Хабарҳо


Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  паҳншудатарин санадест, ки  тибқи маълумот  бо беш аз 300 забон  тарҷума карда шудааст.  Он аз пешгуфтор ва 30 модда ибо...
Терроризм чун вабои аср имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод м...
Санаи 4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода...
Дар ҷаҳон ҳар кишвару миллат ва халқиятро  бо урфу одат ва анъанаҳои миллияш мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Халқи тоҷик, ки аз қадим дорои маърифати ...

Мавқеъ


Қарни XX-XXI дар тамоми олам қарни нуру раҳмат, файзу баракат маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин қарн худшиносии инсон боло рафт, бисёр асрорҳои табиату ко...
Имрўз намояндагон ва тарафдорони гирбиҳамоӣ дар Берлин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ раҳпаймо доир намуда истодаанд, ки ба паст задани давлату мил...
Ташкилоти эксремистии террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сан...
Дар замони муосир ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, ки мақсади  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоандозист. Ҳизбу созмонҳои зери ...
Фильтр
  • Устоди ДДҲБСТ - соҳиби унвони байналхалқӣ

    Имрўз Тоҷикистон ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар, аз ҷумла, омўзгорону алоқамандони мактабу маориф, ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор мегузорад.

     Дар ин  замина устодони донишгоҳ фаъолияти касбӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам, дастовардҳои  навтарини илму техника, таҳия ва таълифи асарҳо, дастурҳои методӣ, роҳнамоии шогирдон ба корҳои илмию эҷодӣ, ихтироъкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ғайра ба шогирдон роҳи донишу маърифатро боз месозанд.

  • Шанбегӣ дар боғи Ғалаба

        Баҳри сазовор истиқбол намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23-юмин солгарди фаъолияти Артиши миллӣ бо мақсади тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстии ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд як қатор чорабиниҳо баргузор гашта истодаанд. Аз ҷумла, дар партави сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо симои шаҳру деҳоти кишвар, аз ҷумла Хуҷандшаҳр ободу зебо шуда истодааст.   Ҳамаи моён вазифадор ҳастем, ки ба хотири фардои неку ободи кишвар ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

          Баҳри  иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 11 апрели соли 2015 №178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба истиқболи  25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,

  • Конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Асарҳои бадеии Садриддин Айнӣ ва густариши насри тоҷик» дар факултети баҳисобгирӣ ва андоз

       Тибқи лоиҳаи моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон» дар ДДҲБСТ доир ба зиндагӣ ва фаъолияти қаҳрамонони Тоҷикистон пайваста конференсияҳои илмӣ, дарсҳои тарбиявӣ, вохӯриву чорабиниҳо баргузор мегарданд. Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо  дар ниҳоди муҳассилин бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва ошно намудан бо таърихи кору  пайкори абармардони халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8-уми сентябри соли 1997 ба сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ унвони пурифтихори «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

  • Семинари илмӣ- амалӣ

    Ҳукумати мамлакат барои таъмини пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз ҳама имкониятҳо истифода карда, ба рушди илму маориф аҳамияти аввалиндараҷа медидаҳад ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва забономўзӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Дарпартави Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон санаи 12.02.2016 дар донишгоҳ бо ҷалби васеи олимону муҳассилин семинари илмӣ- амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълими забонҳои хориҷӣ дар фазои таҳсилоти муосир» баргузор гардид.

  • Ҳафтаи кафедраи назарияи иқтисодии факултети молия

    Ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ, вохӯриву мулоқотҳо, озмуну олимпиада, семинарҳо, маҳфилҳои донишҷӯён ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии муҳассилин нақши муҳим мебозад. Дар факултети молияи донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодӣ дар доираи «Ҳафтаи кафедра» силсилаи чорабиниҳо доир гардиданд.

          Тибқи барномаи ҳафтаи кафедра аз санаи 1-ум то 6-уми феврал доир ба масоили баррасии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ, дарси намунавии дотсенти кафедра Назаров Х.С. дар мавзӯи «Низоми ҳисоби миллӣ ҳамчун олоти  танзимкунандаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ»,

  • Моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон» дар ДДҲБСТ

     Баҳри шоиста истиқбол намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати  ДДҲБСТ   тасмим гирифтааст, ки  давоми соли таҳсил лоиҳаи моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро пиёда намояд.

          Тибқи лоиҳа ҳар моҳ ташкил ва баргузории силсилаи чорабиниҳо роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ (моҳи феврал), Мирзо Турсунзода (моҳи март), Бобоҷон Ғафуров (моҳи апрел) ва Эмомалӣ Раҳмон (моҳи май) пешбинӣ гардида,  ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо дар ниҳоди шогирдон тарбия намудани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, шиносоӣ бо кору пайкори чеҳраҳои намоёни миллат, ибратандӯзӣ аз ҳаёти қаҳрамонон маҳсуб меёбад.

