Муфтии Тоҷикистон дар меҳмонии Ҷамъияти тоҷикони Миср

 

Шоми рӯзи 18 октябри соли равон дар толори конфронси “Маркази тадқиқоти байналмилалии шаҳри Қоҳира” вохурии  Раиси ШӯроиуламоиМарказиисломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва устоди забони форсӣ-тоҷикии факултети адабиётшиносии Донишгоҳи Айни Шамс профессор Аҳмад Сомӣ бо аъзоёни Ҷамъияти тоҷикони Миср доир гардид.


 

Бояд тазаккур дод, ки ташрифиС. Абдулқодирзода ба шаҳри Қоҳира бо даъвати Дабирхонаи муфтиёти Миср барои ширкат дар Конференсияи “Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ”, ки аз 16 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, сурат гирифт.

Дар рафти ин вохурӣ теъдоди зиёди тоҷикони муқими Миср ширкат дошта, кушодашавии ҷаласа бо сароидани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Сипас сухангуи Ҷамъияти тоҷикони Миср Муҳаммадамини Абдулҳамид, меҳмонони ҷаласаро муаррифӣ намуда, ба ҳозирин дар бораи аҳамият ва зарурияти танзими вохурӣ, суханронӣ кард.

Дар оғози мулоқот, аксҳои воқеии амалҳои террористии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, инчунин филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” намоиш дода шуд.

С. Абдулқодирзода дар аввали суханронии худ таъкид намуд, ки Миср, кишвари Азҳари шариф, сарзамини илму маърифат ва соҳиби тамаддуни қадима буда, аз мактаби илму маърифати он бузургтарин олимону нависандагон, орифону фозилон ва мутаффакирони зиёде бархостаанд, ки дар пешрафти соҳаи илму маърифат хидматҳои арзишмандеро аз худ боқӣ гузоштаанд.

У дар давоми суханронӣ, аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки дар баробари фаъолияти кории худ дар хориҷи кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва нақши тоҷикони бурунмарзиро дар пешгирии шомилшавии ҷавононбасаффиҳизбуҳаракатҳоитеррористиюэкстремистӣ, бамонандиТТЭ ҲНИ, гурӯҳи Ихвонулмуслимин ва равияи Салафия таъкид намуд.

С. Абдулқодирзода аз талошу муборизаи кишварҳо бар зидди ташкилотҳои террористӣ ёдовар гардида, хотирасон намуд, ки ин ташкилотҳо аз афкори ғалат ва инҳирофӣ сарчашма гирифта, андешаҳои тундравона ва тахрибсозро дар ҷомеаҳо мунташир месозанд. Талоши душманони миллат, ин эҷоди ихтилофу фитна дар миёни мардум буда, аз байн бурдани амну субот, парокандагии давлат ва порашавии он ба давлатҳои хурди бо ҳам оштинопазир мебошад.

С. Абдулқодирзода ба ҳозирин таъкид намуд, ки ташкилоти террористю экстремистии ҲНИ шохаи осиёгии “Ихвон-ул-муслими” ва таблиғгари инқилоби исломии охундҳои Эрон буда, чун ДИИШ ва дигар ташкилотҳои террористӣ ба амнияту суботи Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва олами Ислом хатаровар аст.  

Дар интиҳои суханони худ С. Абдулқодирзода барои ширкаткунандагон бори дигар таъкид намуд, ки таълимотиғайрирасмиидинии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар боисинигаронӣ гардидааст. Зероякеазомилҳоиасосииҷалбвашомилшуданиҷавононбаташкилотҳоитеррористӣ-экстремистӣбатаълимиғайрирасмиидинӣдархориҷикишварбашумормеравад. Таҷрибаи солҳои ахир нишон дод, ки ба сабаби беназоратии бархе аз муассисаҳои таълимӣ сабаби гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна мазҳабу равишҳои барои ҷомеаи тоҷикон бегона гардиданд. Ӯ барои гуфтаҳои хеш аз нафароне, ки дар шаҳрҳои Қуму Мозандорони Эрон таҳсил намуда, имрӯзҳо аз мазҳаби аҳли ташаюъ пайравӣ менамоянд, мисол овард.

