18 Февраль 2014

ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМОИ ДОНИШГОҲ

Аз таърихи таъсисёбии ДДҲБСТ

«Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати

 Тоҷикистон дар ислоҳоти қонунгузорӣ «маркази  зеҳнӣ»

гардида, дар соҳаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ

ва ҳуқуқи байналхалқӣ мутахассис тайёр мекунад».

                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки Истиқлолият буда, имрўзҳо дар арафаи воқеаи сурурбахш, таҷлили 20-солагии таъсиси махзани илму маонӣ қарор дорад. Донишгоҳ алҳол бо ташаккули ҳамаҷиҳатаи самтҳои фаъолияти худ дар равнақу шукуфоии низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат ҳамчун боргоҳи маърифат ва маскани тарбияи наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон мавқеи устувор ва шоистаи худро касб кардааст. Ин нуктаро Сарвари давлатамон зимни сафарҳо ва мулоқоташон бо устодону донишҷўёни донишгоҳ низ иброз доштаанд. Ду ташрифи роҳбари давлат ба  донишгоҳ худ далели рўшани таваҷҷўҳи хосаи Президенти кишвар на танҳо ба ин макони сабзиши нерўҳои пурқудрати зеҳнӣ, балки ба ташаккули тамоми соҳаи маорифи кишвар ба шумор меравад. Ҷаноби Олӣ дар ташрифашон ба муносибати таҷлили 15-солагии донишгоҳ ин нуктаро таъкид намуданд: “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳарчанд ҷавон аст ва акнун фосилаи 15 соли фаъолиятро паси сар менамояд, мо метавонем мавҷудияти ин боргоҳи маърифатро ҳам  ҳосилу самараи неки соҳибистиқлолии кишвар маънидод намоем. Зеро ин махзани маърифат баробар бо марҳалаи нави таърихии мамлакат - Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолият оғоз намуда, ҳастии он бо дарназардошти ниёзҳои ҷомеаи навин ва талаботи кунунии таҳсилоти олӣ пайрезӣ шудааст”.

Омўзиши таърихи ин боргоҳи мўътабари илму маърифат нишон медиҳад, ки он дар тўли 20 соли мавҷудияташ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи соҳаи маорифи кишвар табдил ёфта, имрўз бо умеди тоза ҷониби оянда қадамҳои боэътимод мегузорад.

Расидан ба Истиқлолият воқеан ҳам ба талошҳои маънавии тоҷикон мазмуни тозаи созанда бахшид. Новобаста ба идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, бўҳрони сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ, касоди маънавӣ дар ҷомеа мардуми шарифи тоҷик, хосатан, қисмати маънавиятпарвари он чароғи илму маърифатро фурўзон кард. Дар ин давра дар минтақаҳои мухталифи кишвар муассисаҳои нави таълимиву илмӣ созмон ёфтанд, ки аз фитрати маънависози мардуми тоҷик далолат мекарданд.

  Бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон №364 аз 5 августи соли 1993, қарори Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) №98 аз 31 марти соли 1994 таъсис ёфтани донишгоҳ ба ҳайси маскани тайёр кардани кадрҳо дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ ва амсоли ин самтҳои умдаи хоҷагии халқи мамлакатамон аз падидаҳои ҷолиби таърихи навини маорифи кишвар маҳсуб мешаванд. 26  августи соли 1993 қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон № 469 оид ба ихтиёри ДДҲБСТ додани Филиали хуҷандии Донишкадаи давлатии кооперативӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ба тасвиб расид. 20-уми октябри соли 1993 қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 57 «Оид ба таъсиси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон» интишор ёфт ва аз таърихи моҳи апрели соли 1994 роҳбарии ин муассисаи навтаъсисро профессор Арслонбек Ғозибеков ба зима дошт ва 17 июни соли 1994 аввалин ҷаласаи раёсат таҳти роҳбарии ин олими тавоно баргузор гашт. Бо оғози фаъолияти нахустин комиссияи қабули донишгоҳ 18 июни соли 1994 марҳилаи қабули аввалин донишҷўён шурўъ гардид. Дар ин марҳила, ки аз марҳилаҳои басо тақдирсози донишгоҳ маҳсуб мегардид, таъсисёбии қисми (шўъбаи) таълими донишгоҳ (моҳи июли соли 1994, нахустин сарвари он н.и.к., М. Исоматдинов), ифтитоҳи кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои ҷамъиятӣ (мудираш н.и.ҳ., дотсент Орипов Т.О., 10 –уми июли соли 1994), таъсиси факултети ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ (аввалин декани факултет н.и.ҳ., дотсент Ҳасанов С.Ҳ. сентябри соли 1994) ва тадбирҳои муҳими поягузории маъвои маърифат ба ҳисоб мерафтанд. Албатта ин падидаҳои аввалин табиист, ки бидуни талошу кўшишҳои пайваста ва муҳимтар аз ҳама ояндабинии дақиқ имкони даст додан надошт. Дар мачмўъ оғоз ёфтани таҳсили нахустини донишҷўён дар донишгоҳ дар таърихи 1-уми сентябри соли 1994 дар бинои бисёрошёнаи «Ирсовхозстрой» (ҳозира бинои таълимии № 1) нишонаи фараҳбахши пешбурди корҳои наҷиб гардиданд. Минбаъд ташкили кафедраҳои фанҳои иқтисодӣ (1 - сентябри соли 1994, мудираш н.и.и., дотсент Исмоилова М.М.), математикаи олӣ ва фанҳои умумитаълимӣ (мудираш н.и.ф-м, дотсент Неъматов Т.), ба фаъолият оғоз намудани ташкилотҳои нахустини ҷамъиятӣ, аз ҷумла Иттифоқи ҷавонони донишгоҳ (соли хониши 1994-1995, аввалин роҳбари он Р.Ғиёсов), Шўрои таълимӣ-методӣ (23 декабри соли 1994), ифтитоҳи нахустин синфхонаи компютерӣ (1995), таъсиси кафедраи менеҷмент (1995, мудираш н.и.и., профессор Усмонов И.У.), ба имзо расонида шудани аввалин созишномаи ҳамкорӣ байни ДДҲБСТ ва Донишгоҳи давлатии Масква ба номи М.В. Ломоносов дар ҳамин сол боис гардиданд, ки  дар нахустин аттестатсияи давлатӣ (5-12 декабри соли 1995) аз ҷониби Вазорати маорифи кишвар донишгоҳ баҳои сазовор гирад. Дастовардҳои минбаъда низ бо таъсиси кафедраҳои назарияи давлат ва ҳуқуқи конститутсионӣ (20-августи соли 1996, мудираш н.и.ҳ., дотсент Орипов Т.О), ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналхалқӣ (мудираш н.и.ҳ., дотсент Болтуев С.Ш), ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика (мудираш н.и.ҳ., дотсент Ахмедов Н.А.), баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (мудираш н.и.и., дотсент Қурбонов З.), ифтитоҳи факултети муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (соли хониши 1996-1997) алоқаманд буда, мақоми донишгоҳро дар байни дигар муассисаҳои олии касбии кишвар боло бардоштанд. Дар натиҷаи санҷиш (8-16 апрели соли 1997) ба донишгоҳ аз ҷониби хадамоти атестатсияи давлатии Вазорати маориф (аттестатсияи давлатӣ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дода шуд. Аз ин лиҳоз, соли 1997 дар заминаи кафедраи забонҳо ду кафедраи мустақил - забонҳои хориҷӣ (мудираш н.и.ф., дотсент Абдуллохоҷаева Қ.С.) ва  забонҳои тоҷикӣ-арабӣ (мудираш д.и.ф., профессор Бердиева Т.Э.) созмон ёфта, дар ҷодаи омода намудани кадрҳои илмӣ имконияти донишгоҳ тақвият ёфт. Дар ин сол ба дифоъ расидани аввалин рисолаи докторӣ дар риштаи иқтисодиёт (аз ҷониби А. Абдусамадов), хатми донишҷўёни аввалин аз рўи чор ихтисос воқеаҳои муҳим дар ҳаёти илмию таълимии донишгоҳ буданд. Байни солҳои 1998-1999 таъсиси кафедраҳои муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ва дипломатия (мудираш н.и.и., дотсент Ғозибеков С.), сиёсатшиносӣ ва фалсафа (мудираш д.и.т., профессор Султонов Ш.М.), дар заминаи кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқи конститутсионӣ таъсис ёфтани ду кафедраи мустақил - назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ (мудираш н.и.ҳ., дотсент Ҳасанов С.Ҳ.) ва ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурӣ (мудираш н.и.ҳ. дотсент Орипов Т.О.),  кушода шудани кафедраи молия ва қарз иқтидори таълимию илмии донишгоҳ хеле афзуд.

Дар амалигардии ин ҳама иқдомҳои неку наҷиб нақш ва мавқеи олими варзидаи соҳаи кооператсияи тоҷик, Иқтисодчии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон профессори шодравон Арслонбек Ғозибеков хеле назаррас аст. Таҳти роҳбарии ин инсони накўном, ки аз соли 1994 то 1999 дар вазифаи ректори донишгоҳ кор кард, ҷомеаи меҳнатӣ мақом ва манзалати худро дар давраи душвори гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ пайдо намуд. Устодони донишгоҳ шогирдони хешро дар рўҳияи ватандўстӣ, инсондўстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтиром нисбат ба халқу Ватан, ҷамъият, калонсолон, қонун, расидан ба қадри меҳнати падару модар ва гузаштагони худ тарбия менамуданд.

Аз моҳи декабри соли 1999 доктори илмҳои фалсафа, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ризоқулович Пўлодов ба вазифаи ректори донишгоҳ таъин гардид. Бо иқдоми роҳбари нави донишгоҳ масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, илм, тарбияи кадрҳо ва ғайра самтҳои нави фаъолият ҳаллу баррасии худро пайдо намуда, пойгоҳи моддӣ-техникии донишгоҳ мустаҳкам шуд. Дар ҳамин давра маҳз бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №7-Р аз 3 феврали соли 2000 бинои шашошёнаи иттиҳодияи «Ирсовхозстрой»-и Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба ихтиёри донишгоҳ вогузор карда шуд. Дар ин марҳилаи ташаккули донишгоҳдар самти илм дар Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудани маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ» (28-январи соли 2000),  аз рўи 12 ихтисос таъсис дода шудани аспирантура (2-феврали соли 2000), ба фаъолият оғоз намудани матбааи хурд, созмон ёфтани Шўрои табъу нашр, оғози фаъолияти Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ ва баргузории нахустин конференсияи илмии байналхалқии «Тоҷикистон дар сохтори муносибатҳои иқтисодӣ-байналхалқӣ» (21-декабри соли 2001), ифтитоҳи китобхонаи марказии донишгоҳ (31-январи соли 2003) аз зумраи муҳимтарин рўйдодҳо маҳсуб мегардиданд. Дар баробари ин таъсис дода шудани  синфхонаҳои компютерӣ, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ (30 –октябри соли 2000), кафедраи ҳарбӣ (29-декабри ҳамин сол), забони русӣ (13-уми сентябри 2002) ба ин давра рост меояд.

  Дар ин марҳила фаъолияти илмию таълимии олимони донишгоҳ сазовори ҷоизаҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихорӣ  гардида, баҳри густариши доираҳои фаъолият аз соли 2003 донишгоҳ ба шабакаи интернетӣ пайваст шуд ва захираи зеҳнии донишгоҳ туфайли баргузории конференсияи байналхалқии «Муаммоҳои актуалии риёзӣ ва татбиқи он» (29-31 майи соли 2003) дар олами илм хориҷ аз кишвар муаррифӣ ёфт. Таъсис ёфтани шўъбаи тарбияи донишгоҳ ва дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шудани бинои нави китобхонаи илмӣ (2006) воқеаи муҳими ҳаёти ин муассисаи тозабунёд гардиданд.