  • Ҷавонон - нерӯи тавонои ҷомеа

    Дар саҳни бинои таълимии тозабунёди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аксияи якҷояи  донишҷўён ва Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинии сиёсӣ роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони Ҳизби халқи-демократии Тоҷикистон, ҳайати устодону профессорон  ва донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ширкат варзиданд.

                Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи асосии ҲХДТ-ро дар интихоботи қарибулвуқуъ ваҳдати сиёсӣ, сулҳу оромӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум арзёбӣ намуд.

                Сипас муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода иштирокчиёни аксияро аз номи роҳбарияти ҳизб шодбош гуфта, ин иқдоми пешгирифтаи донишгоҳро оиди интихоботи  вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро як қадами устувор ба рушду нумуъ ва тараққиёти босуботи кишвар дар панҷсоли минбаъда арзёбӣ кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҷавонон яке аз неруҳои пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта, дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзанда доранд. Аз ин ҷост, ки 40-фисади аъзоёни Ҳизби халқӣ-демократиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва барои дар интихоботи навбатӣ бевосита номзадии хешро дар ҳамаи минтақаҳои кишвар пешниҳод намуданд.

  • Таҷлили рӯзи байналмиллалии забон дар донишгоҳ

    Тибқи қарори ЮНЕСКО ҳамасола 21 феврал Рӯзи ҷаҳонии Забони модарӣ номгузорӣ гардида, баҳри арҷгузорӣ, ҳимоят ва тавсиаи забонҳо ва ба расмият шинохтани аҳамияти забони модарӣ барои ташвиқи чандзабонӣ ва ривоҷи гуногунӣ забонҳо дар ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

    Дар ин замина  дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили суханварон таҳти унвони “Сеҳри сухан аз нигоҳи адиб ва табиб” баргузор гардид. Дар маҳфил шоири Халқии Тоҷикистон - Фарзона, нависандаи халқии Тоҷикистон – Муҳиддин Хоҷазод, табиби некдон, академики академияи тибби Шарқ - Саидғанӣ Қодиров ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат доштанд.

    Аслам Каримов маҳфилро ифтитоҳ намуда, зикр сохт, ки ин тадбир бо пешниҳод ва дастгирии раёсати Донишгоҳ амалӣ шуда истодааст ва ин иқдом шоистаи дастгирист.

  • Таассурот аз Вохўриҳои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо сокинони шаҳрҳои Хуҷанду ноҳияи Мастчоҳ

    Яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ин бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон мебошад. Давлат барои 8 ҳизбҳои сиёсии қонунан амалкунандаи кишвар шароити мусоид фароҳам оварда, аз масъулон талаб дорад, ки интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шаффофу демократӣ сурат гирад.

    Дар воқеъ вохўриҳои намояндагони Ҳизби Халқии демократӣ, Ҳизби демократӣ, Ҳизби коммунистӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби наҳзати ислом, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон бо мардуми шаҳру ноҳияҳои вилоят махсусан, дар шаҳрҳои Хуҷанду ноҳияи Мастчоҳ бо таври демократӣ ва сўхбати озоду кушод сурат гирифт.

    Зеро баргузории чорабинӣ бо шаҳрвандон нишон дод, ки  ҳамаи намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар муддати муайян суханронӣ намуда, аз Барномаҳои пешазинтихоботӣ сокинони шаҳрро бархўрдор сохтанд.

  • Гузориш аз натиҷаи вохурӣ дар партави интихобот бо шаҳрвандони ноҳияи Мастчоҳ

    Тоҷикистон имрўз дар қатори дигар мамлакатҳои пешқадам роҳи бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст. Бинобар ин, барои гузаронидани интихоботҳои демократӣ заминаҳои хуби объективӣ гузошта истодааст. Яке аз мисолҳои равшани ин, қабули қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» шуда метавонад, ки аз ҷониби давлат пазироӣ ва қабул гардидааст.

    Бисёрҳизбӣ ин падидаи объективӣ аст. Дар Тоҷикистони имрўза ба вуҷуд омадани ҳизбҳои сиёсӣ ба сиёсати нав – демократисозии ҷамъият, имконияти ошкорбаёниву гуногунақидагии гурўҳҳои мухталифи аҳолӣ алоқаманд аст.

    Аз дуруст ташкил намудан, гузаронидан ва интихоби намояндагони халқ ба мақомоти маҳаллӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва қонунбарорӣ вобастагии калон дорад. Маҳз ба воситаи интихобот шаҳрвандон ҳуқуқи конститутсионии худро пурра истифода бурда метавонанд.

  • Вохурии сокинони шаҳри Истаравшан бо намояндаи ҳизби сиёсӣ

    Мутобиқ ба моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона маҳсуб мегардад.

