19 Февраль 2014

Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

 

Декани факултет номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент

Акмалова Мунира Абдунабиевна

      Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ тибқи қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шўрои олимони ДДҲБСТ аз 1 апрели соли 2002, таҳти фармони № 40/1 таъсис ёфтааст.

Нахустдекани факултет дипломати касбӣ, профессор Я.И. Исломов интихоб шуданд. Минбаъд дотсентон А. Рахимов, М. Юсупов, профессор И. Раҳимӣ вазифаи декани факултети мазкурро ба ўҳда доштанд. Сипас профессор Ҷ. Ҳ. Ҷўразода тайи солҳои 2005-2006, 2009-2012 вазифаи сарварии факултетро сарбаландона иҷро намуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2012 ба вазифаи ректори ДДҲБСТ таъин гардиданд. Солҳои 2012-2016 д.и.т., профессор Ф.М. Ҳомидов ва аз моҳи сентябри соли 2016 н.и.с., дотсент М.А. Акмалова дар ҷодаи нумўи фаъолияти гуногунҷабҳаи факултет адои вазифа менамояд.

Мақсади асосии фаъолияти факултет омода намудани мутахассисони соҳаҳои сиёсатшиносӣ, таърих ва сиёсат, робитаҳои байнифарҳангӣ, хадамоти гумрук ва муносибатҳои байналхалқӣ мебошад.

Сохтори факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ аз шаш кафедра: сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, таърихи халқи тоҷик, фанҳои ҷамъиятӣ, забони хориҷии англо-арабӣ ва хадамоти гумрук иборат мебошад.

Дар факултет 12 нафар профессор, 27нафар дотсент, 8 нафар докторант, 2 нафар аспирант, 33 нафар унвонҷў фаъолият мебаранд.

Олимони факултет бо олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази қонунбарории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДМТ, ДТТ ба номи М.Осимӣ, ДДХ ба номи Б. Ғафуров, ДГТУ, ДДМ ба номи М.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Казони Федератсияи Русия, Маркази захиравӣ-таълимии Осиёи Марказӣ, Пажўҳишгоҳи стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон робитаи илмӣ дорад.

Бо иқдоми раёсати донишгоҳ ва як зумра олимони шинохта асари пурмуҳтаво «Андешаи миллӣ» ба табъ расид, ки аз афкори пурғановати тамаддуни Шарқи бостонӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, таълифоти профессор Ҷ.Ҳ. Ҷўрабоев «История Бухарского Эмирата в к.XIX-н.XXвека», профессор Ш.Султонов «Абдурахим Хаджибаев и его время», «Ёддоштҳо, осор ва андешаҳо», «Ёддоштҳои зиёии шўравӣ», «Демонтаж СССР: великая катастрофа ХХ-го столетия», дотсент М.А. Акмалова «Пути независимости Таджикистана», «Внешняя политика Таджикистана» (ҳаммуаллиф бо профессор Б.Ризоев), профессор А. Орифов «Гумрук», дотсент А.Мирбобоев, М.Ю. Юсупов «Муқаддимаи таърихи дипломатияи тоҷик», дотсент Ҷ.Б. Исоматдинов «Таърихи Унҷӣ» дастоварди муҳиму назарраси олимону устодони факултет арзёбӣ мегардад.

Дар факултет ба ҳайси муовини декан оид ба корҳои илмӣ н.и.т., дотсент С.Я.Қобилова, муовини декан оид ба корҳои тарбия н.и.ф., дотсент Ҳ.Х. Эгамназаров ва эдвайзери самти таълими факултет омўзгор С. Солихўҷаева фаъолият мебаранд.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроға: вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, мкр. 17, х.1.

Тел: +992 3422 23770

Читать далее

Факултети инноватсия ва телекоммуникатсия

Номзади илмҳои физика-математика, дотсент

Ғаюров Ҳаким Шарифович

          Декани факултети инноватсия ва телекоммуникатсия аз январи соли 2013.

Бобати ташкили ихтисосҳои назди факултет ва кафедраҳои навтаъсис саҳмгузор мебошад. Дар ташкили барномаҳои таълимии ихисосҳои нав ва таъмин бо стандартҳои давлатӣ корҳои назаррасро анҷом додааст.