Дар ин давра таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ устоди шодравон профессор Пўлодов Ҳ.Р. дар роҳи татбиқи ҳидоятҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати бо саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, азхудкунии техника ва технологияи навтарин тарбия намудани ҷавонон ва дастуру супоришҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои боэътимод гузошта шуданд.

  Бо таъин гардидани ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Каримов О.Қ. ба вазифаи ректори донишгоҳ аз 18 декабри соли 2006 марҳилаи сифатан нави рушду такомули ин боргоҳи илму маърифат шурўъ гардид. Ў аз рўзҳои аввали роҳбарӣ ба иқдомҳои ҷиддии созандагӣ, татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф шурўъ кард. Дар ин марҳила дар ҷодаи ислоҳоти раванди таълиму тарбия, ташаккули фаъолияти илмӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии донишгоҳ силсилаи тадбирҳои судманд анҷом ёфтанд. Муҳимтарин дастоварди ин марҳилаи рушди донишгоҳ бо иштироки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтани корҳои сохтмонӣ (9 сентябри 2008, ба муносибати 15-солагии донишгоҳ) ва дар муддати се сол (5 августи соли 2011) пурра ва дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супорида шудани бинои нави таълимии донишгоҳ маҳсуб мешавад, ки ин воқеаҳо  бо ҳарфҳои заррин дар китоби таърихи донишгоҳ сабт шудаанд.

Таъсис ёфтани шўъбаҳои илм, тайёрӣ, тадқиқоти назорати сифати таълим (дар ибтидои соли 2007), рўзномаи донишгоҳии «Маъвои хирад» (соли 2007), аз нав ба фаъолият шурўъ намудани шўъбаи робитаҳои байналхалқӣ (соли 2007), ташкили чор маркази илмӣ, вусъат ёфтани сохтори факултаҳо ва бо истифода аз захираву имкониятҳои дохилии илмиву таълимӣ ба иловаи чор факултаи мавҷуда ташкил додани ду факултети нав – Технологияҳои компютерӣ ва ҳисобгирӣ (дар соли таҳсили 2007-2008), Инноватсия ва технологияи тиҷорат (дар соли таҳсили 2008-2009) ва дар ин факултаҳои нав ба роҳ мондани таълим аз рўи ихтисосҳои наву замонавӣ ба монанди системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, методҳои риёзӣ дар иқтисодиёт, системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди маълумот ва идора дар фаъолияти молиявӣ-бонкӣ ва ғайраҳо имкониятҳои рушди минбаъдаи донишгоҳро афзуданд. Барои ташкил ва фаъолияти босамари китобхонаи электронии донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Маҳз дар ин марҳила донишгоҳ ба низоми нави таҳсилоти олии касбӣ гузашт ва аз 30 августи соли 2007 бо қарори Шўрои олимон курсҳои аввалини ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ, молия ва қарз ба низоми кредитии таҳсил гузаронида шуда, ҷараёни автоматикунонии назорат ва идораи таҳсилот тавассути барномаи компютерии Alfa-Экспрess роҳандозӣ гардид. Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ даршафати бинои асосӣ  ошхона барои 100 нафар ва даромадгоҳи ду факулта (моҳи августи соли 2007) қомат афрохт, бинои хобгоҳи Коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба тавозуни донишгоҳ гирифта шуда, пас аз таъмири босифат 24 сентябри соли 2008 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа барои 300 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдаст шароити зисти мусоид фароҳам омад. Донишгоҳ ҷиҳати таъмини беҳдошти шароити моддии кормандон аз ибтидои баҳори соли 2008 фаъолияти пурвусъати хоҷагии ёрирасонро ба роҳ монд.

Дар донишгоҳ осорхонаи таърихӣ созмон ёфта (2011), ба фаъолият оғоз намудани Шўрои дифои рисолаҳои номзадӣ (2011) ва ба Рўйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Федерасияи Русия шомил шудани маҷаллаи илмию назариявии «Ахбори ДДҲБСТ» (2011), ба фаъолият оғоз намудани литсейи назди донишгоҳ (2011) дар ташаккули мавқеи донишгоҳ дар низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат заминаи устувор гардиданд. Шомил гардидани ДДҲБСТ ба ҳайси донишгоҳи пойгоҳии таъсисдиҳандаи Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (соли 2009) дар вусъат ёфтани равобити хориҷии донишгоҳ самараҳои хуб ба бор овард. Дар муддати начандон тўлонӣ бо якчанд муассисаҳои таҳсилотӣ ва марказҳои бонуфузи илми ҷаҳонӣ ба монанди  Мактаби олии байналхалқии бизнеси шаҳри Масква «Мирбис» (2007), Ассотсиатсияи илмҳои сиёсии ФР ва Донишгоҳи давлатии вилояти Маскав, Донишгоҳи байналхалқии дўстии халқҳо ба номи Патрис Лумумба, Пажўҳишгоҳи иттилооти илмӣ оид ба фанҳои ҷамъиятии АИ Русия, Пажўҳишгоҳи тадқиқоти масоили иҷтимоӣ-сиёсии АИ Русия,  Донишгоҳҳои давлатии шаҳрҳои Уфа, Қазони Федератсияи Русия, Донишгоҳи Кентуккии ИМА (2008) ва дигарон шартномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд. Шартномаҳои мазкур дар навбати худ барои ташкилу баргузории ҳамоишҳои мўҳташами илмии байналмилалӣ ба монанди «Тоҷикистон ва муносибатҳои байналхалқии муосир: ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои минтақавӣ» (2007), «Пули муҳоҷиратии байни Осиёи Марказӣ ва Русия: тарҳсозӣ ва идораи самарабахши раванди муҳоҷиратӣ» (2009), «Пули муҳоҷиратии байни Осиёи Марказӣ ва Русия дар шароити бўҳрони молиявӣ-иқтисодӣ» (2010), «Пули муҳоҷиратии байни Осиёи Марказӣ ва Русия: нақши муҳоҷират дар ташаккул ва рушди инноватсионии иқтисодиёти кишварҳои фиристонанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон» (2011) мусоидат намуда, на танҳо уфуқҳои ҳамкории байналмилалии донишгоҳро боз ҳам фарохтар намуданд, балки дар ҷиҳати шомил гардидани маъвои маърифатамон ба фазои таҳсилот ва илми байналхалқӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. Маҳз дар ин давра комёбиҳои дастаи «SIFE»-и (донишҷўён дар соҳибкории озод) донишгоҳ афзунтар гардида, он дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷои аввалро ишғол кард ва дар озмунҳои ҷаҳонӣ ширкат варзид. Дар маҷмўъ ин дастаи худфаъоли зеҳнии донишгоҳ 5 маротиба чемпиони мусобиқаҳои миллӣ гардида, дар 5 мусобиқаҳои байналмилалии Амстердам (2002), Барселона (2004), Сингапур (2008), Лос-Анҷелес (2010), Вашингтон (2012) иштирок намуда, шарафи тоҷикону Тоҷикистонро баланд бардошт. Дастаи ҳозирҷавобони шўхтабъи донишгоҳ (КВН), ҳамчунин дар чемпионати байни дастаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ (соли 2007) ғолибият ба даст овард.

ИМРӮЗИ ДОНИШГОҲ

Муҳимтарин дастоварди донишгоҳ дар таҳкими базаи моддию техникӣ ин бо иштироки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтани корҳои сохтмонӣ (9 сентябри 2008, ба муносибати 15-солагии донишгоҳ) ва дар муддати се сол (5 августи соли 2011) пурра ва дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супорида шудани бинои нави таълимии донишгоҳ маҳсуб мешавад.

Имрўзҳо фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Суханрониашон дар маросими ифтитоҳи бинои Маркази миллии тестӣ (20.12.2013) роҳандозӣ шудааст, ҷараёни бомаром пайдо менамояд.Ҷаноби Олӣ дар шароити пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника, сатҳи тараққиёти кишварҳои олам вазифаи имрўзаи соҳаи маорифро аз дараҷаи истифодаи ғояҳои замонавӣ, технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи мустаҳками илму истеҳсолот ва вусъати тафаккури илмиву иттилоотӣ, ташаккули сатҳу сифати тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва донишманду навовар марбут медонанд.

Дар робита ба ин тўли солиёни охир таъсис ёфтани Шўрои дифои доктории Д 737. 009. 01 аз рўи ихтисосҳои 08.00.01 ва 08.00.05- илмҳои иқтисодӣ (9 ноябри соли 2012), ворид шудани тағйирот ба низоми сохтории донишгоҳ, аз ҷумла ба раёсати илм табдил дода шудани шўъбаи илм, таъсиси раёсати таълим, Парки технологӣ (17.09.2012) ва дар низоми он ба фаъолият оғоз намудани полиграфия, тармиму таъмири компютерҳо, фаъолияти дизайнерӣ ва ғайраҳо, шўъбаҳои табъу нашр, технологияи инноватсионӣ, Таъсиси Маркази иттилотӣ-таҳлилӣ, Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо,  (аз ибтидои соли хониши гузашта) ва амсоли инҳо ба густариш ёфтани фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ мусоидат карданд. Иҷозат дода шудан барои фаъолияти докторантура, магистратура, пазируфта шудани донишгоҳ ба аъзогии Китобхонаи байналхалқии илмии вертуалии Тоҷикистон, ба тасвиб расонида шудани силсилаи шартномаҳои муфиди ҳамкорӣ ҳам дар соҳаи илм ва ҳам дар соҳаи таълим дар ташаккули самтҳои илмии донишгоҳ ва раванди омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, ба иловаи ихтисосҳои мавҷуда роҳандозӣ гардидани ихтисосҳои наву замонавии аудит ва ревизия, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ), технологияҳои иттилоотию идоракунии телекоммуникатсионӣ, таърих-сиёсатшиносӣ, бизнес – маъмуриятчӣ,  Web-дизайн ва графикаи компютерӣ ва монанди инҳо омили муҳими пешрафт гардиданд. Ҳамзамон ташкилу баргузории ҳамоишҳои мухталифи илмӣ аз ҷумла конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ ҷиҳати боз ҳам равнақ ёфтани ҷараёни корҳои илмию тадқиқотии донишгоҳ такони тоза бахшиданд.

Донишгоҳи давлатии ҳуҳуҳ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  дар баробари рушди самти таълим ва тарбия дар ҷодаи тадқиқоти илмӣ ва ихтироот низ ба дастоварҳои муайян ноил гардида истодааст.

Имрўз донишгоҳ 18 нафар докторони илм ва 114 нафар номзадҳои илм дорад, ки онҳо бо тадқиқоти хеш илми донишгоҳро вусъат мебахшанд ва дар байни муассисаҳои таълимиву илмӣ ба донишгоҳ чеҳраи равшани илмӣ мебахшанд.

Донишгоҳ кўшиш дорад, ки сафи олимони донишгоҳро аз ҳисоби ҷалби мутахассисон ва тайёр  намудани кадрҳои соҳибунвони илмӣ тавассути аспирантура, докторантура ва унвонҷўӣ зиёд намояд. Дар ин самт нақши шуъбаи аспирантура ва докторантураи донишгоҳ ва Шўрои махсусгардондашудаи дифои рисолаҳои доктории назди донишгоҳ назаррас мебошад. Дар  соли 2014- 1 нафар рисолаи докторӣ ва  5 рисолаи номзадӣ, дар соли 2015 - 1 нафар рисолаи докторӣ ва 10 нафар олимон рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.

      Дар шўъбаи аспирантура ва докторантура аз рўи ихтисосҳои равияҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фалсафа, таърих мутахассисони соҳибунвон омода карда мешаванд. Дар соли 2015 аз маҷмўи аспирантон 76 нафарро ташкил дода, аз  инҳо 16 нафар тариқи рўзона ва 60 нафар ғоибона таҳсил доранд, ки ба онҳо зиёда аз 40 нафар олимони донишгоҳ роҳбарӣ доранд. Дар соли ҷорӣ 1 нафар барои гирифтани стипендияи раиси вилоят мушарраф гардида, дар ҳолати ҳозира 6 нафар аспирантони фаъол гирандагони ин гуна идрорпулӣ мебошанд.