    Таъсису ба фаъолият шурўъ намудани парлумони дупалатагии касбӣ, баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагону маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқӣ ва демократӣ ба шумор рафта, аз ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ба тақдири 5 солаи минбаъдаи давлату миллати худ бетарафӣ зоҳир накунад. Зеро овози ҳар як шаҳрванд дар интихобот рушди босуботи минбаъдаи кишвари тозаистиқлоламонро муайян менамояд. 

    Рўзи 16 феврал дар доираи чорабиниҳои пешазинтихоботӣ Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо шаҳрвандони шаҳри Истаравшан вохўрӣ анҷом дод. Вохўриро раиси ҳавза кушода гуфта эълон намуд ва суханро ба намояндаи ҳизби мазкур вогузор намуд.

  • Ҷавонон тарафдори сулҳу ваҳдат ва амнияти кишваранд

    Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар остонаи интихоботи парлумонӣ қарор дорад ва мавриди зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш таъкид намуд, ки дар кишвар барои баргузории интихоботи озоду демократӣ шароитҳои зарурӣ омода гардидаанд. Мо боварӣ дорем, ки интихобот пеш аз ҳама ифодагари ваҳдату ягонагӣ ва якдилии ҳамаи сокинони Тоҷикистон мегардад. «Интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад. Ман бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем»-таъкид менамояд Сарвари кишвар дар Паём.

  • «Ватандўстӣ ҷузъи имон аст»

    Ҳамду сано Худовандеро, ки Паёмбари худро барои ҳидояти мардум мабъус гардонид.  Шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ғайри Худованди ягона, ки Ҳабибашро раҳмате бар оламиён қарор дод ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) беҳтарин махлуқоти Ўст, дорои ахлоққи некў ва фазилати бузург. Дуруду салом ва баракоти бепоён ба ў ва хонадону ёронаш.

    Падарон ва бародарони аҳли Ислом!

    Аз назари таълимоти шариат дўст доштани ватан-модар, дифоъ ва ободонии он қарзи ҳар як мусулмон ба ҳисоб меравад.

    Худованди тавоно дар Қуръони карим ба Ҳазрати Мустафо (с) дар мавриди ватан чунин фармудааст:

    {إِنَّ الَّذِي فَرَضَ عَلَيْكَ الْقُرْآنَ لَرَادُّكَ إِلَى مَعَادٍ قُلْ رَبِّي أَعْلَمُ مَنْ جَاءَ بِالْهُدَى وَمَنْ هُوَ فِي ضَلاَلٍ مُبِينٍ}(القصص/85).

    Тарҷума: Ба дурустӣ Он, ки Қуръонро бар ту фарз кард, албатта, туро ба сўи ҷои бозгашт бозгардонанда аст (Сураи «Қасас», ояти 85) .

  • ҲУЗУРИ КОНСУЛИ ГЕНЕРАЛИИ РОСИЯ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД БА ДДҲБСТ

    Ҳамасола донишгоҳҳои Росия довталабони тоҷикро аз рӯи ихтисосҳои гуногун қабул менамояд. Дар ин замина соли равон  дар қатори дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ қабули ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони вилояти Суғд низ оғоз шуд. Солҳои қаблӣ имтиҳони довталабони вилоят дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор мегардид. Соли равон бошад аз рӯи интихоби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон макони баргузории қабули довталабон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  муайян шудааст, ки аз ҳама шаҳру навоҳии вилоят ҳамагӣ 467-довталабон аз рӯи равияҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, технологӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Аз инҳо 463 нафарашон ба имтҳони қабул роҳ ёфта, 4 нафар аз сабаби надонистани забони русӣ ҳуҷҷатҳояш боз пас дода шуд.

    Субҳи 13-уми феврали соли равон Бондаренко Валерий Алексеевич консули генералии Росия дар шаҳри Хуҷанд ба ДДҲБСТ ташриф овард.

  • Вокуниш ба баромади Кабири М

    Баромади М. Кабири дар арафаи чорабинии сиёси – Интихиботи вакилони Мачлиси намояндагон ва вакилони мачлисҳои маҳалли моро водор намуд, ки ин мактубро таҳия намоем. Дар баромади худ М. Кабири оид ба рақобати носолим дар ин чорабинии сиёси, нисбати Ҳизби наҳзати исломи Точикистон қайд намуданд, ки ин хулоса нодуруст мебошад. Ҳамагон дида истодаанд, ки чи тавр чараёни демократишавии чамъият дар Чумҳурии Точикистон васеъ шуда истодааст. Бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, Чаноби Оли Эмомали Раҳмон барои ташвиқоту тарғиботи ҳизбҳои сиёсии мамлакат шароитҳои якхела фароҳам оварда шудаанд. Худи баромади М. Кабири дар шабакаи якуми Точикистон шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад. Агар ягон фарқгузори дар ин радиф мушоҳида карда мешуд, ба раиси ҲНИТ чунин имконият барои пешбари намудани барномаи пешазинтихоботи фароҳам оварда намешуд. Тамоми аъзоёни чамъияти Точикистон шаҳодати он ҳастанд, ки сулҳу суботе, ки дар кишвари азизи мо барпо гардида буд, маҳз бо кушиши талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти халқи, Эмомали Раҳмон имконпазир шуд.