Факултети инноватсия ва телекоммуникатсия дар заминаи факултети инноватсия ва технологияи тиҷорат бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ, таҳти №9, аз 24 январи соли 2013 ташкил карда шудааст.

Мақсади ва вазифаҳои асосии фаъолияти факултет ҷорӣ ва амалӣ намудани технологияи пешрафтаи айём ва омода намудани мутахассисони ояндаи меҳан мебошад.

Факултет мутахассисонро вобаста ба самтҳои системаҳои автоматикунонидашуда, технологияи иттилоотию идоракунии телекоммуникатсионӣ ва низом ва технологияи иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), WEB-дизайн ва графикаи компутерӣ тайёр менамояд. Шакли таълим дар факултет - шўъбаи рўзона ва ғоибонаро дарбар мегирад. Дараҷаи таҳсилот бакалавр ва магистр мебошад.

Дар назди факултет чор кафедра, яъне кафедраҳои системаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда, системаи ахборотӣ-ҳисоббарорӣ, математикаи олӣ ва моделсозӣ, забони англисӣ фаъолият менамояд.

Дар факултет шумораи олимон, яъне профессорон ва дотсентон қисмати 40-фисадро аз шумораи умумӣ ташкил медиҳад.

Хатмкунандагони факултет, баъди хатми донишгоҳ метавонанд, дар самтҳои иқтисодиёт, муҳандис - барномасоз дар фаъолияти бонкӣ, барномасоз дар соҳаи низоми иттилоотӣ, дар корхонаҳо, пажўҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ фаъолият намоянд.

Дар факултет аз рўи якчанд барномаи давлатӣ ба монандӣ: Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ, барои солҳои 2010-2020, Барномаи давлатии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015 корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Читать далее

Шўъбаи корхои тарбия

Муовини ректор оид ба тарбия Хоҷаева Мубинахон Ҷалоловна - 

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Аз 17 апрели соли 2006 таҳти № 39 фармони ректори донишгоҳ ба тасвиб расид, ки он «Оиди ворид намудани тағйирот ба ҷадвали аёлотии донишгоҳ» унвон дошта, созмон ёфтани шуъбаи тарбияро эълон мекард.

Дар сатҳи  баланд ба роҳ гузоштани корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ, муваффақ гардидан ба дастовардҳо ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф, роҳандозии корҳои тарбиявӣ бо донишҷўёни курси якум, худидоракунии донишҷўён, чорабиниҳо оид ба тарбияи ватанпарастӣ, фарҳангӣ - эстетикӣ,  варзишӣ – саломатӣ, инъикоси  фаъолияти  гуногунҷабҳаи донишгоҳ тариқи  матбуоти даврӣ аз вазифаҳои асосии фаъолияти шўъбаи тарбияи донишгоҳ маҳсуб мегарданд.

Инчунин бо сифати баланд ва ороиши ҷолиб таҳлил ва чопи  нашрияи «Маъвои хирад», раҳнамоӣ  дар  пешбурди фаъолият,  сифатан беҳтар ба роҳ гузоштани фаъолият дар соҳаҳои илм, таълим ва  тарбия, тарғиби таҷрибаи беҳтарин устодону муҳассилин, сафарбарнамудани ҷомеа ба иҷрои мақсадҳои наҷибу созандаву судманд  дигар аз ҳадафҳои фаъолияти шўъба ҳисоб меёбанд.

Бо донишҳои нави ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ мусаллаҳ намудани муҳассилин, дар замири донишандўзон парваридани беҳтарин хислатҳои наҷиби инсонӣ, дар корҳои судбахшу созандагӣ ҳидоятгари онҳо будан аз мақсаду мароми аввалиндараҷаи шўъбаи тарбияи донишгоҳ аст.

Дар иртибот ба ҳадафҳои фаъолият шўъбаи тарбия ҷиҳати мувофиқи матлаб фаъол гардонидани бонувон ва ҷавонони донишгоҳ дар роҳи илмомўзӣ, таъмини  иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғибу ташвиқи фаъолияти манфиатбахш дар ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти донишгоҳ, даъвати ҳамарўзаи ҷавонону бонувон ба татбиқи қарору дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ  корҳои зиёду босамарро ба анҷом мерасонад.