Ҳамчунин Саидмукаррам Абдулқодирзода  барои ҳозирин ёдовар гардид, ки дар Донишгоҳи исломӣ факултетҳои зиёде фаъолият доранд ва онҳо метавонанд аз таҳсили ғайрирасмӣ даст кашида, дар якҷоягӣ бо тамоми фарзандоношон ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, идомаи таҳсили илми шариатӣ кунанд.

Дар навбати худ, профессори Донишгоҳи Айни Шамс ва эроншинос Аҳмад Сомӣ барои даъват ба Ҷамъияти тоҷикони Миср изҳори сипос намуда, дар бораи таърихи сиёҳи робитаи кишвари “охундҳо” ва ТТЭ “ҲНИ” шарҳи муфассал дод.

А. Сомӣ ба ҳозирин таъкид намуд, ки дахолатҳои хориҷӣ сабаби асосии коштани тухми созмонҳои террористӣ гардида, натиҷаи рушду афзоиши он сабаби бар ҳам задани нооромию бетартибӣ дар кишварҳо мегардад. Перомуни хоҷагони хориҷии асосии ТТЭ ҲНИ таъкид намуд, ки Ҳизб аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон таъсис ва маблағгузорӣ мегардад. Теҳрон аз пешрафти технологияи худ истифода намуда, бо созмонҳои гуногун бо вуҷуди ихтилофҳои идеологии онҳо забон як месозад. Дар амалисозии нақшаҳои худ аз марказҳои пажуҳишии давлатӣ ва хусусӣ истифода намуда, беҳтарин роҳҳои расидан ба ҳадафро интихоб мекунад. Аз ҷумла, Маркази тадқиқотии Осиёи Миёна ва Қафқоз аз зумраи чунин марказҳо ба шумор меравад. Маркази номбурда кишварҳоро ба чанд қитъаи географӣ тақсимбандӣ намуда, вуҷуди худро дар он ҳамчун “соҳибқарор” ва шарики стратегӣ баҳри барқарор намудани рушду суботи инҳо муаррифӣ менамояд. Теҳрон аз вазъияти вазнини иқтисодию сиёсию амниятии кишварҳо суистифода менамояд, ки ин ҳолат барои амалӣ сохтани нақшаҳои дар гузашта таҳрезишудаи он, шароити мусоид фароҳам меорад.

А. Сомӣ изҳор дошт, ки баъд аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ, ба Эрон шароити муносиб фароҳам овард. Теҳрон дар оғози амалисозии нақшаҳои хеш, ба мардуми тоҷик наздикӣ ва ҳамонандии мазҳаби шиа ва сунниро талаққӣ менамуд, ки аз ин гуфтаҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ фиребхурда, зарурати қабули мазҳаби шиаро барои худ лозим донистанд. Зеро, “гӯё” тибқи гуфтаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ мазҳаби шиа мазҳаби “ҳақ” мебошад.  Бештари аъзоёни ТТЭ ҲНИ ин рафтори худро бо гуфтаҳои роҳбари ҳизб М. Кабирӣ тақвият мебахшанд, ки дар он М. Кабирӣ фаъолияти ҳизбро ҷузъи фаъолиятҳои “Ҷунбиши байналмилалии бедории исломӣ” мепиндорад. Ӯ таъкид намуд, ки Ҳукумати “охундҳо” ҳеҷ гоҳ аз ҳадафу мароми хеш пас нахоҳанд гашт, аз ин рӯ бояд дар асно ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем.