Алҳол  беш аз 160 нафар унвонҷўён корҳои илмӣ–тадқиқотӣ мебаранд, ки аз инҳо зиёда аз 30 нафар аз муассисаҳои таҳсилотӣ, корхонаву ташкилотҳои мухталифи вилоят ва ҷумҳурӣ мебошанд.

28 нафар докторантон аз рўи рисолаҳои илмии худ таҳқиқот бурда, раёсати донишгоҳ аз ибтидои соли таҳсили оянда барои таъсиси докторантураи PhD аз рўи ихтисосҳои таърих ва иқтисодӣ кор бурда истодааст.

     Ҳамчунин бо фармоиши вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1015 аз 27 апрели соли 2015 дар донишгоҳ барои фаъолияти докторантура  (РhD) аз рўи ихтисосҳои иқтисодиёт ва ҳуқуқшиносӣ иҷозат дода шуд.

Дар иртибот ба корҳои илмию таҳқиқотӣ соли ҷорӣ  53 нафар кормандони донишгоҳ ва 20 нафар донишҷўён сафарҳои илмӣ анҷом дода, 2  нафар ба рухсатиҳои эҷодию илмӣ баромадаанд.

Имрўз  магистратураи донишгоҳ аз рўи 9 ихтисос магистрантонро тайёр менамояд. Теъдоди умумии магистрантон алҳол 99 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 30 нафар дар арафаи хатм ва дифои рисолаҳои илмӣ қарор доранд.

      Раёсати донишгоҳ барои дифои рисолаҳо  ба роҳбари олими  ҷавон  ва дифоъкунанда ба маблағи 1000-сомонӣ тибқи қарори Шўрои олимон мукофотпулӣ муқаррар кардааст. Маҳз ҳамин гуна дастгириву чораҷўйиҳо амалӣ шуда истодааст, ки олимони ҷавони мо ба натиҷаҳои хуби тадқиқоти илмӣ расида истодаанд. Ҳамзамон саҳми олимони ҷавон дар таълифи китобу монографияҳо, дастурҳои илмиву таълимӣ, мақолаҳои илмӣ ва илмиву методӣ калон аст. Дар 9 моҳи аввали 2015 шумораи ин таълифот ба 450 расидааст, ки дар ин маврид низ бештар аз 50 фисади он ба олимони ҷавон мутааллиҳ аст.  Дар ин самт таълифоти ҳаммуаллифии олимони ҷавон бо роҳбарони илмӣ ва устодони дигар аз ҳамкории зичи онҳо дарак медиҳад.

        Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ дар донишгоҳ ин ташкилу баргузории ҳамоишҳои илмӣ, озмуну конференсияҳо ба ҳисоб меравад. Дар нимсолаи аввали соли 2015 дар донишгоҳ 3 озмун ва олимпиадаҳои донишҷўён, як конференсияи илмии анъанавии олимону устодон ва донишҷўён, наздик 10 адад конференсия ва ҳамоишҳои илмӣ  бахшида ба санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ, бузургдошти олимон ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи илми кишвар ташкилу баргузор гардиданд. Дар кафедраву факултетҳо бошад, бештар аз 30 ҳамоишҳои мухталифи илмӣ баргузор шуданд.

Устодони донишгоҳ дар зиёда аз 25 конференсияҳои илмии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ бевосита ё ғоибона ширкат намуда, мақолаҳои илмии бештар аз 50 нафар олимон дар маҷмўаҳои ҳамоишҳои илмии бонуфузи илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба нашр расиданд.

  Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаҳои 7-8 май дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид, донишҷўёни мо ба гирифтани ҷойҳои зерин мушарраф гардиданд:

Ҷои 1 (якум) аз фанни  забони тоҷикӣ: Шодиев Кенҷабой Ашӯрович - донишҷӯи курси 2-юм, ихтисоси 1-24.01.02-ҳуқуқшиносӣ- (роҳбари илмӣ-дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Ҳалимова М.)

Ҷои 2 (дуюм) аз фанни технологияи информатсионӣ: Валиева Марям Фаёзовна - донишҷӯи курси 3-юм, ихтисоси 1-40.01.02-02 гурӯҳи русӣ - низом ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт-(роҳбари илмӣ - и.в. сармуаллими кафедраи САҲ Баҳовуддинов Ҷ.Ҳ.)

Ҷои 2 (дуюм) аз фанни таърихи халқи тоҷик: Раҳмонов Билол - донишҷӯи курси 5-ум, ихтисоси 1-23.01.01-муносибатҳои байналхалқӣ- (роҳбари илмӣ-дотсент Исомитдинов Ҷ.Б.)

   Ҷои 3 (сеюм) аз фанни забони русӣ: Каримова Манзура Хуршедовна - донишҷӯи курси  2-юм, ихтисоси 1-23.01.01 гурӯҳи русӣ – муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия)-(роҳбари илмӣ-дотсенти кафедраи забони русӣ  Атоева М.)

Муҳассили соли аввали ихтисоси 1-25.01.08, гурӯҳи русӣ-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит- Сӯҳробзода Зарнигор (роҳбари илмӣ-дотсент Мӯҳсинов Ё.М.) аз фанни математика ва Рустами Сӯҳроб-донишҷӯи курси 2-юм, ихтисоси 1-23.01.01-муносибатҳои байналхалқӣ –(роҳбари илмӣ - Акмолова М.А.) аз фанни сиёсатшиносӣ  бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуданд.

Дар даври дуюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки санаҳои 11-13 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, 7 нафар донишҷўёни донишгоҳамон байни 300 нафар донишҷуён аз 25 донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ барои ба даст овардани ғолибият ва дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни ҳам қувва озмуданд. Дар озмун донишҷўёни мо аз рўи ҳафт фан – математика, ҳуқуқ, иқтисодиёт, таърих, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, фалсафа қувваозмоӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сазовори «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд.

Дар донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму технология ва принсипҷои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасмандкунонии олимони ҷавон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҷалби олимони ҷавон ва донишҷўён ба корҷои илмию тадқиқотӣ, ихтирооту эҷодкорӣ, рушди илм, тарғибу ташвиқи корҳои илмию тадқиқотӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар тадбирҳои мушаххас амалқ мегарданд. Натиҷаи ҳамин тадбирҳост, ки ҳамасола якчанд ихтирооти олимон ва донишҷўёни донишгоҳ расман аз қайди давлатӣ гузаронида, соҳиби шаҳодатнома мегарданд.

  Дар донишгоҳ ба вусъати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби ҳаёти солим эътибори пайваста зоҳир мегардад. Натиҷаи ин аст, ки донишҷўён – дастпарварони донишгоҳ дар мусобиқаҳои бонуфузи варзишии шаҳру вилоят, ҷумҳурӣ, минтақа ва байналхалқӣ фаъолона ширкат меварзанд ва бо гирифтани ҷойҳои намоён шарафи мамлакат ва донишгоҳро боло мебардоранд.  Аз ҷумла ба тариқи намуна танҳо дар соли сипаришуда донишҷўён С.Каримов дар Юнон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба намуди гўштини тарзи самбо бо медали биринҷӣ, Д.Сулаймонов дар мусобиқаи байналхалқии боксчиён дар Қирғизистон ва Қазоқистон бо ду медали тилло, Ибодулло Алибердизода  дар Универсиадаи ХХVII тобистонаи донишҷўён дар шаҳри Қазон бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.  Варзишгари дигар, донишҷўи соли шашуми факултети молия Ф.Рофиев дар шаҳри Харкови Украина дар мусобиқаи байналхалқии паҳлавонон оид ба самбои муҳорибавӣ  дар даври аввал ғолиб баромада, ба даври дуюми он роҳхат гирифт. Намояндагони дигари  донишгоҳ Ф.Баротов ва И.Иброҳимов дар мусобиқоти байналхалқии паҳлавонон дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм ва сеюм ва ба медалҳои нуқра ва биринҷӣ мушарраф гардиданд. Моҳи декабри соли 2013 бошад,  муҳассили соли якуми факултети ҳуқуқшиносӣ Ш.Икромов дар мусобиқаи байналмилалии Осиё оид ба намуди каратэ-до  дар шаҳри Дубай сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид. Моҳи майи соли 2013 дастаи футболи донишгоҳ барандаи Ҷоми Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар мусобиқаи байни мактабҳои олии маркази вилоят гашт.

  Солиёни охир ҷиҳати густариши равобити илмию таълимии донишгоҳ боз бо якчанд муассисаҳои илмию таълимии бонуфузи хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд, ки минбаъд баҳри баланд бардошта шудани мавқеи донишгоҳ дар арсаи таҳсилоти байналмилал мусоидат хоҳанд намуд. Оғоз ёфтани низоми таҳсили кредитӣ дар соли таҳсили 2007-2008 ва пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаштани ихтисоҳои донишгоҳ дар соли таҳсили 2012-2013 зарурати бемайлони густариши амалии равобити илмию таҳсилотиро тақозо менамояд.Донишгоҳ имрўз 45 созишнома бо муассисаҳои илмию таълимии ватанию хориҷӣ, аз қабили Федератсияи Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҷопон, ИМА, Финляндия, Украина, Белорусия, Хитой, Ҳиндустон ва ғайраҳо ба тасвиб расонидааст.  Яке яз самтҳои асосии ҳамкории донишгоҳамон ин ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши Конфутсий мебошад.

Донишгоҳ имрўз дар узвияти Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (ДСҲШ) аз соли 2009 ва Лигаи донишгоҳии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъона (СААД), аз соли 2014 ҳамкории пурсамари хориҷӣ ба роҳ монадааст.  Аз сентябри соли 2014 фаъолияти донишгоҳ дар соҳаи ДСҲШ самти иқтисодиро низ дар бар мегирад.

  Дар асоси ин ҳуҷҷатҳо солҳои охир ташрифи ҳайати олимон ва мутахассисони варзидаи хориҷӣ ба донишгоҳ ва аз ҷониби онҳо хонда шудани лексияҳо ба ҳуқми анъанаи нек  даромад. Аз  ҷумла ташрифи директори Маркази омўзиши Русия ва Осиёи Марказии Донишгоҳи  Ҷаваҳирлаъл Неҳру, профессор Аҷай Патнайк (2011); мудири шўъбаи тадқиқоти  сиёсати маориф ва баҳогузории Донишгоҳи Кентуккии ИМА,  профессор Алан де Янг (2011), профессори кафедраи антропологияи Донишгоҳи давлатии Орегонаи ИМА Ненси Розенберг (2011), профессор, ташрифи ҳайати олимон таҳти сарварии роҳбари Маркази демографияи иҷтимоӣ ва сотсиологияи иқтисодии Пажўҳишгоҳи масоили иҷтимоӣ-сиёсии АИ Русия Рязансев С.В. (2009, 2010, 2011) аз воқеаҳои муҳим дар равобити байнадхалқии донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.