 Зерсохторҳо:

1.Шўрои кураторон

2. Бахши кор бо духтарону занон

3. Бахши кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

4. Созмони ҷавонон

5. Осорхона

6. Гурўҳи эҷодии донишгоҳ 

 7. Нашрияи «Маъвои хирад».

Читать далее

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ

Мудири кафедра - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Дадоматов Далерҷон Нишонбоевич

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ  моҳи сентябри соли 1996 дар асоси қарори  Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқбизнес  ва  сиёсати  Тоҷикистон таъсис  ёфтааст, ки  яке аз  кафедраҳои нахустини ДДҲБСТ маҳсуб меёбад.

Аввалин  мудири   кафедраи   баҳисобгирии  бухгалтерӣ   ва  аудит  н.и.и, дотсент  З.Қ.  Қурбонов буда,  ин  вазифаро  то  соли 2000 - ум  иҷро   намудааст.

Ҳамчунин, солҳои  2000-2001  вазифаи  мудирии  кафедраро  номзади  илми  иқтисод,  профессор,  А.Ғ.   Ғозибеков ба ўҳда доштанд. Сипас, кафедраро солҳои 2001-2010  номзади   илҳои   иқтисод, дотсент М.А.Акрамов, 2010-2011номзади   илҳои   иқтисод, дотсент    Д.Н.  Дадоматов, 2012-2013 н.и.и. дотсент  О.О.  Абдулллоев,  2013-2014   н.и.и,  дотсент   М.А. Акрамов,   2014-2016 н.и.и. дотсент  Р.А.Комилов  роҳбарӣ  намудаанд. Айни ҳол вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади   илҳои   иқтисод, дотсент    Д.Н.  Дадоматов вогуузор шудааст.

Мақсади фаъолияти кафедра саҳм гузоштан дар раванди рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, ташаккули шахсияти ҳаматарафа инкишофёфтаи рақобатпазир бо салоҳияти баланди иқтисодӣ, ташаккули малака ва маҳорати таҳлили равандҳои иқтисодӣ, равишҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва татбиқи сиёсати давлатии иқтисодӣ дар ҷараёни таълиму тарбияи кадрҳои соҳаи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит.

Вазифаҳои кафедра ин мода намудани донишҷӯён ва шунавандагон ба фаъолияти касбӣ дар бахши коркард ва таҳлилу баррасии тадбирҳои танзимкунандаи таъсиррасонии давлат ба иқтисодиёт, пешгӯӣ, барномарезӣ ва банақшагирии низоми иқтисодӣ, таъсиси низомҳои соҳавии мониторинги иқтидорҳои кадрӣ ва дурнамои эҳтиёҷот ба кадрҳо, вусъатбахшии тарбияи мақсадноки мутахасисон, ташаккули малакаи таҳияи барномаҳои рушди стратегӣ дар соҳаи гуногуни иқтисодиёти миллӣ, такмили мунтазами барномаҳои таҳсилот, маҷмӯаҳои таълимӣ-методии ҷавобгӯ ба талаботи даврони муосир, татбиқи технологияи муосири таълим ва усулҳои иноватсионии омӯзиш, пурра қаноатманд намудани талаботи донишҷӯён ҷиҳати фарогирии донишҳои нави иқтисодӣ.

Мавзӯи илмии кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ мувофиқи нақшаи корҳои илмию тадқикоти барои солҳои 2015-2020 «Низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар субъектони иқтисодӣ дар шароитҳои татбиқи Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ» махсуб ёфта, дар ҳаҷми ҳафт фаслҳои алоҳида қабул гардидааст ва ҷиҳати иҷрои он тамоми олимон, унвонҷуён ва аспирантони кафедра вобаста карда шудаанд.