Дар хотима, Раиси Ҷамъияти тоҷикони Миср Абдураҳмон Оқилзода, барои ташрифи меҳмонони олиқадр ва муҳтавои пурмазмуни онҳо дар ин нишаст сипосу қадрдонии хешро изҳор намуд. Ҳамчунин, у дар бораи вазифаҳои дар пешистодаи ҷамъият ва саҳму кушишҳо дар пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ суханронӣ кард. У илова намуд, ки филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва амали ҷавонмардонаи Сатторов Аёмиддин, ки солҳо дар сафи ТТЭ ҲНИ қарор дошта ба ҳаёти осоишта баргашт, беҳтарин намунаи инсоният буда, ноҳақ ва ботил будани идеологияи ТТЭ ҲНИ ва сарпарасти молиявию маънавии онро бори дигар ошкор сохт. У таъкид намуд, бояд рафтори ҷавонмардонаи Сатторов Аёмиддин ба аъзоёни боқимондаи ТТЭ ҲНИ намунаи ибрат буда, ботил будани фикри наҳзатиро эътироф ва худро бозичаи дасти манфиатҷуёни ин ташкилоти террористӣ накунанд. Ҳамчунин, А. Оқилзода дар бораи пайомадҳои ҷанг дар кишварҳои Ховари миёна ва вазъияти имрузаи шаҳрвандони он, ки қисме ҳалок ва қисми дигаре дар кишварҳои хориҷа гурезаву дарбадар гаштаанд, ёдовар шуда, аз ҳамватанони бурунмарзӣ даъват ба амал овард, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  муттаҳид шуда, дар кишварҳои иқомат нагузорем, ки душманони миллат ватани азизу гулгулшукуфои моро ноором кунанд.

 

Ҷамъияти тоҷикони Миср,

Қоҳира, 18 октябри 2018

 

Ректори Донишгоҳи Истанбул: «Тоҷикистон ва Туркия- шоҳиди ду кӯшиши ноком ба табаддулоти давлатӣ»

 

Чунонки маълум аст, дар шаҳри Истанбули Туркия Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини авали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак, Раиси Шӯрои олимони Донишгоҳи Истанбул доктор Нурҷан Гудер ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.


 

Дар Конфронси мазкур инчунин теъдоди зиёди донишҷӯён, аспирантҳо, устодон аз факултаҳои илоҳиёт, сиёсатшиносӣ, фалсафа ва дигар бахшҳои Донишгоҳи Истанбул ширкат варзиданд. Иштирокдорони Конфронс аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия ва Турманистон иборат буданд.

Дар ҷараёни Конфронс ректори яке аз донишгоҳҳои бузуртарини Туркия- Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак дар мавриди хатари ташкилоти террористии наҳзат изҳори назар намуд. Дар аввали суханрониаш профессор Маҳмут Ак аз суханони Саидмукаррам Абдулқодирзода пурра ҷонибдорӣ намуда, миннатдориашро ҷиҳати огоҳ намудани донишҷӯён ва роҳбарияти Донишгоҳ аз амалҳои душманонаи наҳзат изҳор дошт. Инчунин профессор зикр намуд, ки ӯ низ хатмкардаи бахши илоҳиёт буда, оид ба суиистифодаи созмонҳои террористӣ аз номи Ислом пурра маълумот дорад.

Дар ин росто ректори Донишгоҳ иброз намуд, ки мутаассифона, созмонҳо ва ташкилотҳои террористии наҳзат ва ФЕТО аз номи Ислом суиистифода намуда, мехоҳанд ба мақсадҳои нопокихуд расанд.

Ҳамин тартиб, профессор Маҳмут Ак зикр намуд, ки ҳизби ба ном исломии наҳзат чеҳраи воқеияшро аллакай дар солҳои 1992-1997 нишон дода буд. Дар муддати панҷ сол теъдоди зиёди шаҳрвандони бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби пайравони ин ҳизб ба қатл расиданд.

Ректори Донишгоҳи Истанбул инчунин зикр намуд, ки аъзои наҳзат бо кумаки бевоситаи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ҷанги шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, аҳолии осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарсону саргардон карданд.