Курси дарозмуддати омўзиши забони англисӣ (ба муддати як сол, давоми соли хониши 2012-2013) барои кормандон ва  омўзгорони донишгоҳ аз тарафи мутахассиси Барномаи омўзиши забони англисии сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сара Картер ба тариқи ройгон гузаронида шуда, якчанд нафар олимони донишгоҳ пас аз анҷоми ин барнома соҳиби сертификат гардиданд.  Дар донишгоҳ омўзиши забони хитоӣ барои омўзгорону донишҷўён ибтидо аз майи соли 2013 дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва Маркази Конфутсий ба роҳ монда шуд. Нахустин ташрифи Сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикситон Сюзан Эллиотт (10.12.2013) ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи байни муассисаҳои таҳсилотии Амрикою Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Донишгоҳ дар самти густариши ҳамгироии илму таҳсилот иқдомҳои шоистаро амалӣ менамояд. Аз ҷумла соли 2013 якчанд лоиҳа дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои дигар дар озмуни Барномаи Иттиҳоди Аврупо - Эразмус Мундус ва Темпус барои маблағгузорӣ қабул гардиданд:

1.              Лоиҳаи Барномаи  Эразмус Мундус - Centқal Asian Netwoқk of Economics and Manegement 2 (CANEM-2) (Шабакаи иқтисод ва менеҷменти Осиёи Марказӣ);

2.        Лоиҳаи Барномаи Темпус – Foқeign Languages Education foқ Pқofessional Puқposes (Омўзиши забони хориҷӣ баҳри аҳдофи касбӣ);

3.              Лоиҳаи Барномаи Темпус – Innolabs in Centқal Asia foқ Sustainable Innovation in the Knowledge Tқiangle (Озмоишгоҳҳои навоварона ба ҳайси ангезандаи навгонии устувор дар  секунҷаи  маърифат).

 Фаъолияти лоиҳаҳо  ба баланд бардоштани сифати таълим дар робита бо донишгоҳҳои Аврупо равона шудаанд.

Донишгоҳ дар давоми солҳои 2014-2015 дар самти густариши робитаҳои байналхалқӣ ба чунин дастовардҳои ноил гашт:

1.                      Моҳи июни соли 2015 маркази омўзиши забонҳои хориҷӣ дар назди донишгоҳ дар асоси лоиҳаи FLEPP-и Барномаи Иттиҳоди Аврупо Темпус ташкил гардид ва  бо таҷхизот ба маблағи 17680 евро таъмин карда шуд. Таъмини марказ бо адабиёти таълимӣ ба маблағи 2700 евро ба нақша гирифта шудааст.

2.      Дар заминаи лоиҳаи  FLEPP-и Барномаи Иттиҳоди Аврупо Темпус курсои такмили ихтисос дар Британияи Кабир, Шветсия, Эстония, Қирғизистон ва дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд гузаронида шуданд, ки дар оно якчанд устодони донишгоҳ иштирок намуданд.

3.      Дар доираи амалӣ гардонидани лоиҳаи CANEM-2-и Барномаи Иттиҳоди Аврупо Эразмус Мундус омўзгор Каримова М. барои коромўзӣ ба муддати 10 моҳ дар Донишгоҳи Генуяи Италия ва магистрант Ортиков Т. барои тахсил ба муддати 1 сол дар магистратураи Донишкадаи бонкии Чехия сафарбар карда шуданд.

4.      Дар доираи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай барои соли хониши 2014-2015 3 бурсия дар магистратураи Донишгоҳи федералии Урал ба номи якумин Президент Б.Н.Ельцин барои ихтисоси минтақашиносӣ ҷудо карда шуд. Соли хониши 2015-2016 1 бурсия дар магистратураи Донишгоҳи федералии Урал ба номи якумин Президент Б.Н.Ельцин барои ихтисоси минтақашиносӣ ва 2 бурсия дар Донишгоҳи давлатии Олтой барои ихтисоси иқтисодиёти бозорҳои Осиё ҷудо карда шуд.

5.      Санаи 6 май дар ҳамкорӣ бо шўъбаи тарбия дар доираи Лигаи Донишгоҳҳои СААД ва бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал яке аз давраҳои Аксияи байналхалқии ҷавонон «Вальс Победы» бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузаронида шуд. Аксия бо мақсади тарбияи ватандўстӣ, хурмати хотираҳои таърихии халқ, иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, арзишҳо ва анъанаҳои давлатӣ ташкил карда шуд.

6.      Дар семестри дуюми соли хониши 2014-2015 аввалин маротиба табодулли донишҷўён байни донишгоҳҳо дар муддати як семетр ташкил карда шуд ва ду нафар донишҷўёни курси 3-юми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия) Ҷўрабоева М. ва Аманбаева Т. дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал тахсил карданд.

7.      Дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии Алтай ҳамкорӣ байни китобхонаҳои электронии донишгоҳамон ва мазкур ба роҳ монда шуд. Дар китобхонаи электронии Донишгоҳи давлатии Алтай зиёда аз  200 000 китоб вуҷуд доранд, ки ҳамаи онҳо ҳоло барои истифодабарии устодон ва донишҷўёни донишгоҳамон дастрас мебошанд.

8.      Дар натиҷаи тавсияи омўзгори хитоӣ Ли Енхуи донишҷўёни фаъоли курсҳои забони хитоӣ ба шахри Душанбе барои дарёфти бурсияҳо (степендия) тавассути супурдани имтиҳонҳо дар назди маркази Конфутсий иштирок намуданд. Дар соли хониши 2015-2016 2 нафар донишҷўён барои омўзиши забони хитоӣ ба муддати 1 сол дар донишгоҳҳои Хитой роҳхат гирифтанд.

9.      Дар натиҷаи кори шӯъба дар соли 2015 ду лоиҳа дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои дигар дар конкурси Барномаи Иттиҳоди Аврупо – Эразмус+ сазовори маблағгузорӣ  гардиданд:

4.    Introducing Transdisciplinary European Studies in Tajikistan – ОмӯзишибайнисоҳавииАврупоӣдарТоҷикистон;

5.    University Information Managerial Systems for Tajik Higher Education – идомаилоиҳаи CANEM-2 дарформатинавиЭразмус+.

Агар саҳифаҳои таърихи донишгоҳро варақгардонӣ намоем, ба хубӣ маълум мегардад, ки таъсиси ин махзани бузурги илму ирфон ҳамчун падидаи умедбахши замони Истиқлолият бо марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон, давраи худшиносию худогоҳии миллӣ пайванди қавӣ дорад. Имрўз донишгоҳ ба яке аз марказҳои мўтабари илму таҳсилот дар кишвар мубаддал гардида, аз маҷмӯи 342  нафар ҳайати омӯзгорони донишгоҳро 131 нафар корманди дорои унвон ва дараҷаҳои илми ташкил медиҳанд, ки 17 нафар докторони илм ва 114 нафар номзадҳои илм мебошанд. Агар дар соли аввали таъсисёбиаш донишгоҳ дорои ду факултет ва 300 нафар муҳассилин бошад, имрўз теъдоди факултетҳо ба шаш адад расидааст. Теъдоди умумии донишҷўён дар донишгоҳ зиёда аз шаш ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Имрўз дар сохтори донишгоҳ 6 факултет, аз қабили сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, инноватсия ва телекоммуникатсия, ҳуқуқшиносӣ, молия, баҳисобгирӣ ва андоз, бизнес ва идоракунӣ фаъолият намуда, аз рўи 24 ихтисос донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз зумраи ихтисосҳои мавҷуда, аз рўи 4 ихтисос дараҷаи мутахассис ва 20  ихтисос дараҷаи бакалавр омода карда мешаванд. Таҳсил дар 24 ихтисос дар шўъбаи рўзона ва 7 ихтисос дар шўъбаи ғоибона ба роҳ монда шудааст. Танҳо дар солҳои охир ба иловаи ихтисосҳои мавҷуда, инчунин, ихтисосҳои наву замонавии аудит ва ревизия, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ), технологияҳои иттилоотию идоракунии телекоммуникатсионӣ, таърих-сиёсатшиносӣ, бизнес – маъмуриятчӣ,  Web-дизайн ва графикаи компютерӣ ташкил шудаанд.

Донишгоҳ имрўз дар низоми ташаккули инфрасохтори инноватсионии таълиму таҳсилот ва корҳои илмӣ ҳамқадами замон буда, бо ин мақсад дар самти рушди пойгоҳи моддию техникии таҳсил ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат ва ҷавобгўи талаботи замони муосир тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд. Бо мақсади дар сатҳи муосир ба роҳ мондани ҷараёни таълим ва автоматикунонии раванди назорату санҷиши дониш ва донишазхудкунӣ дар донишгоҳ низоми мукаммали шабакавӣ (ҳам шабакаи дохилӣ ва ҳам шабакаи глобалӣ) роҳандозӣ гардида, дастрасӣ ба шабакаи интернетӣ ройгон ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба ин дар донишгоҳ соли равон системаи нави иттилоотии СКАРТ ба фаъолият шурўъ кард. Донишгоҳ дорои Интернет-сайт буда, тамоми мавод ва маълумоти вобаста ба самтҳои фаъолияти он дар сомонаи шабакаи глобалии www.tsulbp.tj инъикос ёфтаанд.

Базаи моддию техникӣ ва таълимиву истеҳсолии донишгоҳ пайваста такмил дода шуда,  имрўз 1 бинои асосӣ, 3 бинои таълимӣ,  китобхонаи марказии таълимию илмӣ,  хобгоҳ, 4 нуқтаҳои хўроки омма, 125 аудиторияҳо, 11 лабораторияҳои  таълимӣ, 1 кабинети махсусгардонидашуда, 6 кабинетҳои таълимӣ, се толори маҷлис ба хизмати донишҷўён вогузор шудаанд. 506 адад компютерҳои донишгоҳ  ба шабакаи Интернет бе маҳдудияти истифодаи шабонарўзӣ пайваст мебошанд. Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, дар ин раванд донишгоҳ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои нотариалӣ, бонкҳо, сафоратхонаҳо ва корхонаву ташкилотҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Бар иловаи сохторҳои муназзами идоракунӣ ва таълимӣ, инчунин дар сохтори донишгоҳ имрўз маркази омўзиши забонҳои хориҷӣ, синфхонаҳои компютерӣ, минтақаи таҷрибавию истеҳсолӣ, Парки технологӣ,  маҷмааи варзишӣ амал мекунанд.

Дастпарварони донишгоҳ, онҳое, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар бо меҳнати садоқатмандона обрўю эътибори маъвои маърифатамонро баланд мебардоранд, бешак мўҷиби ифтихору саодати ҳар як узви ҷомеаи меҳнатиамон мебошанд. Имрўзҳо дастпарварони донишгоҳ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сарбаландона кору фаъолият доранд. Корманди масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Шарифов, муовини раиси раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Муинова, корманди масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Ризоев, раиси ҳаракати ҷамъиятии “Созандагони Ватан”-и Кумиҷроияи Марказии ҲХДТ А.Мирсаидов, роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Рустами Раҳматулло ва садҳо нафари дигар аз ҷумлаи дастпарварони   донишгоҳ  маҳсуб мешаванд. Бо боварӣ метавон арз намуд, ки муваффақияти ҳар як нафар дастпарвари ин даргоҳи мўътабари илму маърифат ин муваффақияти ҳар як нафар устод ё омўзгори ин муассиса маҳсуб гардида, ҳамзамон аз адои рисолати бузурги ин касби пуршараф дарак медиҳад.

Имрўзҳо тавсиа ва ташаккули самтҳои фаъолияти илмӣ дар донишгоҳ, густариши раванди тадқиқоти бунёдӣ, ихтирооту эҷодкорӣ, таҳкими пояҳои моддию техникии корҳои илмӣ ва таълим, ҷалби мутахассисони варзида, зиёд кардани сафи олимон, ноил гардидан ба дастовардҳои афзун дар самтҳои илмӣ ва таълиму тарбияи кадрҳо  ҳадафи меҳварии фаъолияти донишгоҳро ташкил медиҳанд.  Аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоиди кор, баланд бардоштани музди меҳнат, такмили сохтор ва татбиқи роҳҳои наву пешқадами таълиму тарбия, татбиқи дастовардҳои илмӣ, хоҷагидорӣ аз зумраи масъалаҳое мебошанд, ки  ба таври ҳамешагӣ  дар маркази таваҷҷўҳи раёсат қарор доранд. Дар ин замина дар масъалаи барқарор ва ба роҳ мондани фаъолияти хатти гармидиҳии бинои асосӣ ва биноҳои таълимии донишгоҳ корҳо ба охир расида, раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар давоми се соли минбаъда барои ба истифода додани биноҳои сохтмонашон нотамоми воқеъ дар шафати донишгоҳ, маҷлисгоҳ барои 500 ҷойи нишаст, ошхона барои 300 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва бинои иловагии таълимӣ корҳои ташкилиро ба роҳ монад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияро ҷузъи фарҳанги миллат дониста, дар яке аз вохўриҳояшон бо аҳли зиёи кишвар вазифаи маорифчиёнро дар замони пуравҷи илму техника муайян намуда, таъкид доштаанд: «Мактаби нави замонавӣ дар ҳазорсолаи сеюм бояд ба ҳуввияти миллӣ ва дастовардҳои навтарини илму фарҳанги башарӣ мувофиқ бошад. Барои он ки ислоҳоти соҳаи маориф амалӣ гардад, моро зарур аст, ки асосҳои моддию техникии мактабро ба сатҳи баланд бардорем, осудаҳолии муаллимон ва пешравии бозомўзии онҳоро таъмин намоем».