Дар кафедра фанҳои зерин таълим дода мешаванд: баҳисобгирии идоракунии мухосибӣ, назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ, баҳисобгирии бонкӣ баҳисобгирии истеҳсолӣ, баҳисобгирии молиявии муҳосибӣ, Стандарти байналхалқии ҳисоботи молиявӣ, ҳисоботи бухгалтерӣ (молиявӣ), хусусиятҳои ҳисобгирӣ дар соҳаҳо, баҳисобгирии муҳосибӣ дар соҳаҳо, ҳисобгирии амалиёти арзӣ, баҳисобгирӣ ва аудити фаъолияти иқисоди  хориҷӣ, баҳисобгирии муҳоибии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, корузори муҳосибӣ,и стандарти байналхалқии ҳисобгирӣ, ҳисоботи молиявӣ ва аудит     

         Мудири кафедра - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Дадоматов Далерҷон Нишонбоевич.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Тел: +992928566665

e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

    Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, хонаи 3

Читать далее

Кафедраи андоз ва андозбандӣ

Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра н.и.и.,

дотсент Салимова Муҳайё Музаффаровна

Бо қарори Шўрои олимони донишгоҳ (№10 аз 30.06.2003) дар заминаи кафедраи молия ва қарз кафедраи андоз ва андозбандӣ таъсис дода шуд, ки аз рўи ихтисоси андоз ва андозбандӣ мутахассисони соҳавиро тайёр менамояд.

  Аз соли 2003-2015 иҷрои вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғоибназаров Шўҳрат Умарқулович  ба ўҳда дошт. Солҳои 2015 -2016 ба вазифаи мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Маъмуров Анварҷон Маҳмудҷонович  фаъолият  намуд. Соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра н.и.и., сармуаллим Ҳ.С. Бобоев буд. Айни ҳол иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ Салимова М.М. мебошад.

Кафедраи андоз ва андозбандӣ фаъолияти худро ҷиҳати  тайёр намудани  мутахассисони  ба талаботи даврони муосир ҷавобгў равона намудааст.  Дар кафедра тадқиқот мутобиқи  Нақшаи панҷсолаи (2015-2020), кафедра дар мавзўӣ «Раванди ислоҳоти низоми андозбандӣ дар асоси Кодекси андоз» ба роҳ монда шудааст.

      Аъзоёни кафедра аз фанҳои зерин машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ мегузаронанд: буҷаи давлатӣ ва сохтори он, буҷаи маҳаллӣ, андоз ва андозбандӣ, андоз аз корхона ва шаҳрвандон, коргузорӣ дар мақомоти андоз, системаи миллии андоз, андозбандии ғайрирезидент, низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назарияи андоз ва андозбандӣ, асосҳои андозбандӣ, танзими андоз ва ғ....

Таълифи  4 адад дастури таълимию методӣ, ки  бо қарори ВМИҶТ тасдиқ шудааст, 2 адад монография ва зиёда аз сад адад маќолаҳои илмӣ аз ҷониби олимону устодони кафедра  дастовардҳоеанд, ки дар самти иҷрои корњои илмию методӣ рўи кор омаданд.

Айни ҳол дар кафедраи андоз ва андозбандӣ н.и.и., сармуаллим иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Ҳ.С. Бобоев, дотсентон С.В. Мамадов,  Ш.У. Гаибназаров,  М. Ҳ. Носирҷонова,  А.М. Маъмуров ва сармуаллимон А.С. Номанова,  М.М. Абдуллоев, Ф.М. Ҳомидов ва коргузори кафедра Д.М.  Комилова фаъолият мебаранд.

 Рўйхати таълифоти илмӣ

Читать далее

Кафедраи забонӣ тоҷикӣ

 Каримов Аслам Аъзамҷонович- мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

      Кафедраи забони тоҷикӣ соли 1994 чун кафедраи забонҳо таъсис ёфтааст. Он  кафедраи забон ва адабиёти    тоҷик ва  забони арабӣ (2000);  забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ (2006); забони тоҷикӣ (2012) ном гирифт.   Дар ихтиёри кафедра таълими фанҳои забонҳои тоҷикӣ, арабӣ, хати ниёгон, адабиёти халқҳои ҷаҳон, маданияти нутқ буд.