Маҳмут Ак таъкид кард, ки амалҳои душманонаи аъзои наҳзат вазъи амният ва истиқлолияти тоза бадастомадаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери суол бурданд. Ҳамин тартиб, ректори Донишгоҳ зикр дошт, ки Ҷумҳурии Туркия низ монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди табадуллоти нокоми давлатӣ гардидааст ва кӯшиши табаддулотеро, ки соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби хоинон роҳандозӣ шудааст, ҷониби Туркия эҳсос менамояд. Дар рафти суханрониаш профессор Маҳмут Ак тазаккур дод, ки гурӯҳҳои тундгарое, ки аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ дастгирӣ меёбанд, мехоҳанд озодии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери суол баранд. Аммо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ки ин бофтаҳои бадхоҳони миллати тоҷик аст.

Дар фарҷоми суханрониаш ректори Донишгоҳ аз вазъи ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки сарҳадии тӯлоние, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавҷуд аст, на танҳо ба вазъи амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба таъмини амнияти Ҷумҳурии Туркия низ хатари ҷиддӣ дорад.

Дар ҳошияи Конфронси мазкур инчунин мулоқоти хоси Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо табаддулоти созмонҳои террористӣ (наҳзат ва созмони Фатҳуллоҳ Гюлен)-ро дар кишварҳои хеш маҳкум намуда, таъкид карданд, ки террорист давлат, дин, миллат ва мазҳаб надорад. Ректори донишгоҳи Истанбул таъкид намуд, ки барои ҳаводорони ташкилоти террористии наҳзат дар Туркия, бахусус Донишгоҳи Истанбул ҷой нест.

Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳира: Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бо Миср шарик аст.. ва бояд дасти кумаккунандаи Эрони тахрибкор ба ташкилотҳои террористӣ бурида шавад

Бузургтарин рӯзномаи мисрии “ал-Аҳром” дар шумораи навбатии худ аз 17 октябри соли 2018 Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳираро пушиши хабарӣ дода, дар бораи сиёсати зиддиинсонӣ ва зиддиисломии ТТЭ ҲНИ мақолаи таҳлилӣ ба табъ расонидаст.

Ёдовар мешавем, ки санаи 16 октябри соли 2018 дар меҳмонхонаи “Алмоса”-и Қоҳира зери сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ маросими ифтитоҳи чаҳорум Конференсияи Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон таҳти унвони "Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ" ба кори худ оғоз кард. Дар ҳошияи конференсяи мазкур ҳайати расмии 73 кишвари ҷаҳон бо шумули донишмандони соҳа, пажуҳишгарон, сарони муфтиҳо, вазирони Кумитаи дин, Сафирони фавқулода ва мухтори муқими Миср ва намояндагони баланпояи Ҳукумати Миср ширкат доранд.

 


>> Муфтии Тоҷикистон зарурати содир намудани фатворо дар масъалаи маҳкум намудани ТТЭ ҲНИ талаб намуда, ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористии байналмилалӣ эълон намуд.

Нависанда: Маҳмуд Дайёб

 

 

 

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти суханронии худ даъват намуд, ки идораҳои дахлдори динии кишварҳо барои маҳкум сохтани фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар сатҳи ҷаҳонӣ фатвоҳои лозима содир намоянд. Ин амр бо дарназардошти ҷиноятҳои  террористии ТТЭ ҲНИ дар тӯли чил сол аст, ки амали ҷинояткоронаи онҳо дар соли 2015 ба қулла худ расид. Онҳо бо инқилоби нокоми хеш тамоми мардуми осоиштаро дар ваҳму тарс қарор дода, кишварро дар дами ҳалокат кашиданд.

