РОЛИКИ ТАРҒИБОТӢ БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

РОЛИКИ ТАРҒИБОТӢ БО ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ

РОЛИКИ ТАРҒИБОТӢ БО ЗАБОНИ РУСӢ

САҲИФАИ «ДОВТАЛАБ-2019»

Хабарҳо



Мавқеъ



ТАБРИКОТИ ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир ба муносибати ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрўзҳо миллати сарбаланди тоҷик дар арафаи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.  Ҳамагон, ин навбат ҷашни ҳамдилӣ ва бошукўҳро  дар фазои рўҳбаландии беназир аз дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  дастовардҳои фараҳбахшу беназир дар рушди соҳаҳои  мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, махсусан  яке аз соҳаҳои муҳим ва калидии кишвар – маориф таҷлил менамоем.

Истиқлолият ба оғози марҳилаи  нави рушди иқтисоди кишвар асос гузошт, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои давлату миллатамон гардид. Ин маъниро Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле возеҳ таъкид карда буданд: «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона муайян менамояд».  27  соли  Истиқлолият  давраи рушду камоли  миллату  давлат  буда, дар  дили  ҳар  як  фарзанди  бонангу  номуси   Тоҷикистон  оташи меҳр,  ҳамдиливу  ҳамфикриро  фурӯзон  нигоҳ  дошт  ва  умеду  эътимодро  ба  фардои  дурахшони  Ватан  дучанд намуд.

Истиқлолият соҳаи маорифи кишварро ба зинаҳои баланд баровард ва ба манзалату мақоми шоиста ёфтани он мусоидат кард.  Дар назди ҳамаи мо вазифаи басо пурмасъулият - парвариши мутахассисони варзидаи худогоҳу худшиносро гузошт. Донишгоҳ ҳамчун самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгў ба бозори ҷаҳонии меҳнат, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот, вусъати ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ташаккули равобити хориҷӣ, таҳким бахшидани пойгоҳи моддию техникии раванди таълим ва ба ин васила таъмини дурнамои устувор ва муназзами пешрафту инкишоф муваффақ гардид.

Имрўз низ дар фазои соҳибистиқлолӣ Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар радифи муассисаҳои пешрафтаи олии касбии мамлакат саҳми намоён дорад. 

Ҳамаи дастовардҳои дирўзу имрўзи  донишгоҳ аз шарофати истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот ба даст омада, саҳми Шумо – устодон ва донишҷўёни азиз беназир аст. Аз дастовардҳои Истиқлолият ёдовар шудан ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд.

Дар ин айёми фараҳбахш ва фаромӯшнопазир кулли устодону кормандон ва донишҷўёни азизро ба  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба Шумоён дар кори пуршарафи омўзгорӣ ва ҷодаҳои касби илму маърифат, ба донишҷўён дар роҳи омўзиши илму дониш  бурдбориҳои тоза ба тозаро таманно менамоям.

Итминони комил дорам, ки дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, созандагиву бунёдкорӣ бо дили гарму дасти нарм ва кору пайкори нек боз ҳам заҳмат кашида, ҳиссаи муносиби хешро ҷиҳати пешвози сазовор ва таҷлили бошукўҳи ҷашни саодати миллату давлат – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузорем.

«Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028

СОЛНОМАИ ДОНИШГОҲ 2018

Солҳои 2019-2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Нашрияҳои маъвои хирад

ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ (PHD)

ДОНИШГОҲ: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Эълонҳо

АХБОРИ ДДҲБСТ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

  Харитаи донишгоҳ

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

СУРУД ВА РАМЗИ ДОНИШГОҲ

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ

ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ 

                                                                                   ТОҶИКИСТОН

 

 

http://www.zoofirma.ru/