    Муҳтарам М. Кабири, агар Шумо хоҳед, ки ба малакати худ, ба халқи Точикистони азиз хизмат кунед, ба маслиҳатҳои “чанобҳои хоричии” худ гуш надода, мувофики сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Ҳукумати Точикистон амал намоед.

    Ба М. Кабири як суоле дорем: Оё Шумо ва ҳизби роҳбари мекардаи Шумо барои пешравии Чумҳурии Точикистон, барои паси сар намудани мушкилотҳои дар назди чамъият ба миён омада чи кушиш ба харч додед?. Оиди чунин кушишҳо дар баромади худ, ягон далеле оварда натавонистед. Чунки ба ҳамагон маълум аст, ки ба ғайр аз ғайбату таъна аъзоёни ин ҳизби ба ном Исломи ба дигар кор қобил нестанд.

  • Қавлу амал бояд ягона бошад

    Рўзи 3 феврали соли равон Раиси Ҳизби Наҳзати Ислом Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ тавассути шабакаи якуми ТВ Тоҷикистон бо интихобкунандагон сўҳбат дошт. Ў таъкид кард, ки шахсан худ ва аъзоёни ҲНИТ ҷонибдори ваҳдату сулҳу субботи ҷомеа мебошанд. Ба ақидаи ҷаноби М. Кабирӣ бояд ҳар як шаҳрванд дар интихоби пешистода бошуурона ва  бо масъулияти баланд ширкат варзанд.

                Баробари ин якчанд нуқтаҳои баромади Раиси ҲНИТ ба гуфтаҳои худи ў зид буд. М. Кабирӣ иқрор аст, ки дар 10 соли охир Тоҷикистон аз нуқтаи назари рушд хеле боло рафтааст. Хуб мешуд, мавсуф мегуфт, ки дар ин пешравиҳо намояндагони ҲНИТ чӣ саҳмгузорӣ намуданд.

                Масалаи дину дунявият ҷаноби М. Кабирӣ мегуянд, ки ин масъалаи сохта ва сунъӣ аст, ҳоло ин ки сулҳу салоҳ дар заминаи муколомаи динияту дунявият суръат гирифтааст. Пас мо бояд муовозинати динияту дунявиятро тибқи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намоем.

    Ҳини баромади худ мавсуф таъкид намуд, ки интихобкунандагон новобаста аз ҳизбияти худ муносибати худро ба ояндаи Тоҷикистон муайян созанд, ҳол он ки дар шароити фаъолияти низоми бисёрҳизбӣ бидуни ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳизбӣ он ѓайриимкон аст. 

  • Кабириро шараф бояд!

    Ба гуфти шоир: 

    Шараф чизи таҷовузнопазир аст,

    Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.

    Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ насаби болохонадор дошта бошад ҳам, шараф надорад  ва ин нукта зимни баромади телевизиониаш бори дигар аён гардид.

    Тавре ҳамагон медонем, яке аз дастовардҳои асосии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон кушода шудани роҳи васеъ ба озодии виҷдону эътиқоди динӣ ва баёни фикру андеша аст.  Дар моддаи 26-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид шудааст, ки «ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

    Соҳиби Истиқлолияти давлатӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ватанамон ба бисёрҳизбӣ ҳам роҳи васеъ кушод. Айни замон дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 8 ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият мебаранд. Ҳарчанд роҳбарияти имрўзаи ҳизби наҳзати ислом даъвои 40- солагию 50- солагӣ мекунанд, аслан ин ҳизб низ зодаи замони соҳибистиқлолӣ аст.

    Вақте ки солҳои 90-уми асри гузашта ин ҳизб по ба арсаи сиёсат ниҳод, мардуми аҷдодан мусулмони мо гумон карданд, ки дар симояш қувваи пешбаранда ва роҳнамои аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагиро меёбанд.

    Мутаассифона, ин хушгумониҳо андешаи хом баромаданд. ҲНИТ дар як муддати кўтоҳ симои аслии худро нишон дод ва дар радифи дигар қувваҳои бадхоҳу бегона Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела дод.

