев Умарҷон-сармуаллим, Мирзоев Абдураҳмон Неъматович сармуаллим, Маъруфов Фирдавс Каримович ассистент, Қаҳорова Мавҷуда Абдулҳаевна – лаборант.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроға, телефон, E-mail

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд,

микроноҳияи 17, хонаи 1.

Тел: +992 (92) 724 63 30 (м)

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Читать далее

Кафедраи сиёсатшиносӣ

Кафедраи сиёсатшиносӣ

Мудири кафедраи сиёсатшиносӣ,номзади илмҳои таърих, дотсент Қобилова Сулҳия Яшиновна

Кафедраи сиёсатшиносӣ бо фармони ректори донишгоҳ аз 15 июли соли 2000 таъсис дода шудааст. Вазифаи асосии кафедра фароҳам овардани шароити таълимӣ ба донишҷўёни ихтисоси сиёсатшиносӣ маҳсуб меёбад.

Сарварии кафедраро олимони варзида ба ўҳда доштанд: Ш.М. Султонов - солҳои 2000-2002, А. Холиқӣ - солҳои 2002-2007, О. Зоҳидов - солҳои 2007-2008, М. Юсуфов - солҳои 2008-2010, М. Акмалова – солҳои 2010 -2016, Ф. М.Ҳомидов – солҳои 2016-2018

Корҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра мутобиқи нақшаи панҷсолаи илмию тадқиқотии кафедра (2015 – 2020) дар мавзўи: «Раванди сиёсии ҷаҳон ва Тоҷикистон дар низоми сиёсии муносибатҳои байналхалқӣ: муаммо, рушд ва дурнамо» (соли 2015) роҳандозӣ мегардад. Фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра ба мавзўъҳои мубрами сиёсӣ - мақоми геополитикии Тоҷикистон дар замони муосир, нақши геостратегии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият, нуфуз ва нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона гардида, барои иҷрои он ҳамаи олимону унвонҷўёни кафедра вобаста карда шудаанд.

Бо қалами устодони кафедра 8 китоби дарсӣ, 5 дастури таълимию методӣ, 5 монография ва зиёда аз сад мақолаи илмӣ ба чоп расидаанд.

Омўзгорони кафедраи сиёсатшиносӣ бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Қазон, Пажўҳишгоҳи стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон робитаи илмӣ доранд.

Дар кафедра 14 нафар омўзгор кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо  3 нафар номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент (М.А. Акмалова, Ҷ.Яқубов, Ш.Саидов), 2 нафар номзади илмҳои таърих, дотсент (А.Одинаев, С.Қобилова), 1 нафар сармуаллима (М. Ўлмасова), 5 нафар ассистент (Ш. Солиев, М.Саидова, С.Солихоҷаева, Н.Ҳошимова ва Ҳ.Қурбонов) ва 3 нафар муштараквазифаи дохила маҳсуб меёбанд.

Айни ҳол вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносиро номзади илмҳои таърих, дотсент Қобилова Сулҳия Яшиновна ба зимма дорад.        

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроға: маҳаллаи 17, бинои 1, телефони корї (83422) 2-39-27,

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/