           Инҳо мудири кафедра буданд: К. С. Абдуллохоҷаева – н.и.филол., дотсент (1993-2000), С. Ҳоҷиев- н.и.филол., дотсент (2001-2003),Т.Бердиева-д.и.филол.,проф.(2003)-д.и.филол.,проф.,А. Сайфуллоев(2003-2005), Б. Бобоҷонова- н.и.филол., дотсент (2005), Раҳимов И.-д.и.филол., проф.(2006-2012) ва Т. С. Шокиров-д.и.филол., проф.( 2012 - 2017) , аз сентябри соли 2017 то ҳол А.А. Каримов.

     Солҳои гуногун дар кафедра кор кардаанд: н.и.филол, дотс. Абдуллохўҷаева, д.и.филол.,проф. Т. Бердиева, д.и.филол., проф. А. Сайфуллоев, д.и.филол., проф. Раҳимов, н.и.филол.,дотсентон И. Нуров, Ф. Сатторова, Р. Сайфуллоева, Ю. Кенҷаев, М. Камолов, М. Аҳмадов, М. Раупова, С. Кенҷаев, М. Ҳалимова, Б. Ҳакимова, М. Атамуллоева, устодон С. Бобоев, М. Раҷабова, М. Фаёзов, М. Шарипова, М. Пўлодова, М. Ф. Голованова, Т. А. Давидкина, З. Тўраева,  Г. Ҷ. Шокиров, М. Мирниёзов. Шералишоева, С. Марофиева ва диг.      

  Кафедра фаъолияти худро дар партави супоришу таъиноти Президенти кишвар, қарорҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Шўрои олимони донишгоҳу факултети молия,  бандҳои Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  забони  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 05.10.2009  ва  Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва  нақшаи  тасдиқшуда  ба роҳ монда шуда, то имрўз доир ба тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ як қатор тадбирҳоро  амалӣ гардонд:

           Профессорону устодони кафедра дар нашрияҳои писандидаи КОА-и ВМ ва ИФР, дорои Индекси иқтибоси илмии Русия (РИНЦ), маҷаллаҳои илмии ИМА, Германия, Британияи Кабир, Украина, Ўзбекистон, нашрияҳои ҷумҳурӣ, ВАО мақолаву  рисола ва маводи интишорӣ ба табъ мерасонанд.

           Бо мақсади таъмини омодагии ҳаматарафаи  устодон аз фанни забони тоҷикӣ омўзгорони  кафедра вобаста ба тахассус комплекси таълимию методӣ барои донишҷўёни ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ  (муаллифон Шокиров Т., Ҳалимова М.; Раҳматова Д., Ҳакимова Б.) таҳия намуда, барои чоп иҷозати ВМ ва И ҶТ-ро гирифтаанд.

Соли 2013 кафедра барои фаъолияти пурсамараш ба гирифтани ҷоизаи “Кафедраи тиллоӣ”-и Академияи табиатшиносии ФР сазовор гардид.

  Дар айни замон  кафедра бо 26 кафедраи макотиби олии кишвар, 6 кафедраи забонҳои мамолики хориҷӣ ва 5 муассисаи тадқиқотии ватанию хориҷӣ робитаи илмӣ дорад.

 Дар кафедра 2 доктори илм, профессор (Шокиров Т., Раҳимов И.), 1 академики Академияи табиатшиносии ФР (Шокиров Т. ), 5 номзади илм, дотсент (Кенҷаев С., Кенҷаев Ю., Раҳматова Д., Каримов А., Каримова М.), 1 сармуаллим (Мирниёзов А.) ва 1 коргузор (Маллаева М.) фаъолият доранд. 

Читать далее

Кафедраи молия ва қарз

Мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент:

Тўхтаев Т.М. 