  • Аз сухан ба амал бояд бигзашт

    Дар муаррифии барномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шабакаи аввали кишвар роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ бо истифода аз фурсати барои ин ҳизб ҷудо шуда аз нуктаҳои асосии барномаи пеш аз интихоботии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳарф зад. Аз ҷумла қайд шуд, ки ҳизби мазкур бо шиори «Тоҷикистон ба ҳама» вориди корзори интихобот мешавад. Мавсуф бо шеваи ба худаш хос, ки шабакаҳои мустақили Тоҷикистон ўро ба хотири сухани «ҳақ» гуфтанаш «эрка» кардаанд, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе аз қувваҳо барои пешбурди таблиғи ҳизб фишорҳо оварда, талаботҳои қонуни кишварро нодида мегиранд. Аммо мушаххсан нагуфт, ки кадом ниҳодҳо дар ин кор даст доранд. Номбурда аз номаҳои навиштаи донишҷўён бар зидди ҲНИТ ёдовар шуда, қайд кард, ки гўё ин ҳама иқдомҳои ҷавонон маҷбурӣ роҳандозӣ шудааст. Кабирӣ, ки дар зиндагиву сиёсат обутоб ёфтааст, дар ин самт «маккори»-и худро нағз истифода бурда, бо ин гуфтаҳои хеш таъбири халқии «мусичаи бегуноҳ»-ро ба ёд оварда, мехост пайравонашро зиёд намояд. Ҷои дигар аз он ёдовар шуд, ки дар беҳдошти вазъи имрўза саҳми ҳизбиёни мазкур ҳам аст. Аммо ин ҳизб чӣ гуна иқдомот дар самти беҳбудибахшии рўзгор гузоштааст, барои мо пинҳон аст. Номбурда аз рўзҳои сахти кишварамон дар солҳои навистиқлолӣ ёдовар шуда, ҳамзамон гўшрас намуд, ки дар сурати таваҷҷўҳи хосса надодан ба ҳизб ҷанги таҳмилӣ шуданаш аз эҳтимол дур нест. Ва ин ба назари аввал «насиҳатнома»-и роҳнамо ва ҳомии ҲНИТ бошад, аз ҷониби дигар ҳушдор додан аст, ки мо метавонем аз нав ҷангро шурўъ намоем.

  • Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар миёни ҷавонон

    Имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлати ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баҳри таҳким бахшидан ба Паёми навбати Сарвари давлат ки, яке аз самтҳои Паёми мазкурро тарбияи ҷавонон дар рӯҳия худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва пешгири ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонон мебоашд, пайваста чорабниҳои тарбиявӣ баргузор гардида истодааст.

    Чунин чорабини дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии дуюми дониошгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинии имрӯза Ҳамрохон Атаева- мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳамчунин аъзои раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони РВКД дар вилояти Суғд подполконики милиса Мақсадов Обиддин-сардори шуъбаи ташхиси тиббӣ криминалистӣ, подполковник Саидов Пӯлодҷон-муовини сардори ҳуқуқвайронкуни дар байни ноболиғон ва ҷавонон ва устодону донишҷӯёни факултети баҳисобгирӣ ва андоз ширкат доштанд.

    Муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Мубинахон Хоҷаева ба чорабини ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳузури меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт.

  • Ҷинояткорӣ аз ҷониби аъзоёни ҳнит

    Тавре ки аз васоити ахбори умум огаҳ шудем кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 феврали соли равон дар натиҷаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванди деҳаи Чуқураки Болои ноҳияи Ҳисор Сардоров Латиф 2 адад таппончаи тамғаи Макаров бо 51 адад тир ва 1 адад норинҷаки тарканда дарёфт ва мусодира намудаанд.

    Ба гуфти Сардоров Латиф силоҳ ва лавозимоти ёфтшуда ба ӯ тааллуқ надошта, онро шаҳрванд Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович ба соҳибманзил барои пинҳон кардан додааст.

    Мувофиқи маълумот Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович  аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати Исломи Тоҷикистон, мушовири сиёсии Раиси ҲНИТ, узви комиссияи марказии Интихобот ва раъйпурсии ҶТ аз ҲНИТ феълан дар шаҳри Душанбе будааст ва собиқаи 22 соли узвият ба ҲНИТ доштааст.

    Пас савол ба миён меояд, ки силоҳ барои ин шахс чӣ лозим? Магар ин шахсон мехоҳанд, ки бо ёрии он ба сари қудрат оянд?

  • Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Изҳороти

    Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    9-уми феврали соли равон дар ҷараёни пешбурди фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манзили истикоматии шаҳрванд Сардоров Латиф, соли таваллудаш, 1955, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор 2 адад таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 дона тир, 1 адад  запали  таркандаи норинҷаки дастиро дарёфт ва мусодира намуданд.

    Мутобиқи нишондоди  Сардоров Латиф маълум гардид, ки силоҳ ва лавозимоти ёфтшуда ба шаҳрванди Чумхурии Точикистон Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли таваллудаш 1960, зодаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати дехоти Навободи ноҳияи Ҳисор, маълумоташ олӣ, оиладор, аъзои Раёсати олии Хизби нахзати исломии Точикистон, мушовири сиёсии Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, узви Комиссияи Марказии  Интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Яккачинор, бинои 142/2, ҳуҷраи 18 тааллуқ доранд.