Ҳар як нафар узви ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои амалӣ гардонидани ин ҳидояти созанда ва истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии донишгоҳ бо ниятҳои  наҷибу  нақшаҳои  нек  ҳамарўза  саъю  талош  меварзанд.

Дар ташаккули раванди таълиму тарбия дар донишгоҳ нашрияҳои донишгоҳӣ аз қабили рӯзномаи донишгоҳии “Маъвои хирад”,  маҷаллаи илмии “Ахбори ДДҲБСТ”, иттиҳодияҳои ҷамъиятии донишгоҳ, матбаа ва нашриёт, гурўҳҳои эҷодии донишгоҳ аз қабили дастаи созию овозии “Ошёни меҳр”, театр-студияи “Парвози истеъдод”, гурўҳи рақсии “Хушхиром”,  дастаи ҳозирҷавобони шўхтабъ (КВН), SIFE ва монанди ин бахшҳои мухталиф бо ҷалби доираи васеи донишҷўёни соҳибзавқ ва ташаббускору ҳунарманд фаъолият мебаранд. Барномаҳои фарҳангӣ, ки донишҷўёни донишгоҳ – аъзоёни маҳфилҳои ҳунарӣ доир менамоянд, саҳифаи рангин ва хотирмони чорабиниҳои маданию маърифатии донишгоҳӣ ва вилоятиро ташкил медиҳанд. Дар маҷмааи варзишии назди донишгоҳ маҳфилу сексияҳои мухталифи варзишӣ, аз қабили воллейбол, футбол, теннис ва варзиши сабук амал менамоянд. Осорхонаи таърихии донишгоҳ макони беҳтарин барои сайри таърихи дирўз ва имрўзи донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/component/blog_calendar/2014/02/18.html#sigProGalleriaca45ef55f1
joomlamodniyportal.ru

Читать далее

Боргоҳи илму маърифат

Боргоҳи илму маърифат

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар радифи  дигар муассисаҳои таҳсилоти олии   кишвар  бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштанд, дар арсаи маориф арзи вуҷуд намуд ва аз ғамхориву  дастгирии ҳукумату давлат файзёб гардид.

Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.08.1993 таҳти рақами 364 «Оиди дар шаҳри Хуҷанд ташкил намудани Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон» ва қарори Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод аз 31.03.1994 «Доир ба якҷоя намудани филиали дар шаҳри Хуҷанд будаи Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон, филиали шўъбаи ғоибонаи дар шаҳри Хуҷанд будаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.

Ба фаъолияти  донишгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1995 тавассути рўзномаи «Деловой мир» (24.01.1995)  баҳои сазовор дода, аз ҷумла зикр кардаанд:  «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «маркази зеҳнӣ» дар азнавсозии қонуният хоҳад буд, дар coҳаи  соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ мутахассисонро тайёр хоҳад кард».

Донишгоҳ  моҳи сентябри соли 2006 соҳиби бинои  китобхонаи нави ҳозиразамон гардид, ки дорои 18500 адад китоб, 250  ҷои нишаст мебошад.  Инчунин дар ин махзани маърифат китобхонаи электронӣ бо 10000 мавод, компютерҳои алоқаманд бо шабакаи интернет ва почтаи электронӣ фаъолият мекунад.

Бинои асосии донишгоҳ, ки дар микроноҳияи 17-ум воқеъ аст, туфайли   дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2000-ум пуppa ба ихтиёри (баланси) донишгоҳ вогузор шуд.

Аз ибтидои соли хониши 2011-2012 дар донишгоҳ дастрасӣ ба шабакаи васеи беноқили интернет ба фаъолият оғоз намуд, ки тавассути он тамоми устодон, аспирантон,  унвонҷўён ва донишҷўёни донишгоҳ, ки бо корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд, имкони дастрасӣ ба захираҳои илмии электронӣ пайдо намудаанд.

Дар донишгоҳ 11 адад лабораторияи махсусгардонида амал мекунад,  ки аз онҳо 6-тоаш лабораторияи компютерӣ ба ҳисоб меравад.


Ихтисосҳои донишгоҳ:

«Ҳуқуқшинос», «Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо», «Идоракунии давлатӣ», «Менеҷменти молиявӣ», «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит», «Технология ва системаҳои иттилоотӣ» (дар иқтисодиёт), «Молия ва қарз», « Кори бонкӣ», «Андоз ва андозбандӣ», «Сиёсатшиносӣ», «Иқтисоди ҷаҳонӣ», «Муносибатҳои байналхалқӣ», «Хадамоти  гумрук», «Минтақашиносӣ», «Маркетинг дар комплекси агросаноатӣ» (Маркетинг ва агробизнес), «Методҳои ихтисоди-математикӣ», «Системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди ахбор ва идора дар фаъолияти молиявӣ– бонкӣ», «Низом ва технологияи иттилоотӣ» (фаъолияти идоракунӣ) .

Қобили қайд аст, ки бо ташабусси раёсати донишгоҳ ва  дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба рўихати ихтисосҳои соли таҳсили 2012 -2013  5 ихтисоси нави ба талаботи замони муосир ҷавобгў   ворид карда шуд:

«Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ», «Забону кишваршиносӣ», «Аудит  ва ревизия», «Бизнес-администратор», «Молшиносӣ».


Сохтори донишгоҳ:

1. Ректорат
2. Қисми корҳои таълимӣ 

-Шўъбаи таълими
-Факултаҳо
-Лицеи донишгоҳ
-Қисми таҷрибаомузӣ.

3.Қисми корҳои илмӣ
-Шўъбаи илм
-Шўъбаи аспирантура 
-Идораи маҷҷалаи илми-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ»
-Таҷикистон:таърих, сиёсат ва  замони муосир 
-Маркази тадқиқоти илмии Имоми Аъзам
-Маркази тадқиқотҳои иҷтимои- демографӣ
- Бахши  Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай
-Китобхонаи марказӣ.

4. Қисми корҳои тарбиявӣ
-Шўъбаи тарбия 
-Маркази матбуот
-Идораи нашрияи «Маъвои хирад»
5.Қисми корҳои байналхалқӣ
-Шўъбаи робитаҳои байналхалқӣ
6. Қисми корҳои иҷтимои - иқтисодӣ
-Шўъбаи хоҷагӣ
7. Шўъбаи технологияи иттилооти шабакави
8.Бахши тадқиқоти назорати сифати таълим
9. Шўъбаи назорат ва таҳлил 
10.  Шўъбаи коргузорӣ.
11.  Шўъбаи кадрҳо
12.  Муҳосибот.

Факултаҳои донишгоҳ: 
1.    Факултаи ҳуқуқшиносӣ
2.    Факултаи бизнес ва идоракунӣ
3.    Факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ
4.    Факултаи молия
5.    Факултаи технологияҳои компутери ва хисобгирӣ
6.    Факултаи инноватсия ва технологияи тиҷорат.

Микдори умумии донишчуен дар соли тахсили 2011-2012 5497 донишчуро ташкил медихад. Аз он 3012 донишчу дар шуъбаи рузона ва 2485 донишчу дар шуъбаи гоибона тахсил менамояд. 
холо дар 24 кафедрахои донишгох 290 нафар олимону омeзгорон фаъолият мебаранд, ки аз он[о 271 нафар кормандони [амешагии штатb ва 19 нафар хамкору соатбайъ мебошанд. 96 нафар ва ё 33% - и устодон бо унвонхои илмй буда, аз xумлаи онхо 17  доктори илм, 79  номзади илм, дотсент, 92 нафар сармуаллим, 115 нафар омўзгор мебошанд.

Читать далее

Марказҳои тадқиқотӣ-таълимотӣ

Марказҳои тадқиқотӣ-таълимотӣ

Дар донишгоҳ се Марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ: «Тоҷикистон: таърих, сиёсат ва замони муосир», «Маркази тадқиқоти таълимоти Абўҳанифа ва шарқшиносӣ», «Маркази таълимию тадқиқотии Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва рушди  устувор» фаъолият менамояд.

Марказҳои илмӣ донишгоҳ дар самти тадқиқу пажўҳиши масоили мубрами таъриху сиёсат, муносибатҳои байналхалқӣ, иқтисодиёт ва амсоли инҳо фаъолияти пурсамар ба роҳ монда, ҳамзамон дар ташкилу баргузории конфронсҳои илмӣ, семинару симпозиумҳои сатҳи донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо ҷиҳати ба роҳ мондани раванди тадқиқотҳои бунёдӣ, таҳияву таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва илмӣ, мақолаҳо, роҳбарӣ ба корҳои илмӣ ва амсоли инҳо пайваста ташаббус зоҳир менамоянд.

Маркази тадқиқотӣ-илмии Абўҳанифа ва шарқшиносӣ

Маркази тадқиқотӣ-илмии Абўҳанифа ва шарқшиносӣ моҳи ноябри соли 2009 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии фаъолияти Марказ тадқиқи таълимоти Абўҳанифа ва мақоми ў дар рушди тамаддуни ислом, таъмини вусъати пажўҳиш вобаста ба тахассусҳои ДДҲБСТ, инкишофи пажўҳиш роҷеъ ба таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ, робитаҳои байналхалқӣ, дипломатия, таърихи инноватсияи илмӣ-техникӣ, филология, таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва мардуми Осиёи Марказӣ, Эрон, Авроосиё ва амсоли инҳо мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими Марказ мусоидат баҳри баланд бардоштани сифати тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ мебошад. Дар ин замина таълифу нашри асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва таълимӣ-методӣ, қомуснигорӣ, фарҳангнигорӣ, тайёр намудани кадрҳои соҳиби дараҷаву унвонҳои илмӣ аз самтҳои асосии фаъолияти марказ ба ҳисоб рафта, кормандон дар ин равиш дар асоси нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамо фаъолияти илмиву пажўҳишӣ мебаранд.

Кормандони Марказ то ин вақт якчанд китобҳо, дастурҳои таълимиро ба табъ расонидаанд:
- Турсунов Н.О., Исомитдинов Ч.Б. Таърихи халқи тоҷик (дар ҷадвалу схемаҳо).-Хуҷанд, 2010;
-Зафарномаи Хусравӣ. Баргардон аз ҳуруфоти форсӣ ба кириллӣ, ба чоп ҳозиркунанда ва муҳаррири масъул профессор Н.О. Турсунов. –Хуҷанд, 2011.
-Турсунов Н.О. Таърихномаи Хуҷанд.-Хуҷанд, 2012 
-Турсунов Н.О., Исомитдинов Ч.Б. Деревообделочные ремесла и промыслы Худжанда в конце XIX – начале ХХ вв.-Худжанд, 2012. 

Кормандони марказ: 
Доктори илмҳои таърих, профессор Н.О.Турсунов - сарходими марказ;
-н.и.ф., дотсент Н.Ғ.Ғиёсов – корманди илмӣ (дар ҳаҷми 0,5 воҳиди корӣ);
-н.и.т., дотсент Ҷ.Б.Исомитдинов – корманди илмӣ (дар ҳаҷми 0,5 воҳиди корӣ), 
- М.Яхшибоев – оператор – коргузор;
- М.Ҳакимхўҷаева -  котиб.