Ӯ дар масъалаи мубориза бо терроризм иброз намуд, ки ТТЭ ҲНИ аз ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» сарчашмаи идеологӣ мегирад ва дар ин масъала кишвараш бо Миср мубориза мебарад. Созмонҳои исломӣ масъулияти зиёдеро бар души худ гирифта, бо соҳибони фатвоҳои гумроҳкунанда бояд мубориза баранд. Чунончӣ ташкилотҳои террористӣ паси номи “Ислом” пинҳон гардида, талош доранд, томардумро бо ақидаҳои зиддиҳукуматии худ қонеъ гардонанд.

С.Абдулқодирзода дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии солонаи Муфтиёт изҳор намуд, ки ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ ҲНИ, ки дуюмин соли 1973 бар асоси идеологияи ихвониҳо таъсис ёфтааст, зери шиори “марг волотарин орзуи мост” амал намуда, куштор ва нобудсозии насли одамиятро методи хеш қарор додаанд. Онҳо бо ин шиор фалсафаи хешро оид ба нобудсозии тамаддуни башарият эълон намуданд.   

Қобили зикр аст, ки муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди нишасти Конференсияи имрӯзаро, ки зери унвони “Қоидаҳои фатво дар асл ва дар воқеият” баргузор гардид, роҳбарӣ намуд. Шахсиятҳои бонуфуз ислом аз 73 кишвари олам дар рафти Конференсия ҳузур намуда, намояндагони воломақоми бонуфузи Миср аз ҷумал муовини якуми Маҷлиси намояндагон Маҳмуд Шариф,  Вазири адлия Ҳусом Абдураҳмон, собиқ муфтии Миср д-р Алӣ Ҷумъа ва Вазири Авқоф (Кумитаи дин) Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, дар он ширкат варзиданд.

С. Абдулқодирзода ишора намуд, ки ҳамон тавре, ки кишвари Миср дар баробари тероризм ва нест кардани он бо кумаки мардум мубориза мебарад, ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пойдории сулҳу субот дар саросари кишвар талош варзида, бар муқобили терроризм мубориза мебарад.

Ӯ илова намуд, ки Конференсияи имсола оид ба масъалаҳои фатво зери унвони "Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ" амали муҳим ва дастгирикунандаи талошҳои миллӣ дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ мебошад. Дар ин росто, сипоси махсуси хешро ба Президенти кишвар Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ва муфтии сарзамини Миср доктор Шавқӣ Аллом, барои танзими ин “Чорабинии сол” иброз дошт. Ин чорабинӣ дар вақте сурат мегирад, ки уммати исломӣ ба роҳнамоиҳои донишмандони забардаст, ки умри хешро дар талаби илм фано намуда, сазовори илму мартабаву аҳли фатво гардидаанд, эҳтиёҷ дорад. Донишгоҳи Азҳари Шарифбузургтарин олимон ва донишмандони шинохтаро пайдо намудааст, ки онҳо дар таҷдиди фатво ва мувофиқ кардани он бо руҳи асру замон ва пешрафти ҷомеа нақши бузург бозидаанд.

Ӯ ишора намуд, ки кишвари Миср бо назардошти он масъулияти фикрию ҷойгоҳи илмие, ки дар тӯли таъриху тамаддуни чандҳазорсола ноил шудааст, ин конференсяи ҷаҳониро бори чорум баргузор мекунад, ҳамчунин аз маконати роҳбарии фикрию илмӣ низ бархӯрдор аст, ки ин ҳама нақши асосӣ ва муҳим доштани кишвари Мисрро дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ нишон медиҳад. Бояд қайд кард, ки вазифаи уламо ва донишмандони шариат иҷтиҳод ва истихроҷи аҳкоми шаръию фиқҳӣ ва баровардани фатвоҳои муносиб ба воқеъияти замон буда, фиқҳи муътадилро дар ҳама бахшҳои зиндагӣ устувор бояд намояд.

Ӯ илова намуд, ки халосӣ ёфтан аз хатари терроризм, ки болои дини Ислом омадааст, танҳо бо роҳи гуфтумони қоидаҳои фатво дар масъалаҳои сиёсӣ ва умури давлатдорӣ, таъсири фатво дар пойдории  амну суботи ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.