    Тибқи нишондоди шаҳрванд Сардоров Латиф, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо собиқаи 22 соли узвият, Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли 1996  2 адад таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 дона тир, 1 адад   запали таркандаи норинҷаки дастироба ҳамсоя ва дўсти содиқаш Сардоров Латиф ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, ки дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.

  • Заявление Центра общественных связей Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан

    Заявление

    Центра общественных связей Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан

    9 февраля 2015 года в ходе проведения оперативно-розыскной деятельности сотрудниками Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан в доме гражданина РТ Сардорова Латифа, 1955 года рождения, уроженца и жителя кишлака Чуқураки Боло джамоата Навобод Гиссарского района, выявлены и изъяты 2 пистолета «Макарова», 4 магазина к ним, 51 патронов и 1 запал к гранате.

    Согласно показаний владельца дома Сардорова Латифа, выявленные оружие и боеприпасы принадлежат гражданину РТ Махмудову Джамолиддину Бурхониддиновичу, 1960 года рождения, уроженцу кишлака Чуқураки Боло джамоата Навобод Гиссарского района, образование высшее, семейный, член Высшего правления Партии исламского возрождения Таджикистана, политический советник Председателя Партии исламского возрождения Таджикистана, член Центральной комиссии по выборам и референдумам Республики Таджикистан от Партии исламского возрождения Таджикистана, житель г.Душанбе, ул. Яккачинарская, дом 142/2, квартира 18.

    В  соответствии  с показаниями гражданина Сардорова Латифа, члена Партии исламского возрождения Таджикистана с 22 летним партийным стажем, Махмудов  Джамолиддин Бурхониддинович в 1996 году незаконно передал 2 пистолета «Макарова», 4 магазина к ним, 51 патронов и 1 запал к гранате своему соседу и верному другу Сардорову Латифу и попросил  его скрыть  их  в каком-нибудь тайнике.

    В 2012 году Махмудов Джамолиддин Бурхониддинович дополнительно предупредил Сардорова Латифа, чтобы он бережно хранил указанное оружие, так как оно потребуется.

  • Тарғиби худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон

    Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҶТ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2015 муайян намуд. Имрӯзҳо дар ДДҲБСТ низ барои фаҳмондани мазмуну муҳтавои Паём дар байни донишҷӯён чорабиниҳо баргузор гардида истодааст. Чунин чорабини дар толори маҷлисгоҳи бинои дуюми донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабини намояндагони РВКД  Сардори Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат доштанд. Муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Мубинахон Хоҷаева ба вохӯрии имрӯза ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории чорабиниро ба самъи ҳозирин расонд. Полковники милиса Ҳотам Дадабоев - муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Суғд ба сухан баромада, доир ба ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгар, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави ҶТ маҳкум карда шудааст ибрози назар намуд.

  • Мақсад: пешгирии ҳодисаҳои номатлуб

    Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва  бо устодону муҳассилини факултетҳо оғоз ёфт. Нахустин чунин мулоқот санаи 17  феврали соли 2014 дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ ба вуқўъ пайваст.

                Мулоқотро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия, дотсент М.Р.Набиҷонова ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ў зикр намуд, ки бо вуҷуди таваҷҷўҳу эътибори ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бархе аз ҷавонону ноболиғон даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мезананд. Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб – ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳамчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ аз вазифаҳои муҳими рўз маҳсуб меёбанд.

  • Ба шарафи ҷашн

    Ба ифтихори Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон силсилаи мулоқоту вохўриҳо баргузор гардиданд. Аз ҷумла, санаи 21 феврал донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ бо иштироки нозири шўъбаи №2 оид ба қайдгирии донишҷўёни муассисаҳои миёнаи махсус ва олии Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд, полковник А.И.Қурбонов,  старшинаи  баталёни махсуси зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев, собиқ кормандони мақомоти прокуратураи кишвар Ҷ.Ҷиянов, У.Ҷавҳаров, ҳамчунин сармуаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика К.И.Пўлодов маҳфили бошукўҳ оростанд.  Меҳмонон  назди донишҷўён сухан карда, оид ба таърихи таъсисёбии   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хидмат ба Ватан-модар, тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии мамлакат дар пайванд ба ин масъалаҳо самимона изҳори андеша карданд.

  • Дарси кушоди тарбиявӣ

    Бо иштироки меҳмонон, афсарони мустафъӣ  А.Қурбонов, У.Абдуғаниев, И.Раҳимӣ, Б.Исмоилова бахшида ба таъсисёбии Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон   дар   факултети  инноватсия ва телекоммуникатсия  низ чорабиниҳо  ҷараён гирифтанд.

    Аз ҷумла, роҳбари  гурўҳи академии соли дуюми факултети  инноватсия ва телекоммуникатсия Ҳ.И. Атоева машғулияти кушоди тарбиявии худро доир намуд, ки унвони он «Артиши миллӣ – сипари  боэътимоди миллат» буд. Ба ин машғулияти кушоди тарбиявӣ аз Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд, шўъбаи бақайдгирии даъватшавандагони  донишгоҳ, ҷанговарони байналмилал  аз шаҳри Хуҷанд даъват шуда буданд.