Суроға: микроноҳияи 20, бинои асосии раёсат, ошёнаи 3-юм ҳуҷраи 301.
Телефон: 2-17-02

 

Маркази тадқиқотию таҳсилотии Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва рушди устувор

Марказ аз санаи 02 январи соли 2012 ба фаъолият оғоз намудааст.

Вазифаҳои марказ:
- бо ҷалб намудани устодон, аспирантон, унвонҷўён ва магистрантони донишгоҳ ба роҳ мондани тадқиқоти бунёдӣ дар самти муайян намудани стратегияи рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа;
-саҳми муносиб гирфтан дар тайёр кардани кадрҳои илмии унвондор тавассути ташкил ва ба роҳ мондани роҳбарӣ ва мушовирии илмӣ, арзёбӣ, апробатсия, муҳокимаи рисолаҳои илмӣ, муқарризӣ ва ташхиси экспертии анҷомёбии корҳои илмӣ;
- таҳия ва коркарди барномаҳои таълимию тадқиқотӣ, ба роҳ мондани курсҳои такмили ихтисоси омўзгорон, унвонҷўёну аспирантон аз фанҳои тахассусӣ;
- ташкили ҳамоишҳои мухталифи илмии сатҳи донишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ;
- ташкили семинарҳои илмию назариявӣ барои аспирантон ва унвонҷўён аз рўи барномаҳои имтиҳоноти минимуми номзадӣ;
- таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, дастуру монографияҳо, мақолаҳои илмӣ; 
-ташаккули низоми фаъолияти пажўҳиши бунёдии донишгоҳ аз рўи самтҳои илмии тадқиқшаванда;
- саҳмгузорӣ дар раванди фаъолияти инноватсионии раванди тадқиқоти илмӣ;

Кормандони марказ:
Бойматов Алижон Азизович - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор -сарходими илмӣ (то 31.12.12 – директори Марказ);
Вазифаи сарходими илмиро аз рўи 0,5 воҳиди корӣ иҷро мекунанд:
Назаров А.А. - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Авезов А.Х. - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Вазифаи ходими калони илмиро аз рўи 0,5 воҳиди корӣ иҷро мекунанд:
Азизов Ф.Х.- доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор 
Исмоилов М.М. - доктори илмҳои иқтисодӣ
Ғозибеков С.А. - доктори илмҳои иқтисодӣ
Гадоев Д.Р. – оператори Марказ.

Суроға: микроноҳияи 20, бинои асосии раёсат, ошёнаи 3-юм ҳуҷраи 306.
Тел.: (92) 774-98-28, (92)796-96-77

Маркази илмӣ–тадқиқотии «Тоҷикистон: таърих, сиёсат ва замони муосир

Маркази илмӣ–тадқиқотии «Тоҷикистон: таърих, сиёсат ва замони муосир»  аз соли 2008 дар назди донишгоҳ ба фаъолият оғоз намуда, ба омўзишу тадқиқи марҳилаи таърихии давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати навини созанда, таърихи равобити дипломатии тоҷикон ва амсоли ин масоили мубрами ҷомеаи имрўз пайваста машғул мебошад.  Роҳбарии марказро доктори илмҳои таърих, профессор Холҷўраев Ҳ.Х. ба тариқи ҷамъиятӣ бар ўҳда дорад. Маркази мазкур дар пойгоҳи Осорхонаи ҷумҳуриявии Б.Ғафуров воқеъ гардида, дар ташкилу баргузории ҳамоишҳои мухталифи илмию ҷамъиятии бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ,  бузургдошти чеҳраҳои фарҳангӣ, олимону мутахассисони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва монанди инҳо пайваста саҳмгузорӣ менамояд. Аз давраҳои нахустини таъсисаш марказ дар таълифи китобу монографияҳо, дастурҳои таълимию илмӣ ва амсоли инҳо кўшиш намуда, олимони марказ дар кори роҳбарӣ ба рисолаҳои илмии унвонҷўёну аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояту ҷумҳурӣ саҳмгузоранд. Танҳо дар солҳои охир аз ҷониби олимони ин марказ  якчанд адад китобу монографияҳо ба нашр расиданд, ки дар байни онҳо китобу монографияҳои «Академик Б.Гафуров–государственный деятель историк, политик востоковед и дипломат», «Спецкурс по гафуроведению»,  «Университет носящий имя академика Б.Гафурова», «Академик Баротов Р. Б.–патриарх таджикской геологии» (историко биографический очерк), «Биографический очерк и указатель трудов академика Б.Гафурова», «Жизненный путь академика Б.Гафурова в архивных документах»,  «История таджикской дипломатии» (дар 2 қисм) ва ғайраҳо пурарзиш мебошанд.

Суроға: н.Б.Ғафуров, хиёбони Б.Ғафуров, бинои 1.
Тел.: 3-46-10; моб.: (98) 550-40-55

 

 

Читать далее

Китобхона илмӣ

Китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) соли 1993 ташкил шудааст.

Мақсад ва вазифаи асосии китобхона:

- хизматрасонии таълимӣ, сарфаҷўёнаи китобдорӣ, иттилоотию китобшиносии донишҷўёну устодон ва дигар истифодабарандагон;

- тарғиби мероси фарҳангӣ, таъмин бо адабиёт, тарбияи фарҳангии иттилоотии ҷавонон;

- ташаккул додани фонди китобхона бо назардошти хусусияти соҳаи тахассусии донишгоҳ;

- омода намудани хонандагон барои кор бо реҷаи нави технологӣ;

- гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва корҳои методӣ; Санаи 1 сентябри 2016 махзани китоб 26605 нусха адабиётро ташкил медиҳад.

Ба зиёда аз 25 номгўи матбуоти даврии дохилӣ ва хориҷи кишвар (Русия) обуна ташкил карда мешавад.

Кормандони китобхона:

Салимова Дилрабо Умаровна - директори китобхона , маълумот олӣ, собиқаи кори соҳавӣ 5 сол,

Умарова М.С. - мутахассис -китобшинос, маълумот олӣ, собиқаи кори соҳавӣ - 35 сол.

Ҳайдарова Г.- мудири шўъбаи хизматрасонӣ ва махзани китоб маълумот олӣ, собиқаи кори соҳавӣ 9 сол.

Шералишоева Г.- мудири шўъбаи методӣ-библиографӣ, маълумот олӣ, собиқаи кори соҳавӣ 1 сол. Китобдорон: -

Абдуллоева Фотимахон, маълумот олӣ, собиқаи кори соҳавӣ 10 сол., Абдурахимова

Майрам, маълумот миёна, собиқаи корӣ 9 сол.,

Исматова Ҳусния, маълумот олӣ ва миёнаи махсуси китодорӣ, собиқаи корӣ 10 сол.

Мўминҷонова Парвина, маълумот олӣ, собиқаи меҳнатии китобдорӣ 2сол

Тамос : тел. 2-70-46

Читать далее

Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Бахши идоракунии сифати таҳсилот тибқи фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №330 аз 15.03.2007 таъсис ёфт ва имрӯз бахши идоракунии сифати таҳсилот ном гирифтааст.

Мақсади асосии бахш баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад.

Вазифаҳои асосии бахш ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба идоракунии сифати таҳсилот, гузаронидани санҷиш, таҳлил ва хулоса-бардории сифати таълим, назорат ва тавсияҳои методӣ оид ба истифодаи самараноки технологияи инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, иштирок ба машғулиятҳои омўзгорон бо мақсади таҳлили сифати дарс, санҷиши вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедраҳо дар самти таъмини сифати таҳсилот, санҷиш ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷўён, гузаронидани мониторинг тариқи пурсиши варақавӣ дар байни донишҷўён, санҷиши вазъи таҳияи китобҳои дарсӣ, ВТТ, КТМ, аёниятҳо аз тарафи омўзгорон.

Бо мақсади тарғиби таҷрибаи пешқадам БИСТ дар якҷоягӣ бо кормандони шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа дарсҳои кушоди намунавии устодони донишгоҳро ба навор гирифта, таҳлил ва муҳокимаи дарсро тариқи телевизиони дохилидонишгоҳӣ роҳандозӣ менамояд, ки ин имкон медиҳад, тамоми омӯзгорони донишгоҳ, хусусан омӯзгорони ҷавон бо услубҳои пешқадами таълим шинос гашта, барои дар сатҳи баланди таълимию методӣ гузаронидани машғулиятҳо аз маслиҳатҳои мутахассисони ботаҷриба истифода баранд.

Яке аз дастовардҳои асосии бахш, ташкили семинари таълимию методӣ дар мавзӯи: “Машғулияти омўзгор – муҳимтарин рукни таълим” маҳсуб мешавад, ки 6-уми январи соли 2016 бо иштироки ректори донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид. Дар давоми соли хониши 2015-2016 аз тарафи БИСТ байни 176 гурӯҳҳои академии ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ 5 намуди пурсишномаҳо оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим гирифта шуда, дар он 2746 нафар донишҷӯён ва 21 нафар магистрантон иштирок намуданд, ки вобаста ба факултетҳо дар алоҳидагӣ таҳлил карда шуд.

Аъзоёни БИСТ: мудири бахш дотсент, Ашӯров Соҳибназар Худойназарович, мутахассисони бахш дотсент Шарипов Комилҷон Каримович, ассистент Солиев Ҳомидҷон Абдуманнонович

Читать далее

Шўъбаи аспирантура ва докторантура

Мудири шўъбаи аспирантура ва докторантура

Атамулоева Мунзифа Абдуллоҷоновна – номзади илмҳои филологӣ

Шўъбаи аспирантура тибқи қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҚи феврали соли 2000 таъсис ёфтаааст.

Фаъолияти шуъба тибқи нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамои тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба масъалаи ташкил ва назорати раванди фаъолияти аспирантону унвонҷўён, иҷрои нақшаҳои илмию инфиродӣ, тасдиқи мавзўъҳои рисолаҳои номзадӣ, роҳбарии илмӣ, ташкилу назорати дарсҳо ва минимумҳои номзадӣ, самарабахшии раванди сафарҳои илмӣ, рухсатиҳои эҷодӣ ва амсоли инҳо равона гардидааст.

Шўъбаи аспирантура ва докторантураи барои интихоби мавзўъҳои актуалӣ ва проблемавӣ муҳаққиқони ҷавонро раҳнамоӣ намуда, бо ин васила зиёд кардани сафи олимони донишгоҳро аз ҳисоби ҷалби мутахассисон ва тайёр намудани кадрҳои соҳибунвони илмӣ тавассути аспирантура, докторантура ва унвонҷўӣ Қадафи хеш мешуморад.

Ба аспирантураи донишгоҳ аз рўи 7 ихтисос довталабон қабул карда мешаванд.

Айни Қол, дар шўъбаи аспирантураи донишгоҳ 53 нафар аспирантон, дар шўъбаи рўзона 15 нафар ва шўъбаи ғоибона 38 нафар таҳсил доранд. Ҳамзамон, зиёда аз 150 нафар муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ корҳои пажўҳишии худро тавассути унвонҷўӣ ба расмият дароварда, аз рўи мавзўъҳои илмии тасдиқгардида фаъолият доранд.

Дар донишгоҳ зиёда аз 30 нафар унвонҷў-докторантон аз рўи ихтисосҳои мавҷуда фаъолияти илмӣ мебаранд.

