Омили рушди раванди таълим

Чӣ тавре, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи бинои Маркази миллии тестӣ (20.12.2013) қайд намуданд: «Таҷрибаи кишварҳое, ки чунин тартиби қабули имтиҳонотҳоро ҷорӣ кардаанд, нишон медиҳад, ки низоми мазкур барои интихоби шогирдони дар ҳақиқат сазовори номи донишҷўӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи азхудкунии дониш, хулоса дар ҷодаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ нақши муҳим мебозад».

 

Табдилёбии санҷиши тестии «дастӣ» ба компютерӣ имкониятҳои хеле беназирро ошкор намуд, ки омўзгорон дар солҳои пешин дар борааш орзу ҳам карда наметавонистанд.

Автоматикунии санҷишҳои тестӣ нишон медиҳад, ки омўзгорон аз раванди таълим берун намонда, имконияти соҳиб гардидани маълумоти объективиро доир ба натиҷаи таълими муҳассилин фароҳам оваранд. Омўзгор имконияти вақти бештарро барои корҳои мустақилона ва инфиродии муҳассилин пайдо намуда, барои коркарди фикрронии мустақили донишҷўён ва дигар амалҳои педагогӣ вақти зиёдтар сарф менамояд.

Умуман, мафҳуми тест бо шаклҳои гуногун шарҳ дода мешавад. Тести ба қолаб нигаронидашуда тесте мебошад, ки имконияти ҳаматарафаи таълим ва назорати пурраи донишҳои азхуд намудаи шакли инфиродӣ ва ҳам коллективиро таъмин менамояд. Истифодаи чунин тестҳо пурсамар мебошад, зеро санҷиши дониш ба ошкор ва аён намудани азхудкунии ҳаҷми мавод ва мафҳуму мундариҷаи муайяндошта нигаронида шудааст. Шакли дигари тести ба меъёр нигаронидашуда нишон медиҳад, ки таълимгиранда чиро аз худ намудааст. Дар ҳолати дуруст тартиб додани тестҳо масъалаи дигар, яъне, муайян намудани рейтинги омўзгори таълимдиҳанда ҳаллу фасл карда мешавад. Тести ба меъёр нигаронидашуда дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода мешавад. Аммо барои коркарди пурраи амалии он то ҳол муаммоҳо ҷой доранд. Имрўзҳо, ки дар аксарияти макотиби олии кишвар аз тестҳои пурсиши интерактивӣ истифода менамоянд, норасоиҳо низ ба чашм мерасанд. Натиҷаи тестҳо нишон медиҳанд, ки таълимгирандагон аз ўҳдаи иҷрои кадом қисми барнома мебароянд. Мафҳуми коршоям будани намуди тести таълимӣ ва назоратӣ аз рўи қобилияти тартиби он ба иҷрои вазифаҳои худ муайян карда мешавад.

Имрўз дар байни олимон ва устодон оид ба фаъолияти педагогии тестҳо баҳсҳо бисёранд. Вале таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти донишкадаву донишгоҳҳои кишвар характери тахассусмандӣ доранд. Бинобар он, хуб мешавад, агар коркарди тестӣ бо назардошти стандарти муайяни меъёри вобаста ба самти равия такмил дода шавад. Таҷрибаи донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ дар мисоли давлатҳои Олмон, Амрико нишон медиҳад, ки натиҷаи тестҳо барои додани унвонҳои бакалавр, магистр истифода мешаванд. Масъалаи дигаре, ки бояд ҳаллу фасли худро ёбад, дар тартиб додани тестҳо бояд мутахассисони беҳтарин иштирок намоянд. Супоришҳо тавре тартиб дода шаванд, ки бо донистани ашё боз қобилияти ботароватии зеҳнӣ муайян карда шавад. Ҳамзамон, вақти сарфшуда барои ҳар як суол ба ҳисоб гирифта мешавад.

Бо боварии том метавон гуфт, ки воситаҳои техники таълими имрўза барои  инкишофи усулҳои муколамавӣ ва инфиродии таълим мусоидат менамоянд ва аз ин лиҳоз, омўзгорон бояд онро на танҳо азхуд намоянд, балки истифода намуда тавонанд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол сатҳи маданияти иттилоотии омўзгорон, хусусан, дар самти ашё варавияҳои гуманитарӣ ба андозаи зарурӣ нест. Далели субъективӣ будани баҳодиҳиро омўзгорон ҳамчун манфиатнок будани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ арзёбӣ менамоянд. Маълум аст, ки санҷишу имтиҳоноти имрўза дар макотиби олӣ (низоми кредитии таҳсил) на дониши муҳассилин, балки қобилияти гирифтани баҳои мусбиро аз тарафи онҳо ифода менамояд.