Нахуст дар донишгоҳ кафедраи молия ва қарз бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти №35 аз 06.12.1999 таъсис ёфтааст. Ҳамон вақт кафедраи молия ва қарз мутахассисонро аз рӯи ихтисоси 06.04.00-молия ва қарз барои фаъолияти иқтисодӣ, ташкили идоракунӣ, таҳлил ва бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи молиёт, қарз, муомилоти пулӣ, фаъолияти бонкӣ, муносибатҳои асъорӣ, танзим ва назорати асъор, суғурта, таъминот ва суғуртаи иҷтимоӣ тайёр менамуд. Аз 25 августи соли 2015 роҳбарии кафедраи молия ва қарзро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Тӯхтаев Т.М. ба зимма гирифта, барои ташкили заминаҳои нави ташаккули раванди тадрис, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои тарбиявию ғоявӣ дар кафедра кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Истифодаи самараноки ҷадиди усулҳои таълим, дарсиҳамоӣ, истифодаи роҳу усулҳои фаъолгардонии донишҷӯён, ташкил ва тайёр намудани аёният, дастурҳои таълимӣ доир ба кори мустақилонаи донишҷуён, маводҳои методӣ асоси ҷараёни кори кафедраро ташкил медиҳанд.

Корҳои илмию тадқиқотии кафедра мутобиқи Нақшаи панҷсолаи (2015-2020) дурнамо дар мавзӯи «Низоми молияи давлатӣ, таркиб ва нақши он дар танзими муносибатҳои молиявӣ ва инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар» қабул гардида, кулли устодон ва олимони кафедра барои иҷрои вазифаҳои тадқиқот мутобиқи ҳадафи асосии он кор карда истодаанд.

Аз тарафи омӯзгорони кафедра мувофиқи барномаҳои таълимӣ ва силлабусҳои тасдиқгардида барои 18 номгӯи фанҳои тахассуссӣ комплексҳои таълимӣ-методӣ омода карда шуда, дар асоси қарори ҷаласаи кафедраи молия ва қарз, қарори Шӯрои методии факултети молия ва қарори Шӯрои методии ДДҲБСТ чоп карда шудаанд, ки дар раванди таълим воқеан истифода шуда истодаанд. Кафедраи молия ва қарз яке аз кафедраҳои калидии факултети молия ба ҳисоб рафта, аз рӯи ихтисоси 1-250104 –молия ва қарз мутахассисони баландихтисос ва магистрантону докторони PhD омода менамояд.

Дар кафедра олимони самти ихтисос дотсентон Т.М. Тӯхтаев М.А. Акрамов, сармуаллим Р.И. Самадов ва як қатор мутахассисони соҳа аз амалия фаъолият мебаранд.

Мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент: Тўхтаев Т.М.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроға: ш. Хуҷанд, мкр 28. х20. ҳ3. Тел: +992927755704