Дар шўъба ҳамзамон фаъолияти докторантура аз рўи ихтисос PhD тибқи Низомномаи докторантура аз рўи ихтисос (PhD), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, таҳти №127 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шудааст, ки аз рўи ихтисосҳои зерин амал менамояд:

6Д0030100- Ҳуқуқшиносӣ

6Д050602- иқтисодиёти минтақа

Алҳол дар шуъба 14 нафар докторантон (PhD) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Фаъолияти назарраси шўъба боиси он гардид, ки тайи 6 соли охир 63 нафар докторантон, аспирантону унвонҷўёни донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд, ки аз онҳо ҳимояи докторӣ- 6 адад, номзадӣ- 57 ададро ташкил медиҳад

Қамзамон, соли 2015 1- нафар аспирант Холдоров Ойбек Нурматҷонович, соли 2016 2- нафар аспирант Болтаева Фируза Икромҷоновна (ихтисоси иқтисодиёти минтақа), Азимов Беҳрӯзҷон Фирӯзович (ихтисоси таърихи ватан) ва 1- нафар унвонҷӯ Каримова Муаззамахон Исматуллоевна (ихтисоси назарияи иқтисодӣ) сазовори Стипендияи Раиси вилояти Суғд гардиданд.

Аспирантон ва унвонҷўёни донишгоҳ вобаста ба мавзўъҳои илмӣ мақолаҳои худро дар маҷаллаи донишгоҳии «Ахбори ДДҲБСТ», ки аз қайди Комиссияи олии аттестатсионӣ гузаштааст, чоп менамоянд, инчунин дар конференсияҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърўзаҳои илмии хеш ширкат меварзанд.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии олимону устодон, махсусан олимони ҷавон тадбирҳои мушаххас андешида, баҳри самаранок анҷом пазируфтани пажўҳишоти илмӣ барои баромадан ба рухсатиҳои илмиву эҷодӣ, дастгирии молиявии сафарҳои илмӣ ва амсоли инҳо пайваста шароити мусоид фароҳам меоварад.

Кормандони шўъба:

Атамулоева М. А.-мудири шўъбаи аспирантура ва докторантура, номзади илмҳои филология, дотсент

Сатторова М.А. – мутахассис

Рўзиева Н.Қ. - котиба

Телефон: 2-31-63, 92-720-61-96

Читать далее

Шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон

Фаъолияти шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 19 майи соли 2009 ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Низомномаи шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон ба роҳ монда мешавад.

Агар ба таърихи шӯъба назар кунем, дар вазифаи мудири қисми таҷрибаомӯзӣ А. Мавлонов солҳои 1994-1995, И. Ахмедов солҳои 1995-1997, И. Бойниёзов солҳои 1997-1998 А. Комилов солҳои 1998-2000., С. Ашўров солҳои 2000-2007, М. Каримов солњои 2007, Д.С. Юсупов солњои 2015-2016 фаъолият бурда, корҳои назаррасеро дар пешбурди кори шӯъба ба анҷом расонидаанд. Аз моҳи сентябри соли 2016 то њол иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДДҲБСТ М. Маҷидзода мебошанд.

Шӯъба ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, дар амалия санҷидани қисми назариявии ҷараёни таълим мусоидат менамояд.

Самтҳои фаъолияти шўъба:

- тибқи нақша ва барномаҳои таълимӣ ташкил ва баргузор намудани тамоми намудҳои таҷрибаомӯзӣ;

-омода намудани маводҳои методӣ ва дастурамалҳо оид ба ташкилу баргузории таҷрибаомӯзии донишҷўён (магистрантон);

- таҳияи лоиҳаи шартномаҳои ҳамкорӣ ва баргузор намудани вохӯриву гуфтушунидҳо бо идораҳои давлатӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо дар бораи ташкил ва баргузор намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯён (магистрантон);

- идоракунии низоми шуғли муваққатии донишҷӯён (магистрантон), мусоидат барои бо ҷои корӣ таъмин кардани хатмкардагон;

- андешидани чораҳо оид ба ташкил ва баргузор намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни (магистрантони) алоҳида дар ташкилоту корхонаҳои давлатҳои хориҷӣ;

-ташкили ҳамкорӣ бо мақомоти шуғли аҳолӣ, идораҳои давлатӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳо бо мақсади бо ҷои мувофиқи корӣ таъмин кардани хатмкардагон.

Раёсати ДДҲБСТ барои дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сафоратхонаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои нотариалӣ, ташкилотҳои молиявию қарзӣ, аз ҷумла: Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Раёсати минтақавии гумрукии вилояти Суғд, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, Филиали КВД «Точиксуғурта» дар вилояти Суғд, Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд, Филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» Минтақаи №10 ш.Хуҷанд, ҶДММ ТАҚХ «Матин» шаҳри Хуҷанд, Филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд ва дар маҷмӯъ бо зиёда аз 90 адад ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шакли моликияташон гуногун шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст.

Ҳайати кории шўъба аз 3 нафар иборат аст:

Маҷидзода Муҳаббат – и.в. мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон;

Ниёзова София Абдухалиловна – мутахассис;

Набиҷонова Мунира Раҳматҷоновна – мутахассис.

И.в. мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон

М.Маҷидзода

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/component/blog_calendar/2014/02/18.html#sigProGalleria9d6cbf1882
joomlamodniyportal.ru

Читать далее

Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

Самадова Заррина Акрамҷоновна  – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Ҳадаф ва самти асосии фаъолияти раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро назорат, ташкил ва танзими фаъолияти илмию назариявӣ ва илмию амалии сохторҳои марбутаи донишгоҳ, таъсису ташкил, татбиқ ва назорати иҷроиши нақшаҳои фаъолияти ҷорӣ ва дурнамои муассиса дар асоси талабот ва нишондодҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

  Раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  иҷроиши мунтазам  ва татбиқи қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф вобаста ба илм, ташкилу танзими раванди корҳои илмию тадқиқотӣ дар донишгоҳ, рушд ва таҳкими  ҷанбаҳои зеҳнӣ, густариши илм, тадқиқот, тайёр кардани мутахассисони соҳиби унвони илмӣ, муҳайё намудани фазои мусоиди эҷодиву илмӣ, кашфиёту ихтироот ва умуман ҷабҳаҳои марбут ба самтҳои илмии донишгоҳ муттасил фаъолият мебарад. Дар ин раванд  ташкилу баргузории ҳамоишҳои илмӣ, таъмини иштироки мунтазами олимону устодон, унвонҷўёну аспирантон ва донишҷўён дар озмуну конференсияњо, семинару диспутҳои асарҳои илмӣ, форумҳо ва чорабиниҳои илмии сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилояту ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ, такмил ва назорати раванди фаъолияти сохторҳои илмии донишгоҳ, мафҳилу семинарҳо, дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди корҳои илмию тадқиқотӣ, такмилу назорати мунтазами вазъи табъу нашр ва фаъолияти илмӣ,  танзим ва банақшагирии сафарҳои илмӣ, рухсатии эҷодӣ ва илмӣ, инъикоси фаъолияти илмии донишгоҳ, ташкил ва банақшагирии раванди тадқиқотҳои бунёдӣ, танзим ва ташкили самараноки робитаҳои илмию истеҳсолӣ ва ғайраҳо самтҳои асосии фаъолияти раёсати  корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳро ташкил медиҳанд.

 

Раёсати  корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ:

•            Шўрои нашр ва татбиқи корҳои илмӣ-таҳқиқотии ДДҲБСТ

•            Шўрои диссертатсионӣ

•            Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ

•            Шўъбаи аспирантура ва докторантура

•            Идораи маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ»

•            Китобхонаи илмӣ

•            Шўъбаи табъу нашр

•            Нашриёти «Дабир»

•            Ҷамъияти илмии донишҷўён

•            Маҳфилҳои илмии кафедраҳо

•            Семинари илмию назариявии донишгоҳ, кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳ.

 Раёсати рушди инноватсионии донишгоҳ:

•            бахши технологияи инноватсионӣ

•            бахши технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ

•            бахши барномасозӣ

•            озмоишгоҳи инноватсионӣ

•            парки технологии ДДҲБСТ

 Дар донишгоҳ корҳои илмию тадқиқотии олимону устодон аз рўи 12 самти мутамарказонидашудаи илмӣ ба роҳ монда шуда, тибқи онҳо ва муаммоҳои ҷойдоштаи самтҳои илмӣ олимон тадқиқот мебаранд. Ҳоло дар 29 кафедраи донишгоҳ 337 нафар олимону омўзгорон фаъолият мебаранд. Аз онҳо 18 доктори илм, профессор, 118 номзади илм, дотсент, 118 нафар сармуаллим ва 83 нафар омўзгор мебошанд.

Дар ҳайати омўзгорону устодони донишгоҳ олимон ва мутахассисони  шинохта ва соҳиби унвону ҷоизаҳои давлатӣ дар соҳаи илму маориф фаъолият мебаранд.

Бо мақсади боло бардоштани самаранокӣ ва вусъат бахшидани доираи пажўҳишу тадқиқоти илмӣ аз соли 2000 дар донишгоҳ шўъбаи аспирантура амал менамояд, ки дар тарбияи кадрҳои дорои унвону дараҷаҳои илмӣ пайваста саҳм мегузорад. Дар айни замон дар он таҳсил аз рўи равия ва ихтисосҳои  иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва таърих ба роҳ монда шудааст. 

Мувофиқи талаботи Низомномаи докторантура аз рўйи ихтисос (PhD) (қарори мушовараи ВМҶТ, аз «3»апрели соли 2012, № 127) дар донишгоҳ оид ба таъсиси докторантура ва дар ин замина таълими ихтисосҳои магистратура ба роҳ монда шудааст.

Дар назди донишгоҳ тибқи Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  №46, аз 27.10.2017  шўрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктор аз рўйи ихтисос (PhD) аз рўйи ихтисоси 6D050600 - иқтисодиёт таъсис дода шуд. Ба шўрои диссертатсионии мазкур қабули ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз руйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (иқтисодиёти минтақа) иҷозат дода шудааст. 

   Масъалаҳое, ки мувофиқи  самтҳои фаъолияти илмии донишгоҳ тадқиқ мешаванд, ба масоили мубрами тараққиёти хоҷагии  халқи ҷумҳурӣ иртиботи зич дошта, дастовардҳои олимони донишгоҳ муттасил дар китобу монографияҳо, дастуру мақолоти илмӣ ва амсоли инҳо инъикоси худро  пайдо менамоянд. Асарҳои олимони донишгоҳ  бевосита ба таҳлилу баррасии  масоили марбут ба иқтисодиёт, таъриху сиёсат, равобити дипломатӣ, бозори неъматҳои ҷамъиятӣ, технологияҳои иттилоотӣ, вазъи  молиявӣ, андоз, хизматрасонӣ, муаммоҳои ҳуқуқи башарӣ ва амсоли инҳо тахсис ёфта, дар нашрияҳои бонуфузи илмии ватанию хориҷӣ интишор меёбанд. Сол то сол дар донишгоҳ таълифоти илмӣ ва илмию методии олимон ва устодони донишгоҳ густариши бештар ёфта, масъалаи табъу нашри китобу дастурҳо дар донишгоҳ мутобиқи нақшаи дурнамои таълифот ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин натиҷаи дастовардҳои илмии олимон ва унвонҷўёну аспирантони донишгоҳ дар маҷаллаи илмию назариявии «Ахбори ДДҲБСТ», ки аз соли 2000-ум дар донишгоҳ таъсис ёфта, аз моҳи июни соли 2011 ба Рўихати маҷалла ва нашрияҳои илмии тақризшаванда ва интишордиҳандаи муҳимтарин дастовардҳои илмӣ барои дарёфти дараҷа ва унвони илмии номзад ва доктори илми Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия дохил  гардидааст, мунтазам интишор меёбад.