Дар натиҷаи таҳлилҳои оморӣ мутахассисон қайд  менамоянд, ки ҳолатҳои аз ҳама шадиди рўҳияшавии донишҷўён, махсусан дар давраи имтиҳоноти ҷамъбастӣ ба амал меояд ва ин шиддати ҳаяҷони ба донишҷў имконияти  пурра  кушодани  қобилиятҳои  худро намедиҳад.

Аз тарафи дигар, шахсияти омўзгор низ ба ҷавобҳои донишҷў таъсир мерасонад. Ниҳоят, ба хулосае омадан мумкин аст, ки баланд бардоштани сатҳ ва савияи дониши донишҷўён бо дараҷаи хело зиёд аз технологияи навини таълим вобаста буда, аз тарафи омўзгорон истифода бурдани технологияҳои инноватсионӣ муаммоҳои ҷойдоштаро дар раванди таълими фанҳои гуногун аз байн мебардорад.

Ҳаким ҒАЮРОВ,

декани факултети инноватсия

ва телекоммуникатсияи

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес

ва сиёсати Тоҷикистон

 

 

(Ҳафтаномаи «Омўзгор», №11, 14 марти соли 2014)

Нашрияҳои маъвои хирад

ДОНИШГОҲ: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Бойгони навидҳо

<< < Декабрь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲНИТ: андешаҳо

Сомонаҳои маъмул

 

 

 

 

 

Саҳифаи ректор

Табрикот

Таҳсилоти фосилавӣ

Маркази “Маърифат”

МАРКАЗИ Омӯзиши забонҳо

МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ

Воридшави ба сомона

0100871
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
369
2931
16473
15260
38815
62056
100871


IP Шумо:54.221.93.187

АХБОРИ ДДҲБСТ

Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ» соли 2000 таъсис ёфта, 28 январи ҳамин сол таҳти № 517 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Муфассал...

АДАБИЁТИ ТОЗАНАШР

Натиҷаи корҳои илмӣ – тадқиқотии дар шакли монография, маҷмўаи мақолаҳо, маводҳои конференсия нашргардидаи устодони донишгоҳ Муфассал...

МАЪВОИ ХИРАД

Сармуҳаррири нашрия - Солеҳбой Дадобоев. Ҷиҳати татбиқи сиёсати Сарвари мамлакат дар соҳаи маориф, тарғиби Муфассал...

Литсейи донишгоҳ

Литсейи ДДҲБСТ – кафолати таълим ва тарбияи босифат  Литсейи ДДҲБСТ соли 2011 бо мақсадҳои зерин ташкил шудааст: ҷалб Муфассал...

ДАСТАИ ENACTUS

Enactus (Enterpreneurship in action – Cоҳибкорӣ дар амал) - ин барномаи васеи байналхалқии донишҷўён мебошад, ки то соли 2012 бо номи SIFE маъмул буд. Муфассал...

ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” №629, аз 21 июли соли 2010 , Низомномаи Муфассал...

ОЗМОИШГОҲИ ИННОВАТСИОНӢ

INNOLAB – ин муҳити ҷисмонӣ ё маҷозӣ, ки барои пешравӣ ва рушди имкониятҳо, рушди инноватсионӣ тавассути ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, Муфассал...

Лоиҳаҳои грантӣ

Ҳадафи лоиҳа ин эҷоди платформаи табодули таҷрибаҳо, ахбор, амалияи хуб ва захираҳо бо мусоидат ба ташкили гуфтугӯи (диалог)-и омӯзишӣ байни донишгоҳҳо Муфассал...

 

ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИ

Қабулгоҳи электронии донишгоҳ муроҷиати Шуморо ба ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокир бевосита тариқи электронӣ низ қабул мекунад. Муфассал...

 

ИННОВАТСИЯ

Бахши технологияи инноватсионӣ аз моҳи сентябри соли 2012 фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Донишгоҳ ва Низомнома раёсати рушди инноватсионии Муфассал...

 

СОЛНОМАИ ДОНИШГОҲ 2016

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/