Ӯ таъкид намуд, ки бисёре аз кишварҳо бар зидди ташкилотҳои террористӣ мубориза мебаранд, зеро ин ташкилотҳо аз афкори ғалат ва инҳирофӣ сарчашма гирифта, андешаҳои тундравона ва тахрибсозро дар ҷомеаҳо мунташир месозанд ва ихтилофу фитнаро дар миёни мардум эҷод намуда, амну суботро аз байн мебаранд ва боиси парокандагии давлат ва порашавии он ба давлатҳои хурди бо ҳам оштинопазир мегарданд.

С. Абдулқодирзода таъкид намуд, ки ҳодисаҳои ахире, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи аъзоёни ТТЭ ҲНИ анҷом дода шуд, ҷониби дигари мубориза бар зидди терроризми байналмиллалиро ошкор сохт. Ин маротиба дастгириҳои ҳамсояи эронӣ барои ин гуна ташкилотҳои террористӣ ошкор гардид. Тафтишот нишон дод, ки шахси ин ҷинояти террористиро бар зидди гардишгарони хориҷӣ содир карда дар тули солҳои 2014-2015 чор бор ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Эрон сафар карда, ба ӯ дар онҷо машқҳои низомӣ ва идеологӣ омӯхтаанд. Ин шахс дар вақти таҳсил гирифтанаш дар Эрон бо яке аз фаъолони ТТЭ ҲНИ шинос гардида, ба саффи ҳизб шомил гардидааст. Баъдтар ин шахс роҳбари гуруҳи махфии террористӣ таъйин гардид.

Қобили зикр аст, ки иҷрокунандагони ин амали террористӣ аз сарҳади Тоҷикистон ба заминҳо Афғонистон гузашта, дар он тарафи сарҳад ба сафи ташкилотҳои террористӣ мепайванданд. Тафтишот нишон дод, ки ҷинояткороне, ки даст ба чунин амалҳои зишт мезананд, синашоназ 18 то 30 сол мебошад, бори дигар стратегияи ҷалби ҷавононро ба сафи ташкилоти террористӣ таъкид намуд.

Ӯ бори дигар таъкид намуд, ки ТТЭ ҲНИ шохае аз ташкилоти террористии ихвониҳо буда, ҳамкориҳои зич байни ин ду ташкилот ошкор гардидааст. Ӯ илова намуд, ки дар замони сари қудрат будани ихвониҳо, Муҳаммад Мурсӣ раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабириро истиқбол гирифта бо ӯ мулоқот анҷом додааст. Аз ин бештар ноиби раиси ин ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ дар шаҳри Қоҳира манзили истиқоматӣ туҳфа гирифтааст, ки ин худ далолат ба зичии ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Фаъолияти ташкилоти ихвониҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 мамнуъ эълон гардида, ҳатто пас аз омадани ихвониҳо ба сари қудрат ин ҳукм лағв нагардид.

Муфтии Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода масъалаи дахолатҳои харобкоронаи эрониро хотирасон намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Эрон барои ташкилотҳои террористӣ изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки имрӯз оиди дахолатҳои Эрон дар умури на танҳо минтақа, балки дар кишварҳои гунонгуни олам садо баланд намудан лозим аст. Эрон барои пешбурди кории худ аз ташкилотҳои террористӣ ба монанди ТТЭ ҲНИ, ки шохаи осиёгии “Ихвон-ул-муслимин” ва таблиғгари инқилоби исломии охундҳои Эронмебошад, истифода мебарад.

 

 

САҲМИ ҶОМЕАИ УСТОДОНУ ДОНИШЧУЁНИ ДДҲБСТ ДАР ҒАНӢ НАМУДАНИ ХИРМАНИ ВАТАН

Санаи 21 октябри соли равон раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ , бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода тасмим гирифтанд, ки ихтиёран дар ҷамъоварии ҳосили пахта саҳмгузорӣ  намоянд.