Фаъолияти донишгоҳ дар доираи самтҳои густурдаи илмию тадқиқотӣ тавассути васоити ахбори омма ва шабакаи ягонаи интернетии донишгоҳ (http://www.tsulbp.tj) муттасил инъикос меёбад.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Читать далее

Маркази таълимии “Маърифат”

ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ - АХМЕДОВ РАҲМАТХӮҶА АХМЕДОВИЧ, НОМЗАДИ ИЛМҲОИ  ФИЗИКА-МАТЕМАТИКА, ДОТСЕНТ

Маркази таълимии “Маърифат”-и такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз сохторҳои алоҳидаи донишгоҳ маҳсуб гардида, аз моҳи сентябри соли 2012 ба фаъолият шурўъ намуд. Маркази таълимии «Маърифат»-и такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои назди донишгоҳ самти умдаи фаъолияташро баҳри татбиқи санадҳои меъёрии соҳаи илму таҳсилот равона сохтааст. Мақсади асосии фаъолияти Марказ васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, такмили донишҳои назариявию амалӣ ва вусъати малакаи омўзгорон тибқи талаботи стандарти давлатӣ мебошад. Вазифаҳои Марказ аз баланд бардоштани маҳорати умумӣ ва касбию педагогӣ, малакаҳои умумии касбӣ ва методии омўзгорон, умумисозӣ ва паҳн кардани технологияҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олӣ ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба иборат аст. Маркази таълимии «Маърифат» бо мақсади такмили ихтисоси омўзгорони Донишгоҳ ва ташкили курсҳои кўтоҳмуддату дарозмуддати омўзиши шартномавии забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, хитойӣ ҳам барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷие, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, таъсис дода шудааст. Ҳамчунин,  Марказ метавонад, дар асоси шартнома ба корхонаю ташкилот ва муассисаҳои мухталифи шаҳру вилоят барои ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории компютерии бухгалтерӣ, компютеркунонии ҷараёни коргузорӣ ва истеҳсолот хизматрасониро ба роҳ монад. Марказ имконият дорад, маводи гуногунро, ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабӣ, англисӣ ва хитойӣ чоп шудаанд, таҳрир ва тарҷумаи онҳоро ба забонҳои номбаршуда ба роҳ монад. Дар баробари ин Марказ метавонад ба унвонҷўён ва аспирантону докторантони хориҷӣ хатти сирилик (кирилӣ) ва арабиасосро омўзонад ва барои тайёр намудани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ аз забони англисию русӣ кўмак расонад.

       Марказ яке аз сохтори асосӣ барои такмили ихтисоси омўзгорони донишгоҳ, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ – иқтисодӣ, кишоварзӣ, ҳуқуқӣ, гумрук, идораҳои давлатӣ ва маҳаллӣ мусоидат мекунад. Дар Маркази таълимии “Маърифат”-и такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои назди донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар он хоҳишмандон метавонанд донишу маҳорати худро такмил дода, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз рӯи майлу хоҳиш ба таълим фаро гиранд.

Мақсад ва вазифаҳои Марказ иборат аз: -сохтори таълимию методӣ оид ба мукаммалсозӣ ва паҳнкунии таҷрибаи пешқадами педагогию инноватсионии мактабҳои олӣ ва татбиқи онҳо дар раванди таълим

-          ба шахсони хоҳишманд оид ба такмили ихтисоси омўзгорони Донишгоҳ, курсҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддати омўзиши забонҳо, соҳаҳои гуногуни халқ, иқтисодӣ, ҳисобгирии бухгалтерӣ, низоми иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, гумрук, идораҳои давлатӣ ва маҳаллӣ аз рӯи шартнома хизмат расонидан

-          бо воситаи факултетҳои таълимӣ барои такмили ихтисоси деканҳо ва мудирони кафедраҳо ҷаласаҳою семинарҳо ташкил менамояд;

-          дар машғулиятҳои таълимӣ истифода бурдани таҷрибаи пешқадами педагогию инноватсионии мактабҳои олиро дар раванди таълим;

-          доир ба омўзонидани самтҳои гуногуни соҳаи информатика – маълумоти базавӣ, дизайн, веб-барномасозӣ, видеотанзим хизмат расонидан.

-          омода кардани нақшаҳо ва барномаҳои корӣ оид ба такмили ихтисос ва курсҳои кўтоҳмуддату дарозмуддат;

-          омўзонидани шунавандагон аз рўйи барномаҳои пешниҳодшуда;

-          банақшагирӣ ва омода намудани чопи адабиёт ва маводи таълимӣ барои таъмини раванди таҳсил дар Марказ;

-          назорати дониш, гузаронидани дифои корҳои хатмкунии шунавандагон;

-          мутахассисони варзидаи соҳаи технологияи компютерӣ ва забонҳоро барои гузаштани машғулиятҳо ҷалб кардан;

-          баланд бардоштани маҳорат ва малакаи умумии касбӣ ва методии омўзгорон;

-          таъмини ягонагӣ ва паҳн кардани технологияҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олии касбӣ;

-          мусоидат барои омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ ва хитойӣ;

-          ба роҳ мондани омўзиши забони тоҷикӣ барои шахсони хоҳишманд ва шарвандони хориҷӣ;

-          такмили маҳорату малака ва донишҳои назариявии мутахассисони коргузор ва масъулони давлатию идорӣ;

-          таҳрир ва тарҷумаи маводи чопӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва хитойӣ;

-          омўзиши технологияи компютерӣ, ҷавобгўсозии маҳорату малакаи мутахассисон ва тамоми хоҳишмандон барои кор бо техникаи муосир ва вусъат додани маҳорат ва малакаи онҳо мувофиқи эҳтиёҷоти замони муосир, тибқи талаботи стандарти давлатӣ;

-          ташкили гурўҳҳои омўзиши хатти арабиасоси тоҷикӣ ва хатти сирилик барои хоҳишмандон.

-          фароҳам овардани шароити мусоид барои таълими шунавандагон;

-          баланд бардоштани маҳорати умумӣ ва касбию педагогӣ, психологӣ, малакаҳои умумии касбӣ ва методии омўзгорон;

-          саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи сиёсати давлатии фаъолияти инноватсионӣ, умумисозӣ ва паҳн кардани технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҷаҳонбинии компютерии муҳассилин, омода намудани онҳо барои фаъолият дар системаи технологияи инноватсионӣ дар Донишгоҳ ва ҷомеаи иттилоотӣ;

-          ташвиқу тарғиби омўзиши технологияҳои рақамӣ ҳамчун асоси фаъолияти пурсамар дар замони муосир.

        Соли ҷорӣ дар ҳамҷоягӣ бо ташкилоти ғайридавлатии Ташкилоти Ҷамъиятии «Маркази Технолгияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» тариқи ройгон семинар оид ба омӯзиши барномаи махсуси «Модул»-ро дар донишгоҳ гузаронид. Дар он 36 нафар кормандони донишгоҳ аз кафедраҳою факултетҳо, мутахассисони раёсати таълим, илм ва робитаҳои байналхалқӣ иштирок намуда, савияи дониши худро такмил доданд. Ҳамзамон, курси такмили ихтисос  аз рӯи равияи иқтисодӣ бо иштироки 22 нафар омӯзгорон, ки 10 нафарашон аз Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд мебошанд, ташкил карда шуд. Дар фарҷоми такмили ихтисос ба шунавандагони курс шаҳодатнома супорида шуд.

Моҳи апрели соли равон  Марказ бо Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони  ДМТ  барои ташкили курси такмили ихтисос  аз рӯи равияи фанҳои ҷамъиятӣ  ҳамкориро ба роҳ монда, ин курсро ташкил намуд. Дар он аз тамоми донишгоҳҳои вилоят 45 нафар омӯзгорон иштирок карданд, ки аз онҳо 20 нафарашон аз донишгоҳи мо буданд.

Маркази таълимии «Маърифат» бо ташкилоту корхонаҳои шаҳру вилоят ҳамкориро ба роҳ монда истодааст. Соли сипарї  бо аҳли  факултети бизнес ва идоракунӣ семинар бо иштироки сардори раёсати Агентии омори вилоят Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин гузаронида шуда, масъалаҳои имрӯзаи оморӣ ва ҳисоб кардани индексҳои махсус муҳокима гардид.

Давоми сол дар асоси маълумотҳои мавҷуда ҳолати аз курси такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон дар тамоми кафедраю  факултетҳо ва умуман донишгоҳ таҳлил карда шуд.  Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар 4 соли охир аз 304 омӯзгорони кафедраҳо 207 нафар аз такмили ихтисос гузаштанд, ки ин нишондод ба 68 % баробар мебошад. Аз 97 нафар боқимонда омӯзгорон 57 нафарашон (19% нисбат ба ҳамаи омӯзгорон ) ҳамин соли хониш аз такмили ихтисос гузаштанд ва  бояд 40 нафар (13%)  соли хониши дигар  аз такмили ихтисос гузаранд.

 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/component/blog_calendar/2014/02/18.html#sigProGalleriaa02708cc2a
joomlamodniyportal.ru

Читать далее

Шӯъбаи тайёрӣ

Мудири шўъба - Каримов Мирзобаҳодур Мирзоқодирович,

 номзади илмҳои иқтисод, дотсент

           Шӯъбаи тайёрии ДДҲБСТ дар асоси фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2007 таҳти рақами №1266 бо мақсади пешбурди фаъолияти таълимӣ баҳри тайёр намудани довталабон барои дохил шудан ба донишгоҳ таъсис ёфтааст. Шӯъбаи тайёрии ДДҲБСТ дар раванди омода намудани мактабиён ва дигар хоҳишмандон барои дохил гаштан ба донишгоҳ саҳми босазое гузоштааст. Дар тӯли ин солҳо шунавандагони зиёде, ки шомили шӯъбаи тайёрӣ гашта буданд, ба сафи донишҷӯёни ДДҲБСТ ва дигар донишгоҳҳо дохил гаштанд.

      Дар рафти ҷалби шунавандагон ба шӯъбаи тайёрӣ, омода намудани онҳо барои дохил гаштан ба донишгоҳ дар солҳои гуногун саҳми устодони донишгоҳ ба монанди Ахмедов Г., Мӯҳсинов Ё., Султонова А. ки бевосита роҳбарии шӯъбаро бар уҳда доштанд, назаррас мебошад. Гузашта аз ин, устодони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ дар солҳои мухталиф аз ҷумла, Кенҷаев С., Набиҷонова М., Мӯҳсинов Ё., Исомаддинов Ҷ. ,Тоатов Ҳ., Юсупова З., Ишанкулова Д., Негматова Д., Ҳакимов Т. ва дигарон баҳри баланд гардонидани савияи дониши шунавандагон заҳматҳои зиёде ба харҷ додаанд.

     Нақшаи қабул ба шӯъбаи тайёрӣ дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ сурат мегирад. Нархномаи ҳаққи таҳсил вобаста ба равияҳо аз тарафи Шӯрои олимони донишгоҳ муайян ва тасдиқ карда мешавад. Ба шӯъбаи тайёрӣ шахсони дорои таҳсилоти умумӣ, инчунин хонандагони синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул карда мешаванд. Шунавандагони шӯъбаи тайёрӣ ҳуқуқ доранд аз синфхонаҳо, кабинетҳои таълимию методӣ, китобхонаҳо, толорҳои қироатӣ ва дигар сохторҳои донишгоҳ ва литсейи ДДҲБСТ истифода намоянд. Донишгоҳ бо назардошти имкониятҳои мавҷуда шунавандагонеро, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба шӯъбаи тайёрӣ дохил гаштаанд, бо хобгоҳ таъмин менамояд.

Тибқи талаботи Маркази миллии тестӣ машғулиятҳо аз рӯи талаботи кластерхо ба роҳ монда шудааст. Мӯҳлати таҳсил дар шӯъбаи тайёрӣ аз 3 то 6 моҳ мебошад. Бо шунавандагони шӯъбаи тайёрӣ рӯзе 4 соат машғулият гузаронида мешавад.  

  Аз моҳи августи 2015 вазифаи мудирии шуъбаро н.и.и., дотсент Каримов М.М. бар уҳда дорад. Нозири шуъба Низомаддинов И.С. мебошад.

Читать далее

http://www.zoofirma.ru/