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Читать далее

Кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ

 Мудири кафедра - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

И.Р. Пӯлотова

Дар асоси қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 2.06.1998 дар базаи кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» кафедраи «Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ва дипломатия» ташкил карда шуд. Мудири кафедра - номзади илмҳои иқтисодӣ Ғозибеков Садриддин Аслонбекович таъин гардид. Дар солҳои мухталиф кафедраро устодони зерин роҳбарӣ намудаанд: 1998 – н.и.и., дотсент С.А. Fозибеков, 2000 – н.и.и., дотсент А.Р. Раҳимов, 2005 – д.и.и., профессор Д. Д. Бобоҷонов, 2012 - н.и.и., дотсент Р.С. Шокиров, 2015 то имрўз – д.и.и., профессор И.Р. Пўлотова. Дар кафедра 31 фан таълим дода мешаванд. Кафедра боргоҳи фаъолияти пурсамари устодони зиёде гаштааст: докторони илмњои иқтисододӣ, профессорон А.А. Бойматов, А.М.Раҳимов, Д.Д.Бобоҷонов, И.Р.Пӯлотова, дотсентон А.Раҳимов, А.Солиев, М. Э. Исоматдинов, М.Ю. Юсуфов, М. Х. Бақоев., Р. С. Шокиров, Р.А.Каримов, М.Д.Тошматова, Д. Ғ. Аминов аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Олимони кафедра асарҳои арзишманди илмӣ интишор намуданд ва мақолаҳои устодони кафедра дар маҷаллаҳои илмии шаҳрҳои Маскав, Минск, Новосибирск, Алма-ато, Тошкент, Душанбе ба табъ расидаанд. Устодони кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқи нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2016-2020, ки ба шўъбаи илми ДДҲБСТ пешниҳод шудааст, аз рўи мавзўи «Муаммоҳои геоиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: стратегияи рушди робитаҳои иқтисодии хориҷӣ» ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул ҳастанд. Мавзўи мазкур замонавӣ мебошад, зеро тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва баромадани он ба бозори ҷаҳонӣ аз инкишофи фаъолияти иқтисодии хориҷии мамлакат вобастагӣ дорад. Роҳбари илмии мавзўи корҳои илмии кафедра доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор И.Р. Пӯлотова мебошанд. Дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ доир ба мавзўи кафедра кулли устодони кафедра иштирок мекунад. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷўён «Интегратсия» амал мекунад. Донишҷўёни ихтисоси 060600 «Иқтисоди ҷаҳонӣ» моҳе як маротиба таҳти сарпарастии асситенти кафедра П.Ш.Солиева дар маҳфил оиди ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои иқтисодии давлатҳои ҷаҳон маърўзаҳо омода сохта, назди ҳамсабақон ва устодони кафедра сўҳбатҳои дилчасп созмон медиҳанд. Дар асоси талабот нақшаи кори семинарҳои илмӣ – назариявии дар кафедра мавҷудбуда аз рўи ин нақша устодони кафедра суханронӣ мекунанд. Кафедра бо мактабҳои олии пешрафтаи ҷумҳурӣ, Вазорати иқтисодиёт ва савдо, Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Кафедра, инчунин, бо бонкҳо, шўъбаҳои робитаҳои иқтисодии хориҷии мақомоти иҷроияи ноҳияҳо, корхонаҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунад. Хатмкардагони кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналхалқӣ, муассисаҳои СММ, бонкҳо, дар хадамоти гумрук ва андоз, дар корхонаҳои муштарак, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят, корхонаҳо ва ташкилотҳои истеҳсолӣ фаъолият мебаранд.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроғаи кафедра: шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 17, бинои таълимии 2.

Телефон: 2-30-33.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/component/blog_calendar/2014/02/19.html#sigProGalleria6182a73b71
joomlamodniyportal.ru

Читать далее

Факултети баҳисобгирӣ ва андоз

Декани факултет, дотсент

С.В. Мамадов

 Факултети баҳисобгирӣ ва андоз дар заминаи факултетҳои бизнес ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бизнес ва ҳисобгирӣ, технологияҳои компютерӣ ва ҳисобгирӣ бо фармони ректори донишгоҳ таҳти №9 аз 24.01.2013 с. таъсис дода шудааст.

Дар солҳои гуногун вазифаи декани факултетро дотсентон З.Қ. Қурбонов, Т.Н. Неъматов, профессор Д.И. Исмоилов, дотсентон А.Я. Набиева, М.Р. Дониёров, Ҳ.Ш. Ғаюров, Ш.М. Зокирова, Ш.М. Шерматов, профессор Ғ.С. Абдусамадов, дотсент Д.Н. Дадоматов ба зимма доштанд. Айни ҳол н.и.и., дотсент С. В. Мамадов ба ҳайси декани факултет фаъолият мебаранд.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти факултет –тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва ревизия, андоз ва андозбандӣ, ки дорои донишҳои фундаменталии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа буда, ба талаботи касбии бозори меҳнат мувофиқат мекунанд.

Дар факултет аз рўи ихтисосҳои зерин мутахассисони дараҷаи бакалавр тайёр карда мешаванд: 1-25.01.08 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит; 1.25.01.11 - аудит ва ревизия; 1-25.01.04-03 – андоз ва андозбандӣ.

Таҳсил дар магистратура аз рўи ихтисосҳои 1-25.01.08 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит ва 1-25.01.04-03 – андоз ва андозбандӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар соли хониши 2016-2017 теъдоди донишҷўён 1001 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 617 нафар дар шўъбаи рўзона ва 384 нафар дар шўъбаи ғоибона бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Имрўзҳо хатмкунандагони факултет дар вазифаҳои мухталифи идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суд ва ҷумҳурӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои давлатию хусусӣ, ташкилотҳои қарзӣ, мақомотҳои назоратию ревизионӣ, ширкатҳои аудиторӣ ва мақомотҳои андоз кору фаъолият бурда, дар рушду нумўъи Тоҷикистон ҳиссагузоранд.