  • Дастоварди нави Далер

    Аз 21-ум то 31-уми январи соли 2014 дар шаҳри Банкоки кишвари Тайланд чемпионати Осиё байни ҷавонон оид ба бокс баргузор гардид. Дар ин мусобиқа вилояти Суғдро донишҷўи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳамон Далер Сулаймонов намояндагӣ карда, ғолибият ба даст овард.

    Далер дар ин чемпионати бонуфуз дар вазни +91 кг ҷои сеюмро ишғол ва соҳиби медали биринҷӣ, сертификат гардид. Вай дараҷаи устоди байналхалқиро соҳиб шуд. 

    Бояд зикр кард, ки дар чемпионати мазкур варзишгарони 25 давлати Осиё ширкат доштанд. Имрўз Далер ба чемпионати ҷаҳон омодагӣ мегирад. Зеро ғолибияти ў дар ин чемпионат, ки моҳи апрели дар шаҳри Сафияи Болгария баргузор мегардад, барои Далер ҳалкунанда аст.

  • Дар меҳмонии ҳунармандон

    Намоишномаи «Таксисти ошиқ» аз беҳтарин осори саҳнавии Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят таи солиёни охир ба шумор меравад. Намоишнома ба қалами драмнависи англис Алфред Рей мансуб буда, онро шоир ва драмнависи шинохта Саидамин Ҷило ва ҳунарпешаи бомаҳорат Саодат Саломова басо шевои дилчасп ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Саркоргардони театр, ҳунарманди ҷавону хушсалиқа Қурбонҷон Бобоҷонов барои ҷолибу диданӣ таҳия шудани намоишнома заҳмати фаровон ба харҷ додааст.

  • Сухан доир ба масъалаҳои забон

    Моҳи ноябри соли 1999, бо қарори Юнеско 21-феврал Рўзи байналхалқии забони модарӣ муқаррар гардид. Аз соли 2000-ум инҷониб ин сана ҳамчун рўзи гиромидошти забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад.

    Дар таърихи 21-феврали соли 2014 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и донишгоҳ ба муносибати Рўзи байналмилалии забон ҷамъомади илмӣ-назариявии байнидонишгоҳӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, устодону донишҷўён иштирок доштанд.

    Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўрабоев маҳфили илмиро бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшида, меҳмонони иззатмандро хайрамақдам гуфт ва доир ба мавзўи баргузории ҷамъомад мухтасаран сухан ронд.

  • Бахшида ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳ

    Дар таърихи 21-феврали соли 2014 дар толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ бахшида ба 21-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид.

    Чорабинии мазкур бо ибтикори раёсати факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ хеле шавқовар ҷараён гирифт. Декани факултет, доктори илмҳои таърих, профессор Фурқат Ҳомидов, намояндаи Комиссариати ҳарбии вилоят ба сухан баромада, аҳли нишастро бо ҷашн самимона табрик гуфтанд ва зикр карданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бо нангу номус ва шуҷою далери худро мебинанд.

  • Гурўҳи беҳтарин – соҳиби ҷом

    Ба истиқболи 20 – солагии қабули Сарқонуни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  аз ҷониби раёсати факултети  Инноватсия ва телекоммуникатсия нақшаҳои  муфиди маърифатӣ тарҳрезӣ мегарданд. Яке аз чунин тадбирҳои судбахш – ин таъсиси Ҷом барои беҳтарин гуруҳи академии факултет аст, ки дар хонишу корҳои ҷамъиятӣ муваффақ гардидааст.

         Чанд рўз пеш раёсати факултет дар заминаи ҷамъбасти фаъолияти гуруҳҳои академӣ ва натиҷаҳои сессияи зимистона чунин озмунро ҷамъбаст кард. Муҳассилини соли дуюми 1- 40.01.01.02- системаҳои автоматикунонидашуда, тоҷикии гуруҳи «Б» (сарвари гуруҳи академӣ М.Ҳасанов) барои натиҷаҳои беҳтарин сазовори Ҷом ва Ифтихорнома гардид. Ҳамзамон, донишандўзони гуруҳи академии соли якуми 1- 40.01.02.02 - низоми технологияи информатисионӣ дар иқтисод (гурўҳи русии «Б», роҳбар М.Давронов) низ сазовори холи хурсандибахш гардиданд.