ОНЛАЙН-ЛЕКСИЯ ДАР МАВЗӮИ “ДИПЛОМАТИЯИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ АҲЛОҚӢ”

Санаи 19 октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон онлайн-лексия дар мавзӯи “Дипломатияи ҷамъиятӣ ва қабули қарорҳои аҳлоқӣ” барои донишҷӯёни ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия) доир гардид.

ҶАВОНОН БА СӮИ ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ ВАРЗИШ

Сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  бо  таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ,

Таҷрибаомӯзӣ дар хориҷа барои донишҷӯён

Санаи 18 октябри соли 2018 дар иртибот ба ҳамкориҳои судманди донишгоҳ бо ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ, вохӯрии намояндагони ширкати олмонии MitOst Сергей Сердюк ва Фарҳод Ҳошимов бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аз тарафи директори ширкати MitOst Сергей Сердюк

Подкатегории

Эълонҳо

ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ (PHD)

Нашрияҳои маъвои хирад

ДОНИШГОҲ: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

СОЛНОМАИ ДОНИШГОҲ 2017

Сомонаҳои маъмул

Тамос бо ректор

Таҳсилоти фосилавӣ

Коргузори электронӣ

Анбори нашрҳои илмӣ

Картотекаи электронӣ

СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

«Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028

Воридшави ба сомона

1925236
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
1973
7988
27247
56135
197530
257785
1925236

Пешгӯи дар ин рӯз
14880


IP Шумо:54.162.133.222

АХБОРИ ДДҲБСТ

Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ» соли 2000 таъсис ёфта, 28 январи ҳамин сол таҳти № 517 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Муфассал...

АДАБИЁТИ ТОЗАНАШР

Натиҷаи корҳои илмӣ – тадқиқотии дар шакли монография, маҷмўаи мақолаҳо, маводҳои конференсия нашргардидаи устодони донишгоҳ Муфассал...

МАЪВОИ ХИРАД

Сармуҳаррири нашрия - Солеҳбой Дадобоев. Ҷиҳати татбиқи сиёсати Сарвари мамлакат дар соҳаи маориф, тарғиби Муфассал...

Литсейи донишгоҳ

Литсейи ДДҲБСТ – кафолати таълим ва тарбияи босифат  Литсейи ДДҲБСТ соли 2011 бо мақсадҳои зерин ташкил шудааст: ҷалб Муфассал...

ДАСТАИ ENACTUS

Enactus (Enterpreneurship in action – Cоҳибкорӣ дар амал) - ин барномаи васеи байналхалқии донишҷўён мебошад, ки то соли 2012 бо номи SIFE маъмул буд. Муфассал...

ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” №629, аз 21 июли соли 2010 , Низомномаи Муфассал...

ОЗМОИШГОҲИ ИННОВАТСИОНӢ

INNOLAB – ин муҳити ҷисмонӣ ё маҷозӣ, ки барои пешравӣ ва рушди имкониятҳо, рушди инноватсионӣ тавассути ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, Муфассал...

Лоиҳаҳои грантӣ

Ҳадафи лоиҳа ин эҷоди платформаи табодули таҷрибаҳо, ахбор, амалияи хуб ва захираҳо бо мусоидат ба ташкили гуфтугӯи (диалог)-и омӯзишӣ байни донишгоҳҳо Муфассал...

 

МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ

Бо мақсади инкишофи малакаю маҳорати омӯзиши забони англисии донишҷӯёни ғайритахассусӣ бо ташаббуси шӯъбаи робитаҳои байналхалқии донишгоҳ Муфассал...

 

ИННОВАТСИЯ

Бахши технологияи инноватсионӣ аз моҳи сентябри соли 2012 фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Донишгоҳ ва Низомнома раёсати рушди инноватсионии Муфассал...

 

Бойгони навидҳо

<< < Октябрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 24 25 26 27 28
29 30 31        

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/