Дар ҳайати факултет кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, кафедраи андоз ва андозбандӣ ва кафедраи аудит ва ревизия фаъолият мебаранд.

Ҳайати устодону олимони факултетро 10 нафар номзадони илм, дотсентон, 7 нафар сармуаллимон ва 8 нафар ассистентон ташкил медиҳанд.

Декани факултет: н.и.и., дотсент С. В.Мамадов

Муовинони декан: мушовири академӣ М.М. Абдуллоев, оид ба корҳои тарбия М.М. Раҳмонов, оид ба корҳои илм ва инноватсия С.Ш.Саидҷонов.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроғаи факултет: шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 28, бинои таълимии №3 – и ДДҲБСТ,

Телефон: 83422-5-65-20

Е – mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Читать далее

Кафедраи менеҷмент

 

Мудири кафедраи менеҷмент, дотсент

Хоҷаева Д.А.

Кафедраи менеҷмент бо қарори Шўрои олимони донишгоҳ (№8 аз 01.03.06) дар заминаи кафедраи менеҷмент ва агробизнес, ки бо фармони ректори донишгоҳ таҳти № 6 аз 19.04.04с амал мекард, таъсис ёфт.

Кафедра бо мақсади омода намудани мутахассисони мутобиќ ба шароити иқтисодӣ фаъолият менамояд.

Ҳамаи аъзоёни кафедра дар самти корҳои таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри пешбурди он кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Соњањои тадќиќот дар асоси мавзўи “Стратегияи менеҷменти муосир дар рушди минтаќа” ба роњ монда шуда, вобаста ба ин самт аз љониби њайати устодони кафедра 5 монография ва зиёда аз 100 адад маќолањои илмї ба табъ расиданд.

Дар кафедра аз рўи 40 номгўи фанҳои вобастаи тахассус дарсҳои лексионӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд, ки китобу дастурҳои методӣ ва комплексӣ таълимии омоданамудаи устодон дар раванди таълим истифода бурда мешаванд:

1. Зокирова Ш.М., Негматова Ш.Ғ. Комплекси таълию методӣ аз фанни иқтисодиёти корхонахои савдо

2. Орипов А.А., Шамсиев Ф.К., Тошев Т.Ҷ., Абдураҳмонова Б.С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни менеҷмент, бо забони русӣ,

3. Асророва М.А., Шамсиев Ф.К., Ҳоҷибоева М.А., Қосимова Ш.М., Азизова Н.Х. Комплекси таълимӣ методӣ аз фанни менеҷмент, бо забони тоҷикӣ,

4. Комилова М.М. Комплекси таълимию методӣ аз фанни ҳуҷатгузорӣ, бо забони тоҷикӣ

5. Махмадиева Ҳ.Ҷ., Ахмедова М.А., Негматова Ш.Ғ., Ҳомидов С.Х. Комплекси таълимию методӣ аз фанни омор, бо забони тоҷикӣ

6. Махмадиева Ҳ.Ҷ., Ахмедова М.А., Негматова Ш.Ғ., Аҳадова М.Қ., Ҳомидов С.Х. Комплеки таълимию методӣ аз фанни омор, бо забони русӣ

7. Ҳоҷибоева М.А., Азизова Н.Х., Бурҳонов И.Б., Шамсиев Ф.К. Комплекси таълимию методӣ аз фанни идоракунии иқтисодӣ-иҷтимоӣ

8. Махмадиева Ҳ.Ҷ., Шарипова Ш.М. Комплекси таълимию методӣ аз фанни таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти гумрук Дар кафедра мувофиқи ҷадвали штатӣ ҳамагӣ 17 нафар устодон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 5 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентон, 7 нафар сармуаллимон, 5 нафар ассистентон ва 1 нафар коргузор мебошанд. Коллективи кафедра бо сарварии дотсент Хоҷаева Д.А. дар назди худ вазифаҳои омода намудани мутахассисони соҳибкасбӣ муосирро гузоштааст.

Рўйхати таълифоти илмӣ

 Суроға: dilrabo. Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/