     

  • Ба ифтихори ҷашн

    Ба истиқболи ҷашни 20 солагии ДДҲБСТ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фанҳои ҷамъиятӣ бо иштироки муҳассилини соли аввали ихтисосҳои Сиёсатшиносӣ ва Таърих-сиёсатшиносӣ  шабнишинӣ баргузор гардид. Шабнишинӣ аз фанҳои «Таърихи тамаддуни ҷаҳон» ва «Сотсиология» ташкил карда шуда, ҳалли масъалаҳои гуногуни ин фанҳоро дарбар мегирифт. Дастаи донишҷўёни ихтисоси «Таърих-сиёсатшиносӣ» таҳти унвони «Муаррихони ҷавон» ва дастаи сиёсатшиносон бошад бо номи «Тамаддун» мусобиқа оростанд. Дастаҳо ба саволҳо ҷавоби саҳеҳ додаанд. Мусобиқа инчунин мавзўҳои одобу ахлоқ, ватандўстӣ, намоиши асарҳои саҳнавӣ,  қироати шеъру сурудҳои ба кишвару донишгоҳи азизро бахшидашударо фаро гирифта, дар он муҳассилинон Раъно Махкамбоева, Рухшона Азимбоева, Фарангис  Қориева, Ҷамшед Қобилов, Шаҳноза Азимова, Дилноза Амирбекова, Мастона Дадоҷонова, Фаррухҷон Раззоқов хеле фаъол буданд.

     

  • Вазифаи муҳими имрўзу фардо

    Консепсияи милли тарбия дар Чумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ фарогир аст, дар ҷараёни корҳои таълимию тарбиявӣ дар донишгоҳ зина ба зина татбиқи амалии хешро дармеёбад.

    Дар заминаи ин ҳуҷҷати муҳими самти тарбия дар факултети ҳуқуқшиносӣ чорабиниҳои судбаш роҳандозӣ мегарданд. Машғулияти кушоди тарбиявие, ки чанд рўз пеш тахти унвони Консепсияи миллии тарбия – роҳнамои фаъолият дар гурўҳи «Д»-и соли дуюми факултет бо роҳбарии сармуаллима З.М.Раҳматова ҷараён гирифт онро собит сохт, ки тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ аз вазифаҳои муҳими имрўзу фардои давлату ҷомеа маҳсуб ёфта, ояндасозандагони Ватанро бори дигар водор месозад, то ки парчамбардори боэътимоди илму фарҳанги миллати куҳанбунёди хеш бошанд.

     

  • Донишҷўён дар вазифаи роҳбарӣ

    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» тақозо дорад, ки дар ниҳоди насли ояндасози мамлакат ҳисси масъулияту устуворӣ тақвият бахшида шуда, ҷиҳати тарбияи кадрҳои болаёқати роҳбарикунанда, ҷалби онҳо ба низоми давлатдорӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи корбарии эшон чораҳои мушаххас амалӣ гарданд.

          Дар такя ба ин ҳуҷҷати муҳим ҳамасола дар донишгоҳ Ҳафтаи худидоракунии донишҷўён гузаронида мешавад. Соли таҳсили равон низ тибқи фармони ректори маъвои маърифат аз 18 то 28.12.2013 дар факултетҳои донишгоҳ Ҳафтаи худидоракунии донишҷўён ҷараён гирифта, 78 нафар беҳтарин муҳассилин вобаста ба вазифаҳои декани факултет, муовинони декан оид ба таълим, илм, корҳои тарбия, мудирони кафедраҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ адои фаъолият карданд.

     

  • Як рўзи болидагиву хушнудӣ

    Соли дуюм аст, ки ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сарпарастии мактаб – парваришгоҳи шаҳри Чкаловро ба зимма дорад. Бо дастгирии устодону муҳассилини маъвои маърифат ҷиҳати ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани ин муассисаи таълимӣ – тарбиявӣ, аз таъмири ҷорӣ баровардани он, ороишоти синфхонаҳою хобгоҳҳо, бо маҳсулоти хўрокаю пўшока кўмак расонидан ба ин корҳои муфид тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд. Намояндагони донишгоҳ дар арафаи ҷашну идҳои таҷлилшаванда аз ҳолу аҳволи мактабиёни ин таълимгоҳ бохабар гардида, барояшон барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ва тўҳфаҳои мухталиф ҳадя мебаранд.

     

  • Ҳифзи модар Ватанро омўз!

    Таҳти ҳамин унвон ба истиқболи Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи забонии русии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз 17 то 23 феврал Ҳафтаи забони русӣ баргузор мегардад. Барномаи чорабинӣ хеле рангину шавқовар буда, он баргузории озмуну шабнишинии адабӣ-мусиқӣ, хониши ифоданок, мулоқот бо хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ  ва ғайраро дарбар мегирад. Аз ҷумла дар доираи Ҳафта ташкилу гузаронидани озмунҳои иншои беҳтарин дар мавзўи «Ҳифзи Модар-Ватанро омўз!», хониши ифоданок таҳти унвони «Зеботар аз Ватани мо кишваре нест», дарси кушоди сармуаллима О. Шомуродова барои муҳассилини соли аввали факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, шабнишинии адабӣ-мусиқии «Муҳофизони диловари Ватан», мулоқоти устодону муҳассилин бо хизматчиёни ҳарбӣ ба нақша гирифта шудааст.

     

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/